Барои рушди иқтисоди кишвар аз тамоми имкон самаранок истифода бояд бурд

№48 (3842) 19.04.2018

DSC_4107Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд ва аз 1 январи соли 2018 фурӯши молҳои хонагӣ аз пардохти ҳама гуна андоз озод гардид.

Акнун зарур аст, ки барои рушду равнақи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳама омилу воситаро самаранок истифода бурда, баҳри пешрафти фаъолияти соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Бо ин мақсад ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ амалӣ кардани як қатор чорабиниву андешидани тадбирҳо, аз қабили баланд бардоштани ахлоқу фарҳанги ҷавонон ва одоби қабули меҳмон, бунёд кардани меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва қабули ошпазу пешхизматҳое, ки дорои маданияту одоби баланди хизматрасонӣ ва ахлоқи ҳамида мебошанд, ҳамчунин, дар хатсайрҳои ҳавоӣ ва роҳҳои оҳан расонидани хизмат­расонии хуб ба мизоҷон ва паст кардани нархи чиптаҳо хеле муҳим хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки кам андар ками аҳли ҳунар ва хонандагон дар бораи ҳунарҳои қадимаи миллат маълумоти кофӣ доранд. Дар робита ба ин, зарур аст, ки дар радио ва телевизиони ҷумҳурӣ оид ба касбу ҳунарҳои мардумӣ барномаҳо пахшу намоиш дода шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавориро низ ҳадафи стратегӣ муайян ва ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Имрӯз қисмати зиёди озуқа воридотӣ буда, дар баъзе маврид бидуни таҳқиқи стандартҳои давлатӣ мағозаҳоро «зинат медиҳанд» ва боиси ба вуҷуд омадани касалиҳои сирояткунанда мегарданд. Тоҷирони беинсофе низ вомехӯранд, ки маҳсулоти муҳлаташ сипаришударо ба мизоҷон пешниҳод мекунанд.

Дар аксар ошхонаю чойхонаҳо, қаҳвахонаю тарабхонаҳо ҳолати ҳузнангезро мебинем, ки хизматрасонии онҳо ҷавобгӯйи замон нест. Сарварони онҳо зарбулмасали «худам шоҳу табъам вазир» — ро шиор намудаанд.

Ҳолати гигиенӣ низ хуб риоя намешавад. Чойнику пиёлаҳои лабу нӯгпарида, мизҳои бо латтаҳои ифлосу доғдор «ороёфта» табъи касро хира мегардонанд. Сайёҳон ин манзараи ҳузнангезро бинанд, аз дигарбора омадан ба кишвари мо худдорӣ мекунанд.

Соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ рушди макроиқтисодӣ таъмин гардида, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ба 61 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тибқи дурнамо, дар се соли оянда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30 фоиз афзуда, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад. Ба ин тариқ, барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ шароит фароҳам меояд. Яъне, ҳар қадар ки ба Буҷети кишвар маблағ зиёд ворид шавад, ҳамон андоза некуаҳволии мардум беҳтару хубтар мегардад. Дар соли 2018 даромади Буҷети давлатӣ 21,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки назар ба соли 2017- ум 7,3 фоиз зиёд мебошад.

Таъминоти нафақаи шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки барои баланд бардош­тани нафақа ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии шахсони пиронсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба имконияту шароит чораҳои мушаххас меандешанд. Масалан, соли 2016, новобаста аз вазъи номусоиди ҷаҳон, ки ба рушди иқтисоди кишвар низ бетаъсир набуд, бо дарназардошти вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20 январи соли 2016 гузошта шуда буданд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» содир гардид. Дар асоси фармони мазкур аз 1 июли соли 2016 андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯйи синну сол 20 фоиз, нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки то 1 июли соли 2016 фаъолияти меҳнатӣ намекарданд ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд гардида, қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз индексатсия карда шуд. Инчунин, нафақа аз рӯйи синну сол, бинобар маҳрум шудан аз саробон, аз рӯйи маъюбӣ барои гурӯҳҳои 2 ва 3 ба 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯйи синну сол баробар ва андозаи дигар нафақаҳои иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда шуд.

Барои дар амал татбиқ намудани фармони мазкур дар як моҳ 29 млн. сомонӣ ва дар шаш моҳ 174 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ аз буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа равона ва боиси 149 фоиз зиёд шудани талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ гардид.

Дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» индексатсияи андозаи нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои иҷтимоӣ дар доираи гузариш ба низоми суғуртавии таъминоти нафақа аз 1 январи соли 2017 сурат гирифта, таъмини нафақаи шаҳрвандон пурра амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷа, нафақаи суғуртавии 18106 нафар аз рӯйи синну сол, 1562 нафар аз рӯйи маъюбӣ, 1293 нафар аз рӯйи маҳрум шудан аз саробон ва нафақаи суғуртавии 20961 нафар, ки аз 1 январи соли 2017 ба онҳо нафақа таъин гардида буд, аз нав бозҳисобӣ шуд. Дар натиҷа, нафақаи суғуртавии 20961 нафар 23,2 фоиз афзуд. Вале ин ҳанӯз ҳалли проблема нест. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ва воситаҳои минбаъд низ боло бурдани ҳаҷми нафақаро ҷустуҷӯ менамоянд, то ин ки нафақагирон дар айёми пиронсолӣ зиндагии шоиста дошта бошанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар кардани вазъи иҷтимоии оилаҳои камбизоат ба шумор меравад. Вобаста ба ин, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 «Дар бораи тақвияти кумакрасонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» зери назорати доимӣ қарор дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 77868 оилаи камбизоат мавҷуд мебошад, ки ба онҳо соли гузашта 21963628 сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ пардохт шудааст. Ин нисбат ба соли пеш 4134674 сомонӣ зиёд мебошад.

Кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ низ ба беҳ гардидани сатҳи зиндагии ашхоси камбизоат мусоидат менамоянд. Соли 2017 дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ муроҷиати 96756 нафар шаҳрванд қабул гардид, ки 81188 нафар барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо карданд. Аз миёни онҳо 1754 нафарро пиронсолони яккаву танҳо ташкил намуданд, ки мутаассифона, фарзандон онҳоро дар хонаҳои пиронсолон гузошта, ҳатто аз хабар гирифтан ор мекунанд. Дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон омадааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Умуман, соли 2017 барои пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ 21069700 сомонӣ сарф шудааст.

Мақсад ва мароми Пешвои миллат беҳдошти ҳаёти мардуми шарафманди ҷумҳурӣ, то соли 2030 бартараф кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини рушди иқтисодии кишвар, табдил додани Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ ба шумор меравад. Тавре дар Паём омадааст: «Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираҳою имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст».

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло зарур аст барои рушди иқтисоди кишвар аз ҳама имконият самараноку оқилона истифода бурда, истеҳсоли ватаниро ба бозори ҷаҳонӣ рақобатовар намуда, аз техникаю технологияи нави инноватсионӣ истифода ва баҳри мардум ҷойи кор ва шароити арзандаи зиндагиро муҳайё намоем.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон