Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_43409 феврали соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода ­Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо «Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Дар хусуси иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муҳаммадюсуф Имомзода масъалаҳоро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳо бо мақсади мутобиқсозии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ, рушди раванди қонунгузории кишвар ва мутобиқкунонӣ ба имлои забони давлатӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаҳои нав вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ илова шудаанд. Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гардидаанд, ба ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, кафолати иҷтимоӣ ва сиёсии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва шаффоф баргузор намудани интихобот равона шудаанд.

ҳамин тариқ, доир ба масъалаҳои рӯзнома хулосаҳо қабул ва ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ