Баррасии таҳсилоти калонсолон дар Олмон

№64 (4014) 04.06.2019

Чанде пеш дар шаҳри Веймари Олмон бо ташаб­буси Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) бахшида ба 50-солагии таъсисёбиаш дар мавзӯи «Таҳсилоти калонсолон ва рушд» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он коршиносону мутахассисон ва олимони соҳа аз дигар давлатҳо низ ширкат карданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои педагогӣ Нурулло Оқилзода, доктори илмҳои иқтисодӣ Субҳон Ашӯров ва роҳбари намояндагии ин ниҳод дар Тоҷикистон Заррина Холиқова иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти DVV Intermational ва намояндагони кишварҳои дигар, аз ҷумла, бо раиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон, вакили Бундестаг доктор Ернст Россманн, вазири маорифи Гватемала Оскар Хуго Лопес, вазири Уганда оид ба масъалаҳои гендерӣ, меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ Эверест Тунвесиге, узви Кумита оид ба масъалаҳои илм, маориф ва тандурустии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Д. Тошмуҳамедова ва намояндагони Ҷумҳурии Беларус сурат гирифт, ки ба дастовардҳо ва рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикис­тон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои густариши ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои муҳим баён шуданд.

Намояндагони кишвар зикр карданд, ки баҳри рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон солҳои охир аз таҷрибаи байналмилалӣ фаровон истифода мешавад. Соли 2017 қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул гардид, ки дар ин замина чанд санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, «Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия», ба тасвиб расид.

Вазири маорифи Гватемала Оскар Хуго Лопес ҳадаф аз иштирок дар конфронсро пайдо намудани имкониятҳои нави вусъат бахшидани таҳсили калонсолон донист, чунки саводнокии мардон дар ин кишвар 75 ва занон 63 фоизро ташкил медиҳад.

Дар чаҳорчӯби чорабинӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии самимӣ ва пурмуҳтаво баргузор шуд, ки дар он, дар баробари масъалаҳои соҳаи маорифу таҳсилот, перомуни эҳё ва рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, ки бо ташаббуси роҳбарони ҳар ду кишвар вусъати тоза касб намудааст, сухан рафт. Д. Тошмуҳамедова ба таҷрибаи Тоҷикистон оид ба роҳандозии таҳсилоти самараноки калонсолон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд ва онро шоистаи омӯзиш донист.

Дар рӯзи аввали конфронс рушди таҳсилоти калонсолон, иҷрои ҳадафи чоруми рушди ҳазорсола, ки ба таҳсилот вобаста аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар қисми дуюм иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, мубодилаи афкор намуданд.

Рӯзи дуюм дар робита ба мубоҳисаҳои бамиёномада мубодилаи афкор сурат гирифт. Маърӯзаҳои Абдулбашир Холиқӣ оид ба фаъолияти Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Афғонистон, вазирони кишварҳои Уганда ва Гватемала, намояндаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон вобаста ба масъала хеле ҷолиб буданд.

Инчунин, дар Кохи нави Веймар бахшида ба 50-солагии таъсисёбии Институти ҳамкориҳои байналмиллии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (АДХО) чорабинӣ баргузор гардид. Иштирокчиёнро вазири федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон доктор Герд Мюллер, раис ва президенти АДХО Ернст Россманн ва Аннегрет Крамп-Каренбауер пазироӣ намуданд.

Доктор Герд Мюллер зимни суханронӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои Олмон бо кишварҳои хориҷ, алалхусус, дар соҳаи маориф, таъкид намуд, ки «Олмон роҳи ягонаи ғалабаро дар ҳама ҷабҳа дар тақвияти маърифат ва тавсеаи омӯзиш мебинад». Мисол оварда шуд, ки бо сармоягузории Олмон ба соҳаи маорифи Афғонистон имкон фароҳам омад, ки сафи таҳсилкунандагон ба беш аз нуҳ миллион нафар расад. Номбурда гуфт, ки Олмон минбаъд низ ба ин кишвар ва дигар кишварҳои дар ҳолати фақр қарордошта ёрӣ хоҳад расонд.

Чорабиниҳои зикршуда бо баргузории шоми дӯстӣ, ки дар он иштирокчиён ва намояндагони ҳайатҳо имкони аз наздик бо ҳам шиносоӣ пайдо намуданро доштанд, ба охир расид.

Қудратулло Баҳронзода,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон