Боздиду мулоқоти ҳайати парлумонии кишвар дар Япония

№27 (3977) 11.03.2019

IMG-a18ca83cde8d859aaa1c54c15ec0f7c0-VШашуми марти соли 2019 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар доираи сафари корӣ бо Раиси палатаи поёнии парлумони Япония ҷаноби Тадамори Ошима мулоқот намуд.

Ҷаноби Тадамори Ошима аз ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикис­тону Япония изҳори қаноатмандӣ ва сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба кишвараш баҳри тавсеаи равобит ва таҳкими дӯстӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Роҳбари ҳайати парлумонии мамлакат Олим Салимзода ҳамкориҳои дуҷонибаи парламентӣ ва таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро мувофиқи мақсад дониста, аз фаъолияти Маркази Япония оид ба рушди инсонӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум доир гашт.

***

Ҳамон рӯз ҳайати парлумонии мамлакат дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Япония бо шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои олии ин давлат барои дарёфти унвонҳои илмӣ таҳсил ва кору зиндагӣ мекунанд, вохӯрӣ баргузор кард. Иштирокчиён оид ба таҳаввулоти соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва самтҳои дигари муҳими хоҷагии халқи мамлакат, инчунин, фаъолияти парлумони кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Донишҷӯён ба ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили мулоқот изҳори сипос намуда, аз мавҷуд набудани хизматрасониҳои почтаи муътамад дар Тоҷикистон, аз қабили DHL, барои дастрас кардани китобу ҳуҷҷатҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии Япония ёдовар шуданд.

Сипас, дар бинои парлумони Япония вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати муҳити зист ва Агентии сайёҳии Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризми Япония баргузор гардид, ки дар он намояндагони Япония дар бораи фаъолият ва нақшаву стратегияҳои сохторҳои давлатии кишварашон дар самти туризм ва боғҳои миллӣ маърӯза намуданд. Дар ин робита миёни ҷонибҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.

 ***

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон, ҳамчунин дар Вазорати корҳои хориҷии Япония бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Кенҷӣ ЯМАДА мулоқот намуд.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои байнипарлумониро хуб арзёбӣ ва аз натиҷаи ҳамкориҳо дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналхалқӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Шоми он рӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Озмоишгоҳи парвариши сабзавот дар гармхонаҳои геотермалии Донишгоҳи Чиба ва Осорхонаи ширкати ҳавопаймоии «All Nippon Airways» (ANA) боздид намуданд.

***

Ҳафтуми марти соли 2019 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо ноиби калони президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония хонум Сузукӣ Норико мулоқот ва аз Осорхонаи Эдои Токио ва Манораи телевизионии «Tokyo SkyTree» (Дарахти осмонбӯси Токио) бо мақсади шиносоӣ бо таърих, тамаддун, фарҳанг, дастовардҳои даврони Императори Эдо ва имкониятҳои сайёҳии Япония боздид намуданд.

Сипас, миёни Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония мулоқот доир гардид, ки дар он, асосан, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, зарурати таҳкими робитаҳо миёни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду кишвар, мусоидат ба ҷалби сармояи мустақим ва дар ин замина ривоҷ бахшидани бахши хусусӣ, таъмини муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон бо таҷҳизоти махсуси тиббӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ин робита, раисони Гурӯҳи дӯс­тии байнипарлумонӣ — Олим Салимзода ва Кэйҷи ФУРУЯ натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Япония (3-5 октябри соли 2018) ва сафари расмии Сарвазири Япония ба Тоҷикистон (24 октябри соли 2015), инчунин, гуфтушунидҳои сатҳи олӣ ва ҳайатҳои гуногуни намояндагони ду кишварро муҳим маънидод намуданд.

Аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ҳар ду кишвар, ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро хуб арзёбӣ карда, баҳри татбиқи тарҳҳои бештари муштарак ба мувофиқа расиданд.

Баъди анҷоми мулоқот ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар назди муҷассамаи қурбониёни бомбаи атомии шаҳри Хиросима гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро ёд намуданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон