Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№31 (4137) 12.03.2020

DSC_8248Даҳуми марти соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисоду коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода ҷаласа баргузор шуд.

Аъзои кумита ду масъала — Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷом хулосаҳои кумита қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

DSC_8223Даҳуми марти соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология таҳти раёсати раиси он Зафар Файзуллозода доир гардид.

Рӯзномаи ҷаласа як масъала — Кодекси оби Ҷумҳуриии Тоҷикистонро фаро гирифт. Аъзои кумита пас аз баррасии масъалаи мазкур хулоса қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»