Боздиди Ян Ҳамачек аз Ҳисор

№16 (3653) 16.02.2017

DSC_0890Шанбеи гузашта дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек  ва ҳайати ҳамроҳаш аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Онҳоро директори муассиса Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ ва дигар шахсони масъул пазиройӣ намуда, дар сатҳи баланд хизмат расониданд.

Меҳмонон бештар ба тамошои экспозитсияи толорҳои намоишии шуъбаи таърихи қадим, қадимтарин ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин мароқ зоҳир карданд ва аз ҳама зиёд экспонати «Меҳроби Искодар»-у толорҳои «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» ва «Сиккаҳо» ба онҳо писанд афтод.

Ҳамон рўз меҳмонон, инчунин, аз қабули гарму самимонаи роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва кормандони Муассисаи ҷумҳуриявии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» изҳори қаноатмандӣ намуда, дар китоби қайдҳои «Меҳмонони фахрӣ» таассуроту бардошти нек сабт карданд.

Меҳмонони олиқадрро он рўз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳамроҳӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек дар раъси як ҳайати баландпояи парламентӣ 10 — 12 феврали соли равон ба ҷумҳурӣ нахустин сафари расмӣ дошт ва бо роҳбарияти олии кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот анҷом дод, ки дар онҳо масоили таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия ва дурнамои тавсеаи равобити байнипарлумонии ҳар ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Ян Ҳамачек, ҳамчунин, дар Анҷумани доираи иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикис­тону Чехия, ки 10 феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифт, суханронӣ кард.

 МАЪЛУМОТНОМАИ «САДОИ МАРДУМ»

Ян Ҳамачек 4 ноябри соли 1978 дар шаҳри Млада-Болеслав таваллуд шуда, дастпарвари факултаи философияи Донишгоҳи Карловаи шаҳри Прага мебошад. Дар ширкати машҳури «Skoda Auto» кор карда, аз соли 2001 узви Ҳизби сотсиал-демократи Чехия аст. Соли 2006 вакил ва дар синни 35 Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия интихоб гардид.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Ба ғайр аз забони модарӣ бо забонҳои англисӣ, испанӣ, немисӣ, фаронсавӣ суҳбат карда метавонад ва забонҳои русӣ ва лаҳистониро омўхта истодааст.

Ҳамакнун, дар таърихи парлумони Чехия ҷавонтарин спикер ба ҳисоб меравад.

Палатаи болоии Парлумони Чехия 81 нафар аъзо дошта, дар палатаи поёнии он 200 нафар вакил ба муҳлати чор сол интихоб мегарданд.

А. САМАРИДДИН, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ