Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№64 (4014) 04.06.2019

DSC_485231 майи соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода ҷаласа баргузор гардид.

Дар он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид  намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар  пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши  фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охир хулосаҳо қабул ва барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

DSC_482631 майи соли 2019 таҳти раёсати Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа доир шуд.

Аъзои он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 майи соли 2019 қабул кардааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

- Қонун мукаммал буда, аз 7 боб ва 15 модда иборат аст ва бо мақсади эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби санъатҳои маҳсулоти дастӣ дар тобиши анъанаҳои таърихию бостонии мардумӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ қабул гардидааст, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Дар фарҷом нисбат ба қонуни зикршуда хулоса қабул ва барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

DSC_4842Зимни ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, ки таҳти раёсати муовини раиси кумита Хайрулло Сафарзода 31 майи соли ҷорӣ ҷараён гирифт, ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об» баррасӣ гардид.

Ҳозирин баъди муҳокимаи ҳамаҷониба хулоса қабул намуда, ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

С. СУННАТӢ, Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»