Муҳокимаи парламентӣ

Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар баъзе корхонаҳо «ба ҳар ду пой мелангад»

№83 -84 (3563 - 3564) 30.06.2016

Мавҷудияти камбудиҳои зиёд далели возеҳи ин гуфта аст

Мухокима23 июни соли 2016 таҳти раёсати Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд, ки дар он рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» нисбат ба маблағгузории ғизои хӯрока» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии байторӣ ва Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони соҳавии раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳое, ки мавриди санҷиш қарор гирифта буданд, иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо таъкиди муҳимияти масъала аз вакилон ва масъулон даъват кард, ки дар баррасии он фаъол бошанд.

Сипас, сухан барои гузориш ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ  Гулбаҳор Ашурова  дода  шуд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки бо мақсади омӯзиши масъала вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти дахлдор дар як қатор корхонаҳо  санҷиш гузарониданд.

Маълум гардид, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» дар як қатор корхонаҳо таври лозима иҷро мегардад. Аз ҷумла, дар ҶСП «Комбинати шири шаҳри Душанбе», ҶДММ «Покиза — М»- и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Тоҷ-мол», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Сешанбе»- и шаҳри Турсунзода, ҶДММ «Амирӣ», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Россия»- и ноҳияи Рӯдакӣ, ҶДММ «Лазиз» ва ҶДММ «Шириниҳои Шарқ», воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶДММ «Кабири Хуҷанд» ва «Порсои Хуҷанд» истифодаи технологии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ риоя гардида, озмоишгоҳҳо бо асбобу анҷом ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Барои интиқоли маҳсулоти тайёр нақлиёти махсусгардонидашуда дастрас шуда, бо шаҳодатномаҳои санитарӣ таъмин мебошанд. Дар баробари ин, корхонаҳои мазкур аъзои системаи байналмилалии ХАССП буда, дорои сертификати байналмилалӣ мебошанд ва истеҳсолот тибқи талаботи ин низом ба роҳ монда шудааст. Афзалияти ин низом аз он иборат аст, ки сатҳи масъулиятшиносӣ ва таъмини кафолати бехатарии маҳсулот зиёда мегардад.

Дар як қисм иншооти дигари санҷидашуда талаботи қонуни зикршуда таъмин карда намешавад. Аз ҷумла, дар ҶСК «Комбинати панир», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фабрикаи парандапарварии Шаҳринав», Сехи истеҳсоли ҳасиби шаҳри Кӯлоб (ҶДММ «Ориён Рустам»), Комбинати шири шаҳри Кӯлоб, Корхонаи коркард ва истеҳсоли намаки «Хоҷа-Мӯъмин» ва  Сехи истеҳсоли оби маъдании «Файзобод» як қатор камбудиҳо ошкор карда шуданд. Бо вуҷуди он ки иқтидори лоиҳавии шабонарӯзии корхонаҳо, коркарди зиёди маҳсулотро ташкил медиҳанд, айни замон бо иқтидори пурра фаъолият надоранд. Дар сехҳои истеҳсолӣ психрометр барои санҷидани ҳарорат ва рутубат васл нагардида, ҷараёни технологии коркард ва пайдарпайи хати технологӣ риоя намешавад, даромадгоҳи алоҳида барои воридоти ашёи хом ва ба муомилот баровардани маҳсулоти истеҳсолшуда пешбинӣ нашудааст.

Шустушӯи зарфҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои нақлиётии ширкашон  аз тарафи корманди махсуси омӯзонидашуда амалӣ нашуда, онҳо бо либоси махсус таъмин нестанд.

Истеҳсоли маҳсулот ба шартҳои техникӣ (ШТ) мутобиқ набуда, талаботи  ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ нисбат ба бехатарӣ ва сифати маҳсулот, талабот ба ашёи хом, тамғагузорӣ, борбандӣ, қабул ва нигаҳдорӣ риоя намегарданд. Барои интиқоли ашёи хом аз хоҷагиҳо нақлиёт пешбинӣ нашуда, маҳсулоти хом аз хоҷагиҳо дар зарфҳо интиқол меёбанд, ки ин усул бехатарии маҳсулотро кафолат дода наметавонад.

Тибқи талаботи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», бояд корхонаҳо аз аттестатсияи байторию санитарӣ гузаронида шаванд, аммо талаботи мазкур амалӣ нагардидааст. Маълум гардид, ки аз тарафи  Агентии «Тоҷикстандарт» ба маҳсулоти мавҷуднабуда сертификати мутобиқат дода шудааст. Чунончӣ, барои ба муомилот баровардани маҳсулоти тайёр, аз қабили кефир, қаймоқ, ҷурғот, творог, кефири мевагӣ ва дуғ ба миқдори умумии 5550 кг сертификати мутобиқат дода шудааст, ҳол он ки дар як шабонарӯз аз 80 то 120 литр ширро коркард мекунанду халос.

Маҳсулоти хом, ки дар истеҳсолот истифода бурда мешавад бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи байторӣ) таъмин набуда, назорати истеҳсолӣ ташкил нашудааст. Масалан, навиштаҷоти борҷомаи бастубанди маҳсулоти тайёр (ҳасиб) бо таркиби маҳсулоти тайёр мувофиқат намекунад. Дар навиштаҷот дарҷ шудааст, ки дар таркиби ҳасиб гӯшти гов, думбаи гӯсфанд низ аст, дар асл ҳасиб танҳо аз фарши мурғи истеҳсоли Туркия тайёр мешавад.

Дар робита ба гуфтаҳои боло Гулбаҳор  Ашурова таъкид кард, ки  як қатор бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобастагӣ доранд. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ миқдори зиёди бемориҳои шадиди рӯда ба қайд гирифта мешавад. Раванди бақайдгирии бемориҳои рӯда дар даҳ соли охир майл ба пастшавӣ дошта, аз 60 000 ҳодиса то ба 57 000 расидааст. Роҳҳои сироятёбии ин бемориҳо асосан ба воситаи маҳсулоти ғизоӣ ва об аст.

Зикр гардид, ки бақайдгирии брутселлёз дар ҷумҳурӣ дида мешавад. Сабаби асосии пайдоиш ва зиёдшавии ин беморӣ ба он вобаста аст, ки дар ҷумҳурӣ  на ҳамаи чорвои ҷамъиятию шахсӣ сари вақт эмгузаронӣ шуда, дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои байторӣ гузаронида намешавад.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ба бемории брутселлёз асосан ҷавонон ва шахсони то 50 — сола гирифтор мегарданд. Мутаассифона, ҳодисаҳои беморшавии кӯдакони то 14 — сола низ мушоҳида мешавад, ки ин хеле ташвишовар мебошад.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки соли 2015 дар иншооти саноати хӯрокворӣ, хӯроки умумӣ ва савдо  15349 санҷиш гузаронида 152114,1 кг маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаро, ки маблағи умумиашон 748294 сомониро ташкил медиҳад, ошкор ва аз фурӯш боздоштанд.

Санҷишҳо нишон доданд, ки дар истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ (ҳасибҳо) аксаран аз маҳсулоти хоми воридотӣ истифода шуда, дар ин раванд истифодаи маҳсулоти муҳлаташон гузашта, номутобиқатии маълумот оид ба таркиби маҳсулот ва ғизонокии онҳо ба мушоҳида мерасад. Соҳибкорон танҳо ба ҳуҷҷати Агентии «Тоҷикстандарт» такя мекунанду хулосаи дигар мақомоти ваколатдор, аз ҷумла Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти фитосанитарӣ ва назорати карантинии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини бехатарии маҳсулот ваколатдоранд ба инобат гирифта намешавад.

Яке аз мушкилиҳо дар фаъолияти хадамот маҳдуд будани доираи фаъолият мутобиқи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла,

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷишҳои санитариро вобаста ба сатҳи хатари субъектҳои хоҷагидор маҳдуд мекунад. Мувофиқи ин қонун миқдори субъектҳои хоҷагидоре, ки сатҳи хатарнокиашон баланд аст, бояд аз 10 фоиз зиёд набошад.

Яке аз проблемаҳои ташвишовар  ин дар сатҳи паст будани назорат аз болои боқимондаи заҳрхимикатҳо дар маҳсулоти хӯрокворӣ, истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо ва доруҳои минералӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад.

Дигар масъалае, ки бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд, ин фаъолияти самараноки озмоишгоҳҳои санитарию байторӣ дар бозорҳо мебошад. Зиёда аз 60 фоизи истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ маҳсулоти хӯроквориро аз бозор мехаранд. Мутаассифона, на дар ҳама бозорҳои ҷумҳурӣ ташхисгоҳҳо фаъолият менамоянд. озмошгоҳҳои амалкунанда бо таҷҳизот ва асбобу анҷомҳои ҳозиразамон таъмин нашудаанд. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти хӯрокворие, ки ба бозор ворид мегарданд аз ташхиси санитарию байторӣ гузаронида намешаванд.

Дар баробари ин, назорати истифодаи антибиотикҳо ва дорувории ветеринарӣ низ ҳалли худро тақозо дорад. Дар сохторҳои марбута тақрибан 130 лабораторияи  хурду миёна амал мекунад ва лозим аст, ки бо дарназардошти шароити имрӯза ба фаъолияти онҳо баҳо дода шавад.

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мӯсоев низ дар ин хусус суханронӣ намуда, гуфт, ки бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқии соҳа ба талаботи байналмилалӣ, ба танзим даровардан ва таъмин намудани назорати масъалаҳои амнияти биологӣ, таҳдид, баҳодиҳии таҳдид Хадамоти назорати давлатии байторӣ пешниҳодҳоро ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» пешниҳод намуд, ки айни ҳол дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ  мутахассисони Маркази миллии ташхиси байторӣ солҳои 2013-2016 ташхиси 63012 намунаи маҳсулоти хӯрокаро гузаронидаанд, ки  аз ин 1342 намунаи он (2,1 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти санҷидашуда) хатарнок дониста, тибқи талаботи мавҷуда безарар ё нобуд карда шудаанд.

Хадамот тибқи фармоиши сарнозири байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2015 воридоти пӯсти мурғ, чарбуи чорво ва равғани думбаи гӯсфанди истеҳсоли давлатҳои хориҷиро ба ҷумҳурӣ ҳамчун маҳсулоти пастсифату ба талаботи байторию беҳдоштӣ ҷавобгӯнабуда, манъ,  воридоти гӯшти говмеш, тухм, равғани маска ва шири хушкро ба сатҳи пасттарин расонид.

Директори «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ 15 озмоишгоҳи ташхисӣ мебошад, ки се адади он мақоми байналмилалиро соҳибанд. Ин омил барои эътирофи байналмилалии натиҷаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворие, ки дар ин озмоишгоҳҳо амалӣ гаштаанд, мусоидат мекунад.

Бо истифода аз ин озмоишгоҳҳо дар панҷ моҳи соли равон  4079,7 тонна маҳсулоти гуногуни  бесифат ошкор шуд.

Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти ваколатдор корҳои омӯзишӣ, фаҳмондадиҳӣ ва сертификатсионии системаи менеҷменти сифатро  тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии Системаи менеҷменти махсуси бехатарӣ ва саломатӣ, (OHSAS 18001:2007), Системаи бехатарии санитарӣ-гигиенӣ, (ХАССП), Системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (ISO 22000:2005) ба роҳ мондааст. Таҷриба нишон дод, ки сатҳи пасти ҳавасмандии корхонаҳо барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ба маблағгузорӣ, омодагии техникӣ ва норасоии мутахассисон  алоқаманд мебошад.

Соли 2014 дар Агентӣ ду озмоишгоҳ  оид ба муайян намудани мавҷудияти ГМО дар маҳсулоти ғизоӣ таъсис ёфта, усулҳои нави ташхис ҷорӣ шуд.  Мутахассисон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (Ширкати «БИОКОМ») аз курси омӯзишӣ гузашта, барои оғоз намудани фаъолият дар ин озмоишгоҳҳо омода гаштанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаллам Қодирова, Дилрабо Мансурова, Аҳтамҷон Қобилов, Гулбаҳор Назирӣ, Абдуҳалим Ғаффоров ва Гулнора Бобоева роҷеъ ба масъалаи баррасишуда ба шахсони масъул  саволҳо дода, посух гирифтанд.

Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти баёнгардида қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул шуданд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ