Бозгӯйии дастовардҳо, шарҳи фаъолияти парлумон ва шунидани мушкилоти мардум мадди назар буданд

№133(3434) 06.10.2015

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев  ва Толибек Бухориев ба ноҳияҳои Тавилдара ва Рашт сафари корӣ доштанд. Баъди анҷоми сафар хабарнигори рӯзнома бо онҳо ҳамсуҳбат шуд.

Тавре мусоҳибон иброз доштанд, аз 10 то 13 сентябри соли ҷорӣ онҳо  дар ноҳияи Тавилдара бо интихобкунанадагон вохӯрӣ ва суҳбатҳо гузарониданд. Вакилон ба интихобкунандагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, маълумот дода, ҳамзамон барномаҳои  таҳиякардаи хешро дар мавзӯъҳои «Буҳрони ҷаҳони муосир  ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон» ва «Буҳрони кишварҳои исломӣ: сабаб ва оқибатҳо» пешкаши мардум гардониданд.

- Зимни таҳлили вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолии ноҳияи Тавилдара мо ба хулоса омадем, ки тамоми нишондиҳандаҳои ин ноҳия мунтазам беҳтар гардида, дар минтақа яке аз беҳтарин натиҷаҳо маҳсуб меёбад. Дархости асосии интихобкунандагони ноҳияи Тавилдара  ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, куҳнаву фарсуда гардидани техникаи нигоҳдории роҳҳо ва сатҳи пасти маоши кормандони соҳа рабт дошт, — гуфт О. Бобоев ва афзуд: — Дархости дигаре, ки аз ҷониби интихобкунандагони ин ноҳия ба миён гузошта шуд, бунёд намудани корхонаи саноати сабук барои бо кор таъмин намудани духтарони маҳаллӣ буд. Мо доир ба ин масъала баён доштем, ки вобаста ба фароҳам сохтани фазои мусоиди соҳибкории истеҳсолӣ дастуру супоришҳои Президенти кишвар ироа гардидаанд ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда истодааст. Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ғамхорӣ ва дастгирии сокинони ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд.

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Бобоев ва Т. Бухориев дар Ҷамоати деҳоти «Тавилдара» ва Ҷамоати деҳоти «Чилдара» низ судманд буд. Ҳангоми ин мулоқотҳо  интихобкунандагон дар бораи беҳтар намудани роҳҳои дохилиноҳиявӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра масъалагузорӣ карданд. Чунончӣ, Иброҳим Галабонов – раиси Ҷамоати деҳоти «Тавилдара» изҳор намуд, ки дар деҳот зиёда аз  панҷ ҳазор  хоҷагӣ вуҷуд дорад, ки пайваста нишондиҳандаҳои истеҳсолиашонро иҷро менамоянд ва имсол ҳам интизори маҳсулнокии баланди маҳсулоти кишоварзӣ ҳастанд, вале нисбати фурӯши маҳсулот мушкилӣ  мекашанд.

Иштирокчиёни вохӯриҳо иброз доштанд, ки дар ободу зебо гардонидани ноҳияашон тамоми ҷидду ҷаҳдро ба харҷ медиҳанд ва хоҳони оромиву осудагии ҳамешагии кишвар ҳастанд. Вохӯрии вакилони номбурда рӯзҳои 13-14 сентябр дар ноҳияи Рашт идома ёфт.

Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт вохӯрӣ бо устодону донишҷӯён атрофи масъалаҳои буҳронҳои ҷаҳони муосир ва таъсири он сурат гирифт. Вакилон  дар бораи сабабҳои ин омилҳо маълумот дода, инчунин таҳлилҳои хешро роҷеъ ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, пешкаши ҳозирин гардониданд ва ба суолҳои устодону донишҷӯён  посух доданд.  Аз ҷониби устодон ва донишҷӯён таклиф ба миён гузошта шуд, ки чунин вохӯриҳо бештар ташкил карда шаванд. Ҳамзамон пешниҳод шуд, ки бо мақсади таъмини минтақа бо кадрҳои маълумоти олии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ихтисосҳои химия ва биологияи донишкада ихтисоси агрономӣ ташкил карда шавад.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ роҳбарияти донишкада низ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷонибаашон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъдадоданд, ки баҳри боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бино ба гуфти вакилон,  суолҳои мардум  бештар дар бораи  соҳаи  кишоварзӣ буданд. Мушкилоти фурӯши асал ва картошка барояшон нигаронкунанда аст. 50 тонна асал аз соли гузашта инҷониб  харидор  наёфтааст. Биноҳои нигаҳдории картошка кифоя нестанд. Дастрасии тухмии картошкаро аз масъалаҳои мубрами ноҳия ва минтақа арзёбӣ  намуданд.

- Дар рафти сафар дар ҷамоатҳои деҳоти «Навобод» ва «Қалъаи Сурх» бо интихобкунандагон вохӯриҳои алоҳида баргузор намудем. Мушкилоти асосии деҳоти мазкур ва умуман ноҳияҳои Тавилдара ва Рашт нарасидани духтурони сатҳи маълумоташон олӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, кули интихобкунандагони ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаашон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров барои дастгирӣ ва кумакҳояшон изҳори миннатдорӣ намуданд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат  Олимҷон  Бобоев.

 Б. ИСМАТУЛЛО,

«Садои мардум»