Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Барои бидуни бақайдгирии давлатӣ пеш бурдани соҳибкорӣ ҷарима зиёд мешавад

№69 (4175) 11.06.2020

ПарДаҳуми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаро кушода эълон менамоям.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Абдуҳошим Даврон, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло Саймиддин иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳо

7. Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007

8. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар доираи «Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо оғоз мекунем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати дастгирии муассисаҳои хусусии тиббӣ вобаста ба устувор гардонидани заминаҳои моддиву техникии онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дастгирии аҳолии кишвар вобаста ба пардохтпазирии ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилот ва муассисаҳои тиббӣ, ки барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии «COVID – 19» мусоидат менамояд, таҳия гардидааст.

Қабули лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки сарбории андозии хизматрасониҳои тиббии субъектҳои соҳибкорӣ бо муассисаҳои давлатӣ баробар гардад.

Тибқи талаботи моддаи 181-и Кодекси андоз, меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои хизмат­расониҳои тиббии хусусӣ 18 фоиз муқаррар гардида, хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ (ба истиснои хизматрасониҳои косметологӣ, дандонпизишкӣ ва санаторию курортӣ) дар доираи талаботи қисми 2 моддаи 169 Кодекси андоз аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.

Мутобиқи талаботи қисми 5 моддаи 8 Кодекси андоз, фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, ки қисми маблағҳои махсусашон дар ҳаҷм ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба буҷет ситонида мешаванд, фаъолияти онҳо соҳибкорӣ эътироф намешавад.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ пардохти ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи 5 фоиз муқаррар гардидааст. Дар ин замина даромади муассисаҳои давлатӣ аз хизматрасонии тиббӣ ба андозаи 5 фоиз андозбандӣ гардида, даромади дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки бо чунин хизматрасонӣ машғул мебошанд, тибқи талаботи Кодекси андоз бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 18 фоиз андозбандӣ мегардад.

Вобаста ба ин ва бо мақсади баробар намудани сатҳи андозбандии муассисаҳои хусусии тиббӣ бо муассисаҳои давлатӣ, тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, дар қисми 2 моддаи 181 Кодекси андоз муқаррарот оиди бо меъёри 5 фоиз бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ гардидани хизматрасониҳои тиббии муассисаҳои хусусии тиббӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич дода мешавад.

Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида барои рушду нумӯи муассисаҳои хусусии тиббӣ ва аз ҷониби онҳо дар сатҳи баланду босифат анҷом додани хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона мегардад.

Тибқи он, пешниҳод шудааст, ки дар қисми 2 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он бахшида шудааст, калимаҳои «ва барои хизматрасонии таълимӣ» ба калимаҳои «, барои хизматрасонии таълимӣ ва хизматрасонии муассисаи хусусии тиббӣ» иваз карда шаванд.

Баъд аз қабули лоиҳаи қонуни зикршуда, минбаъд хизматрасонии муассисаи хусусии тиббӣ бо меъёри 5 фоиз андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мегарданд, ки қаблан 18 фоизро ташкил медод. Ин имконият фароҳам меорад, ки тарофаҳои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббии хусусӣ каме паст карда шаванд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Он дар кумита, бо тартиби муқарраргардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй мебошад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» шурӯъ мекунем. Аз рӯи он сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2019, №1348 маъқул дониста, 15 январи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.

Барои амалӣ намудани лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот», ки аз 4 қисмат иборат аст, аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 21,7 млн. ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ баробар ба 30,0 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷалб мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии маҳалҳо дар ВМКБ ва вилояти Хатлон тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ ва агробизнес ба шумор меравад.

Барои амалӣ намудани қисмат ё компоненти якум, ки ба беҳтар гардонидани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба онҳо алоқаманд нигаронида шудааст, харҷи 11,9 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст. Ин қисмат боз аз се зерқисм иборат буда, дар зерқисмати якум 9,0 млн. доллари амрикоӣ барои таҷдид ва барқарорсозии қалъаи «Ямчун» дар ВМКБ, қалъаи «Ҳулбук», мадрасаи «Хоҷа Машҳад» ва мавзеи «Чилучорчашма» дар вилояти Хатлон:

- дар зерқисмати дуюм 2,5 млн. доллари амрикоӣ ҷудо намудани грантҳо барои ҷомеаҳо, ҳокимияти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳии маҳаллӣ;

- дар зерқисмати сеюм 0,4 млн. доллари амрикоӣ барои маблағгузории аломатҳои сайёҳӣ, яъне насби аломатҳои туристӣ дар хатсайрҳои асосии сайёҳӣ бо нишон додани иншооти асосии сайёҳӣ, пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа ҷудо намудани маблағи грантҳои баробарарзиш барои дастгирии молиявии корхонаҳои хурд, миёна ва соҳибкороне, ки дар соҳаи туризм, агробизнес ва соҳаҳои ба онҳо алоқаманд фаъолият доранд, пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии маблағи бо ин мақсад ҷудошаванда 8,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Грантҳои баробарарзиш барои хариди таҷҳизоти хушккунӣ ва бастабандӣ, коркард ва нигоҳдории маҳсулот, тағйири самти истеҳсолот, инчунин барои беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ҷудо карда мешаванд.

Қисмати сеюми лоиҳа ба такмили иқтидор ва хизматрасонӣ тавассути рушди малакаҳои соҳибкорӣ дар соҳаи туризм, агробизнес ва дигар соҳаҳои алоқаманд нигаронида шудааст. Барои амалӣ намудани ин қисмати лоиҳа 6,9 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.

Маблағҳо дар ин қисмат барои беҳсозии иқтидори мақомоти давлатӣ, операторон ва провайдерҳои хизматрасон дар бахшҳои туризм ва агробизнес, баргузории машғулиятҳои соҳавӣ оид ба рушди туризм, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таблиғи сайёҳӣ ва агробизнес, таҳияи барномаҳои таълимии касбӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

Қисмати чаҳоруми лоиҳа ба татбиқ ва идоракунии лоиҳа нигаронида шуда, барои ин мақсад 2,9 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад. Татбиқи лоиҳа соли ҷорӣ оғоз ёфта, анҷоми он моҳи декабри соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардидани лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаи грантии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович дода мешавад.

Ғиёсиддин АШУРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути рушди сайёҳӣ ва агробизнес мебошад.

Лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» лоиҳаи нав ба шумор рафта, он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ хоҳад гардид. Дар доираи он корҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии қалъаи «Ямчун» дар ВМКБ, корҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии қалъаи «Ҳулбук», мадрасаи «Хоҷа Машҳад» ва мавзеи «Чилучорчашма» дар вилояти Хатлон, инчунин пешниҳоди грантҳои баробарарзиш барои беҳсозии инфрасохтори туризм ва маҳалҳои туризм, грантҳои баробарарзиш барои ҷамоатҳо ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати беҳсозии ҳолати бозорҳои кишоварзии маҳаллӣ, грантҳои баробарарзиш барои гурӯҳи фермерҳо ва ассотсиатсияҳои хурд ва миёна ҷиҳати таъмини корҳои баъд аз ҷамъоварии ҳосил, грантҳои баробарарзиш барои соҳибкории хурд ва миёна пешбинӣ гардидааст. Амалигардонии самараноки созишнома ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои сайёҳӣ ва таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳӣ, ки минбаъд метавонад яке аз бахшҳои даромадноки давлат маҳсуб ёбад, мусоидат менамояд.

Созишнома саҳми молиявии бебозгашт дошта, барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.

Назирӣ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Ф. Шарифӣ, Р. Қудратов ва З. Исмоилзода таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмил додани меъёрҳои қонуни мазкур, ба танзим даровардани ҷанбаҳои фаъолияти гаравхона ва муқаррар намудани меъёрҳо таҳия гардидааст. Дар ин радиф қонунгузории давлатҳои хориҷӣ дар самти фаъолияти гаравхона таҳти омӯзиш қарор гирифта, таҷрибаи онҳо дар масъалаҳое, ки ба фаъолияти гаравхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамоянд, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Тағйироти қисми 2 лоиҳа бо мақсади мутобиқнамоӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Иловаи қисми 3 — юми лоиҳа бо мақсади кафолати таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон — гаравгузорон таҳия шудааст. Гаравхона бояд маблағҳои заруриро, ки дар қонун пешбинӣ мешавад, дошта бошад, зеро фаъолияти он фаъолияти қарзи кӯтоҳмуҳлат ва нигоҳдории молу мулк буда, хавфҳои муайянро барои шаҳрвандони молу мулки худро барои гарав ва нигоҳдоштсупорида доро мебошад.

Инчунин, ба моддаи 4 — уми қонуни амалкунанда илова намудани қисмҳои 12, 13, 14 ва 15 бо дарназардошти тавсияҳои ФАТФ омода гашта, пеш аз ҳама, пурзӯр намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маб­лағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, таъмини амнияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва умуман пешгирии ҷинояткорӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар мафҳумҳои асосӣ мавзӯи гарав шарҳ дода, ҳамчунин дар қисми 4 – уми лоиҳа моддаи 41 мавзӯи гарав илова карда мешавад.

Дар қисми 5 – уми лоиҳа моддаи 51 бо мақсади мукаммалсозии меъёрҳои қонун талабот оид ба гаравхона ва ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона оварда шуда, вобаста ба хусусияти фаъолияти гаравхона ҷойҳое, ки дар он гаравхона бояд ҷойгир карда нашавад ва ҷойи махсуси нигоҳдории молу мулки гаравхона муқаррар карда шудааст. Қисмҳои 6 ва 7 — уми лоиҳа хусусияти таҳририю мутобиқсозиро пешбинӣ менамоянд.

Дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» муқаррар гардидааст, ки дар мавриди маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигоҳдошт супоридашуда гаравхона дар се рӯзи корӣ тариқи хаттӣ ва ё электронӣ тавассути почта ба молгузор огоҳинома ирсол намуда, ӯро огоҳ менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки тариқи почта ирсол намудани огоҳинома ва бо ин роҳ дар давоми се рӯзи корӣ огоҳ гардидани молгузор аз маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигоҳдошт супоридашуда ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, ба моддаи 12 тағйирот пешбинӣ карда шуда, тарафҳо тибқи шартнома метавонанд роҳу усулҳои дигари мувофиқро дар шартнома муайян намоянд, ки барои дар муҳлати муқарраргардида огоҳ намудан имконпазир бошад.

Лоиҳаи қонун дар маҷмӯъ оид ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин, нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон ва тартиби фаъолияти гаравхонаро пешбинӣ менамояд. Инчунин, якчанд тағйиру иловаҳо дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд, аз ҷумла:

- дар сархати панҷуми қисми 3 калимаи «муштариён» ба калимаи «шаҳрвандон», дар сархати дуюми қисми 5 калимаҳои «кӯдакон» ва «санатория» ба калимаҳои «кӯдакона» ва «истироҳатгоҳ» иваз, қисми 8 аз нав таҳрир карда шуд. Ҳамчунин, хатоиҳои имлоиву забонӣ аз нав таҳрир карда шуданд.

Лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод аст, ки қисми 9 – уми лоиҳаи қонун хориҷ карда шавад, зеро меъёри мазкур дар моддаи 16 – уми қонуни амалкунанда мушаххас баён гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 31 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 27- тоаш пурра ва дутоаш қисман қабул шуд.

Лоиҳаи қонун бо тартиби муайннамудаи дастури Маҷлиси намояндагон дар кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи он ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ муқаррар менамояд, пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, қисми 2- юми моддаи 207 дар таҳрири нав ифода карда шуда, тибқи он, вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, агар ҳангоми пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ содир шуда, аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардида бошад, барои татбиқи ҷазои нисбатан вазнинтар асос мегардад. Зеро хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти дар шароити муқаррарӣ содиршуда нисбат ба кирдоре, ки ҳангоми пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ содир мешавад, аз лиҳози вазнинтар будани оқибатҳои хавфнокии ҷамъиятии он тафовут дорад.

Ҳамчунин, ба моддаи 207 қисми 3 илова карда шуда, мутобиқи он, барои кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар он аз беэҳтиётӣ боис ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ё марги як ва зиёда шахсон гардида бошад, ҷазои ҷиноятии нисбат ба қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда вазнинтар пешбинӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ мувофиқан аз ду то панҷ сол ва аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ шудааст, ки он дар маҷмӯъ барои пешгирии ҷиноятҳои ба муқобили саломатии аҳолӣ содиршаванда равона шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷот талаб намекунад. Эҳтиромона хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад.

РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, қисми 2 моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда мешавад, ки мувофиқи он барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ содир шуда, аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, ба моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 3 илова мешавад, ки мутобиқи он барои кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми моддаи зикргардида, агар он аз беэҳтиётӣ боис ба расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги як ва зиёда шахсон гардида бошад, ҷазои ҷиноятии вазнинтар пешбинӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли равон, №118 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, қобили қабул донистанд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни мазкурро 9 июни соли 2020 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Масъалаҳои панҷум ва нуҳуми рӯзнома ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки онҳо якҷоя қабул карда шаванд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои якҷо баррасӣ кардани масъалаҳои панҷум ва нуҳум мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ таҳия шудааст.

Мувофиқи лоиҳа, моддаҳои 112 ва 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва ба кодекс моддаи 3471 илова карда шуд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои мазкур ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, равона шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, қисми 2 моддаи 112 дар таҳрири нав ифода карда шуда, тибқи он, барои содир намудани кирдор дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҳудуди дахлдор ё ин ки дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардани амрнома (қарор) ё талаботи мақоме (шахсони мансабдоре), ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро ба амал мебарорад, вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемӣ (профилактикӣ) ҷазои маъмурӣ нисбатан вазнинтар мегардад.

Ба моддаи 112 қисми 3 илова карда шуда, он таъини ҷазои маъмуриро ҳангоми дар давоми як сол такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда муқаррар менамояд.

Ба моддаи 113 кодекс, ки барои риоя накардани қоидаҳои мубориза ба эпидемия ҷавобгарии маъмуриро муқаррар намудааст, қисми 1 илова карда шуда, минбаъд барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемории барои инсон хавфнок ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.

Ҳамчунин, ба кодекс моддаи нав – моддаи 3741 «Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ» илова шуда, тибқи он, барои дар воситаҳои ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва дигар чораҳои вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад, ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

(Давомаш дар шумораи оянда)