Баргузории сеюмин ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об

№65 (4327) 15.05.2021

DSC_9898Дувоздаҳуми майи соли равон раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар сеюмин ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об аз тариқи фосилавӣ иштирок намуд. Ӯ гуфт, ки захираҳои об барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дорад. Вале масоили об, бо дарназардошти мушкилиҳои муосир, аз ҷумла таъсири тағйироти иқлим ва афзоиши аҳолӣ, сол то сол мураккабтар мегарданд.

- Ман аз он мефахрам, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон кишвари пешбарандаи рӯзномаи ҷаҳонии об эътироф шуда, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзанда мегузорад, — гуфт Муҳаммадраҳим Юсуфӣ. — Тайи бист соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатъномаро оид ба об қабул кард, ки дар байни онҳо «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» шоистаи зикранд.

DSC_9903Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, ҳамчунин, таъкид намуд, ки тағйироти иқлим ба ҳолати захираҳои об таъсири зиёд дорад. Яке аз омилҳои асосии ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Азбаски пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии захираи обҳои ширин мебошанд, обшавии онҳо боис ба ташвиши ҷиддии инсоният гаштааст.

- Бо дарназардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тоза узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим интихоб шудаанд, пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад. Мо мутмаинем, ки ин пешниҳод низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушнудӣ пазируфта шуда, дар доираи он иқдомҳои густурда барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ мешаванд, — зикр кард раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ва афзуд: — Умед дорам, ­аъзои Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об низ дар пешбурд ва татбиқи ин ташаббуси созанда, ҳамчунин, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ