Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Беш аз дувоздаҳ ҳазор гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда авф мешавад

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

DSC_0260(Идома аз шумораи гузашта)

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иқдоми навбатии башардӯстона ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил ва ислоҳ шудану тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, андешаҳои давлатмеҳварӣ, шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад, ки рамзи гӯёи амалишавии принсипи инсондӯстӣ ба шумор меравад.

Дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Инчунин, пешбинӣ мегардад, ки қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда шавад.

Қонуни мазкур аз дебоча ва 22 модда иборат аст, ки онҳоро аз рӯи мазмуну муҳтаво ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст ва барои дар амал татбиқ намудани он мусоидат мекунад:

1. Гурӯҳи якуми моддаҳо ба муайян намудани категорияи шахсоне, ки санади авф нисбати онҳо татбиқ карда мешавад, инчунин мушаххас намудани маҳдудиятҳо ҳангоми татбиқи санади авф равона шуда, моддаҳои 1-10 –ро дар бар мегирад;

2. Муайян кардани мақомот ва муассисае, ки қонуни мазкурро татбиқ ва иҷро мекунанд (моддаҳои 11-13);

3. Шарҳ додан ва дақиқ нишон додани шахсоне, ки ба гурӯҳҳо ва категорияҳои номбурда дохил мешаванд ва ҳолатҳое, ки қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ карда мешавад (моддаҳои 14-17);

4. Муайян намудани мақомоте, ки бо шахсони нисбати онҳо санади авф татбиқшуда кор мебаранд, яъне барои шуғли минбаъдаи онҳо мусоидат мекунанд, назорати ноболиғон, ҷойгир кардан дар муассисаҳои тиббӣ, интернат ва хонаи пиронсолон, ташкили бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони нисбаташон санади авф татбиқшуда (моддаҳои 18,19);

5. Муҳлати иҷро ё татбиқи қонуни мазкур ва пешниҳод намудани ҳисобот оид ба он (моддаҳои 20,21);

6. Мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур (моддаи 22).

Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ баъди қабул гардидан қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, зиёда аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳӣ зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод карда мешаванд.

Нисбати доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур, инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсе, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 813 аз 18 августи соли 2016 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд, инчунин ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 90 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 63 – то қабул, 4 – то қисман қабул ва 23 таклиф пазируфта нашуд.

Кумитаи масъул 22 августи соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуданд ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.

Аз ҷумла:

- лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд;

- матни лоиҳаи қонун бо забони давлатӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуд.

Ба мақсади такмили лоиҳа, инчунин як силсила таклифу пешниҳодоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ворид карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ аст ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

 Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҷиҳатҳои баланди инсондӯстӣ, инсонпарварӣ, самимияти баланди инсон ба инсонро ифода карда, ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки гувоҳи бузург будани ин санаи таърихӣ ­мебошад.

Ҳазорон оила, модарон, падару хоҳарон, ҳамсарон бо ҳазор умеду орзу ин рӯзро интизор буданд ва умед ба он доранд, ки наздиконашон мебароянду бо роҳи рост ва накуномӣ қадам зада, бо рафтори нек доғи судиро мешӯянд.

Мазмун ва мундарҷаи лоиҳаи қонун дорои гуманизми ниҳоят баланд мебошад, ки тибқи он занон, маъюбони гурӯҳи 1-2-3, ноболиғон, мардони аз синни 55 — сола боло, беморон ва иштирокчиёни ҶБВ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар, зарардидагони Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», дорандагони мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд.

Хеле хубу назаррас аст, ки ашхосе, ки бо моддаҳои 245-247 ва 253-257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гаштаанду зарари моддии расондаашонро пурра талофӣ намудаанд ё онҳое, ки тибқи ҳамин моддаҳо маҳкум шудаанду бо рафтори мусбатӣ шахсияти худро нишон додаанд, озод карда мешаванд.

Мутаассифона, ашхосе низ ҳастанд, ки баъди озод шудан боз даст ба ҷиноят мезананд. Ин масъалае мебошад, ки мо ва ҷомеаи шаҳрвандиро бетараф бояд нагузорад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, нозирони корҳои дохилӣ пайваста бо онҳо бояд кор баранд, то онҳо муносибати баланди одамгариро ҳаматарафа риоя намоянд. Шахсони масъул ба таври имконпазир барои ба кор таъмин намудани онҳо чораҳои мушаххас бояд андешанд.

Ноболиғони озодшуда бевосита таҳти назорати падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо бояд қарор гиранд.

Ба шахсони бемор, ки озод гардидаанд, бояд шароити табобат муҳайё карда, ба ҳадди имкон кумак намоянд. Беаҳамиятона муносибат кардан боиси бад гаштани зиндагӣ ва ҳаёти ӯ ва аз нав ба маҳбас рафтанаш мегардад.

Шахсони масъуле, ки ин қонунро вайрон мекунанд, бояд тибқи қонунҳои амалкунанда нисбати онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Аз вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро дастгирӣ намоянд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор дода мешавад.

 НАЗИРӢ Гулбаҳор: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ

Имрӯзҳо ҳазорон оилаи кишвари азизамонро рӯҳияи нишоту сурур фаро гирифтааст.

Иқдоми Президенти мамлакат амали неку башардӯстона ва шоистаи таҳсин мебошад ва боз хурсандиовар он аст, ки ин амал дар соли таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ба ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, муросо ва таҳаммулпазирӣ мувофиқат мекунад. Моҳияти лоиҳаи қонуни мазкур низ ҳамин аст: эҳтирому арҷгузории Пешвои миллат ба Конститутсия, ғамхорӣ дар ҳаққи мардум ва даъват ба роҳи рост.

Қонуни мазкур нисбати занон низ татбиқ мегардад, ки аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд ва барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд.

Барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти моддаи 18 қонуни мазкур зарур аст, ки вазорату кумитаҳои марбута, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иқдом намоянд, роҳбарони ширкату корхонаҳои хусусӣ баҳри таъмини шуғли заноне, ки ҳаёти озодона ба онҳо дубора тақдим мегардад, омода бошанд ва онҳоро бо кор таъмин намоянд, зеро бештар ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, соҳибкасбу соҳибҳунар гаштани онҳо ба беҳтар гардидани шароити иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд.

Дар даврони Истиқлолият боиси қаноатмандист, ки Пешвои миллат барои таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва эътибори онҳо, маърифатнокӣ ва ҳунаромӯзии онҳо, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби занон ба фаъолияти соҳибкорӣ пайваста тадбирҳои оқилонаву ҳадафманд меандешанд.

Дар ин радиф бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, хоса занони бекору хонашин дастгирию рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ садҳо корхонаҳо дар ҷумҳурӣ фаъолият бурда истодаанд.

Мо боварӣ дорем, ки дар ин соли таърихӣ кору пайкори занон аз интихоби рост оғоз мегардад, ҳар яки онҳо тамоми неру ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар намуда, дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои худ саҳми арзанда мегузоранд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

 Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз сиёсати демократӣ ва ватандӯс­тонаи Сарвари давлат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри амалӣ намудани Конститутсия оид ба эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзиши олӣ доштани инсон шаҳодат медиҳад, ки ба ин васила давлат шароит ва асоси ҳуқуқиро барои ба муҳити оила, кору зиндагии осоишта баргардонидани шахсони авфшаванда фароҳам меоварад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба вазъи иҷтимоии сиёсии ҷомеа ва бахшида ба санадҳои гуногуни таърихӣ, ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон 15 маротиба аз ҷониби Роҳбари давлат Қонун «Давр бораи авф» пешниҳод гардидааст, ки дар натиҷа ҳазорон нафар ба ҳаёти осоишта ба назди падару модарон ва оилаҳои худ, ки онҳоро интизор буданд, баргаштанд. Аксарияти онҳо дар ободии Ватан саҳм гузошта истодаанд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки маҷрои пурталотуми зиндагӣ метавонад шахсро ба мушкилиҳои зиёд дучор намояд, маҳз аз ҳамин сабаб баъзан инсонҳо ба иштибоҳ меафтанд ва гумроҳ мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ягона умеду орзуи маҳкумшудагон, судшавандагон ва айбдоршавандагон буда, онҳоро ба роҳи ислоҳ равона мекунад.

Ҳамзамон, татбиқи меъёрҳои он аз мақомоти марбута назорат ва риояи дақиқро талаб ­менамояд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт ва дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ карда шуд.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

 Амрихудои Дамдор: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Чӣ тавре ки бузургони мо фармудаанд:

З — ибтидои даври олам то ба аҳди подшоҳ,

Аз бузургон авф будаст аз фурӯдастон гуноҳ.

 Бахшиш неруи хомӯш кардани оташи низоъҳо, аз байн бурдани ғаразҳо ва аз ҳама муҳим, ислоҳи маънавию ахлоқии инсонҳоро дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мувофиқи моддаи 1 лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ новобаста аз муҳлати ҷазо ва адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқамандбуда мутобиқ ба хусусияти давлати демократӣ ва иҷтимоиямон занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва ғайраҳо озод карда мешаванд.

Инчунин, дар лоиҳа нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ва бори аввал ҷиноят содир кардаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки авф ин фақат як бахшиши гуноҳ нест. Ба фикри ман ин санади боварӣ нисбат ба ҳар шахсе, ки дар ҳаёт хато мекунад, низ буда, имкони ислоҳ шудан ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ислоҳшавии онҳост.

Аз ин рӯ, мо боварӣ дорем, ки авфшудагон ин амали инсондӯстонаю оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба зиёда аз дувоздаҳ ҳазор гумонбаршудаю айбдоршаванда ва судшавандаю маҳкумшуда дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад, дуруст дарк намуда, баъди ба озодӣ баромадан дигарбора даст ба ҷиноят нахоҳанд зад. Зеро анъанаи давлатдорӣ ва таҳлили таҷрибаи авф дар низоми ҳуқуқии кишварҳо далолат бар он дорад, ки таъсири ислоҳшавӣ ва воридшавии қонунвайронкунандагоне, ки тавассути авф ва бахшиш ба ҳаёти осоишта ворид мешаванд, нисбат ба онҳое, ки пас аз адои ҷазо мебароянд, бамаротиб хубтар ва беҳтар аст.

Лоиҳаи қонуни номбурда дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати такмили он зиёда аз сӣ таклифу пешниҳод ирсол карда шуд, ки аксарияти он ба инобат гирифта шудааст.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

 Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» иқдоми нав­батии башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, қабули он идомаи анъанаву суннатҳои наҷиби инсондӯстонаи аҷдодонамон дар роҳи бахшиши гуноҳҳо ва пок сохтани дилу ниятҳо ба шумор меравад.

Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба масъалаи ноболиғон диққати хоса дода шудааст. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки масъалаи тарбияи дурусти ноболиғон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ якчанд санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оиди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди онҳоро мавриди амал қарор додааст.

Тибқи банди 2), моддаи 1 лоиҳаи қонуни мазкур аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, аз ҷумла ноболиғони маҳкумшуда озод карда мешаванд.

Инчунин, доираи ҷиноятҳое, ки татбиқи қонуни мазкурро нисбат ба ноболиғон манъ менамояд, кам карда шуда, ҷиноятҳои одамкушӣ, одамрабоӣ, хариду фурӯши одамон, таҷовуз ба номус, ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, хариду фурӯши ноболиғон, терроризм, ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидош­та ё мусоидат ба содир намудани онҳо, маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидош­та, даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ва ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсонияти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро дар бар мегирад.

Ба ғайр аз ин, нисбат ба ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё исроф­корӣ, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва қаллобӣ, расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ, тасарруфи воситаи фондҳои кумаки хориҷии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд, моддаҳои 1 ва 6 қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.

Боварии комил дорам, ки қабул ва татбиқи қонуни мазкур барои ба зиндагии осоишта ва солимсозии оилавӣ баргардонидани шахсони ҷиноят содирнамуда, ислоҳ гардидани онҳо, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва тарбияи дуруст гирифтани наврасон мусоидат менамояд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

 УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба рукнҳои миллӣ ва давлатдорӣ пешниҳод шудааст, тақозои замон аст.

Лоиқи зикр аст, ки мардуми Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар зери ҳимояи амният, субот ва эътибори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Онҳо дар фаъолияти худ аз қонунҳои ҷории Тоҷикистон истифода мекунанд ва дар ҳолати риоя накардани қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Умуман, ҷиноят дар ҳама кишварҳои дунё содир мешавад. Ҷинояткор мансубият ба дину мазҳаб, миллату давлат надорад.

Вақте ки шахс ҷиноят содир мекунад ва ӯро аз озодӣ маҳрум месозанд, аллакай дар рӯзҳои аввал ӯ пушаймон мешавад ва нороҳатиҳо мекашад. Мутаассифона, дар қатори ӯ волидайн, наздикон ва фарзандони ӯ низ нороҳатиҳо мекашанд. Дар ин ҳолат Ҳукумат барои ислоҳ шудани ӯ чораҳо меандешад.

Дар рӯзҳои идҳои миллӣ, ки ин рукнҳои миллӣ ва суннатии мардуми ориёӣ ҳаст, онҳоро авф мекунанд, то оянда ислоҳ шаванд, зиндагиро бештар дӯст доранд, ба тарбияи фарзандон машғул шаванд ва ба ҳаёти осудаи аввалаи худ баргарданд.

Ин лоиҳаи қонун на танҳо аҳамияти сиёсӣ, балки аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ низ дорад. Ин қонуни амн, инсофу адолат аст, ки аз марҳамати сиёсати мардумсолоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.

 ИСМОИЛЗОДА Зуфар: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Яке аз хислатҳои бузурги Худованд ин бахшояндагист, Худованди Бахшояндаи Меҳрубон. Худованд ин хислати бузургро аз ҷониби бандагони худ низ мепазирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои мушкилтарин маҳз ба хотири истиқрори сулҳу ваҳдат гурӯҳи калони роҳгумзадагонро авф намуданд, гуноҳҳояшонро бахшиданд. Ин амали неки Сарвари давлат сабаб шуд, ки дар кишварамон сулҳу осоиш пойдор гашт, мардум муттаҳид шуда, диёрро обод намуданд ва Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳон ба некӣ муаррифӣ гардид.

Баъдан, дар радифи иқдомҳои тақдирсоз аз ҷониби Сарвари давлат боз як иқдоми нотакрор амалӣ гашт. Бо мақсади мустаҳкам намуда­ни меҳру муҳаббати мардум ба ҳамдигар, пурра дур кардани хусуматҳои боқимондаи ҳодисаҳои мудҳиши гузашта дар рӯи пули миллии даҳ сомонӣ шеъри безаволи шоир, файласуфи машҳури Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ навишта шуд.

Чанде пеш пулҳои миллии зиёда аз яксаду панҷоҳ давлати дунёро омӯхтам, ки дар ягон пули миллии ин давлатҳо шеър ё хитобае ба мардум навишта нашудааст.

Пули миллии тоҷикӣ бошад, бо сабти шеъри баландғоя чун воситаи ташвиқотӣ низ истифода шуда, рисолати таърихии худро иҷро намуд ва минбаъд ҳам дар тарбияи ахлоқии мардум хизмат хоҳад кард.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, давоми мантиқии амалҳои неку инсондӯс­тонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ҳамаи он шахсоне, ки аз он бархӯрдор мешаванд, аз ҷумла онҳое, ки ба назди фарзандони худ, оилаи худ бармегарданд бо сипосмандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти ҳалолу содиқона баҳри Тоҷикистони азизамон рӯй меоранд.

Дар ин самт ба онҳо тибқи моддаҳои 18 ва 19 лоиҳаи қонуни мазкур мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои дахлдор, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ мусоидат менамоянд.

Инчунин, бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи авфшудагон ва бархе аз шаҳрвандон, ки замоне аз ин ё он маҳкумшуда озоре ё зиёне дида бошанд ё ин ки баръакс, ба ин гуфтори пайғамбаронаи дар рӯи пули миллӣ навишташуда амал намуда, тифоқию бахшояндагӣ ва меҳру сафоро ба ҳамдигар раво мебинанд:

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод,

Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод,

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.

Дар ду олам нест моро бар касе гарди ғубор,

Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.

Лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, аз вакилони муҳтарам хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳанд.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Масъалае, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дорад, дар ҳақиқат ҳам зарурию воқеӣ буда, ба иқдоми Пешвои миллат, шахси бахшоянда рабт дорад, ки ӯ тавонист дар муддати 25 соли Истиқлолияти давлатӣ як кишвари ба хун оғуштаро ба як давлати биҳиштосо табдил диҳад.

Сарвари давлат тӯли ин солҳо собит намуд, ки хунро бо хун не, балки бо бахшиши гуноҳҳо шуста, баҳри ободии кишвар саъй намудан лозим аст.

Ташаббусҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат баҳри дастгирии гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманд, ёрмандӣ ба ятимону маъюбон, нафақахӯрон, дастгирии оилаҳои камбизоат, парастории пиронсолони ниёзманд аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ҳамеша дар фикри ободии ҷомеа ва осудагии мардум аст.

Ҳамзамон, Сарвари давлат ҳамеша ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир намуда, нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид менамояд. Мутаассифона, новобаста аз ин дастгириҳо, имрӯз дар ҷомеа занону модароне ҳастанд, ки дар чорроҳаи зиндагӣ гумроҳ гардида, ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст мезананд. Бисёр гарон аст, вақте мебинем, ки дасти нозпарвари модар ба хун оғушта ва дар симои зану гулдухтари зебои тоҷик ҷинояткору қаллоб ниҳон аст.

Агар нафароне, ки аз муассисаи ислоҳии занона дидан карда бошанд, огаҳ аз онанд, ки дар қатори маҳбусони дигар муассисаҳои ислоҳӣ, ба занони гунаҳкору хатокор чӣ қадар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Талаботи банди 1 моддаи 1, муқаррароти моддаҳои 2,4,6 ва қисми 1 моддаи 9 лоиҳаи қонуни мазкур маҳз нисбати ҳамин гурӯҳи маҳбусон татбиқ мегардад, ки мутобиқи он шумораи зиёди занон авф мешаванд. Инчунин, банди 4-и моддаи 1 ва муқаррароти дар моддаҳои боло зикргардида нисбати маъюбони гурӯҳҳои I, II, III ва шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат, бемории сил ва ишемиявии дил татбиқ карда мешавад.

Дар баробари ин, муқаррароти моддаи 18 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро муаззаф менамояд, ки барои бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони озодшуда, ҷойгир намудани беморон дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонмонда дар интернат ва хонаҳои пиронсолон чораҷӯйӣ намоянд.

Бинобар ин, роҳбарони мақомот ва ташкилоту муассисаҳои марбутаро зарур аст, ки баҳри татбиқи қонуни мазкур масъулияти баланд зоҳир намоянд.

Имрӯз кулли мардуми тоҷик, ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ интизори қабули қонунанд, хусусан модароне, ки ҷигарбандонашон дар хона онҳоро интизоранд, шаҳрвандоне, ки пайвандонашон ва заноне, ки шавҳаронашон дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд.

Бинобар ин, қонуни мазкур ба модарон барои баргашти нури чашмонашон, ба занон барои такягоҳи хонадонашон, ба маъюбону беморон ба хотири умеди зиндагӣ дар назди пайвандонашон мусоидат намуда, ба хонадони зиёда аз 12 ҳазор, ки қонун нисбати онҳо татбиқ мегардад, нуру нишот меорад.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бухориев Толибек Аҳмадович дода мешавад.

Толибек БУХОРИЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда боз як иқдоми хеле неки инсондӯстонае мебошад аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи муқаддастарин ҷашни давлати мо, яъне 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст

Қобили қайд аст, ки бо татбиқи ин санад шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд, ки ин гувоҳи амалишавии принсипи инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирии давлати Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ муқаррароти қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар муқоиса бо қонунҳои авфе, ки пеш қабул шуда буданд, ҳуқуқу манфиатҳои бештари маҳкумшудагонро фаро мегирад.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонуни мазкур маҳдудкунӣ ва манъкунии татбиқи санади авф ба намудҳои ҷиноят кам гардидааст. Инчунин, таваҷҷуҳ нисбати ноболиғону занони маҳкумгардида бештар аст.

Агар ба моддаи 8 лоиҳаи қонун назар намоем, он нисбати маҳкумшудагон барои якчанд намудҳои ҷиноят кам намудани муҳлати адонагардидаи ҷазоро манъ мекунад. Лекин чунин маҳдудият нисбати ноболиғону занон пешбинӣ карда намешавад. Санади авф ба тамоми ноболиғону заноне, ки барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, татбиқ гардида, муҳлати ҷазо барояшон кам карда мешавад.

Ғайр аз ин, дар лоиҳа татбиқи санади авф нисбати шахсони дар кофтуков қарордошта пешбинӣ шудааст, ки ин меъёри нав мебошад. Яъне, ки қарор дар бораи татбиқи авф бе даъват намудан ва бе розигии шахсони дар кофтуков қарордошта қабул карда мешавад, ки ин ҳолат мушкилоти зиёди дар амалия ҷойдоштаро аз байн мебарад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

 Ҷаббор АХМЕДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар партави амалҳои созандаву бунёдкоронае, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ шуда истодаанд, рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки мо шоҳиди он ҳастем, баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҷойгоҳи махсуси худро дорост, зеро сухан дар бораи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он меравад, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон арзиши олӣ эътироф карда шудаанд. Мо ҳама хуб медонем, ки чунин салоҳият танҳо ба Президенти мамлакат, Пешвои миллат тааллуқ дорад. Пешниҳоди лоиҳаи мазкур боз як далели сиёсати хирадмандона ва инсонпарварона аз тарафи он кас мебошад. Ин иқдом туҳфаи идона аст, ки аз он тақрибан 12000 нафар ва агар оилаю наздикони онҳоро ба шумор гирем, наздик 40000 нафар баҳраманд мегарданд.

Бешубҳа, мардуми кишвар интизори чунин иқдоми Пешвои миллатамон буданд ва аз ин лиҳоз, аз номи интихобкунандагони худ миннатдории хешро изҳор менамоям.

Ҷолиби қайд аст, ки аз ин иқдоми Пешвои миллат на фақат шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки хориҷӣ низ бархӯрдор мешаванд ва он бесабаб нест. Зеро Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмилалӣ, якчанд санади умумибашарӣ, аз ҷумла «Эъломияи ҳуқуқи башар», «Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» мебошад. Иқдоми имрӯза нишони амалӣ намудани уҳдадориҳои Тоҷикистон мебошад, ки аз ин ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ бармеоянд.

Мехостам диққати шуморо ба паҳлуҳои дигари қонун, алалхусус ба масъалаи татбиқи он, ҷалб намоям. Пеш аз ҳама, муҳим он аст, ки авфшудагон пас аз амалӣ гардидани қонуни мазкур набояд худро яккаву танҳо ҳис намоянд. Аз хотир набарорем, ки онҳо якчанд вақт ҳаёти худро дар муассисаҳои адои ҷазои ҷиноятӣ зери тартибот, қоида, усули дигар, ки аз муҳити ҷомеаи имрӯза куллан фарқ мекунад, гузаронидаанд ва ба муҳити имрӯза шомил гаштанашон душвориҳо дорад.

Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаи мо нисбати масъалаи мазкур набояд бетафовут бошад. Ин кор набояд танҳо ба зиммаи мақомоти қудратӣ вогузор карда шавад. Мо бояд кӯшиш кунем, то, ки онҳо ба роҳи дуруст рафта, бо кор таъмин карда шаванд, минбаъд бо оилаи худ зиндагии осударо ба сар баранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, шӯроҳои собиқадорону ҷангу меҳнат, занон, ҷавонон бояд дар ин ҷода саҳмгузор бошанд ва барои амалӣ намудани он чораҳои мушаххас андешанд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, воситаҳои ахбори омма бояд масъалаи мазкурро мадди назар карда, вобаста ба он барномаҳо, мақолаҳо интишор намоянд. Бо чунин тарзи кор мо бояд тафаккури ҷомеаро барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо равона созем, онҳоеро, ки ба кирдорҳои ҷинояткорию қонунвайронкунӣ майл доранд, аз ин амалҳо дур намоем.

Иҷрои талаботи қонуни мазкур, албатта, кори вазнин аст ва аз мақомоти қуд­ратӣ масъулият, кӯшиши дучанд ва амали фавриро талаб менамояд. То ҷашни 25-солагӣ рӯзҳои ба шумор мондааст. Аз ин лиҳоз, аз масъу­лини иҷрои қонуни мазкур хоҳиш карда мешавад, ки то ҳадди имкон шумораи зиёди нафарон аз ин қонун баҳраманд гарданд ва ҷашнро дар доираи оилаи худ пешвоз гиранд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро пурра дастгирӣ мекунам ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам, меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар остонаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба ҷонибдорӣ аз иқдоми навбатии башардӯс­тона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона раъй додем.

Дар ин ҳуҷҷати воқеан таърихӣ бахшиши ашхоси бори нахуст ҷиноятсодиркарда, аз беэҳтиётӣ ба қонунвайронкунӣ дастзада, ҳамчунин авфи занҳо, ноболиғон, пиронсолон, афроди барои давлат ва ҷомеа хизматкарда махсус таъкид шудааст, ки аз қадршиносӣ ва таваҷҷуҳи хосаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ин гурӯҳҳои иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.

Албатта, пешниҳод, қабул ва тат­биқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба ҷашни бузурги миллат ва давлат хурсандии шахсони гунаҳкор ва наздикони онҳоро мепайвандад, вале ҳадафи аслӣ аз ин иқдом дар кори идораи давлат ва таҳияи низоми ҳуқуқӣ ба роҳи дуруст ва созандагӣ ҳидоят кардани шаҳрвандони хатокарда мебошад.

Авф дарки рӯҳии шахсони пушаймоншуда аз ҷониби давлат ва фароҳамсозии шароити мусоид барои онҳост, то ҳар қонунвайронкарда имкони таҳлил кардани гуноҳи содирнамуда ва ислоҳи хатоҳоро дошта бошад ва ҷиҳати ворид шудан ба зиндагии озод ва осуда омода гардад.

Агар эълони авфро қадами нахуст гӯем, қадами баъдӣ татбиқи дуруст ва бемайлони он мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як вакили Маҷлиси намояндагон ва мақомоти марбутаро зарур аст, ки зимни татбиқи ин қонун дар ҳамбастагӣ амал намоянд. Бахусус мақомоти судӣ, прокуратура ва адлияи Тоҷикистон, ки оғози татбиқи ин санади таърихиро ба уҳда доранд, бояд ҷиҳати таъмини пурра, дуруст ва холисонаи он тамоми таҷрибаву кӯшиши худро ба харҷ диҳанд.

Дар баробари ин, мо – вакилонро зарур аст, ки ҳангоми дидору гуфтугӯ бо интихобкунандагон ва зимни ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои марбута  тақдири ин афродро мавриди таваҷҷуҳ дошта бошем ва ба фароҳам сохтани шароити мусоиди пайвастани онҳо ба зиндагии осоишта ва корҳои созандагӣ мусоидат намоем.

Танҳо дар ҳамин сурат моҳияти ин қонун имкон дорад ба тафаккури авфшудагон роҳ ёфта, ислоҳшавӣ ва пайвастани онҳоро ба ҳаёти осуда имконпазир ва осон гардонад.

Мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи интихобкунандагон, аз номи аҳли хонаводаҳои мавриди авф қароргирифта ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми хеле муҳими башардӯстона изҳори сипосу ташаккур менамоем.

РАИС:Вакилони муҳтарам! Масъалае, ки ба рӯзномаи Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ворид гардида буд, баррасӣ шуд.

Ҳоло сухан ба раиси Котиботи иҷлосия дода мешавад. Марҳамат. Доир ба рафти иҷлосия эроду пешниҳодҳо ҳаст? Нест?

Ҳозирини гиромӣ!

Фарзанди неруманди тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар Бразилия барпо шуданд, қаҳрамони олимпиада шуд ва сазовори медали тилло гашт. Ин дар давраи соҳибистиқлолии мамлакати мо бори аввал аст ва ин ҷавонмард ва онҳоеро, ки дар тарбияи Дилшод Назаров саҳм доштанд, аз таҳти дил аз номи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мекунем. Чунки воқеан ҳам номи Тоҷикистонро дар рӯзҳои охири олимпиада ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва Парчами мо дар Рио — де — Жанейро парафшонӣ кард. Ба ӯ муваффақият ва барори кор орзу менамоем.

Бо ҳамин Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум анҷом ёфт.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ