Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№152 (4002) 19.12.2019

DSC_116317 декабри соли 2019 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор шуд.

Дар он масъалаҳо оид ба «Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб – маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», «Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №643 аз 29 марти соли 2019 «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Нақшаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» аз 17 январи соли 2019, № 710», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти татбиқи қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ «Оид ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо дар заминаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 декабри соли 2018, №3» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси кумита Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ моҳияти тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ ва «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донис­тани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро мутобиқгардонӣ ба талаботи қонунҳои амалкунанда, такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, бартараф намудани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ маънидод намуд.

Дар хотима доир ба ин масъалаҳои баррасишуда хулосаҳо қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

DSC_1126Шонздаҳуми декабри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода ҷаласа баргузор гардид.

Аъзои кумита дар робита ба масъалаҳои рӯзнома — «Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» андеша баён доштанд.

Сипас, хулосаҳо қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

DSC_1145Шонздаҳуми декабри соли ҷорӣ дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ҷаласа баргузор шуд.

Раиси кумита Зафар Файзуллозода доир ба масъалаҳои рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» муфассал маълумот дод.

Баъдан, бо иттифоқи орои ҳозирин хулосаҳо қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

А. МУРОДОВ, С. СУННАТӢ, Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ