Буҷети давлатӣ барои соли 2020 қабул гардид

№141 (4091) 22.11.2019

DSC_6484Зимни ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров 22 ноябри соли равон баргузор гардид, дар баробари дигар масъалаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022» қабул шуд.

Аз рӯи ин масъала вазири ­молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисоду молия Ҷобирзода Тоҳир Гул муфассал суханронӣ намуда, вакилони мардумӣ Мирзоанвар Ахмедов, Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Усмонзода, Ҷаббор Ахмедов, Лутфия Раҷабова, Равшан Раҷабзода ва Асозода Хайрулло мулоҳиза баён доштанд.

Зикр гардид, ки дар таҳияи Буҷети давлатӣ афзалиятҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ба инобат гирифта шуданд.

Ҳамин тариқ, даромади умумии Буҷети давлатӣ барои соли оянда аз ҳисоби ҳама манбаи маблағгузорӣ 26,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки дар муқоиса ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 9,6 фоиз ё ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ зиёд буда, ба 29,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Тафсилоти бештарро дар ин бора дар шумораи баъдии рӯзнома мутолиа хоҳед кард.

«Садои мардум»