Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Буҷети давлатӣ барои соли 2022 беш аз 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид

№143 (4405), 144 (4406) 29.11.2021

DSC_6176Бисту чоруми ноябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сулаймон Талбакзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024

2. Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 — 2024

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ».

РАИС: — Ҳозирини арҷманд!

Имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон санаи мубораки таърихӣ ва ҷашни яке аз рамзҳои муҳими давлативу муқаддасоти миллӣ мебошад. Қабл аз он ки ба баррасии масъалаҳо шурӯъ намоем, аҳли нишастро бо камоли сарфарозию хушнудӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ ва хонаи ободу рӯзгори осуда таманно дорам.

Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024 сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 — 2024 мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳия ва он афзалиятҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ироагардида, қарору барномаҳои Ҳукумати мамлакат, тавсияҳои созмонҳои байналмилалии ҳамкор,  пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои молиявии кишвар ба назар гирифта шудааст.

Махсусан, дар ин раванд нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2024, ки тибқи он, афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи аз 7,9 то 8,2 фоиз барои ин давра пешбинӣ шудааст, ҳамчун заминаи асосӣ, инчунин, дигар тадбирҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти татбиқшаванда низ ба инобат гирифта шудаанд.

Бо дарназардошти дар ҳаҷми 103,9 млрд. сомонӣ, яъне, бо афзоиши номиналии 11,2 млрд. сомонӣ нисбат ба соли 2021 пешбинӣ шудани ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2022 ва рушди воқеии соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,9 фоиз, ҳаҷми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022-юм 33,0 млрд. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, воридоти андозию ғайриандозӣ 21,9 млрд. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ — 2,5 ва воридот аз ҳисоби азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 7,9 млрд. сомонӣ, инчунин, ҷалби грантҳо барои дастгирии буҷет 665,0 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маҷмӯан, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар муқоиса бо буҷети тасдиқшудаи соли 2021 ба маблағи 5,3 млрд. сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои андозию ғайриандозӣ бо афзоиши 1,7 млрд. сомонӣ ё 8,5 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 204,0 млн. сомонӣ ё 9,0 фоиз, азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 3,0 млрд. сомонӣ ё 62,8 фоиз ва грантҳо барои дастгирии буҷет бо афзоиши 365,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2022, пеш аз ҳама, ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини бехатарии озуқавории кишвар, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва хизмат­расониҳои тиббӣ, рушди соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳо нигаронида шудааст.

Дурнамои қисми хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2022 аз ҳисоби сарчашмаҳои маб­лағгузорӣ, бо дарназардошти нишондиҳандаҳои қисми даромади он, 33,6 млрд. сомонӣ бо афзоиши 5,5 млрд. сомонӣ ё баробар ба 32,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун танҳо барои пардохти музди меҳнат 6,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 27,7 фоизи хароҷоти ҷории буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Чун солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоии хароҷоти буҷети давлатӣ нигоҳ дошта шуда, барои маблағгузории ин соҳа 14,7 млрд. сомонӣ равона мегардад, ки ин 43,8 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар ин раванд, барои маблағгузории соҳаҳои маориф 6,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 707,0 млн. сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд. сомонӣ бо афзоиши 531,0 млн. сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 157,3 млн. сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 156,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои маблағгузории соҳаҳои ­воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла хоҷагии манзилию коммуналӣ, 1,5 млрд. сомонӣ, энергетика 6,0 млрд. сомонӣ, кишоварзӣ 1,0 млрд. сомонӣ, саноату сох­тмон 208,8 млн. сомонӣ ва нақлиёт 2,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маҷмӯан барои соҳаҳои зикршуда дар буҷети давлатии соли 2022 -юм 11,5 млрд. сомонӣ бо афзоиши 3,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин 34,3 фоизи хароҷоти умумии буҷетро ташкил дода, ба 11,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Дар лоиҳа маблағгузориҳои асосии мутамарказ барои соли 2022 дар ҳаҷми 4 млрд. 247 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки он нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 16,6 фоиз ё ба маблағи 604,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2022 барои пардохти фонди музди меҳнат аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) дар ҳаҷми 1,1 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои таъмини уҳдадориҳои берунаи давлат дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сиёсӣ, инчунин, пардохти аъзоҳаққиҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ маблағи муайян пешбинӣ шудаанд.

Бо дарназардошти таъмини тавозуни буҷети давлатӣ касри ҷории буҷети давлатӣ барои соли 2022-юм 623,9 млн. сомонӣ ё 0,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст.

Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024 давоми мантиқии буҷети соли 2022 мебошад.

Дар соли 2023 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба маб­лағи 37,2 млрд. сомонӣ ва дар соли 2024 — ум 40,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2023 ба маблағи 37,7 млрд. сомонӣ ва дар соли 2024 дар доираи 41,0 млрд.  сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Касри буҷет аз рӯи дурнамои пешакӣ барои солҳои зикршуда ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 575,9 млн. сомонӣ ва 635,0 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мутобиқи талаботи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», ҳангоми тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ таҷдиди назар карда мешавад.

Дар баробари пешниҳоди маълумот дар бораи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 бо мақсади иҷрои муқаррароти моддаи 25 лоиҳаи пешниҳодшуда эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2020 аз рӯи даромад ба маблағи 25,1 млрд. сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 24,8 млрд. сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 266,5 млн. сомонӣ ва хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2020 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Бо дарназардошти дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 – 2024» аз шумо, муҳтарам раис ва вакилони арҷманд эҳтиромона, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло дода мешавад.

Машраб ФАЙЗУЛЛО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024 бо тартиби муқарраргардида аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳар сол буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад.

Нишондиҳандаҳои лоиҳаи буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардош­тани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок карда шудаанд.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 7,9 фоиз, индекси дефлятори ММД 3,4 фоиз ва меъёри таваррум 7 фоиз муайян карда шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба 31,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буда, нисбат ба соли 2021 ба андозаи 19,4 фоиз афзоиш ёфтааст, ин зиёдшавӣ аз ҳисоби:

- даромадҳои ҷорӣ — 1,7 млрд.сомонӣ;

- маблағҳои махсус — 204 млн. сомонӣ;

- лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ -3 млрд. сомонӣ;

- грантҳо барои дастгирии буҷет — 365 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар қисми даромади буҷети давлатӣ даромадҳои андозӣ барои соли 2022 асосан аз ҳисоби андозҳои зерин афзоиш дода шудаанд:

- андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 8,5 млрд. сомонӣ ё бо афзоиши 11 фоиз, нисбат ба соли 2021 ба маблағи 833 млн. сомонӣ;

- аксизҳо ба маблағи 852 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 25,2 фоиз, нисбат ба соли 2021 ба маблағи 172 млн. сомонӣ;

- андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (фоида) ба маблағи 2,5 млрд. сомонӣ, нисбат ба соли 2021 ба маблағи 452 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 22 фоиз;

- андоз аз даромад ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ, нисбат ба соли 2021 ба маблағи 404 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 17 фоиз муайян карда шудаанд.

Дар ҳаҷми умумии даромадҳои давлатӣ, воридоти андозӣ ба маб­лағи 20,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати нақшаи соли 2021 ба маблағи 1,7 млрд. сомонӣ ё 8,8 фоиз зиёд буда, ҳаҷми 62,4 фоиз даромади буҷет ва 19,7 фоиз ММД- ро ташкил медиҳад.

Даромадҳои ғайриандозӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 65,5 млн. сомонӣ ё 4,7 фоиз зиёд буда, 4,5 фоиз даромади буҷет ва 1,4 фоизи ММД- ро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли 2021 ба маблағи 5 млрд. 518 млн. сомонӣ ё 19,6 фоиз зиёд мебошад, ки аз ҳисоби ин зиёдшавӣ маблағҳо ба соҳаҳои зерин пешбинӣ карда шудааст:

- ба соҳаҳои иҷтимоӣ — 1,6 млрд. сомонӣ;

 - ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт — 3,2 млрд. сомонӣ;

- ба дигар соҳаҳо — 796 млн. сомонӣ.

Соли 2022 ҳаҷми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 12 млрд. 964 млн. сомонӣ, хароҷоти он ба 13 млрд. 572 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2021 мутаносибан 1 млрд. 465 млн. ва 1 млрд. 624 млн. сомонӣ ё 12,7 фоиз ва 13,6 фоиз зиёд мебошанд.

Дар моддаи 12 лоиҳаи қонун қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2022 мутаносибан 8 млрд. 719 млн. сомонӣ ва 8 млрд. 735 млн. сомонӣ муайян карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 мутаносибан ба маблағи 507,8 ва 508,9 млн. сомонӣ ё 6,1 фоиз ва 6,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шуда, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 ба 14,2 фоизи ММД, яъне ба 14 млрд. 716 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба буҷети соли 2021-ум 1 млрд. 552 млн. сомонӣ ё ин ки 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ва тандурустӣ нисбат ба соли 2021-ум мутаносибан 12,6 фоиз ва 22,6 фоиз афзоиш ёфта, 18,7 фоиз ва 8,6 фоиз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 6,1 фоиз ва 2,8 фоизи ММД — ро ташкил медиҳанд.

Хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нисбат ба буҷети соли 2021-ум 3,8 фоиз афзоиш ёфта, 13 фоиз маблағи умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 4,2 фоизи ММД-ро дар бар мегирад.

Тибқи моддаи 14 лоиҳаи қонун, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби даромад 3,6 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021-ум 104 млн. сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш нисбат ба буҷети соли 2021 дар ҳаҷми 15 фоиз афзоиш ёфта, 3,4 фоиз хароҷоти буҷети давлатӣ ва 1,1 фоизи ММД-ро дар бар мегирад.

Барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар лоиҳаи буҷети давлатии соли 2022 маблағгузорӣ дар ҳаҷми 34,4 фоиз хароҷоти буҷети давлатӣ ё 11,1 фоизи ММД пешбинӣ гардидааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати пардохти музди меҳнат маблағ дар ҳаҷми 28 фоиз хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ё 6,2 фоизи ММД пешбинӣ шудааст.

Таҳлил ва омӯзишҳои лоиҳаи буҷети давлатӣ нишон медиҳанд, ки ба якчанд моддаи лоиҳаи қонун нисбат ба буҷети давлатии соли сипаригашта, ки хусусиятҳои хос доранд, тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Барои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ба маблағи 90 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2021 се маротиба зиёд мебошад.

Самтҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти мақомоти молияи ҷумҳурӣ, ки сиёсати буҷетию андозиро амалӣ менамояд, ин, пеш аз ҳама, шаффофияти ташаккули буҷети давлатӣ, назорати самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ, иҷрои босифати он ва инчунин, коҳиш додани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор мебошад, ки дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдор корҳои муайян иҷро шудаанд. Аз ин рӯ, ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ҷудошаванда дар соли 2022 (1142448 ҳазор сомонӣ) нисбат ба соли 2021 (1158950 ҳазор сомонӣ) 16,5 млн. сомонӣ (1,4 фоиз) кам пешбинӣ шудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи тартиби муайяншуда, таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар мувофиқа бо буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад. Ба моддаи 13 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ» тағйиру илова ворид карда шудаанд.

Ба хотири пешгирии ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар моддаи 18 лоиҳаи қонун сархати 1 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:

«1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимоя­шавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, ба дигар соҳаҳо қатъиян манъ аст».

Тазаккур бояд дод, ки лоиҳаи қонун аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволу дархостҳо ҷавоб гирифтанд.

Ҳамчунин, ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон вобаста ба маблағгузории соҳаҳои гуногун таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд, ки ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор барои баррасӣ пешниҳод карда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», хулосаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» пешниҳод карда шудааст, ки он дар кумита бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи қонуни баррасишаванда муайян намуданд, ки он дар маҷмӯъ аз рӯи ҳама гурӯҳбандӣ ва талаботи муайяншуда, дар асоси принсипи баробарӣ, бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраргардида таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Он ба талаботи иқтисодию иҷтимоӣ ҷавобгӯ буда, дар маҷмӯъ воқеъбинона, шаффоф ва аз рӯи мақсаду ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири некуаҳволии мардум муайян кардааст, пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин, 92 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки як қисмашон қабул ва қисми дигари онҳо қабул нагардиданд.

Лоиҳаи қонун бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, расмиёти дохилиро гузашта, он ба моддаҳои 1, 12, 35, 39, 60 ва 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

Рустам РАҲМАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бори аввал буҷети давлатиро дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ ба нақша мегирем. Масалан, буҷети соли 2000-ум 300 миллион сомониро ташкил медод. Яъне, дар ин муддат ҳаҷми буҷет 100 маротиба афзудааст. Ман соли шашум аст, ки вакил ҳастам. Тайи ин муддат якумин маротиба зиёдшавии ­буҷетро беш аз 5,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифтем. Дар ин ҷо хизмати бахшҳои блоки иқтисодиро қайд карданиам, ки тӯли 8 моҳ буҷетро таҳия намуданд.

Савол ба миён меояд, ки оё дар оянда иҷрои буҷетро таъмин карда метавонем? Агар аз ҷиҳати методологӣ нигоҳ кунем, асосноккунии буҷет саҳеҳ ташкил карда шудааст. Масалан, якчанд моддаҳое, ки ворид гардида, буҷетро ташаккул медиҳанд, аниқ мушаххас шудаанд. Маблағҳои махсус барои соли оянда 2 миллиарду 472 миллион сомонӣ пурра ҳисобу китоб шуда, иҷро мегарданд.

Лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 7 миллиарду 938 миллион сомонӣ ба нақша гирифта, аллакай шартнома баста шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки моддаи мазкур пурра иҷро мегардад. Вазорати молия якумин бор бо мақсади асосноккунии буҷет аллакай шартномаҳоро имзо кардааст.

Маблағгузории баъзе аз соҳаҳои иқтисодиёт вобаста ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» ба нақша гирифта шудааст. Масалан, соҳаи маориф ва илм нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ, тандурустӣ — 531, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 157, фарҳанг ва варзиш 156 миллион сомонӣ ва соҳаҳои ­воқеии иқтисодиёт 3 миллиарду 169 миллион сомонӣ бештар пешбинӣ шудаанд, ки қобили дастгирист.

Он чӣ шоистаи таҳсин аст, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бори аввал методологияи навро дар таҳияи буҷет амалӣ кард. Яъне, он хароҷоти асосии иҷтимоиёт — музди меҳнате, ки дар бисёр вазоратҳо дода мешавад, ҳамчун моддаи ҳифзшаванда ба нақша гирифта шудааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки оянда музди меҳнати кормандон пурра таъмин мегардад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022 — 2023 — ро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафа қарор доданд.

Баррасии Буҷети давлатӣ барои соли 2022 нишон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир, новобаста аз вазъи мураккаби молиявӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, барои дастгирии соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат корҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Солҳои охир зиёд гардидани маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ, шикор, хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал аз ин шаҳодат медиҳад.

Маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ соли 2022 дар соҳаҳои зикршуда зиёда аз 2,5 млрд. сомонӣ бо афзоиши 25,6 фоиз ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки маблағгузории соҳаҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ, шикор, бори аввал зиёда аз 1 млрд. сомонӣ ё ба 139 фоизи буҷети соли 2021 баробар мебошад ва асосан аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (291 млн. сомонӣ) бо роҳи ҷалби грантҳо ва маблағгузорӣ бо фоизҳои имтиёзнок амалӣ карда мешаванд.

Дар Буҷети давлатии соли 2022 барои соҳаи кишоварзӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ нигоҳ дошта шудаанд, ки барои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии мамлакат равона гардидаанд.

Ҳамчунин, кумита бо дарназардошти иҷрои барзиёди буҷети соли 2022 ба инобат гирифтани ҳалли масъалаҳои додани имтиёз барои воридоти нуриҳои минералиро мувофиқи мақсад мешуморад.

Кишоварзон умед доранд, ки пас аз ба фаъолият оғоз намудани Корхонаи нуриҳои минералии Вахш пастравии нархи нуриҳои минералӣ ба миён меояд. Бо сабабҳои гуногун корхонаи мазкур ҳоло ба фаъолият шурӯъ накардааст. Аз ин лиҳоз, кишоварзони мамлакат дархост доранд, ки масъалаи додани имтиёзҳои андозӣ барои воридоти нуриҳои минералӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» дар 5 сол 51,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла соли 2021 – 10165 ҳазор сомонӣ ва барои соли 2022 — 10178 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ 30 дарсади нақша ва буҷети мутамарказ (1228 ҳазор сомонӣ) ҷудо нагардидааст. Бинобар ин, пешниҳод аст, ки маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ бо дарназардошти муҳимияти беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ саҳеҳ гардонида шавад.

Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон ва Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024 — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 мисли солҳои пешина ба соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шуда, 43,8 фоиз ҳаҷми умумии хароҷоти он ба ин соҳа равона гардидааст. Яъне, ба моддаҳои аҳамияти иҷтимои­дошта — тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш дар соли 2022 — ум 14,7 миллиард сомонӣ хароҷот карда мешавад, ки нисбат ба соли 2021 — ум 1,6 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Ба соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шудани буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба хотири баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти ҷомеа ва иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ дар назди шаҳрвандон аст.

Тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ буда, саломатии миллат — боигарии давлат мебошад. Пандемияи COVID-19 боиси талафоти калони инсонию  молиявӣ гардид ва ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ расонид. Ба хотири ҷилавгирии ин беморӣ аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ низ ҷудо карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки хароҷоти соҳаи тандурустӣ барои соли 2022 аз ҳисоби манбаъҳои маб­лағгузорӣ 2,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2021 — ум 17,7 фоиз зиёд буда, 8,55 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 2,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 – 2024 — ро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ намуд ва аъзои кумита ҷиҳати минбаъд зиёд намудани маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногун, аз қабили дастгирии шахсони ниёзманд, додани кафолату имтиёзҳо таклифҳои ҷоиз пешниҳод намуданд, ки онҳо аз ҷониби намояндагон ба назар гирифта шуданд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 – 2024» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ дар ин хусус баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024» иқтидори иқтисодӣ ва сиёсати пулию молии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тайи як сол муайян менамояд. Буҷети давлатии мамлакат дар асоси таҳлил, пешниҳод, дархостҳо ва мушкилоте, ки аз ҷониби баъзе аз сохторҳо пешниҳод шудаанд, таҳия мегардад. Барои ташаккули иҷрои ин лоиҳа зерсох­торҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳиссагузор бошанд. Ташаккул ва иҷрои буҷет танҳо вазифаи Вазорати молия ва ё ниҳодҳои андозу гумрук набуда, бояд дигар зерсохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҳиссагузор бошанд.

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 2 — 2,5 дарсад зиёд мешавад. Вобаста ба ин теъдоди нафақахӯрон низ торафт меафзояд. Яъне, қисми хароҷоти буҷет дар соҳаи иҷтимоиёт афзун мегардад. Барои дарёфти ин маблағ бояд сох­торҳои дахлдор чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, соли 2020 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб барои баргардонидани маблағҳое, ки ғайримақсаднок истифода шудаанд, саҳми зиёд доштанд.

Солҳои 2020 — 2021 пандемияи COVID — 19 ба иқтисодиёти кишвар таъсири ногувор расонид. Баъзе аз корхонаҳо аз фаъолият монданд, гардиши муомилоти мол то андозае кам гардид, воридоти ­маблағ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ низ коҳиш ёфт. Дар ин давра ташаккули буҷет, ёфтани маблағ ва таъмин кардани қисми хароҷоти буҷет касбияти баландро талаб мекард, ки блоки иқтисодӣ, махсусан Вазорати молия, аз уҳдаи ин кор баромад.

Эҳтимол аст, ки паёмадҳои COVID — 19 солҳои 2022 — 2024 низ эҳсос шавад. Зеро ин беморӣ дар дигар давлатҳо авҷ гирифта истодааст. Боварӣ дорам, ки блоки иқтисодии мамлакат ин нуктаро низ ба назар гирифта, баҳри пешгирии оқибатҳои ногувор чораҳои саривақтӣ меандешад.

Чанде пеш Кодекси нави андозро қабул кардем. Яке аз бахшҳои асосии қисми баромади буҷет ин андоз мебошад. Бояд ба назар бигирем, ки Кумитаи андоз тайи 20 соли охир яке аз ниҳодҳои хеле муваффақ аст. Механизми иҷрои қонун, тартиби корбарӣ, механизмҳои сохтани қонунҳо ва механизмҳои корие, ки соҳибкор ҳам фаъолият карда тавонад ва ҳам андоз бояд ворид шавад, дуруст ба роҳ монда шудааст.

Мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронидем. Дар ҷомеа ҳоло низ мушкилоти ғайричашмдошт зиёданд. Рӯёнидани андоз ва иҷро кардани ваколатҳо кори осон нест. Раиси кумитаи мазкур Нусратулло Давлатзода механизми устувореро дар ин соҳа ба роҳ мондааст.

Кодекси андоз дар таҳрири нав ба истеҳсолкунанда ва соҳибкорон имтиёзу имкониятҳои зиёд медиҳад. Барои иҷрои нақша дар соли пешомад заминаҳо муҳайё мебошанд.

Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар аст. Солҳои пеш бештар ашёи хом истеҳсол мекардем, зеро коркарду ба маҳсулоти саноатӣ табдил додани ашёи хом маблағгузории зиёд талаб менамуд. Вақте корхонаҳои зиёди саноатӣ ба кор медароянд, ҳам мардум бо ҷои кор таъмин мешаванд ва ҳам қисми даромади буҷет аз ҳисоби андоз таъмин мегардад. Дар ин замина, ҳам фаъо­лияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррасанд, зеро ба ин ниҳодҳо кадрҳои беҳтарин сарварӣ мекунанд. Чунончӣ, вазири саноат дар як муддати кӯтоҳи фаъолият 8 корхонаи калони воқеъ дар пойтахтро, ки тайи 20 сол аз фаъолият монда буданд, рӯйхат карда, барои ҷалби сармоягузорӣ нақша кашид ва сармоягузоронро ба кишвар даъват намуд.

Агар мо — вакилон, зерсохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо ба ин ду ниҳоди зикршуда кумак не, ақаллан мушкилот эҷод накунем, аз уҳдаи саноатикунонии босуръати мамлакат дар муддати кӯтоҳ мебароем.

Ба вазири молия пешниҳод дош­там. Дар Институти забон ва адабиёти АМИҶТ беҳтарин мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд, ки аз 60 то 90 сол умр доранд. Бинои пажӯҳишгоҳи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, маоше, ки олимон мегиранд, ҷавобгӯи сатҳи онҳо нест. Аз ин рӯ, хоҳиш доштам, ки аз қисми даромади иловагии буҷети соли 2022 ба ин пажӯҳишгоҳ маблағгузорӣ карда шавад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд дар ин соҳа ҳисса гузорад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда мувофиқи талаботи ҷомеа буда, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тайи ду соли охир иқтисодиёти ҷаҳон зери таъсири манфии омилҳои пандемияи коронавирус COVID-19 қарор дошта, тамоюли идомаёбии номуайяниҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон ва вазъи ноус­тувории нархҳои молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақа ба назар мерасад. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, ба тағйирёбии вазъи иқтисодиёти берунӣ алоқаманд буда, аз тағйирёбии сиёсати иқтисодии кишварҳои хориҷа вобаста мебошад

Боиси қаноатмандист, ки новобаста ба пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, таъсири манфии он ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ба маблағи 33 миллиард сомонӣ расонидани буҷети давлатӣ, ки назар ба соли 2021 ба маблағи 5,3 миллиард сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад ва ба зиёда аз 92, 641 миллиард сомонии соли 2021 ва ба 104 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонидани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ин гувоҳи рушди босуботи Тоҷикистон дар марҳилаи тавсеаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст, яъне ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 ба 14 млрд. 716,2 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба буҷети соли 2021 — ум 1 млрд. 552 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф 6 млрд. 304 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2021- ум 707,3 млн. сомонӣ ё ин ки 12,6 фоиз афзоиш ёфта, 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд шуд, ки ин барои рушди илм такони ҷиддӣ бахшид.

Тибқи муқаррароти моддаи 18, ҳимояшавандаи лоиҳа, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, ба дигар соҳаҳо қатъиян манъ шудааст.

Ин меъёр шоистаи дастгирӣ мебошад ва барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии муаллимон, дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми кишвар равона гардидааст. Моҳияти ин лоиҳаи қонун дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок, ки омили муҳими баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, инчунин, пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум аст, ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, итминони комил дорам, ки санади марбута аз ҷониби мо, вакилон, ҷонибдорӣ мешавад.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қонун мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024 ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

 Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи барномаи зикршуда дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», инчунин, дар доираи меъёрҳое, ки дар «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» пешбинӣ шудааст, таҳия гардидааст.

Барнома аз 62 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 54 созишномаи қарзии амалкунанда, ба маблағи 1,6 млрд. доллари амрикоӣ ва 8 созишномаи дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро ба маблағи 553,9 млн. доллари амрикоӣ дар бар мегирад. Дар доираи он, ҷалби маблағҳои қарзӣ барои амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои афзалиятдошта, аз ҷумла лоиҳаи «Маб­лағгузории сохтмони НБО «Роғун» ба маблағи 314,5 млн. евро, лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Норак», марҳилаи 2» — 50,0 млн. доллар, лоиҳаи «Таҷдиду барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод» — 50,0, лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» — 50,0, лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» — 22,0, лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб» 8,9 млн. доллари америкоӣ, лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва корезии ноҳияи Файзобод» 1,8 млн. евро ва лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар рушди ҷомеа, марҳилаи 2» — 6,7 млн. доллари амрикоӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Маҷмӯан, мутобиқи нишондиҳандаҳои барнома ҳаҷми умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2022 — 2024 чунин пешбинӣ мегардад, аз ҷумла ба ҳолати:

- 01.01.2022 — 3,46 млрд. доллари амрикоӣ, баробар ба 44,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2022 (ММД — 7,81 млрд. доллари амрикоӣ);

- 01.01.2023 — 3,65 млрд. доллари амрикоӣ, баробар ба 44,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2023 (ММД — 8,21 млрд. доллари амрикоӣ);

- 01.01.2024 — 3,81 млрд. доллари амрикоӣ, баробар ба 43,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2024 (ММД — 8,68 млрд. доллари амрикоӣ).

Аз маҷмӯи лоиҳаҳои созишномаҳои қарзии ҷалбшуда ва ҷалбшаванда 15 лоиҳаи қарзӣ ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, 14 — ба соҳаи энергетика ва саноат, 14 — ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 11 — ба соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, 5 — ба соҳаи маориф, 2 — ба соҳаи идоракунии давлатӣ ва 1 лоиҳаи қарзӣ ба соҳаи тандурустӣ рост меояд.

Маблағҳои қарзии ҷалбшуда имтиёзнок буда, муҳлати онҳо аз 20 то 40 солро дар бар мегирад. Дар баробари ин, меъёри фоизи онҳо аз 0,75 то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро ташкил менамояд.

Азхудкунии маблағҳои қарзӣ барои солҳои 2022 — 2024 маҷмӯан дар ҳаҷми 1017,4 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, соли 2022 дар ҳаҷми 292,8 млн. доллар, соли 2023 — 360,2 млн. доллар ва барои соли 2024-ум 364,4 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 — 2024 барои хизматрасонии қарзи беруна 778,9 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, барои соли 2022-юм 243,5 млн. доллари амрикоӣ, 2023 — 254,1 млн. доллари амрикоӣ ва барои соли 2024-ум 281,3 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Нишондиҳандаҳои «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024 вобаста ба тағйирёбии вазъи иқтисодӣ ва эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, инчунин, ҷалб гардидани маблағ барои иншооти азими аср, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бозбинӣ мешавад.

Идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои дар «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2023» муқарраршуда амалӣ гардида истодааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади маблағгузории як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 4 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла, барои татбиқи ­лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе» 25,0 млн. доллари амрикоӣ, лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» — 24,2, лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» — 8,3 ва лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 5,0 млн. доллари амрикоӣ, маҷмӯан 62,5 млн. доллари амрикоӣ бо тартиби амалкунанда ба имзо расида, эътибори расмӣ пайдо намуданд.

Инчунин, ҷиҳати риоя намудани талаботи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2023», барои маблағгузории лоиҳаҳои зикршуда аз як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, Бонки осиёии рушд, Иттиҳоди Аврупо ва дигарон 136,8 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ низ ҷалб шуданд.

Моҳҳои январ — сентябри соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои қарзии ҷалбшуда 152,5 млн. доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст. Дар баробари ин, барои хизматрасонии қарзи беруна 178,5 млн. доллари амрикоӣ пардохт карда шуд, ки аз он 112,9 млн. доллари амрикоӣ қарзи асосӣ ва 65,6 млн. доллари амрикоӣ фоизи қарзро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 октябри соли ҷорӣ 3,7 млрд. доллари амрикоӣ ё 44,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд, ки аз он 3,3 млрд. доллари амрикоӣ ё 87 фоиз қарзи берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (38,7 фоизи ММД) ва 0,5 млрд. доллари амрикоӣ ё 13 фоиз (5,8 фоизи ММД) қарзи дохилӣ мебошад.

Ҷалби қарзи беруна то санаи ҳисоботӣ мутобиқи талаботи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2023» анҷом ёфтааст.

Татбиқи босамари барномаи пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки маблағгузории барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт таъмин карда шаванд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 — 2024 -ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад.

Азиз Гиёзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 — 2024 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст. Он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» таҳия гардида, ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунад ва он афзалиятҳои асосии муқаррарнамудаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор равона гаштаанд, дар бар мегирад.

Барнома миёнамуҳлат буда, дар асоси тартибу меъёрҳои дар стратегияи муайянгардида ва бо дарназардошти коҳиш додани хавфи фискалӣ ва таъмини муносиб дар доираи идоракунии қарзгириҳои берунӣ амалӣ мешавад.

Амалинамоии босамари барнома имкон медиҳад, ки ҳангоми маҳдуд будани имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ ва захираҳои қарзии дохилӣ маблағгузории барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ва дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардида, дар баробари ин, рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла, соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ таъмин гардад.

Лоиҳаи барнома бо тартиби муқаррарнамудаи дастури Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, 5 таклиф пешниҳод карданд, ки онҳо қабул гардиданд.

Лоиҳаи барнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва моддаҳои 22 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки барномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 — 2024 ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Сулаймон ЗИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Рушди соҳаи парандапарварӣ аз заминаи мукаммали ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад. Дар ин самт соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Дар баробари ин, бо дарназардошти рушди соҳаи парандапарварӣ зарурияти мустаҳкам намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ ба миён омадааст. Аз ин рӯ, бо ташаббуси вакилони муҳтарам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» омода ва барои баррасӣ пешниҳод гардида, аз қонуни амалкунанда, ки аз 13 модда иборат аст, он ба 17 модда расида, ба рушди соҳа равона гардидааст.

Аз рӯи маълумот, соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 3 ҳазору 777 тонна гӯшти паранда ва маҳсулоти он ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 12 маротиба кам мебошад. Воридоти тухми истеъмолӣ пурра қатъ гардид.

Дар давраи татбиқи имтиёзҳо ҷиҳати таъмини корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ бо чӯҷаи якрӯза ва тухми инкубатсионӣ якчанд корхонаҳои парандапарварӣ, аз ҷумла, «Суғдиён — Свердловск», «Суғд — Самарқанд — Паранда» ва «Рушди парандапарварӣ» ба парвариши мурғи модарии самти тухмдеҳ ва гӯштӣ шурӯъ намуданд.

Ҳамчунин, барои таъмини талаботи корхонаҳои парандапарварӣ бо хӯроки омехта ва кам намудани воридоти он аз хориҷи кишвар бо истифодаи имтиёзҳо дар ноҳияҳои Данғара, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Ваҳдату Гулистон корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар баробари ин, дар аксар корхонаҳои парандапарварӣ сехҳои хурди истеҳсоли хӯроки омехта фаъолият доранд. Дар ин давра саршумори паранда ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа низ бамаротиб зиёд шуда истодааст.

Мутобиқи маълумот, соли 2017 дар ҳама шакли хоҷагидории чумҳурӣ 5 миллиону 217 ҳазор cap паранда парвариш шуда, 341 миллиону 100 ҳазор дона тухм ва 3 ҳазору 400 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст.

Дар натиҷаи дастгириҳои Пешвои миллат ва амалишавии имтиёзҳои додашуда дар ҳама шакли хоҷагидорӣ то 1 ноябри соли ҷорӣ 10 миллиону 980 ҳазор cap паранда мавҷуд буда, истеҳсоли тухм ба 833 миллиону 600 ҳазор дона ва гӯшти паранда ба 34 ҳазору 700 тонна расид.

Тибқи таҳлилҳо, дар муқоиса ба соли 2017 саршумори паранда 2,1 маротиба, истеҳсоли тухм — 2,4 ва гӯшти паранда 10,2 маротиба зиёд гардидааст. Афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба кам гардидани воридоти маҳсулот аз хориҷи кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар 22 декабри соли 2017 соҳаи парандапарвариро оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон намуда, бо мақсади рушди соҳа ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андозро зарур шумориданд.

Дар ин самт ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз семоҳаи аввали соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ба муҳлати 6 сол озод гардида, инчунин, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.

Дар натиҷаи татбиқи амалии имтиёзҳо соҳаи парандапарварӣ босуръат рушд ёфта, солҳои 2018 — 2021 шумораи корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ аз 65 адад ба 202-то расонида шуд, ки 3,1 маротиба зиёд мебошад.

Қабули қонун барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ҳаматарафа мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Рустам Латифзода, Зайнудин Сафарзода, Мирзоанвар Ахмедов, Зоир Раҳмонзода ва Фазлидин Икромов дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он мутобиқгардонии фаъолияти соҳа, ба талаботи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз байн бардоштани монеаҳо дар танзими фаъолияти соҳа мебошад.

Дар раванди таҳия 3 маротиба бо иштироки олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони соҳа лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таклифу эродҳои баёнгардида ба назар гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонун аз 4 боб ва 17 модда иборат мебошад.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29 июни соли 2021 таҳти № 784 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 63 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 58 таклиф қабул, 2 — қисман қабул ва 3 таклиф қабул карда нашуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 11 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 13 ва 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 34, 38 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилон, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Лоиҳаи қонун мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи парандапарварӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ