Муҳокимаи парламентӣ

Беҳтар шудани зиндагӣ дар деҳот ногузир аст

№57 (3694) 23.05.2017

DSC_0100Оё татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба он мусоидат мекунад?

Нуздаҳуми майи соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Лахш, Ховалинг, Фархор, шаҳри Кӯлоб, раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» иштирок карданд.

Акрамшо Фелалиев гуфт, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ андешида шудаанд. Бо ин мақсад солҳои охир як қатор барнома ва ­лоиҳаҳо татбиқ гардиданд, ки барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди соҳа нишон медиҳад, ки татбиқи лоиҳаҳои мукаммал бо иштироки ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баҳри афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҷорӣ намудани навовариҳои илмиву таҷрибаи пешқадам, ташаккули инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоии деҳот ва аз ҳама асосӣ — ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» мавқеи хоса дорад. Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи мазкур 20 январи соли 2016 ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2016 тасдиқ шудааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон аз ҷумҳуриҳое мебошад, ки соҳаи аграрии он асоси зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир дар ин соҳа таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироти куллӣ ба миён омад. Дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ муносибатҳои истеҳсолӣ дигар гаштанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 фазаи 1 ва соли 2016 фазаи 2 Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот»-ро ба тасвиб расонид. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мусоидат намуда, ба ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардидааст. Дар доираи он дар 13 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 1500 зерлоиҳа маблағгузорӣ мешавад ва шумораи кумакгирандагони бевоситаи лоиҳа зиёда аз 142 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар асоси дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди иҷрои буҷетро ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур зери назорат гирифта, бо ин мақсад октябри соли 2016 ва апрели соли 2017 ба ноҳияҳои пилотии интихобшудаи Сангвор, Лахш, Роғун, Файзобод, Кӯлоб, Фархор, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинг сафари корӣ анҷом доданд.

Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияҳои мазкур собит сохт, ки корҳои назаррас ба итмом расиданд. Аҳолӣ таъсири онро ба шароити зиндагии худ тасдиқ намуда, иброз намуданд, ки корҳои анҷомдодашуда малакаи хоҷагидориро ҷиҳати мутобиқгардонии фаъолият ба тағйирёбии иқлим ғанитар мегардонанд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода оид ба рафти иҷрои лоиҳа чунин маълумот дод:

- Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мавқеи ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, пешниҳодҳои он кас оид ба таъмини аҳолии кураи замин бо оби нӯшокӣ, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои об дар аксар давлатҳо татбиқ шуда истодаанд, — зикр кард номбурда.

Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф барномаҳои соҳавӣ қабул шудаанд. Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот барои солҳои 2013-2018» аз ҳамон ҷумла мебошад, ки татбиқи он ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа фароҳам овардани имконот ҷиҳати истифода захираҳои инсонӣ аст. Аз ин рӯ, дар давоми амалишавии зерлоиҳаҳо дар ноҳияи Ховалинг сехҳои коркарди шир, қаннодӣ, чӯбу тахта, ду дастгоҳи равғанкашӣ, таҷҳизоти мевахушккунӣ, дар ­ноҳияи Балҷувон сехи оҳангарӣ, дар ноҳияи Фархор ду инкубатор, дар ноҳияи Сангвор маркази таъмини лавозимот барои занбӯри­асалпарварон, дар ноҳияи Лахш панҷ дастгоҳи мевахушкунӣ, ду инкубатор ба истифодаи аҳолӣ вогузошта шудаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар татбиқи чунин лоиҳаҳо саҳми занон калон буда, 205 зерлоиҳа бевосита бо роҳбарии онҳо амалӣ шудаанд.

Барои идоракунии захираҳо ҳашт ҷамъияти чарогоҳистифодабаранда ташкил шуда, 16 ассотсиатсияи истифодабарандагони об дастгирӣ ёфтаанд. Тавассути ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабаранда 24 кашар дар чарогоҳҳои тобистона сохта шуд, ки онҳо шароити хуби нигоҳдории 72000 сар моли майдаро фароҳам намуданд.

Бо маблағгузории лоиҳа ва саҳми истифодабарандагон 36 трактори хурд, 9 экскаватор, 6 трактори МТЗ-82 харида, тавассути онҳо 810 км канал тоза шудааст.

Шумораи хонаводаҳое, ки дар истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои замин иштирок менамоянд, ба 15427 хоҷагӣ расида, то анҷоми лоиҳа бояд ба 21000 расад.

Дар 21247 гектар замини ноҳияҳое, ки лоиҳа амалӣ мешавад, технологияи бехатари истифодаи замин, идоракунии об мутобиқ ба тағйирёбии иқлим истифода шуда, дар назар аст, ки то охири лоиҳа ин нишондиҳанда ба 30000 гектар расад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа Зафар Маҳмудов зикр кард, ки маблағи умумии лоиҳа 18,88 миллион доллари ИМА буда, дар сатҳи хуб ва сифати баланд дар 13 ноҳия, 54 деҳот ва 415 деҳа амалӣ шудааст.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Ҷобирзода, Ҷ. Саидов, А. Ғаффоров, Т. Бухориев, Н. Содиқова, Н. Оқилзода, Г. Назирӣ, Г. Бобоева, С. Шарипов, Л. Раҷабова савол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Муовини раиси ноҳияи ­Фархор Рустам Бобохонзода оид ба корҳои дар доираи лоиҳа ­анҷомёфта маълумот дода, зикр кард, ки он дар се самт амалӣ гардида, бо мақсади беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии замин дар ҷамоатҳои деҳоти «Ватан», «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон» ва «Ғайрат» се экскаватор дастрас гардида, дар ин давра 10 000 метр заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ тоза карда шуданд. Техникаҳои нав имкон фароҳам оварданд, ки соли ҷорӣ 349,7 км канал, 33 км заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, ҳолати мелиоративии 500 га замин беҳтар шавад.

Барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби полезӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 57000 метр канали байнихоҷагӣ тоза карда шуда, тавассути маблағҳои лоиҳа 106 насоси обкаш ва 12 резервуар харидорӣ гардид. Номбурда афзуд, ки амалишавии лоиҳа имкон дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳавасманд гарданд ва бо ташаббус дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷиҳати таъмини техникаҳои мавҷуда бо сӯзишворӣ саҳм гузоранд, ҳаққи дастраснамоии оби полезиро сари вақт супоранд. Солҳои ­қаблӣ, аз ҷумла соли 2016 маблағи ҷамъоваришудаи ҳаққи хизмат­расонии оби полезӣ 592 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар чор моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 530 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки тавассути маблағи ҷамъоваришуда 13 км канал, 26 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, 22 насоси обкаш таъмир гардид. Боғи интенсивӣ дар майдони 0,5 га бунёд гардида, 13 гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 0,31 га ташкил шуд. Инчунин, дар масоҳати 2,68 га гармхонаҳои мавсимӣ дар деҳоти «Дарқад», «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», «Ғайрат» ва «Гулшан» таъсис ёфтанд.

Дар самти парандапарварӣ 1330 сар мурғи ҳоландӣ, 1808 сар мурғи марҷон, 214 сар ғоз, се шутурмурғ ва ду инкубатор харидорӣ гардид.

Дар давраи амалишавии лоиҳа шаш ҳавзи моҳипарварӣ бунёд ва 41 ҳазор моҳича харидорӣ карда шуд. Ин ибтикор замина фароҳам овард, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ дар ноҳия ба 18 тонна расад.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар Фархор рушди бемайлон дошта, аз тариқи ташкили гурӯҳҳои мақсадноки занбӯри­асалпарварӣ оилаи занбӯри асал ба 2225 расид, ки нисбат ба соли гузашта 452 адад зиёд мебошад.

Инчунин, барои рушди инфрасохтори маҳаллӣ панҷ трактори хурд, як трансформатор, 13 мошини дарздӯзӣ харидорӣ шуда, 27 км роҳи деҳаҳо ­сангфарш шуданд.

Дар муҳокима вакилон Муҳаббатшо Рӯзадор, Мирзоанвар Ахмедов, Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Усмонзода низ иштирок намуданд.

Дар охир вобаста ба ­масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ва тавсияҳо қабул шуд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев