Хониши парламентӣ

Баррасии моҳияти Дастури Маҷлиси намояндагон

№64 (4170) 30.05.2020

DSC_1961Бисту ҳафтуми майи соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар мавзӯи «Моҳият ва аҳамияти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хониши парламентӣ баргузор шуд.

Дар робита ба масъала раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода маърӯза кард. Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 7 фасл, 32 боб ва 534 банд иборат буда, самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

- Дар самти қонунгузорӣ мувофиқи банди 289-и он ва мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташаббуси субъекти қонунгузорӣ ба ҳисоб мераванд, — изҳор дошт ӯ.

Илова бар ин, мувофиқи банди 514-и дастур, дар Маҷлиси намояндагон ҳар сол нақшаи робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ бо парламентҳои давлатҳои дигар қабул мешавад. Лоиҳаи онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, бо дарназардошти пешниҳоди вакилон ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, таҳия менамоянд.

Дар анҷом бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон бобати мавзӯи баррасишуда андеша баён намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»