Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид

№157 (3637) 31.12.2016

DSC_045228 декабри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»

3. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Умед дода мешавад.

ДАВЛАТЗОД Умед: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, мунтазам пайгирӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки дар он афзалиятҳои миллии рушди ҷумҳурӣ барои панҷ соли минбаъда муайян шудаанд ва тавассути онҳо рушди устувори иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум таъмин мегардад, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо як қатор вазорату идораҳо, олимону коршиносони байналмилаливу маҳаллӣ, намояндагони шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст. Барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда (аз 26 ноябри соли 2016, № 502), барои қабул ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳуҷҷати мазкур самтҳои стратегиву афзалиятноки рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро дар бар гирифта, ҳамоҳангсозии татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавию минтақавӣ ва раванди рушди кишварро бо низоми муайян таъмин месозад.

Боиси тазаккур аст, ки ҳангоми таҳияи барнома ҳадафҳое, ки дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайян шудаанд, ҳамчун замина ба асос гирифта шудааст.

Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҳамчун ҳуҷҷати миёнамуҳлати рушди мамлакат таъмини чунин ҳадафҳоро пайгирӣ менамояд: дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ, баромадан ба сатҳи баландтари худтаъминкунӣ бо ғизо (50 фоизи соли 2015 то ба 65 фоизи соли 2020), ҳамгироии долонҳои миллӣ ва байналмилалии нақлиётӣ, инчунин рушди шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ.

Бояд гуфт, ки он марҳилаи нахус­тини татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб рафта, таҳти раванди гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт амал менамояд.

Дар ин марҳила ба рушди соҳаи индустриалии кишвар заминаи воқеӣ гузошта, тавассути модели болозикр афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия таъмин мегардад. Инчунин, барои ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолот, таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам меояд, ки вобастагии иқтисодиёти кишварро аз трансфертҳои муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш медиҳад.

Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила татбиқ намудани барнома имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоиз то ба 20 фоиз дар соли 2020 расида, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 фоиз то 30 фоиз дар соли 2020 баробар гардад.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи мақсадҳои дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷшуда ва татбиқи онҳо дар марҳилаи аввал, барномаи мазкур чунин афзалиятҳои асосии рушдро пешбинӣ менамояд, аз ҷумла васеъ намудани даст­расӣ ба захираҳо ва истифодаи оқилонаи онҳо, рушди воридотивазкунӣ ва мусоидат ба содирот, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии комплекси ­сӯзишвориву энергетикӣ, тақвияти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои комилу хушсифат, тараққиёти инфрасохтори нақлиётӣ, дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, таъмини самаранокии ислоҳот дар бахши иҷтимоӣ, таҳкими нақши институтҳои ҷамъиятӣ дар рушди миллӣ, ташкили механизмҳои самараноки рушди маҳал, таъмини ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, коҳиш додани нобаробарии гендерӣ ва ҷалби бештари гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ҳаёти ҷомеа.

Барномаи миёнамуҳлати рушди мамлакат моҳиятан ҳуҷҷати нав буда, бо дарназардошти сабақҳои андӯхта аз стратегияҳои татбиқшуда, дар он як қатор навгониҳо ворид карда шуда, муносибатҳои нави консептуалӣ истифода гардидааст. Дар таҳияи он методологияи нави барномарезӣ, ки муносибатҳои институтсионалиро бо истифода аз таҳлилҳои маҷмӯӣ ва моделсозии макроиқтисодии рушд ҳамоҳанг месозад, истифода гардидааст.

Ҳамчунин, нисбат ба стратегияву барномаҳои пешин аз рӯи давраи амали он фарқият ба назар мерасад, яъне он на барои се сол, балки барои панҷ сол таҳия шуда, фарогири ду сикли буҷетӣ мебошад, ки барои гузаронидани ислоҳоти сохтории иқтисодиёт фурсати кофӣ медиҳад.

Дар барномаи мазкур барои рушди иқтисоди миллӣ усули индустриалии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун асос пазируфта шудааст.

Аз ин лиҳоз, тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар то соли 2020 ба тариқи зайл пешбинӣ мегардад:

- суръати миёнасолонаи афзоиши воқеии ММД то 7,5 фоиз;

- афзоиши номиналии ММД 1,8 маротиба;

- афзоиши ММД ба ҳар нафар аҳолӣ 1,5 маротиба;

- хароҷоти буҷет ба соҳаи маориф ва илм бо назардошти сармоягузорӣ (бо фоиз нисбат ба ММД) то 6 фоиз;

- хароҷоти буҷет ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дарназардошти сармоягузорӣ (бо фоиз нисбат ба ММД) 8,4 фоиз;

- ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД 16 фоиз;

- ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД 20,5 фоиз;

- ҳиссаи соҳаи хизматрасонӣ дар ММД 50 фоиз;

Бо сабаби он ки барномаи мазкур рушди иқтисоди миллиро дар асоси усули индустриалӣ –инноватсионӣ пешбинӣ менамояд, он бешубҳа, рушди босуръати саноатро дар кишвар барои давраи миёнамуҳлат дар назар дорад.

Агар дар соли 2015 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 5663 сомонӣ ва суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли 2020 ин нишондиҳандаҳо тибқи барномаи мазкур мутаносибан 8430 сомонӣ ва 7,5 фоизро ташкил хоҳанд дод.

Ҳамин тавр, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли ҷорӣ 14,4 миллиард сомонӣ ва зиёдшавии ҳиссаи саноат дар ММД-и кишвар 13,6 фоиз пешбинӣ гардида, дар соли 2020 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 19,5 миллиард сомонӣ ва 15,7 фоизро ташкил хоҳад дод. Яъне, ҳиссаи бахши саноат дар ММД то соли 2020 мунтазам афзоиш ёфта, ба 15,7 фоиз баробар мешавад.

Татбиқи барнома имкон медиҳад, ки истеҳсоли неруи барқ то соли 2020 ба 26,2 миллиард кВт. соат расонида шавад. Ин нисбат ба соли 2015-ум 1,5 баробар зиёд буда, ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар маҷмӯъ, ба пешрафти иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мерасонад.

Ҳамчунин, фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар афзоиш ёфта, ҳаҷми содирот нисбат ба соли равон 1,7 баробар зиёд мегардад.

Инчунин, дар барнома ба соҳаҳои ­иҷтимоии мамлакат аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Интизор меравад, ки барои тақвият бахшидан ба рушди неруи инсонии кишвар дастгирии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ тақвият бахшида мешавад. Бахусус, қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ бо дарназардошти сармоягузориҳо ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ то соли 2020 мутаносибан ба 6,7 ва 4,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида мешавад. Илова бар ин, дастгирии давлатӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус табақаи осебпазири аҳолӣ бамаротиб зиёд карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки эҳтиёҷоти умумии молиявии ҳуҷҷати мазкур аз рӯи ҳисоботи модели рушд ва тадбирҳои матрисаи амалиёт беш аз 25,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки 55 фоизи маб­лағгузории барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, 36 фоизи он аз ҳисоби бахши хусусӣ ва 9 фоиз аз ҳисоби шарикони рушд дастгирӣ мешавад.

Татбиқи пурра ва самараноки барномаи навбатии рушд аз фаъолияти муштараки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд вобастагии калон дорад. Ба хотири татбиқи муваффақонаи тадбиру нишондиҳандаҳои барнома эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ­ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Барномаи мазкур ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд. Дар марҳилаи минбаъдаи рушд дар мамлакат гузариш ба сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба сармояи инсонӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷиву дохилӣ барои рушди минбаъда амалӣ карда мешавад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави тараққиёт, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим мебошад, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб мераванд.

Бояд таъкид намуд, ки модели нав дар муқоиса бо модели пешина, ки ба истеъмолот нигаронида шуда буд, як қатор бартариҳоро дорад.

Аз ҷумла, модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, ин ба ташкили васеи ҷойҳои нави кории пурмаҳсул ва рушди шуғли расмӣ мусоидат карда, ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар қисмати даромади Буҷети давлатӣ оварда мерасонад.

21 декабри соли 2016 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи барнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардид.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи барномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи барномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» сухан ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабиров Мизроб Саидович дода мешавад.

Мизроб КАБИРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ­ҳозирини гиромӣ!

Сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 бо қарори Маҷлиси намояндагон 5 декабри соли 2015 тасдиқ шудааст. Дар давоми сол Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ваколатҳои қонунии худ аз он 750 ҳазор сомониро кам кард.

Маблағҳои ҷудогардида ба таври мушаххас модда ба модда тақсим гардида, сарфи онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати бевоситаи Вазорати молия сурат гирифт.

Тазаккур бояд дод, ки ­маблағҳои ҷудогардида мақсаднок ва дар ҳаҷми 99 фоиз истифода шуданд.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ­ҳозирини гиромӣ!

Рӯйхати вазифаҳои Маҷлиси намояндагон дар ҳайати 176 нафар ва кормандони техникиву ёрирасон (165 нафар) бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат пешниҳод шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маблағҳои сметаи хароҷот барои талаботи Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он кифоя мебошанд. Боварӣ дорем, ки Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2017» дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия 6 декабри соли 2016 баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва қабули сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2017, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд, овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,  Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ