Башарият дар ҳама давру замон ба ваҳдат ниёз дорад

№76 - 77 (4182 - 4183) 27.06.2020

2Ваҳдати миллӣ калиди дари дунёи саодат барои миллат, ба ҳам омаданҳо, аз қатра ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, таъмини умри дарози истиқлолият ва пойдории давлат аст. Ба ин маънӣ муваззафем, ки барои пойдории он ба қадри тавон кореро анҷом диҳем.

Банда аз рӯзҳои аввали соҳибдавлатии кишвар дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор карда, шоҳиди ҳама дарду ранҷи кашидаи сокинони кишвар ва баъдан ба даст овардани комёбию дигаргуниҳо будам.

Насли калонсол шоҳиданд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ минтақаи Рашт ба майдони тохтутози дастаҳои ҷинояткор табдил ёфта, ба мардуми заҳматкаш ҷабру ситами зиёдро раво медиданд.

Ашхоси бегонапараст, ки дар вуҷудашон на ҳисси худшиносӣ доштанду на ҳувияти миллӣ шароитро мусоид дониста, ба корҳое даст мезаданд, ки мардумро дилшикаставу рӯҳафтода мегардонид. Дар ноҳияи Рашт вазъият риққатовар буд.

Кишоварзони замоне дар соҳаи картошкапарварӣ номдор тӯли чанд сол ҳатто имконият надоштанд, ки тухмӣ пайдо кунанду картошка кишт намоянд. Аз 18 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 28 ҳазор сар моли майдаи соли 1992 ба ҳисобгирифта, 618 сар чорвои калони шохдор ва 1994 сар моли майда монда буд. Кирмакпарварӣ аз байн рафт. Дар ҳар деҳа садҳо қуттии холии занбӯри асал ба чашм мерасид. Боғҳои сердарахти пурбор  рӯ ба нестӣ оварданд. Одамон ба хотири аз чанги гуруснагӣ раҳонидани хонавода дороиро ба ду-се халта орду сабӯс иваз мекарданд.

3Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он вазъи душвор ба ҳама серкорию мушкилӣ нигоҳ накарда, чанд маротиба ба водии Рашт сафари корӣ намуданд. Бо мардум вохӯрда, тасаллӣ медоданд, дилбардорӣ мекарданд. Таъкид менамуданд, ки ҳама мушкилиро якҷоя паси сар мекунем. Ба рӯзҳои нек мерасему боз шодию хурсандӣ менамоем. Ҷудоие, ки байни халқи тоҷик ба вуҷуд омадааст, кори дасти бегонагон аст…

Суханони Сарвари давлат ба сокинон хуш омад. Онҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар карданд. Бовар карданд, ки танҳо ӯ метавонад миллати пора-порагаштаро ба ҳам биёрад, якпорчагии кишвару якдилии миллатро таъмин намояд.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ноҳияи Рашт зиндагӣ дигар шуд. Масъулини баландпоя бештар ба ин гӯшаи дур меомадагӣ шуданд. Онҳо вазъиятро таҳлил намуда, ба хотири ободӣ барномарезӣ мекарданд. Ҳамин тавр, соҳаи кишоварзӣ эҳё гардид. Барномаҳои давлатию ғайридавлатӣ шароит фароҳам оварданд, ки деҳқони раштӣ боз картошкаю ғалла кишт кунаду чорводор соҳаро тараққӣ диҳад. Дар  Раштонзамин боғҳо аз нав сабзу хуррам шуданд, соҳаи кирмакпарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ дубора равнақ пайдо карданд.

Бо дастгирии Президенти мамлакат солҳои охир соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳсозӣ рушд карданд, биноҳои гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурии шаҳрак ва ҷамоатҳо, синфхонаҳои иловагиву мактабҳои нав бо таҷҳизоти замонавӣ, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Агар  симои ҳозираи ноҳияро ба 29 сол пеши он муқоиса намоем, дигаргуниҳоро баръало мушоҳида хоҳем кард. Дар ин муддат чандин иншооти бузург сохта, ба истифода дода шуданд, ки на танҳо аҳамияти ноҳиявӣ, балки минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ доранд.

Аз ҷумла, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 майи соли 2013, №206 дар заминаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» ташкил шуд, ки на танҳо масъалаи норасоии мутахассисони соҳибкасбро аз байн бурд, балки як фазои мусоиди дӯстиву баҳамоии ҷавонони кишварро ба вуҷуд овард. Ваҳдати ҷавонон, ки ояндаи мамлакат ба онҳо иртиботи қавӣ дорад, барои Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Ин ҳама пешравӣ натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва дастгирии сиёсати созандаашон аз ҷониби халқи минтақа аст.

Пешвои миллат замоне сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон киштии шикастаи дар ҳолати ғарқшавӣ қарордоштаро мемонд. Касе ба ояндаи неки миллату давлат бовар намекард. Замоне буд, ки бисёре аз сиёсатмадорони тоҷик ҷуръати ба даст гирифтани сукони давлатро надоштанд. Яъне, зиндагии осударо авло медонистанд. Ана, дар ҳамон шароит бо ҷуръати баҳодурона Пешвои миллат ба сари кор омада, Тоҷикистони сӯхтаро обод сохтанд ва миллати парокандаро ба ҳам оварданд. На танҳо давлат сохтанд, балки онро дар як муддати кӯтоҳ ба қатори давлатҳои рӯ ба инкишоф ворид намуданд. Маҳз бо кӯшиши пайвастаи ин фарзонамард номи фарзандони сарсупурдаи миллат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зиндаву ҷовид гардид. Ба чанд нафари онҳо унвонии олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ барои бадном кардани фарзандони фарзонаи миллат дурӯғпароканӣ мекунанд. Бо суханҳои таҳқиромез мехоҳанд нисбат ба Давлату Ҳукумат таъсири манфӣ расонанд. Он хонашерони майдонғариб гӯё намедонанд, ки Тоҷикистон дар тӯли бисту нуҳ соли сипаригардида чӣ андоза рушд кардааст. Ҳол он ки дар ҳама гӯшаву канори кишвар нишони пешравӣ ва дастовардҳо ба чашм мерасад, сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Сокинони мамлакат осудаҳолона пайи татбиқи барномаҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилонаву самимона заҳмат мекашанд. Мардум аз зиндагии осудаву ором розӣ буда, Пешвои миллатро дӯст медоранд. Вале ҳасудон ин ҳамаро  намебинанд, чунки ҳақиқат чашми онҳоро кӯр кардааст. Ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба Давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни мардум чизи дигаре аз дасташон намеояд.

Роҳбари мамлакат борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ бошад, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Дастаҳои ифротгарову даҳшатафкан умед доранд, ки бо  рафторҳои ноҷавонмардона мардумро ба гумроҳӣ бурда метавонанд, аммо хато мекунанд. Сокинони Рашт дар қатори дигар мардуми кишвар ҳақиқатро хуб дарк кардаанд. Дӯстро аз душман фарқ мекунанду зиракии сиёсиро аз даст надода, бо боварӣ ва эътимод дар атрофи Пешвои миллат муттаҳидтар гардида, барои таъмини зиндагии шоиста ва мустаҳкамии давлатдории тоҷикон заҳмат мекашанд.

Ҳамаи ин иғвогариву бадгӯиҳои душманон моро ҳушдор медиҳад, ки ба атроф бо чашми ақл назар афканем, баду некро  фарқ кунем ва танҳо ба манфиати миллату давлат кору зиндагӣ намоем. Барои ин, албатта, ба ҳам омадан ва аз ман мо шуданамон даркор аст. Яъне, боз дар мадди аввал ваҳдат меистад. Танҳо ваҳдат моро то баландтарин қуллаҳои орзу мебарад ва имконият фароҳам меоварад, ки кишварро ба давлати ободу зебо ва пешрафтаву овозадор табдил диҳем. Шиори мардум бояд барои ҳамеша дӯстиву бародарӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию худшиносӣ бошад.

Зеро авлоди башар дар ҳама давру замон ба ваҳдат ниёз дорад. Ҳатто дарозумрии сайёраи Замин-хонаи башарият низ ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ягонагӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ҳақ ба ҷониби устод Мирзо Турсунзода аст, ки фармудаанд:

 Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт