Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Барои бидуни бақайдгирии давлатӣ пеш бурдани соҳибкорӣ ҷарима зиёд мешавад

№70 (4176) 13.06.2020

Пар

(Идома аз шумораи гузашта)

РАИС: — Аз рӯи  ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло  Саймиддин дода мешавад. Марҳамат.

 МАЛИКЗОДА Нарзулло Саймиддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо мақсади пешгирӣ намудани фаъолияти соҳибкории ғайриқонунии шахсони воқеӣ ва дар ин замина, таъмини рақобати солим, роҳандозӣ намудани принсипҳои адолатнокии андозбандӣ таҳия гардида, ба мусоидат намудан ба рушди устувори фаъолияти субъектҳои соҳибкории боинтизом равона гардидааст.

Сарфи назар аз он ки аз ҷониби мақомоти андоз оид ба муқаррароти қонунгузории андоз, ҳуқуқу уҳдадории андозсупорандагон, сабукӣ ва имтиёзоти андозӣ, бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон пайваста дар шаклҳои гуногун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ анҷом дода шавад ҳам, мутаассифона, бо дарназардошти бо сабаби аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил додани андозаи ҷарима, яъне камтаъсир будани он, 20 – 30 фоизи шахсони воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, бар хилофи қонунгузорӣ худро ба қайд намегиранд, ки чунин ҳолат ба интизоми андозсупорӣ таъсири манфӣ расонида, миёни соҳибкорон рақобати носолим ва мутаносибан норизогиро ба миён меорад.

Дар Кумитаи андоз Бахши иттилоотӣ («Контакт – центр») бо рақами содакардашудаи телефонии 151 ва сомонаи Кумитаи андоз мавриди амал менамоянд, ки тавассути онҳо шаҳрвандон ва андозсупорандагон ҷиҳати пешгирӣ намудани фаъолияти соҳибкории ғайриқонунии шахсони воқеӣ пайваста муроҷиат менамоянд. Солҳои 2015-2019 зиёда аз 18600 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардидааст. Ҳол он ки соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият менамоянд, сарфи назар аз даромади бадастоварда, танҳо маблағҳои устуворро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пардохт менамоянд. Масалан, барои мусофиркашонӣ бо таксӣ дар 1 моҳ, ҳамчунин якчанд мисоли дигар, ки маблағи калонро ташкил намедиҳад, аммо даромади хуб дорад

Соҳибкорони инфиродие, ки бо шаҳодатнома фаъолият менамоянд, дар низоми имтиёзноки содакардашуда мебошанд ва қобили қайд аст, ки барои онҳо ва тибқи дархости онҳо аз оғози соли ҷорӣ дар қонунгузории андоз сабукиҳои иловагӣ дар шакли аз рӯи интихоби худи онҳо татбиқ гардидани меъёрҳои гуногун ва усулҳои гуногуни ҳисоби манбаъҳои андозбандӣ пешбинӣ карда шуд.

Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар риояи қонунгузории андоз, таъмини рақобати солим миёни андозсупорандагон ва дастгирии андозсупорандагони боинтизом таҳия ва пешниҳод гардидааст. Хоҳишмандем лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан  Муҳитдин дода мешавад.

 РАҶАБЗОДА Равшан  Муҳитдин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ !

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳа, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ  ҷазои маъмурӣ пурзӯр гардида, барои қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ва шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти барқӣ, паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз  ва дигар чораҳои вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад, таҳия гардидааст.

Дар асоси лоиҳаи қонун, моддаҳои 112 ва 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва ба он моддаи 3741 илова гардида, дар маҷмӯъ, бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, равона шудааст.

Қисмати дигари тағйирот ба пешгирӣ намудани бе қайди мақомоти андоз анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон барои қонунгузории андоз равона гардидааст.Тибқи он, пешниҳод шудааст, ки дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 617 калимаҳои «аз сӣ то чил» ва «аз ҳаштод то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз ҳафтод то ҳаштод» ва «аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.

Тибқи муқаррароти моддаи 617, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1740 то 2320 сомонӣ) ва барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 4640-5800 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

Бинобар ин, тибқи лоиҳаи қонун, андозаи ҷаримаи маъмурии қисмҳои 1 ва 2 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ минбаъд ба андозаи аз ҳафтод то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҳангоми дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ҳамин кирдор аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли ҷорӣ таҳти № 119 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, қобили қабул донистанд.

Кумитаи масъул 9 июни соли 2020 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро баррасӣ ва онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия  дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳо» шурӯъ менамоем. Доир ба он сухан ба муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Абдуҳошим Даврон дода мешавад. Марҳамат.

 ҒУЛОМЗОДА Абдуҳошим Даврон: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия  дар бораи ҳамкории мутақобила дар соҳаи ошкор ва баҳодиҳии ҳолатҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳо зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия 17 апрели соли 2019  ба имзо расонида шудааст.

Он аз дебоча ва 13 модда иборат буда, ҳамкории мутақобилаи тарафҳоро дар соҳаи ошкор ва баҳодиҳии  ҳолатҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо  ва қисмҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи ҳар ду кишвар ҳангоми амалҳои муштараки онҳо, инчунин, тавассути додани маълумот оид ба тағйирёбӣ ва хавфҳои паҳн шудани маводҳои радиоактивӣ, химикатҳои заҳрнок, химиявӣ ва биологӣ пешбинӣ менамояд.

Бо ин мақсад тарафҳо  барои ҳалли масъалаҳои зерин ҳамкорӣ менамоянд:

- таъмини назорати муштараки доимии ҳолатҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати қӯшунҳо (қувваҳо);

- қабули маълумот оид ба тағйирёбии ҳолатҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ва таҳдиди паҳншавии маводҳои радиоактивӣ, моддаҳои заҳрнок ва воситаҳои биологӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии (амалҳо) қӯшунҳо (қувваҳо);

- ҳамоҳанг намудани амалҳо ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба огоҳнамоии қӯшунҳо (қувваҳо) доир ба тағйирёбии ҳолатҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ва таҳдиди паҳншавии маводҳои радиоактивӣ, моддаҳои заҳрнок  ва воситаҳои биологӣ дар минтақаҳои ҷойгиршавии (амалҳо) қӯшунҳо  (қувваҳо).

Дар созишнома, инчунин, ҳамкории тарафҳо дар доираи реҷаҳои фаъолияти ҳаррӯза, пурзӯр ва замони ҷанг ба танзим дароварда шудааст.

Созишнома дар самти таъмини ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ  манфиатнок  буда, татбиқи он хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ  мухолифат  надошта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррароти он асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Хоҳишмандам лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам  дода мешавад.

 Рустам ШОҲМУРОД: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳо» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқ пешниҳод шудааст.

Он барои густариши ҳамкории мутақобилаи тарафҳо дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи ҳар ду кишвар ҳангоми амалҳои муштараки онҳо заминаи ҳуқуқии мусоид фароҳам меорад.

Дар созишнома асосан масъалаҳои огоҳсозӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи ҷонибҳо ҳангоми ошкор гардидани хатарҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ баррасӣ шудаанд.

Кумитаи масъул 30 апрели соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва сохторҳои масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тасдиқи онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи  Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ  ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи  Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳоро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия  дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007» шурӯъ мекунем. Доир ба он сухан ба муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Абдуҳошим Даврон дода мешавад. Марҳамат.

 ҒУЛОМЗОДА Абдуҳошим  Даврон: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007 аз ҷониби вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои созмони мазкур 29 апрели соли 2019 дар шаҳри Бишкек ба имзо расонида шудааст.

Он аз дебоча ва 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он, ба моддаи 27 созишнома моддаи нав 271 илова шудааст.

Меъёрҳои воридгардида барои ба созишномаи мазкур ҳамроҳ шудани давлатҳое, ки ба ҳайати Созмони ҳамкории Шанхай  шомил гардидаанд, асоси ҳуқуқӣ фароҳам оварда, тартиби эътибор пайдо намудани ин созишномаро ба онҳо муқаррар менамояд.

Инчунин, аз ҷониби маҳфуздоранда хабардор намудани тарафҳои иштирокчии созишнома оид ба эътибор пайдо намудани он нисбат ба давлати ҳамроҳшуда пешбинӣ гардидааст.

Қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи протоколи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррароти  он асоси ҳуқуқӣ фароҳам меоварад ва аз буҷети  давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Хоҳишмандам лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи  ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Усмонзода Хайриддин Усмон дода мешавад. Марҳамат.

 УСМОНЗОДА Хайриддин Усмон: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни  соли 2007 аз ҷониби вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои созмони мазкур 29 апрели соли 2019 дар шаҳри Бишкек ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ пешниҳод гардидааст.

Иловаҳои пешбинишаванда минбаъд барои ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ пайвастани давлатҳое, ки нав ба ҳайати ин созмон ҳамроҳ мешаванд, асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Иловаҳои мазкур, ҳамчунин, тартиби эътибор пайдо намудани созишномаро барои онҳо муқаррар намуда, амалишавии мақсадҳои асосии санади мазкур ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар мубориза бо хатарҳои муосир зимни гузаронидани машқҳои ҳарбӣ ҳамоҳамоҳанг сохтан аст. Хусусан, дар шароити пурташаннуҷи авзои имрӯзаи байналмилалӣ тақвияти чунин ҳамкориҳо ба манфиати таъмини суботи минтақа мебошад.

Тасдиқи Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани  машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007 ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон  тасдиқи  протоколро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ҷавобгӯй ба санадҳои байналмилалӣ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният 7 майи соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва сохторҳои масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Иштирокдорон ба тасвиб расонидани онро тарафдорӣ намуданд.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома  байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани  машқҳои муштараки ҳарбиро ҷонибдорӣ намоед.

  Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар доираи «Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат дода мешавад. Марҳамат.

 УМАРЗОДА Саида Ғайрат: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳое мебошад, ки дар он сатҳи шакли васеи мутобиқат ба доруҳои зиддисилӣ (ШВМ-сил) баланд арзёбӣ  мегардад. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, соли 2015 сатҳи беморшавӣ ва фавт аз бемории сил ба 100 000 нафар аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутаносибан 87 ва 3 нафарро ташкил дод. Мутобиқи маълумоти Барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди бемории сил (БМС), соли 2016 – 5 965 ҳолати нав  ва такрорӣ (68,6 ба 100 000 нафар) ба қайд гирифта шуд. Аз он 5 241-тоашро ҳолатҳои нав (60,2 ба 100 000 нафар) ташкил дода, сатҳи фавт  3,5 нафарро ба 100 000 нафар (323 бемор) ташкил намуда, солҳои охир ҷараёни паст шудани шумораи ҳолатҳои бақайдгирӣ ва фавт аз бемории сил идома дорад.

Гирифторшавии кӯдакон ба бемории сил боиси нигаронӣ буда, соли 2016-ум 601 кӯдакону наврасон (синну соли 0-18) ба қайд гирифта шуданд, ки 9,6 фоизи шумораи умумии ҳолатҳои бемории силро, ки дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд, ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, таҳия ва ба имзо расонидани Созишномаи грантӣ баҳри ҷалби маблағҳои грантӣ ҷиҳати паст намудани паҳншавии бемории сил чорабинии саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми умумии  маблағҳои грантӣ, тибқи созишномаи мазкур, 9 752 657 доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз 1 апрели соли 2018 то 31 марти соли 2021 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Мақсади асосии пешниҳод шудани созишномаи грантӣ аз:

- паст намудани сарбории бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

- таъмин намудани дастрасии умумӣ ба ташхис ва табобати ҳама шаклҳои бемории сил, аз ҷумла шаклҳои мутобиқгардида ва васеи мутобиқгаштаи сил;

- пешгирии паҳншавии беморӣ дар байни аҳолӣ, коҳиш додани гирифторшавӣ ва фавт аз бемории сил ва шаклҳои мутобиқгардидаи он;

- таҳкими иқтидори кадрӣ ва низоми тандурустӣ барои расонидани хизматрасонӣ  дар самти мубориза  бар зидди бемории  сил ва шаклҳои мутобиқгаштаи он маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ таҳия гардида, бо хулосаи расмии вазорату идораҳои алоқаманди кишвар: адлия, корҳои хориҷӣ, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби вазорату идораҳои мазкур лоиҳаи қарор ҷонибдорӣ ва таклифу пешниҳодҳои манзуршуда дар лоиҳаи ниҳоии қарор пурра ба инобат гирифта шуд.

Хазинаи глобалӣ донори асосии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар кишвар маҳсуб ёфта, аз соли 2003 зиёда аз дусад миллион доллари ИМА маб­лағҳои грантиро барои ташхис, табобат, таҷҳизот, сохтмон ва харидории автомашинаҳо барои марказҳои миллии соҳавӣ ва зерсохторҳои он равона намудааст.

Созишнома тибқи талаботи банд­ҳои 13, 14 ва 15-и «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти  умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз тарафи мақоми таҳиякунанда арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нашудааст.

Бовар дорем, ки бо татбиқи самаранок ва амалинамоии ҳадафҳои ниҳоии созишномаи грантии мазкур бемории сил дар кишвар коҳиш ёфта, барои паст намудани сатҳи паҳншавии беморӣ ва сифатнок ташхису табобат намудани он мусоидат хоҳад намуд.

Бинобар ин, хоҳишмандем лоиҳаи қарорро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шодизода Парвиз  Шодибой дода мешавад.

 ШОДИЗОДА Парвиз Шодибой: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар доираи «Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» 24 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он паст намудани сарбории бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани дастрасии умумӣ ба ташхис ва табобати шаклҳои бемории сил, аз ҷумла шаклҳои мутобиқгардида ва васеи мутобиқгаштаи сил, инчунин, пешгирии паҳншавии беморӣ дар байни аҳолӣ, коҳиш додани гирифторшавӣ ва фавт аз бемории сил ва шаклҳои мутобиқгардидаи он, таҳкими иқтидори кадрӣ ва низоми тандурустӣ барои хизматрасонӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сил ва шаклҳои мутобиқгаштаи он мебошад.

Созишнома ба маблағи умумии 9 752 657 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба имзо расонида шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2020 ин созишнома барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 19 майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи грантии мазкурро баррасӣ ва онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо – вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар доираи «Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад. Марҳамат!

 РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Маҳтобшозода, М. Раҷабзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Содиқова пешниҳод шудааст.

Мақсад аз он мутобиқгардонии меъёрҳои кодекси мазкур ба қонунҳои соҳавӣ, таъмини истифодаи мафҳуму ибораҳои якхела ва инчунин, зарурати аз байн бурдани мухолифати дохилӣ дар кодекси амалкунанда мебошад.

Бо тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 6, мафҳуми  «прокурор» бо чунин мафҳум, ки аз Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, мутобиқ карда шудааст.

Моддаҳои 12 ва 14 ба хотири аз байн бурдани мухолифати қонунҳои амалкунанда бо кодекси мазкур ва таъмини амнияти алалхусус ҷабрдида ва шоҳидон бо такя ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шудааст. Муқаррароти моддаи 14 оид ба ҳифзи маълумот ва дигар ҳуқуқҳо бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумотҳои шахсӣ» тақвият дода шудааст.

Бо тағйирот ба моддаи 161 духӯрагӣ бобати тобеияти тафтишоти пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар қисми 3 моддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бартараф шуданд. Пешниҳод шудааст, ки пешбурди тафтишоти пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба зиммаи муфаттишони прокуратура гузошта шавад. Бо тағйирот ба қисми 9 моддаи 161 пешниҳод шудааст, ки пешбурди тафтишоти пешакии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки бо моддаҳои 286 қисми 1, 287 – 291 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба зиммаи муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шавад.

Илова ба моддаи 245 минбаъд муносибатҳои вобаста ба суд ҳозир шудани шахсонеро, ки дар рӯйхатҳо тахаллуси онҳо сабт шудааст, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ таъмин мегарданд, танзим менамояд.

Бо илова ба моддаи 355 имконияти додани  ариза дар бораи оштӣ то ба хонаи машваратӣ рафтани судя пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2019 таҳти №2219 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он 27 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 21 таклиф пурра ва 5 таклиф қисман қабул шуд.

Кумитаи масъул 21 майи  соли 2020 бо иштироки муовини  якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро баррасӣ намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳод, шаш қисм хориҷ ва панҷ қисми лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва меҳмонони гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ