Баррасии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Миср

№47 (3841) 17.04.2018

13 апрели соли 2018 муовини ­Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев бо сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Иҳоб Аҳмад Талъат Наср мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устуворро ба густариши бештари равобити дӯстӣ, байнипарлумонӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу изҳор намуданд.

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст ба ҳисоб мераванд.

- Чанде пеш ба муносибати 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии давлатҳо миёни сарони ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Ҷаноби Олӣ Абдулфаттоҳ Сисӣ мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифт, ки дар онҳо ҷонибҳо бори дигар рағбат ва омодагиро ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд, — гуфт Акрамшо Фелалиев.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон аз натиҷаи нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, фаннӣ ва илмӣ, ки январи соли 2009 дар Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуда, афзуд, ки имрӯз ҳам ҷиҳати таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкорӣ ду ҷониб тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Дар ҳоли ҳозир дар баррасии ду тараф лоиҳаи ҳабдаҳ созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор доранд, ки ҳамоҳангсозии қисми зиёде аз онҳо тақрибан ба поён расидааст.

Дар робита ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ пешниҳод гардид, ки гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъсис дода шавад, зеро он дар раванди ба тасвиб расонидани санадҳои дуҷониба ва бисёрҷониба саҳми намоён гузошта метавонад.

- Мо бо як қатор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Кувайт ва Урдун гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис додаем ва кори онҳо рӯз аз рӯз дар самти муносибатҳои дуҷониба густариш ёфта истодаанд, — идома дод Акрамшо Фелалиев.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Иҳоб Аҳмад Талъат Наср аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ ва бар зарурати таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ, густариши ҳар чӣ бештари муносибатҳои байнипарлумонӣ таъкид кард.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон