Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонун ва пешниҳоди хулоса

№13 (4119) 28.01.2020

Бисту сеюми январи соли 2020 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Амирзода Раҳмоналӣ Амир ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

- Қонун бо мақсади баланд бардоштани самаранокии минбаъдаи фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва танзими ҳуқуқии саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» қабул гардидааст, — гуфт раиси кумита зимни шарҳи масъала ва афзуд: — Бо ҳамин мақсад аз қисми якуми моддаи 9 қонуни амалкунанда калимаҳои «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва «Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хориҷ карда мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Сипас, оид ба масъала хулосаи кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»