Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 қабул гардид

№143 - 144 (3937 - 38) 27.11.2018

DSC_0592Бисту сеюми ноябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 61 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 — 2021

3. Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат

4. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»

5. Дар бораи Созишномаи грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»

6. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ (47253) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»

7. Дар хусуси Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

8. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъа­ҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия шудааст.

Ҳадаф аз таҳияи он танзими раванди ҷалби қарзи беруна, таъмини истифодаи босамари маблағҳои ҷалбшуда, мониторинги мунтазами ҷараёни мазкур ва бахусус, пешгирии андӯхти назоратнашавандаи қарзи беруна, мебошад.

Санади мазкур 75 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 67 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. То 1 октябри соли 2018 азхудкунии маблағҳои қарзӣ аз рӯи лоиҳаи барномаи пешниҳодгардида 1087,1 млн., аз ҷумла, дар 9 моҳи соли равон 97,1 млн., доллари амрикои­ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар соли ҳисоботӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 созишномаи қарзӣ ба маблағи 120,2 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.

Мутобиқи баҳодиҳии Вазорати молия, азхудкунии маблағҳо то охири соли ҷорӣ 121,4 млн. доллари амрикоӣ, дар соли 2019 — 261,8 млн., соли 2020 — 255,9 млн. ва дар соли 2021 — 258,6 млн. доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст. Дар доираи амали лоиҳаи барномаи пешниҳодшуда маблағгузории 43 созишнома аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 31 созишнома бо сармоягузории Бонки исломии рушд, Бонки ҷаҳонӣ — 13, Бонки осиёии рушд — 4, Бонки содироту воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой — 5, Бонки аврупоии сармоягузорӣ — 4 ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ 2 созишнома, инчунин 25 созишнома бо маблағгузории Хазинаи саудии рушд, Хазинаи кувайтии Рушд, Хазинаи Абу Заби, Хазинаи созмони давлатҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) ва Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди иқлими сабз ва 15 созишномаи дигар, ки ба тариқи ҳаммаблағгузорӣ амалӣ мешаванд, пешбинӣ гардидааст.

Аз теъдоди умумии созишномаҳои номбаршуда дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия 43 созишнома, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 29, энергетика ва саноат — 27, кишоварзӣ ва обёрӣ — 18, маориф — 10, ҳокимият ва идоракунии давлатӣ — 7, тандурустӣ — 5, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 1 ва дар дигар бахшҳои иқтисодиёт 2 созишнома татбиқ мегардад.

Бояд қайд намуд, ки қарзҳои ҷалбшуда имтиёзнок буда, давраи дарозмуддат, яъне аз 20 то 40 солро дар бар гирифта, меъёри фоизи хизматрасонии онҳо аз 0,75 то 2,0 фоизи солонаро ташкил медиҳанд. Давраҳои имтиёзнокӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳо вобаста ба баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар мегиранд.

Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ то 1 октябри соли ҷорӣ 3 597,1 млн. доллари амрикоӣ ва нисбат ба ММД 48,9 фоизро ташкил медиҳад, ки аз он қарзи беруна 2 873,8 млн. доллари амрикоӣ (нисбат ба ММД 38,7 фоиз) ва қарзи дохилӣ 6,8 млрд. сомонӣ (723,3 млн. доллари амрикоӣ, нисбат ба ММД 10,2 фоиз) мебошад. Қобили тазаккур аст, ки дар 9 моҳи соли 2018 барои хизматрасонии қарзи беруна 170,6 млн. доллари амрикоӣ пардохт карда шуд ва уҳдадориҳои қарордодӣ дар назди созмонҳои молиявӣ пурра таъмин гардид.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ миёнамуҳлат буда, дар асоси тартиб ва меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ, ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои фискалӣ, инчунин идораи босамари раванди қарзгириҳои беруна амалӣ карда мешавад. Татбиқи босамари барномаи мазкур барои сари вақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иқтисодиёти кишвар, ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021» -ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020-2021» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» таҳия гардида, ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосии дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола равонашударо инъикос менамояд, мутобиқат мекунад.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда бо ҷудо намудани маблағи қарз ба қарздиҳандаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт, инчунин, ахбороти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии ҷорӣ ва банақшагирифташударо дар бар мегирад.

Мақсади асосии «Барномаи давлатии берунаи қарзгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» таъмини самаранокӣ ва мониторинги мунтазами раванди ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии андӯхти назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ миёнамуҳлат буда, дар асоси тартибу меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайянгардида ва бо дарназардошти коҳиш додани хавфи фискалӣ ва таъмини муносиб дар доираи идоракунии қарзгириҳои берунӣ амалӣ карда мешавад. Дар маҷмӯъ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикргардида, ки афзалиятнокии баланд доранд, барои рушди муътадили иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Тайи солҳои охир бо саъю кӯшиши пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди сохтори қарз, инчунин, рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, вазъи қарзи беруна дар кишвар беҳтар гардид ва то 1 июли соли 2018 ҳаҷми қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиарду 893,3 млн. доллари америкоиро ташкил дод, ки ин ба 38,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Барномаи мазкур 75 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 67 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар гирифта, аз рӯи намуди истифодабарии маблағҳои қарзӣ дар соҳаҳои зерини иқтисодиёт таҳия шудааст:

- бахши кишоварзӣ ва мелиоратсия — 18 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 5,25 млн. доллари америкоӣ;

- бахши тандурустӣ — 5 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 3,0 млн. доллари америкоӣ;

- бахши маориф — 10 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 42,6 млн. доллари америкоӣ;

- бахши энергетика ва саноат — 27 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 718,3 млн. доллари америкоӣ;

- бахши нақлиёт ва алоқа — 43 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 147,7 млн. доллари америкоӣ;

- бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ — 29 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 21,5 млн. доллари америкоӣ;

- бахши идоракунии давлатӣ — 7 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 51,6 млн. доллари америкоӣ ва бахши ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад.

Азхудкунии маблағи умумии қарзҳо аз рӯи барномаи пешниҳодгардида то 1 январи соли ҷорӣ 990,02 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Азхудкунии маблағҳо  соли 2018, дар ҳаҷми 121,4 млн. доллари америкоӣ, соли 2019 — 261,8 млн.,  соли 2020 — 255,9 млн. ва соли 2021 — 258,6 млн. доллари америкоӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамаи қарзҳои зикршуда имтиёзнок буда, давраи дарозмуддат — аз 20 то 40 солро дар бар мегиранд. Ин меъёри фоизи хизматрасонӣ аз 0,75 то 2,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад ва давраҳои имтиёзнок барои амалӣ намудани онҳо аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 сол мебошад. Қарзгиранда аз рӯи қарзҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағи асосии қарзҳо амалӣ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи барномаро ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаи он барои солҳои 2020 — 2021» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 — 2021» шурӯъ менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва дурнамои тасдиқшудаи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд. Дар робита ба ин, ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2019 аз ҳисоби ҳама манбаи даромад 23,8 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2018 бо ҳисоби номиналӣ 13,2 фоиз ё 2,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Даромади ҷории Буҷети давлатӣ бо дарназардошти хавфҳои эҳтимолии фискалӣ дар ҳаҷми 17,5 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби воридоти андозҳо 16,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 1,5 млрд. сомонӣ, воридоти ғайриандозӣ 1,2 млрд. сомонӣ, бо афзоиши 158,5 млн. сомонӣ, ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷалби маб­лағҳои грантӣ барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Маҷмӯан, афзоиши даромадҳои ҷорӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон 10,1 фоиз ё 1,6 млрд. сомониро ташкил дода, ба 22,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Дар ҳаҷми умумии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ҳиссаи Кумитаи андоз 67,2 фоиз (11,7 млрд. сомонӣ), Хадамоти гумрук — 29,4, (5,1 млрд. сомонӣ) ва дигар мақомот 3,4 фоиз (601,0 млн. сомонӣ) — ро ташкил медиҳад, ки ин асосан аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ ва афзоиш ёфтани заминаҳои андозбандӣ, дарёфти манбаъҳои нав ва маъмурикунонии андоз, таҷдиди назар гардидани меъёри боҷҳои гумрукӣ ва аксизҳо, тағйирёбии қурби пули миллӣ, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андозӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Дар таркиби ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2019 ҷалби гранту қарзҳои давлатӣ тавассути барномаи давлатии сармоягузориҳо 4,2 млрд. сомонӣ (17,6 фоиз) ва маблағҳои махсуси муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ 1,7 млрд. сомонӣ ё 7,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 ҳаҷми умумии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 10,2 млрд.сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ 9,9 млрд. сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет 300 млн. сомонӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 — ум 640,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2019 ба маблағи 7,6 млрд. сомонӣ бо афзоиши 810 млн. сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳиссагузорӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ 1,8 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ ба маблағи 20 млн. сомонӣ кам аст.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2019 хароҷоти Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба мақсади таъмини рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии мардум, бехатарии озуқавории кишвар, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, рушди бемайлони соҳаҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёт равона шудааст.

Хароҷоти умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2019 бо дарназардошти ­касри он (0,5 фоизи ММД) дар ҳаҷми 24,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2018 ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ зиёд буда, ба 30,9 фоизи ММД баробар мебошад.

Хароҷоти ҷорӣ аз ҳисоби маб­лағҳои буҷетӣ 18,3 млрд. сомонӣ муайян гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 10,2 фоиз ё ба маблағи 1,7 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷалби маблағҳо дар доираи барномаи давлатии сармоягузориҳо дар ҳаҷми 4,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 29,5 фоиз ё 967,3 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби қарз 2,5 млрд. сомонӣ (бо афзоиши 43,9 фоиз) ва грантҳо 1,7 млрд. сомонӣ (бо афзоиши 12,7 фоиз) пешбинӣ гардидаанд. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ барои рушди соҳаҳо харҷи 1,6 млрд. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 11,2 фоиз зиёд мебошад.

Афзалияти соҳаҳои иҷтимоӣ дар хароҷоти ҷории буҷети соли оянда низ нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми он бо дарназардошти маблағгузории соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 53,3 фоизи хароҷоти ҷории Буҷети давлатии соли 2019 — ро ташкил медиҳад. Барои маб­лағгузории соҳаҳои мазкур 11,6 млрд. сомонӣ бо афзоиши 11,8 фоиз (1,1 млрд. сомонӣ) пешбинӣ шудааст, ки он ба 14,8 фоизи ММД баробар мебошад.

Барои хароҷоти соҳаи маориф 4,4 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 3,5 млрд. сомонӣ, ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ 183,0 млн. сомонӣ ва маблағҳои махсуси муассисаву ташкилотҳои соҳа 738,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соҳаи мазкур афзалиятҳо ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дода шуда, ҳиссаи он дар хароҷоти соҳаи маориф 59,0 фоиз (2,6 млрд. сомонӣ) мебошад. Барои маблағгузории сарикасии хонандагон 2,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқшуда 310,0 млн. сомонӣ ё 14,9 фоиз зиёд мебошад.

Барои хароҷоти соҳаи тандурустӣ 1,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 1,4 млрд. сомонӣ, ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ 68,3 млн. сомонӣ ва маблағҳои махсуси муассисаву ташкилотҳои соҳа 228,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар қиёс бо буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ ба маблағи 189,6 млн. сомонӣ ё 12,2 фоиз зиёд мебошад. Бояд зикр намуд, ки 52,6 ­фоизи хароҷоти буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳаҷми 855,1 млн. сомонӣ барои нигоҳдории беморхонаҳо равона карда мешавад. Ҳамчунин, дар соли 2019 ва солҳои минбаъда барои пешгирӣ ва табобати бемориҳо, афзалияти хароҷоти буҷети соҳа ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ равона карда мешавад. Бо ин мақсад 510,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 21,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар доираи афзалиятҳои соҳа барои хариди доруворӣ ва дигар ҷузъҳои барои ҷарроҳӣ зарур 35,9 млн. сомонӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 20,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, барои эмгузаронӣ 14,0 млн. сомонӣ, бемориҳои қанд — 4,1, сил — 3,6, барои хариди халтачаҳои хун — 6,0 ва пайвандсозии узвҳо 3,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 3,7 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, барои пардохти нафақа 2,9 млрд. сомонӣ, кумакпулию ҷубронпулиҳо — 296,0, кумакҳои унвонии иҷтимоӣ — 86,3 ва нигаҳдории муассисаҳои соҳа 85,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Барои маблағгузории соҳаи фарҳанг аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ 741,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, барои нигоҳдории осорхонаҳо ва намоишгоҳҳо 198,9 млн. сомонӣ, нигоҳдорӣ ва фаъолияти воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, матбуоти даврӣ ва нашриёт) — 150,5, китобхонаҳо — 50,6, муассисаҳои дигари фарҳангӣ 341,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти аграрӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи кишоварзӣ дар буҷети соли 2019 аз ҳисоби ҳама манбаи маблағгузорӣ 915,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 239,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ 4,1 млрд. сомонӣ бо афзоиши 17,8 фоиз, саноат ва сохтмон 156,3 млн. сомонӣ бо афзоиши 18,1 фоиз ва нақлиёту коммуникатсия 1,7 млрд. сомонӣ бо афзоиши 19,7 фоиз маблағ пешбинӣ гардидааст.

Созандагӣ ва бунёдкорӣ дар солҳои оянда низ идома ёфта, барои маблағгузориҳои асосии мутамарказ дар Буҷети давлатӣ барои соли 2019 зиёда аз 3,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 7,3 фоиз ё 248,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳаҷми умумии маблағгузории асосии мутамарказ иншооти соҳаи энергетика 59,3 фоиз, соҳаҳои иҷтимоӣ — 19,5, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ — 4,1, мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — 3,1 ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 14,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 барои маблағгузории ҶСК «НБО Роғун» 2,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2018 106,0 млн. сомонӣ ё ин ки 5,0 фоиз зиёд мебошад.

Фонди музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 4,9 млрд. сомонӣ муқаррар гардидааст, ки ба 6,3 фоизи ММД баробар мебошад ва нисбат ба буҷети соли 2018 527,2 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2019 бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзҳои дохилию берунӣ ва хизматрасонӣ аз рӯи онҳо маблағҳои зарурӣ равона мегарданд. Аз ҷумла, барои таъмини уҳдадориҳо аз рӯи қарзи асосии «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой 590,5 млн. сомонӣ ва пардохти фоизҳои қарзи асосии дигар ташкилотҳои байналмилалӣ 761,6 млн. сомонӣ, инчунин, барои пардохти қарзи дохилӣ 229,0 млн. сомонӣ, пешбинӣ шудааст.Бояд қайд кард, ки пардохти қарзи асосии беруна дар ҳаҷми 621,2 млн. сомонӣ, ки берун аз тавозуни буҷет қарор дорад, аз ҳисоби манбаъҳои иловагии молиявӣ дар ҷараёни иҷрои буҷети соли 2019 маблағгузорӣ карда хоҳад шуд.

Қисми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2019 ба маблағи 10,6 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2018-ум 695,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ бошад, дар ҳаҷми 6,8 млрд. сомонӣ бо афзоиши 17,0 фоиз ё маблағи 987,2 млн. сомонӣ ва касри он 11,7 млн. сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар соли 2019 аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ мусоидати молиявӣ дар ҳаҷми 951,4 млн. сомонӣ муайян карда шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2018, бо дарназардошти зиёд гардидани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, 126,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

Бо дарназардошти нишондиҳандаҳои қисми даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ касри он дар соли 2019 ба андозаи 0,5 фоизи ММД ё баробар ба маблағи 391,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба соли ҷорӣ 56,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет мутобиқи моддаи 3 лоиҳаи қонун, аз ҳисоби даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба маблағи 25,0 млн. сомонӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ 100,0 млн. сомонӣ, иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ 10,7 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 154,3 млн. сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2021 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2019 мебошанд. Дар соли 2020 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ 25,8 млрд. сомонӣ ва дар соли 2021 — ум 27,9 млрд. сомонӣ тарҳрезӣ шудааст. Ҳамчунин, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2020 ба маблағи 26,3 млрд. сомонӣ ва дар соли 2021 дар доираи 28,4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дурнамои даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 — 2021 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, вобаста ба тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, мутобиқи талаботи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар карда шуда, ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз нав такмил ва дақиқ карда мешавад.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021 бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 66 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тибқи муқаррароти моддаи 25 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз шумо тасдиқи ҳисоботи иҷрои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2017-ро аз рӯи даромад дар ҳаҷми 19,9 млрд. сомонӣ, аз рӯи хароҷот дар ҳаҷми 22,2 млрд. сомонӣ ва касри онро дар ҳаҷми 2,3 млрд. сомонӣ хоҳиш менамоям.

Дар хотима ба шумо барои ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 — 2021» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар таҳияи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дастуру супоришҳо ба инобат гирифта шудааст.

Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2019 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст. Нишондиҳандаҳои он бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои кории нав асоснок шудааст.

Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6 фоиз ба маблағи 78,2 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори ММД — 4,5 фоиз, меъёри таваррум — 6,3 фоиз муайян шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба маблағи 23 млрд. 774,1 млн. сомонӣ ё баробар ба 30,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ 13,2 фоиз ё 2 млрд. 771,1 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Ин зиёдшавӣ аз ҳисоби:

- даромадҳои ҷорӣ — 1 млрд. 732,3 млн. сомонӣ;

- маблағҳои махсус — 176,4 млн. сомонӣ;

- лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ — 967,3 млн. сомонӣ иборат мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2019 аз ҳисоби ҳама манбаи маблағгузорӣ 24 млрд. 165,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва 30,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли 2018 2 млрд. 827,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин маблағҳо ба соҳаҳои зерин равона мегардад:

- соҳаҳои иҷтимоӣ — 1 млрд.163,4 млн. сомонӣ;

- соҳаҳои воқеии иқтисодиёт — 1 млрд.278,4 млн. сомонӣ;

- дигар соҳаҳо — 386,0 млн. сомонӣ.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст, яъне, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2019 ба 10 млрд. 584,0 млн. сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2018-ум 1 млрд.163,4 млн. сомонӣ ё ин ки 12,3 фоиз афзоиш ёфта, 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, дар буҷети соли 2019 барои маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 6 млрд. 925,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар маҷмӯъ ба 10,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар қисми даромади Буҷети давлатӣ даромадҳои андозӣ барои соли 2019 асосан ин намудҳо зиёдтар пешбинӣ шудааст:

- андоз аз даромад 2 млрд. 0,7 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 11,4 фоиз муайян карда шуда, нисбат ба соли 2018 204,6 млн. сомонӣ зиёд аст;

- андоз аз фоида 1 млрд.769,9 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 17,6 фоиз муайян карда шуда, нисбат ба соли 2018 265,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад;

- андозҳои иҷтимоӣ 1 млрд. 810,0 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 7,6 фоиз муайян карда шуда, нисбат ба соли 2018 128,0 млн. сомонӣ зиёд гардидааст;

- андоз аз арзиши иловашуда 6 млрд. 810,4 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 8,7 фоиз муайян карда шуда, нисбат ба соли 2018 545,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад;

 - андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 452,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2018 92,4 млн. сомонӣ ё 25,7 фоиз зиёд пешбинӣ гардидааст.

Даромадҳои ғайриандозӣ ба Буҷети давлатӣ барои соли 2019 1 млрд.182,3 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018 158,5 млн. сомонӣ ё 15,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ аз рӯи соҳаҳо ва манбаъҳои маблағгузорӣ барои соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ва берунӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, маблағҳои буҷетӣ 18 млрд. 299,1 млн. сомонӣ, маблағҳои махсус 1 млрд. 624,3 млн. сомонӣ, грантҳо 1 млрд.702,0 млн. сомонӣ, қарзҳо 2 млрд. 539,8 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ, 24 млрд. 165,1 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2019 оид ба пардохти музди меҳнат аз рӯи гурӯҳбандии вазифавии соҳаҳо 4 млрд. 890,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2018 527,2 млн. сомонӣ ё 12,1 фоиз зиёд мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» низ аз 27 модда иборат буда, хусусиятҳои худро дорад. Яъне, нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли 2018 ба якчанд моддаҳои он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, аз ҷумла:

 Ба сархати якуми қисми 2 моддаи 3 «Ҳаҷми умумии касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он» суди саҳмияҳои давлатӣ илова карда шудааст, ки 25000 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба моддаи мазкур сархати нав илова гардидааст, яъне, барои пӯшонидани касри буҷет аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ то 1 январи соли 2019 — 100000 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Дар қисми 3-и ҳамин модда пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба соли ҷорӣ 0,1 фоиз кам мебошад.

Ба моддаи 6. Яъне, «Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ» ду сархати нав илова гардидааст:

- барои чорабиниҳои мубориза бар зидди малах (3,8 млн. сомонӣ);

- барои чорабиниҳои зиддиэпизиотӣ (3 млн. сомонӣ) пешбинӣ гардидааст.

Қисми 2 моддаи 13. «Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ» дар соли 2019 аз андозсупорандагони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, аз рӯи таносуби зерин муқаррар карда шудааст, аз ҷумла:

- андоз аз арзиши иловашуда:

- аз вилояти Суғд — 50 фоиз ба буҷети вилоят ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ, дар соли 2018 ин таносуб 60 фоиз ба буҷети вилоят ва 40 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ муайян шуда буд;

Барои ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисоби андози мазкур дар соли 2019 шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат илова карда шудааст, ки аз ҳисоби шаҳри Душанбе 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз шаҳри Ваҳдат 69 фоиз ба буҷети шаҳр ва 31 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Дар соли 2018 бошад, андоз аз арзиши иловашуда дар ин шаҳрҳо 100 фоиз ба буҷети маҳаллӣ равона мегардид.

Инчунин, соли 2019 андоз аз арзиши иловашуда дар шаҳри Ҳисор 100 фоиз ба буҷети шаҳр равона мегардад, ки ин таносуби андоз дар соли 2018 аз шаҳри Ҳисор — 89 фоиз ба буҷети маҳаллӣ ва 11 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ муайян гардида буд.

Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2019 андоз аз фоида пурра ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳри Роғун) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2018 бошад, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун ин намуди андозро 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт мекарданд.

«Андоз аз даромад» дар Буҷети давлатӣ барои соли 2019 ба истиснои вилояти Суғд ва шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Ҳисор ба буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳия равона карда мешавад, аз ҷумла.

- аз вилояти Суғд 52 фоиз ба буҷети вилоят ва 48 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ, дар соли 2018 бошад, 58 фоиз ба буҷети вилоят ва 42 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ:

- аз шаҳри Душанбе 38 фоиз ба буҷети шаҳр ва 62 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ, дар соли 2018 бошад, 30 фоиз ба буҷети шаҳри Душанбе ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

- аз шаҳри Роғун 20 фоиз ба буҷети шаҳр ва 80 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ, дар соли 2018 бошад, ин таносуб 50 фоиз ба буҷети шаҳри Роғун ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар гардидааст.

Дар соли 2018 андоз аз даромад дар шаҳри Ваҳдат 30 фоиз ба буҷети маҳаллӣ ва 70 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шуда буд, дар соли 2019 андози мазкур 100 фоиз ба буҷети маҳаллӣ пардохт карда мешавад.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2019 «Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард», ба истиснои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе, пурра ба буҷети маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо равона карда мешавад. Ин намуди андоз соли равон 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешуд. Вобаста ба ин, барои соли 2019 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносуби фоизҳо, тибқи тартиби муқарраргадида, амалӣ карда мешавад.

Дар моддаи 19 «Воридот ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус» Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 40 ба 45 фоиз, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 50 ба 55 фоиз ва маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти вазоратҳои адлия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва корҳои хориҷӣ аз 10 ба 15 фоиз зиёд карда шуданд.

Дар ин робита, аз 1 январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 55 сомонӣ бо афзоиши 10 фоиз муқаррар карда мешавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз ҷониби вакилон вобаста ба маблағгузории соҳаҳои гуногун таклифу пешниҳодҳо манзур гардида буд, ки як қисми онҳо дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба инобат гирифта шудаанд, аз ҷумла:

- барои харидорӣ намудани ваксинаҳо барои эмгузаронии аҳолӣ — 14,0 млн. сомонӣ бо афзоиши 3,0 млн. сомонӣ;

- барои харидории доруи қатори якум барои бемориии сил 3,6 млн. сомонӣ бо афзоиши 300 ҳазор сомонӣ;

- барои хариди тест-экспресс барои бемории вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) — 1,5 млн. сомонӣ бо афзоиши 250 ҳазор сомонӣ;

- барои харидории доруворӣ ба беморони саратон — 800 ҳазор сомонӣ бо афзоиши 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, бори аввал дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2019 барои ҷарроҳии кӯдакони нуқсонҳои модарзодии дил 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021» бо ҷалби васеи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва дар рафти муҳокимаҳо вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволу дархостҳои худ ҷавоб гирифтанд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, 10 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 3 — тоаш ба лоиҳаи қонуни мазкур боқимондаашон ба қонуни Буҷети давлатӣ барои солҳои минбаъда дахл доранду онҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда мешаванд. Инчунин, хулосаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021» собит намуд, ки лоиҳаи қонун, дар маҷмӯъ, аз рӯи ҳама гурӯҳбандӣ ва талаботи муайяншуда дар асоси принсипи баробарӣ бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун ба талаботи вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ ҷавобгӯй буда, дар маҷмӯъ, воқеъбинона, шаффоф ва аз рӯи мақсаду ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири зиндагии шоистаи мардум муайян кардааст, пешбинӣ гардидааст.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Қабл аз он ки ба саволу ҷавоб оғоз намоем, мехоҳам бипурсам, ки муҳтарам Ҷобирзода, тақдири беш аз 200 пешниҳоде, ки вакилони Маҷлиси намояндагон баъди вохӯрию мулоқот бо интихобкунандагон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карда буданд, чӣ шуд? Оё онҳо дар лоиҳаи буҷет ба инобат гирифта шудаанд?

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: - Муҳтарам Раис! Қисмати бештари онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Як қисмашон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фирис­тода шуда, ба қисмати зиёдашон посух ворид гардид.

РАИС: - На ҳамеша мардум фурсати муносиби суханашонро гуфтан доранд. Вохӯрию мулоқотҳо бо вакилон имкон медиҳанд, ки онҳо суолҳояшонро матраҳ ва мулоҳизаҳояшонро иброз намоянд. Ба ин масъала диққати ҷиддӣ додан зарур аст.

Вакилони муҳтарам! Кӣ роҷеъ ба лоиҳаи қонун савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров: - Барои татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати солҳои 2015- 2020» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2030» дар соли 2019 ва солҳои 2020 — 2021 чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст? Саволи дигарам ба натиҷаҳои иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 дахл дорад. Он чӣ гуна ҷамъбаст шуд?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Ин ҷо ман маълумотро роҷеъ ба ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар Буҷети давлатии соли 2019 ва ду соли минбаъда доир ба Барномаи миёнамуҳлат ва «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб гирифта шудаанд, зери даст надорам. Танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки дар Буҷети давлатии солҳои дахлдор маблағҳо ба нақша гирифта шуда, хароҷот мешаванд. Дар доираи имконоти Буҷети давлатӣ ҳар дуи ин ҳуҷҷат — Барномаи миёнамуҳлат ва Стратегияи миллии рушд маблағгузорӣ хоҳанд шуд.

Вакили муҳтарам! Посухи саволи дуюматонро аз моддаи 28 лоиҳаи қонуни мазкур дарёфта метавонед. Танҳо ҳаминро илова карданиам, ки соли 2017 як қатор иншооти барои ҷумҳурӣ ниҳоят зарур, ки аз онҳо ояндаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ вобастагии калон дорад, ба тариқи иловагӣ маблағгузорӣ шудааст. Ҳамчунин, як қатор мақомоти қудратӣ низ дар доираи он, бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеӣ, маблағгузорӣ гардиданд.

РАИС: - Дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» харҷи маблағи хеле зиёд дар нақша аст ва дар аввал он ба андозаи 40 миллиард доллари амрикоӣ дар назар буд. Тадриҷан, тӯли солҳо мо бояд ба зинаи дигари рушд расида, аз давлати аграрӣ — саноатӣ ба кишвари индустриалӣ — аграрӣ табдил хоҳем ёфт ва ин ҳадаф бо харҷи маблағи хеле зиёд ба даст хоҳад омад. Дар ин хусус шояд вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бештар мегӯянд?

Неъматулло Ҳикматуллозода: - Манбаи ин маблағҳо асосан Буҷети давлатӣ буда, тақрибан чоряки умумии онҳоро ташкил менамояд. Ҳамин тариқ, ҳар сол ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ маблағгузории иншооти ба барнома ва стратегия шомилгардида мадди назар гирифта мешаванд.

РАИС: — Агар иштибоҳ накунам, тақрибан 40 фоизи маблағҳо бояд аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷалби сармоягузориҳо барои татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҷалб карда шаванд.

Ҳоло вазифа аз он иборат аст, ки барои иҷрои ин ҳадафҳо шароит муҳайё намоем. Имрӯз бошад, чунин вазъ муҳайё нест. Ҳарчанд қонунҳои зарурӣ қабул шудаанд, супоришҳои даркорӣ дода шудаанд, вале иҷрои он қаноатбахш нест. Бо чунин вазъ сармоягузори хориҷӣ намеояд, соҳибкорони худӣ низ ҳавасмандии бештар зоҳир намекунанд. Вазирону раисони кумитаҳову роҳбарони сатҳҳои дигар ба ҷойи он ки ба сармоягузорон шароит муҳайё кунанд, баръакс, аз онҳо мегурезанд гӯем ҳам, хато намешавад. Дархосту мактубҳои соҳибкорону сармоягузорон ба роҳбарон намерасад ё онҳоро бе ҷавоб мегузоранд. Онҳо чизеро мунтазир мешаванд, нигоҳ мекунанд, ки соҳиби нома ё дархост кай наздашон меояд. Ин аст мушкилот.

Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Қурби пули миллӣ ба касри буҷет чӣ таъсир мерасонад? Саволи дигар дар боби баҳисобгирии суди саҳмдорон дахл дорад.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор: - Ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷет мониторинги сатҳи таваррум гузаронида, он истифода мешавад. Муносибатҳои байни Вазорати молия ва Бонки миллӣ дар асоси созишнома роҳандозӣ гардидааст ва мо аз он дар таҳияи лоиҳа корбаст менамоем.

Дар мавриди суди саҳмияҳое, ки аз ҷумла бонкҳои мушкилотдор низ онро соҳибанд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад.

РАИС: — Сухан ба вакил Сафаров Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ:- Дар солҳои охир якчанд ҳазор мутахассиси соҳаи хоҷагии об аз кор рафтанд, аз ҷумла соли ҷорӣ қариб ҳазор нафар корро тарк намуданд. Сабаби асосӣ кам будани музди маош аст. Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 барои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25,9 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Дар лоиҳаи буҷети соли 2019 бошад, барои музди меҳнати кормандони агентӣ ҳамагӣ 3,1 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Бо чунин ҳолат магар агентӣ иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммааш гузошта мешавад, таъмин карда метавонад?

РАИС: — Чаро директори Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин дар толор нест? Магар ӯ даъват нашудааст? Ин соҳаи хеле муҳими хоҷагидории кишвар аст. Агентӣ мушкилоти зиёд дорад. Ба мо муроҷиат ҳам карда буд. Ҳоло, агар ба ягон кори дигари муҳим банд набошад, иштироки ӯро таъмин намоед. Бигузор, фикру мулоҳизаҳояшро иброз намояд, зеро қисмати бештари мушкилот бо ин соҳа алоқамандӣ дорад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Яке аз мушкилиҳои асосии соҳаи мазкур дар сатҳи нопурра амалӣ шудани менеҷменти молиявӣ ҳисоб меёбад. Дар даҳсолаи охир барои рушди соҳа маб­лағи зиёд ҷудо шуда, ҳамчунин, даҳҳо лоиҳаи сармоягузорӣ тахсис дода шуд. Мутаассифона, имрӯз бозгашти маблағҳо ба ин соҳа хеле ташвишовар боқӣ мемонад.

Соли 2018 барои дастгирии соҳа беш аз 50 миллион сомонӣ пешбинӣ ва аз ин ҳисоб нисфи маблағ барои пардохти музди меҳнати мансубини агентӣ пардохт шудааст.

Имрӯз агентӣ ба менеҷменти молиявии сатҳи зарурӣ ниёз дорад. Сарфи назар аз ин, соли ҷорӣ беш аз 14 миллион сомонӣ барои рушди соҳа харҷ мешавад ва дар лоиҳаи буҷети соли 2019 бошад, барои пардохти неруи барқ маб­лағи муайян ҷудо карда мешавад.

РАИС: — Гап сари он меравад, ки нисфи заминҳо бо насос обёрӣ мешаванд. Дар вақти оғози мавсими киштукор ҳама об талаб мекунанд, вале пардохти маблағи онро ба фардо мегузоранд.

Аз сӯи дигар ба ин масъала бингарем, деҳқон пул надорад, ки ҳаққи оби гирифтаашро пардохт намояд. Пахтаи ғуновардааш қисме дар заводи пахтаву қисме дар ҳавлиаш аст, зеро соҳибони корхонаҳои пахтатозакунӣ маблағ надоранд, ки онро харанд. Бояд дар ибтидои мавсими кишт бо деҳқон шартнома баста, ақаллан як қисми маблағро пардозанд, то ин ки деҳқон дилпурона аз пайи кишт шавад ва дар мавсим зироатро ғамхорона нигоҳубин намояд. Ба зироат доруву нурӣ диҳад, онро сари вақт коркард кунад. Дар мавсими ҳосилғундорӣ бо ҷалби дигарон ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ кунад.

Роҳбарони соҳа қарзҳои 5 — 6 фоизӣ талаб мекунанд, вале ин гуна қарзро аз куҷо меёбед?

Муҳтарам вазири кишоварзӣ! То имрӯз чӣ қадар пахта ҷамъоварӣ шудааст?

Иззатулло САТТОРӢ: - То имрӯз 312 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, беш аз 30 ҳазор тоннаи он ҳанӯз дар хонаи деҳқонон нигоҳ дошта мешавад, зеро соҳибони корхонаҳои пахтатозакунӣ пул надоранд, ки пахтаро аз онҳо харидорӣ намоянд. Дар натиҷа деҳқон маҷбур аст пахтаи ҷамъовардаро аз ноҳия ба ноҳия, аз корхона ба корхона бараду фурӯхта, соҳиби маблағ шавад.

РАИС: - Магар ин тарзи кор дуруст аст? Дар сурате ки қариб дар ҳар ноҳия корхонаи пахтатозакунӣ мавҷуд мебошад. Ҳоло аз хусуси ҳар сол аз истифода баромадани заминҳои киштшаванда сухан намегӯем. Тадбирҳои пешгирӣ аз заҳкашии заминҳо қариб гузаронида намешаванд. Бо ин ҳама ба ҳосили фаровон умед бастан нашояд.

Ё бигирем соҳаи пиллапарвариро. Як сол пеш ба ин соҳа сабукиҳо додем. Натиҷа ҳамин шуд, ки дар ҷумҳурӣ соли 2017- ум 740 тонна пилла ҷамъоварӣ шуда, соли 2016 бошад, 880 тонна. Ин чӣ маънӣ дорад? Бинобар ин, имтиёзҳои муқарраршударо таҳлил намудан лозим аст. Ҳоло 30 фоизи буҷетро имтиёзҳо фаро гирифтаанд. Дар бораи истифодаи минбаъдаи пилла бошад, ҳоҷати гап ҳам нест, зеро тақдири он номаълум аст.

Сухан ба вакил Абдуназар Хис­рав дода мешавад.

Хисрав АБДУНАЗАР: - Ман ба вазири нақлиёт савол дорам. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) дар хусуси он ки таҷдиди роҳҳои байниноҳиявӣ ва шаҳраку деҳот вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошад, таъкид шудааст. Бо дарназардошти таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт ва ба талабот ҷавобгӯ намудани роҳҳои автомобилгард Вазорати молия маблағ ҷудо мекунад, вале дар таносуби шаҳру ноҳияҳо тақсими маблағҳо фарқи калон дорад. Чаро ин тавр аст?

Худоёрзода Худоёр Завқибек: — Маблағҳое, ки ба Вазорати нақлиёт аз Вазорати молия ҷудо мешаванд, тибқи меъёрҳои муайян тақсим карда мешаванд. Дар нав­бати аввал дарозии роҳ ва намуди он ба эътибор гирифта мешавад, ки он роҳи ҷумҳуриявӣ аст ё маҳаллӣ. Маблағгузори роҳҳои маҳаллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мебошанд. Биноан, 70 фоизи маблағҳо барои роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 30 фоиз ба роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ тақсим карда мешаванд.

РАИС: - Сухан ба вакил Риоев Нуралӣ дода мешавад.

Нуралӣ РИОЕВ: - Ман ба вазири рушди иқтисод ва савдо савол дорам: Оё ягон консепсияе барои панҷ — даҳ соли оянда пешбинӣ шудааст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ худмаб­лағгузор шавад?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Рушди маҳал аз ҷумлаи сиёсатҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он тариқи таҳияи барномаҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ сурат мегирад. Барномаи рушди ВМКБ як сол қабл қабул шудааст ва он барои омилҳои минбаъдаи рушд замина мешавад. Дар ин барнома бисёр чорабиниҳое пешбинӣ шудааст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи пешбинишуда мусоидат менамояд. Ин ҳадаф дар як ё ду сол ба даст намеояд. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки ВМКБ дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад. Ҷалби маблағгузорӣ, аз ҷумла сармояи хориҷӣ, барои татбиқи инфрасохтори маҳаллӣ, пеш аз ҳама, роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дар натиҷа фароҳам овардани замина барои рушди саноат моро ба ҳадафҳои пешгирифта наздик месозад.

РАИС: - Муҳтарам вакилон! Холмурод Раҳмон — директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласа ҳозир шуданд. Муҳтарам Холмурод Раҳмон, то омадани шумо дар бораи фаъо­лияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, хусусан дар бобати мушкилоти соҳа, мулоҳизаронӣ кардем. Чанде пештар вакилони Маҷлиси намояндагон бо шумо вохӯрда буданд ва аз мушкилоти соҳа мо огоҳӣ дорем. Алалхусус, вазъи хеле ногувори ҷамъоварии маблағи оби истифодашуда, таъмири зеристгоҳҳои обкашӣ, шабакаҳои обёрӣ моро бетараф намегузорад. Имрӯз шумо дар чӣ фикред? Ё обро маҳкам мекунеду бо ҳамин дарди сарро таскин медиҳед?

Холмурод РАҲМОН: — Муҳтарам Раис! Барои таваҷҷуҳ ба мушкилоти соҳа аз шумо — вакилони Маҷлиси намояндагон басо миннатпазирам. Воқеан, обро маҳкам карда намешавад. Обе, ки ба хоҷагиҳо медиҳем, дар як сол маблағи он 61 миллион сомониро ташкил менамояду арзиши барқи истифодашуда бошад, ба 83 миллион сомонӣ мерасад. Масалан, арзиши обе, ки дар Зафаробод ба муштариён мерасонем, 6 миллион сомонӣ, ҳаққи истифодаи неруи барқ бошад, 18 миллион сомониро ташкил менамояд. Вазъ дар дигар пойгоҳҳои обкашӣ низ аз ин беҳтар нест.

Бинобар ин, аз вазири молия танҳо як хоҳиш дорем. Аз 60 миллион сомоние, ки барои пардохти қарзи неруи барқ ҷудо шудааст, 50 фоизи ҳамонро барои пардохти музди меҳнати кормандони агентӣ иҷозат диҳад. Ба мо дастгоҳу таҷҳизот надиҳанд, вале бояд музди меҳнати 7553 корманди соҳаро пардохт кунем.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор: — Мо аз вазъи пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод ва дигар манотиқ хуб огоҳӣ дорем. Ҳоло Вазорати молия якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ лоиҳаи маблағгузории беҳтар намудани вазъи пойгоҳҳои обкаширо омода карда истодааст, ки маблағи он беш аз 50 миллион доллари амрикоиро фаро мегирад. Саъй дорем, то охири сол он қабул карда шавад.

РАИС: - Ин ҷо мехоҳам ба ду — се масъалаи дигар равшанӣ андозем. Муҳтарам вазир, шумо ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо Палатаи ҳисоб ҳамкорӣ доштед. Хулосаи Палатаи ҳисоб низ ҳам ба Маҷлиси намояндагон ва ҳам ба Ҳукумат ворид шудааст. Фаъолияти ин мақоми олии назоратӣ солҳои охир хеле беҳбуд ёфтааст. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ Палатаи ҳисоб 366 миллиону 499 ҳазор сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст. Соли гузашта дар ҳамин давра ин рақам 96 миллион сомониро ташкил дода буд. Яъне, назорати хароҷоти маблағҳои Буҷети давлатӣ моро ба ташвиш овардааст. Аз ин ҳисоб барои барқарор намудани 211 миллион сомонӣ маълумот барои чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи хуқуқ пешниҳод шудааст. Чаро додани маблағ қатъӣ назорат намешавад, чаро онҳо ғайримақсаднок истифода мешаванд? Ба ин кӣ бояд ҷавоб гӯяд?

Маблағҳои буҷет асосан аз ҷамъоварии андозҳо шакл мегиранд. Бо душворӣ андоз ҷамъ карда, онро беэҳтиёт хароҷот мекунем. Шояд ба ин саволҳо муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдукарим Зарифзода посух мегӯянд?

ЗАРИФЗОДА Абдукарим Абдураҳим: - Муҳтарам Раис! Фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявии кишвар солҳои охир бамаротиб густариш ёфта, аз ҷумла, соли 2016 — ум 485 миллион сомонӣ ва соли 2017- ум 548 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ бошад, беш аз 489 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз зарари ошкорнамудаи соли 2017 беш аз 70 фоизаш барқарор карда шуд.

Сабаби асосии камбудиҳо, пеш аз ҳама, дар нодуруст ба роҳ мондани ҳисоботи молиявӣ мебошад. Ҳамчунин, лозим аст, ки ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: - Муҳтарам Раис! Воқеан ҳам далелҳои истифодаи нодурусту ғайримақсадноки маблағҳо хеле зиёд ҷой доранд. Мо хулосаи Палатаи ҳисобро дар давраи солҳои гузашта мавриди омӯзиш қарор дода, нақшаи чорабиниҳо барои бартараф кардани камбудиҳоро тартиб дода, тибқи он кор мебарем. Ҳоло зарур аст, ки лоиҳаи қонун дар бораи муайян кардани зарари молиявӣ таҳия ва қабул карда шавад, ки ин кори мо ва мақомоти назорати давлатии молиявиро хеле осон менамояд.

РАИС: — Дар ҷаласаи имрӯза раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим иштирок доранд. Вобаста ба масъала назарашонро мешунавем.

ДАВЛАТЗОДА Нусратулло Муқим: — Муҳтарам Раис! Имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 70 ҳазор андозсупоранда эъломияҳои худро тариқи электронӣ ба мақомоти андоз пешниҳод менамоянд. Танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ин теъдод ҳашт ҳазор адад зиёд шуд. Дар ин самт кор карда истодаем ва аз ҷониби дигар, ин аз имкониятҳои худи андозсупорандагон низ вобастагӣ дорад, зеро баъзеи онҳо сатҳи кофии дониши ҳуқуқӣ ва ё муҳосибӣ надоранд.

Мақомоти андоз барои ғанӣ гардонидани буҷетҳои маҳаллӣ диққати зиёд медиҳад. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳо инвентаризатсияи иншооту воситаҳои нақлиёт ва заминро гузаронида истодаем. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе чор гурӯҳи корӣ таъсис намудем, ки беш аз ду моҳ аст фаъолият мебаранд. Ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои дигар вобаста ба масъалаҳои дар боло номбаршуда камбудиву норасоии зиёдро ошкор кардем.

РАИС: - Аз раиси Бонки миллӣ муҳтарам Нурмаҳмадзода пурсиданием, ки сатҳи таваррум ва қурби асъори миллӣ дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2019 чӣ гуна ба эътибор гирифта шудааст?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: - Сатҳи таваррум ва қурби асъори миллӣ бо дарназардошти омилҳои беруна муайян карда шудааст, ки он то ҳол таъсири манфии худро ба иқтисодиёт расонида истодааст. Мо тибқи се сенария онро ҳисобу китоб карда, ба Вазорати молия пешниҳод кардем ва барои нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби асъори миллӣ чораҳои зарурӣ меандешем.

Дар ҳамин давраи соли ҷорӣ беқурбшавии пули миллӣ 6,8 фоизро ташкил менамояд. Ҳол он ки дар Ҷумҳурии Туркия, ки яке аз шарикони тиҷоратӣ мебошад, он ба беш аз 50 фоиз баробар шудааст. Беқурбшавии пул дар Федератсияи Россия қариб 14 фоиз ва дар Қазоқистон зиёда аз 10 фоизро ташкил намуд. Албатта, ин ба қурби асъори мо низ бетаъсир намонд.

РАИС: — Ин ҳамаро мо барои рушди яке аз соҳаҳои муҳим — саноат муҳим медонем, зеро бе рушди саноат ба пешравии чашмрас ноил шудан ғайриимкон аст. Муҳтарам вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, корхонаҳои коркарди пахта, ки ҷузъи асосии соҳаи саноатанд, солҳои охир қариб пешравӣ надоранд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Шавкат Бобозода: — Муҳтарам Раис! Имрӯз дар ҷумҳурӣ 107 корхонаи коркарди пахта фаъолият намуда, иқтидори коркарди онҳо беш аз 4 миллион тонна маҳсулот мебошад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 350 — 400 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад, ки баробар ба 10 фоизи иқтидори ин корхонаҳост.

РАИС: - Сабаб дар чист, ки онҳо пахтаро аз деҳқонон намехаранд? Чаро дар назди Ҳукумат чунин масъала намегузоред? Сарвазир, муовинони Сарвазир ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳ намоянд. Чаро соҳибони корхонаҳои пахтатозакуниро намепурсед, ки онҳо чӣ нақша доранд, чӣ мехоҳанд?

Дар соҳаи саноат, дар умум, пешравиҳо зиёданд, вале хоҳишмандам вазъи соҳаро таҳлил ва хулосаҳои дуруст қабул кунед. Имрӯз бояд ҳама ба саноат рӯ оварда, ба он кумак намоем. Бе ворид кардани технологияҳои нав кор пеш намеравад, ҷойҳои кори нав таъсис намеёбанд.

Аз таҳлили вазъи соҳаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки мушкилиҳо хеле зиёданд. Ҳатто сарварони соҳа онро дақиқ шарҳ дода наметавонанд. Бинобар ин, минбаъд дар баррасии лоиҳаи Қонун дар бораи Буҷети давлатӣ ҳузури Сарвазир ва муовинонаш зарур мебошад, то ин ки моҳияти як қатор масъалаҳои муҳимро фаҳмонанд.

РАИС: — Ба баррасии масъала мегузарем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

Усмонзода Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст, имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро нишон медиҳад. Вазири молия дар ин хусус маълумоти муфассал доданд.

Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи кумитаи масъул мо 13 пешниҳод иброз намудем. Ҳоло бо истифода аз фурсат якчанд пешниҳоди дигарро манзури шумо менамоям.

Имрӯз манбаъҳои иловагӣ барои қисми даромади Буҷети давлатӣ пайдо шудааст ва чунин имкониятро НБО-и «Роғун» медиҳад. Бинобар ин, аз Вазорати молия хоҳиш карда мешавад, ки бо дарназардошти имконот ба сох­тор ва зерсохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории иловагӣ сурат гирад.

Мо чунин пешниҳодот дорем:

1.Баланд бардоштани музди меҳнат ва нафақаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

2. Баланд бардоштани нафақаи ятимон ва ятимони кулл, инчунин онҳо бояд то синни 25 нафақа гиранд.

3. Зиёд кардани маблағгузорӣ барои сарбозон ва ҳайати фармондеҳии қисмҳои низомӣ.

4. Сода кардани низоми иҷозатномадиҳӣ.

5. Таҷдиди барномаи сохтмони корхонаҳои хурду калони саноатӣ. То ин ки ашёи хом не, балки маҳсулоти тайёри саноатиро ба бозори ҷаҳонӣ пешниҳод намоем.

Хоҳиш менамоям ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Cухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба рушду такомули ҷомеаи имрӯза такони ҷиддӣ бахшида, барои беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик ва дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардидааст.

Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатиро мақсаду ҳадафҳояш рушди иқтисодии кишвар, сифатан беҳтар кардани некуаҳволии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ, хубтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии хуби тандурустӣ, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мебошад.

Дар ҳаҷми умумии маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ (734,4 миллион сомонӣ) маблағҳои грантӣ 182,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қобили дастгирист. Ҳақиқатро рӯи коғаз сабт кардан саҳлу осон нест. Аз оғози истиқлолият то ба ҳол дигаргуниҳои куллие, ки дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастааст, аз истифодаи оқилонаи буҷет муяссар шудааст. Имрӯз мардуми шарафманди ҷумҳурӣ аз нури НБО «Роғун» баҳраманд гардиданд, ки бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

Латифзода Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2019, новобаста аз таъсири омилҳои беруна, дар доираи имкониятҳои молиявӣ таҳия гардида, назар ба соли ҷорӣ 13,2 фоиз ё 2,7 млрд сомонӣ зиёд пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор дар лоиҳа 915 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки назар ба соли 2018 32 фоиз зиёд мебошад. Ин барои дастгирӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ки бахши бузурги иқтисодиёти мамлакат мебошад, қадами ҷиддӣ аст.

Тавре медонем, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои асосии расидан ба рушди устувори иқтисодӣ аст. Амнияти озуқаворӣ амнияти давлат аст ва он асосан ба соҳаи кишоварзӣ ва ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ вобаста мебошад.

Саҳми соҳаи кишоварзӣ дар ҳаҷми ММД ҳар сол 21-23 фоизро ташкил медиҳад. Зиёда аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ дошта, ҳаёт ва фаъолияти онҳо бевосита ба устувории соҳа алоқамандӣ дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро қабул намуд, ки он аз тарафи Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардид. Барои ҳамин давра, яъне солҳои 2016-2020, дар барнома 1249 млн. доллар, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 107 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Барои иҷрои нақшаҳои стратегӣ дар бахши кишоварзӣ зиёда аз 21 млн. сомонӣ ҷудо шудааст, вале ин масъала таваҷҷуҳи бештарро мехоҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш Барномаи таъмини бехатарии озуқавориро қабул намуд. Лоиҳаи Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ бошад, дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад ва маблағгузории он низ бояд дар маркази диққат қарор гирад. Ба иловаи ин, соли 2012 Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзиро иборат аз 57 банд қабул кардем. Пешниҳод менамоем, ки мониторинги барномаҳои қабулшуда таъмин ва натиҷаи он ҳангоми таҳияи барномаҳои минбаъда, бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва афзалияти масъалаҳо, ба назар гирифта шавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) ба рушди соҳаи чорводорӣ, масъалаҳои зотпарварӣ ва беҳтар кардани зоти чорво эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 воридоти ҳайвоноти зотӣ ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд. Ин, албатта, ба рушди соҳибкорӣ дар ин бахш мусоидат хоҳад намуд, вале моро зарур аст, ки барои хариди тухмиҳои навъи элита ва репродуксияи 1, нав кардани структураи саршумори чорво бо зотҳои сермаҳсул, ки аз соли 2013 дар ин самт коре анҷом дода нашудааст, диққати бештар диҳем.

Дастгирии илми соҳаи кишоварзӣ низ бояд дар мадди аввал қарор гирад. Маблағҳое, ки ҳар сол ба Академияи илмҳои кишоварзӣ ҷудо мешаванд, танҳо барои пардохти маош пешбинӣ гардидаанд. Барои пешбурди корҳои илмӣ бошад, қариб маблағ ҷудо намешавад. Бояд ба олимони ватанӣ такя кард ва онҳо дастгирӣ ёбанд.

Масъалаи дигар ҳолати хоҷагии оби мамлакат мебошад. Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2019 барои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 77,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз он 60 млн. сомонӣ барои пӯшонидани қарзи истифодаи неруи барқ равона мешавад. Фақат мехоҳам бори дигар паҳлуҳои иҷтимоии ин масъаларо зикр кунам. Дар ин соҳа то соли 1991 40 ҳазор нафар кор мекарданд, то соли 2007 теъдоди кормандон то 11,2 ҳазор ва то 1 январи соли 2018 ба 7,5 ҳазор нафар кам шуд. Танҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ қариб ҳазор нафар аз ин соҳа аз кор рафтанд. Сабаби асосӣ кам будани музди маош ва сари вақт нагирифтани он мебошад.

Маоши кормандони пойгоҳҳои обкашӣ дар баъзе минтақаҳо ба ҳисоби миёна имрӯз 200-300 сомониро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Лахш, тибқи маълумот, он ба ҳисоби миёна 131 сомонӣ аст. Аз ин сабаб, дар соҳа норасогии мутахассисони бахшҳои махсус – насосчиён, барқчиён, танзимгарон ва муҳандисон мушоҳида мешавад.

Маблағгузории таъмир, барқароркунӣ ва нигоҳдории иншооти хоҷагии об низ таваҷҷуҳи алоҳидаро талаб мекунад. Дар ҷумҳурӣ 26,2 ҳазор км шабакаҳои обёрӣ, 11,4 ҳазор км заҳбуру заҳкаш, 7099 иншооти гидротехникӣ, 384 адад пойгоҳи обкашӣ, 5455 нуқтаи тақсимоти об, зиёда аз 500 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ мавҷуд аст. Вакилони муҳтарам хуб медонанд, ки нисфи заминҳои обии кишвар тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешавад. Илова бар ин, бояд заминҳои навро аз худ кунем. Мутаассифона, соли гузашта 37 ҳазор гектар замин дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дошт. Бинобар ин, дар буҷети солҳои минбаъда барои нигоҳдории ин иншоот ба қадри имкон бояд маблағ пешбинӣ карда шавад.

Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021»-ро ҷонибдорӣ мекунад ва хоҳишмандем онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Зикр намудан бамаврид аст, ки ҳар сол дар Буҷети давлатӣ ба татбиқи сиёсати иҷтимоӣ диққати махсус зоҳир гардида, дар буҷети соли 2019 низ ин сиёсат нигоҳ дошта шудааст. Сиёсати иҷтимоии Буҷети давлатӣ барои соли 2019 асосан барои таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла, зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа, пардохтҳои ҷубронпулӣ ва кумакпулии иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2019 ба 10 млрд. 584,0 млн. сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба Буҷети давлатии соли 2018-ум 1 млрд. 163,4 млн. сомонӣ ё 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои махсус 1152,8 млн. сомонӣ ва маблағҳои грантию қарзӣ 262,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад ва дар Буҷети давлатӣ барои соли 2019 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 3677,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 319,9 млн. сомонӣ ё 9,5 фоиз афзоиш ёфта, 15,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 4,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Бо мақсади пешниҳоди хизмат­расониҳои иҷтимоӣ барои пиронсолон ва кӯдакони маъюб барои марказҳои будубоши рӯзона 8,9 млн. сомонӣ, пардохти ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд», 10,9 млн. сомонӣ ва ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ва ёрии яквақтаина ба хоҷагиҳое, ки аз ҷойҳои хавфнок ва хоҷагиҳое, ки ихтиёрӣ кӯчонида мешаванд, 8,0 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2019 барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 65,8 млн. сомонӣ ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 16,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Соҳаи тандурустӣ низ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, дар Буҷети давлатӣ барои соли 2019 хароҷоти соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1740,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ — 189,6 млн. сомонӣ ё 12,2 фоиз афзоиш ёфта, 7,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 2,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2019 барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 1 040,3 млн. сомонӣ бо афзоиши 106,8 млн. сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳои андозӣ 259,8 млн. сомонӣ бо афзоиши 33,2 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки аввалин маротиба дар соли 2019 барои гузаронидани ҷарроҳии кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил дар банди алоҳида  400,0 ҳазор сомонӣ (талабот 7,6 млн. сомонӣ — 400 нафар дар як сол) пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон грантҳо барои занону бонувон аз 40 ба 80 адад расонида, ҳаҷми маблағҳо аз 1 млн. сомонӣ ба 2 млн. сомонӣ боло бурда шуд.

Новобаста аз дастгириҳои пайгиронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар соҳаи иҷтимоӣ ҳанӯз мушкилиҳо зиёданд. Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки Вазорати молияи ҷумҳурӣ масъа­лаҳои зеринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар таҳияи буҷети соли 2020 ва солҳои оянда ба маблағгузории ин соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа диқати махсус диҳад:

- вобаста ба вазъи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор додани андозаи нафақаи шаҳрвандон, масалан, андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ (суғуртавӣ) бо дарназардошти зиёд гардиданаш айни ҳол 343,70 сомонӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ 168,60 сомонӣ ва дар маҷмӯъ андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 309,20 сомониро ташкил менамояд, ки дар шароити имрӯза кофӣ нест;

- зиёд намудани маблағгузории соҳаи тандурустӣ, хусусан барои харидории тестҳои фаврӣ барои аз ташхиси ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва занони ҳомила, барои харидории ваксинаҳои иммунизатсияи кӯдакон, беморони сил, диабети қанд ва ғайра;

- дар сатҳи зарурӣ маблағгузорӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла Нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»;

- бо дарназардошти он ки тайи ду сол аст масъалаи маблағгузории муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандагон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, пешниҳод менамоем, ки Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдор механизми маблағгузории масъалаи мазкурро таҳия намояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам миннатдории кумитаро ҷиҳати амалӣ намудани дархости мо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани маблағ барои ҷарроҳии кӯдакони мубталои нуқсони модарзодии дилу рагҳо ва муоинаи ҳатмии тиббии шахсони никоҳшаванда расонам. Маблағҳо кам ҳам бошанд, дар буҷет пешбинӣ гардидаанд.

- бартараф намудани тафриқаи музди меҳнат байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки айни ҳол аз 23 то 25 фоизро ташкил мекунад ва нокифоя будани маблағ барои хӯрокпулии касбомӯзон, ки барои як нафар дар як рӯз ба 48 дирам баробар мебошад.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар Ахмедов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Баррасии нишондодҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2019 бори дигар собит менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои макроиқтисодӣ, лоиҳаи Буҷети давлатиро некбинона таҳия намудааст.

Қобили қайд аст, ки дар Буҷети давлатӣ сол аз сол афзоиш додани маблағгузории соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар низ пешбинӣ карда мешавад.

Ман ду пешниҳоди мушаххасро дар ҳолати барзиёд иҷро шудани Буҷети давлатии соли 2019 ва таҳияи Буҷети давлатӣ барои солҳои минбаъда баён кардан мехоҳам:

Якум, дар Буҷети давлатӣ барои соли 2018 додани имтиёзҳои андозӣ барои ба кишвар ворид намудани тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва чорвои сермаҳсули зотӣ пешбинӣ гардида буд, ки аз ҷониби кишоварзон ҳамчун самти ояндадори дастгирии давлатии соҳа пазируфта шуд. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ, бо дарназардошти ин имтиёзҳо, аз хориҷи кишвар тухмӣ ва чорвои зотиро хусусан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки шароити иқлимию табиӣ ва структураи хокаш ба кишвари мо монанд аст, воридот кардан мехоҳанд.

Дуюм, дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» барои такмили низоми андозбандии хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷудо намудани маблағҳои буҷетӣ пешбинӣ шудааст. Бо дарназардошти ба миён омадани зарурият дар содаю шаффоф гардонидани андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки давлат ҳадафи худ қарор додааст, дар раванди таҳияи буҷети давлатӣ барои солҳои минбаъда ҷудо намудани маблағ пешбинӣ карда шавад.

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021»-ро баррасӣ ва дастгирӣ намуд. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъ­ала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

 Шарофиддин Сироҷов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре зикр гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021 рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020-2021-ро муайян менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои минбаъда дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва якдилона ҷонибдорӣ гардид. Таҳлили лоиҳаи қонун ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021 нишон дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо дарназардошти вазъи молиявии мамлакат таҳия ва татбиқи он ба рушди иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии тамоми табақаҳои аҳолии мамлакат равона мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021» овоз диҳед.

РАИС: Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

Рустам Қудратов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони гиромӣ!

Мо — намояндагони Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Буҷети давлатиро барои соли 2019 пурра дастгирӣ менамоем ва дар баробари ин якчанд пешниҳод дорем:

1. Оид ба мусоидати молиявӣ. Агар ба лоиҳаи буҷети давлатӣ нигарем, мебинем, ки ягон шаҳру ноҳияи вилояти Суғд субвенсия намегирад. Сабаби он дар чист? Сабаби асосӣ дар он аст, ки аз ду намуди андози асосии низомсоз — андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади корхонаҳо аз андози якум 50 фоиз ва аз андози дуюм 52 фоизаш дар буҷети вилоят мемонад. Бинобар ин, роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо кӯшиш менамоянд, ки заминаи андозситониро васеъ кунанд.

Ба ин чиз таваҷҷуҳ намоед: Ҳашт ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ субвенсия мегирад, ҳамчунин 14 ноҳияи вилояти Хатлон низ. Агар таҳлил намоем, мебинем, ки ҳам дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳам ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳавасманд нестанд, ки заминаи андозбандиро васеъ кунанд, зеро ҳамаи онҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

Агар амалияи дар вилояти Суғд ҷорибударо ба тариқи пилотӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ҷорӣ кунем, онҳо ҳавасманд хоҳанд шуд.

2. Пешниҳоди дигар мақсаднок ва шаффоф истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ аст. Ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои буҷетӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Биноан, пешниҳод менамоем: Усулҳои нави истифодаи маблағҳои буҷетиро ба роҳ мондан лозим аст. Дар режими онлайн ҳар корхонае, ки аз буҷет маблағ мегирад, дар тӯли сол бояд назорат карда шавад. Ҳама ҳуҷҷатҳо, харидҳо, тендерҳо ва ҳатто сурати лоиҳаи харидаашро дар сайти худ ҷой кунад. Ба ин восита ба Вазорати молия муяссар мешавад, ки маблағҳои ба ин ё он корхона ҷудошударо назорат барад, ки онҳо чӣ тавр харҷ шудаанд.

3. Пешниҳоди дигар дар робита ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ. Мо вақте ки ба Созмони умумиҷаҳонии савдо дохил шудем, уҳдадор гардидем, ки баробар ба 7 фоизи ММД истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намоем. Дар ҷумҳурӣ беш аз 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, вале тӯли ин солҳо ягонтои онҳо аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ наёфтанд. Ҳар сол ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ғалла ворид мекунем ва аз ин 40-45 миллион доллари он ба интиқол тавассути роҳи оҳан сарф мешавад. Яъне, деҳқонони хориҷиро дастгирӣ намуда, истеҳсолгарони худиро фаромӯш кардаем. Аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъ­а­­­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити рушдёбии муносибатҳои иқтисодӣ яке аз масъалаҳое, ки ҳамчун манбаи равнақёбии Буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад, маданияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ мебошад. Зимнан, тавре дар фасли 4-уми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омадааст: «Сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад».

Имрӯз, ки заминаҳои ташаккулёбии буҷети давлатӣ муътадил гардидааст ва он ҳар сол рушд меёбад, қадами дигар истифодаи самараноки он аз ҷониби ­субъе­кт­ҳои тақсимкунанда ва ё истифодабаранда (шахсони масъули татбиқкунандаи Буҷети давлатӣ) арзёбӣ мегардад. Дар ин бобат, истифодаи таҷриба ва моделҳои муваффақи кишварҳои пешрафта вобаста ба такмили дониши субъектҳои тақсимкунанда (ташкили давраҳои мунтазами омӯзишӣ, тренингҳо, семинарҳо), мониторинги ҷараёни истифода ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва аудити мустақили амалиёти молиявӣ хеле муҳим мебошад.

Илова бар ин, хушбахтона, низоми буҷетии кишвар ҳар сол рушд ёфта, муносибатҳои идоракунии молиявӣ ба системаҳои нави рақамӣ, худкор, интернетӣ, ғайринақдикунонӣ ва барномасозии буҷетӣ гузаш­та истодааст, ки такмили дониш, омӯхтани таҷриба ва сайқал додани малакаи кормандони масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи бомароми ин системаҳо тақозо мегардад.

Вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ҷонибдорӣ карда шавад.

РАИС: Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, сохтмон, саноат ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

Нидозода Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда, пеш аз ҳама, ҳадафҳои афзалиятноки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017-ро дар бар гирифта, барои амалӣ гаштани онҳо заминаи молиявӣ муҳайё менамояд.

Соҳаҳои энергетика, саноат, сохт­мон ва коммуникатсия қисми таркибӣ ва пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор мераванд ва танҳо дар натиҷаи рушди ин соҳаҳо метавон ба пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ноил гардид.

Тибқи пешгӯйии мутахассисон, талабот ба барқ, хусусан, ба барқи аз лиҳози экологӣ тоза, дар ҷаҳон то соли 2030 нисбат ба аввали асри бисту як қариб чор баробар зиёд хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба охир расонидани сохтмони НБО-и «Роғун», ки асосан дар доираи маблағҳои буҷетӣ амалӣ гашта истодааст, қадами устувор барои пешрафти на танҳо иқтисодиёти кишвар, балки Осиёи Марказӣ, мебошад.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 маб­лағгузориро дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ 4101929 ҳазор сомонӣ, саноат ва сохтмон — 156342, нақлиёт ва коммуникатсия 1751523 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки шаҳодати ин гуфтаҳост.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд! Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»-ро ҷонибдорӣ менамояд, зеро он тамоюли рушд­ро нигоҳ дошта, дар асоси барномаҳои созандаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда ва пас аз он яклухт ба овоз монда шуд ва қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021» тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия шудааст.

Ҳуҷҷати мазкур, пеш аз ҳама, барои ноил гардидан ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи миёнамуҳлат тавассути истифодаи сиёсати қарзӣ ва асъорӣ равона гардидааст. Дар баробари ин, дар он ҷанбаҳои муҳими ислоҳот барои татбиқи босамари рукнҳои асосии реҷаи ҳадафгирии таваррум, пурзӯр намудани  фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва таҳкими мустақилияти амалиётӣ, инчунин идоракунии пардохтпазирӣ, таъмини шаффофият ва такмили раванди дастрас будани маълумот ифода ёфтаанд. Дар ин робита мехостам оид ба вазъи кунунии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ, инчунин пешбурди самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ дар давраи миёнамуҳлат ба шумо маълумоти мухтасар пешниҳод намоям.

Дар 10 моҳи соли равон тамоюли тадриҷан барқароршавии рушди иқтисодиёти ҷаҳон, муътадилии нархи ашёи хом ва нисбатан беҳтар гардидани фазои иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони рушд ва инчунин, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва буҷету андоз имкон дод, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва вазъи молиявии кишвар дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шаванд.

Рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 7,0 фоизро ташкил дода, афзоиши он бештар аз ҳисоби соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ – сохтмон (13,1 фоиз) ва саноат (13,6), гардиши савдои чакана (7,6) ва кишоварзӣ (4,1 фоиз) таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 4,7 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,3 банди фоизӣ паст мебошад. То охири сол пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум дар доираи 5,5-6,0 фоиз нигоҳ дошта мешавад.

Дар фаъолияти иқтисоди берунӣ касри тавозуни савдо (1,7 млрд. доллари ИМА) нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 37,6 фоиз зиёд гардид, аз ҷумла содирот (903,5 млн. доллари ИМА) 9,8 фоиз коҳиш ёфта, воридот (2,6 млрд.доллари ИМА) ба андозаи 16,3 фоиз зиёд шуд.

Вобаста ба ин ва бо таъсири омилҳои дигари дохилию берунӣ (зиёдшавии воридот – 361 млн. доллари ИМА) қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА аз ибтидои сол 6,8 фоиз тағйир ёфт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,9 фоиз (соли гузашта – 11,7 фоиз) камтар мебошад. Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ ва фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ низ соли ҷорӣ тадриҷан ба эътидол омада истодааст. Натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ нишон медиҳад, ки дар даҳ моҳи соли 2018 онҳо фаъолияти худро бо фоида ба маблағи 291,5 млн. сомонӣ ҷамъбаст намудаанд, ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда танҳо 49,5 млн. сомониро ташкил дода буд. Бе назардошти ду бонки мушкилотдор бошад, фоидаи соли ҷории ташкилотҳои қарзӣ ба 303,8 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,4 млн.сомонӣ, 3,2 маротиба зиёд гардидааст.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ 21,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,5 фоиз зиёд аст ва уҳдадориҳои онҳо ба 15,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, 4,3 фоиз афзоиш ёфт.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ 4,9 фоиз афзоиш ёфта, ба 5,9 млрд. сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ 9,8 млрд. сомониро ташкил дода, бақияи он бо пули миллӣ 20,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 1,27 фоиз афзоиш ёфт. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 фоиз (829,6 млн.сомонӣ) зиёд шуд.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 6,0 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 16,5 фоиз (852,8 млн.сомонӣ) зиёд шуд. Ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 8,7 млрд. сомонӣ баробар гардида, 3,9 фоиз коҳиш ёфт. Теъдоди қарзҳои додашуда дар ин давра 17,5 фоиз ё 68,6 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 460,6 ҳазор адад баробар гардид, ки ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла, ба соҳибкории хурду миёна, шаҳодат медиҳад.

Айни ҳол фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ – 28,15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ – 17,37 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бештари қарзҳои додашуда ба савдои хориҷӣ (29,0 фоиз), истеъмолот (21,96 фоиз), саноат (21,24 фоиз), кишоварзӣ (9,13 фоиз), сохтмон (8,05 фоиз), хизматрасонӣ (7,19 фоиз), нақлиёт (2,51 фоиз) ва дигар соҳаҳо ҷудо гардиданд. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 41,16 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Қарзҳои ғайрифаъол дар 10 моҳи соли ҷорӣ 2 672,7 млн. сомонӣ ё 30,9 фоизи сандуқи қарзиро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 1 092,7 млн. сомонӣ коҳиш ёфта, вазни қиёсии онҳо дар сандуқи қарзии маҷмӯӣ 11,0 банди фоизӣ кам шудааст.

Меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзӣ дар 31 октябри соли 2018 ба 78,6 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда 47,1 банди фоизӣ баланд мебошад. Аз ҷониби Бонки миллӣ қарзҳо барои пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар даҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 500 млн.сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими солҳои охир ин таъмини пардохтпазирӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти бонкҳои муаммодор мебошад. Чунонки маълум аст, бо мақсади солимгардонии вазъи молиявии ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нақшаи чорабиниҳо дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардида, ҷиҳати таъмини иҷрои он як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла:

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз ҳисоби маблағҳои сармоякунонӣ (2 250 млн. сомонӣ) уҳдадориҳои худро дар назди буҷет ва сохторҳои дигари давлатӣ ба маблағи 1 300,5 млн. сомонӣ, амонатгузорон – 879,8 млн. сомонӣ ва дигар қарздеҳон – 69,7 млн. сомонӣ иҷро намуд.

ҶСК «Агроинвестбонк» (1 070 млн. сомонӣ) уҳдадориҳои худро дар назди буҷет ва сохторҳои дигари давлатӣ ба маблағи 407,0 млн. сомонӣ, амонатгузорон – 621,0 млн. сомонӣ ва дигар қарздеҳон – 42,0 млн. сомонӣ иҷро намуд.

Бонкҳои мазкур фаъолиятро дар самти барқарор намудани сатҳи пардохтпазирӣ, баргардонидани қарзҳои муаммодор ба таври нақдӣ ва фурӯши гаравҳои барои бозфурӯш гирифташуда идома дода истодаанд. Вале бояд қайд кард, ки корҳои иҷрошуда ҳоло ҳам қонеъкунанда намебошанд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам уҳдадориҳои ин бонкҳо дар назди муштариён зиёд буда, хавфи пардохтпазирии онҳо баланд аст. Азбаски қисми зиёди саҳмияҳои бонкҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, ҷиҳати баррасии фаъолияти минбаъдаи онҳо Гурӯҳи кории махсус таъсис дода шуд. Аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бояд то охири сол вобаста ба тақдири минбаъдаи ин бонкҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод карда шаванд. Баъди қабул гардидани қарори дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, тибқи он, нисбат ба бонкҳои мазкур чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Бояд зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси афзалиятҳои рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини суботи молиявии кишвар ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими фишангҳо ва вусъатдиҳии дараҷаи таъсирбахшии онҳоро дар солҳои минбаъда идома дода, чорабиниҳои зеринро амалӣ менамояд:

1. Бо ҳадафи нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок, таъмини сиёсати самаранок ва шаффофи пулию қарзӣ, татбиқи ислоҳотро ҷиҳати пурзӯр намудани заминаи сиёсати пулию қарзӣ баҳри ташкили фазои мусоид, бо дарназардошти гузариш аз пойгоҳи мониторӣ ба ҳадафгирии таваррум ва ҷоннок намудани фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, равона менамояд. Инчунин, сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» асосёфтаро идома дода, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро тибқи таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба роҳ монда, ҷиҳати нигоҳдорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми захираҳои тиллоиву асъории давлат чораҳои таъхирнопазир меандешад.

2. Тавре маълум аст, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дорад ва ҳар гуна буҳрони молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла таҳримҳо ба муқобили кишварҳои шарики тиҷоратӣ, ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин робита, дар доираи стратегияи қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои замонавии фаъолияташон ба содирот нигаронида корҳои муайян ба анҷом расонида шуда истодаанд, ки ба ин васила мо имконияти зиёд намудани захираҳои байналмилалии асъорию тиллоии давлатро муҳайё менамоем.

Инчунин, бо дарназардошти шароити имрӯза ва ҷиҳати тақвият додани раванди дедолларизатсия, дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, лоиҳаи Консепсия ба Харитаи роҳи гузариш ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллии кишварҳои аъзои Созмон пешниҳод шудааст ва айни замон механизми татбиқи он мавриди омӯзиш қарор дорад. Ғайр аз ин, ҷиҳати бастани шартномаҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои истифодаи асъори миллӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.

Бо ҳадафи густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, дар самти татбиқи барномаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор гуфтушунид идома дорад. Мавҷудияти чунин барномаҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки мо бештар захираҳои молиявиро бо асъори хориҷӣ барои тавозуни пардохт ва дастгирии Буҷети давлатӣ ҷалб намоем. Ин чорабиниҳо бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири омилҳои дар боло зикршуда равона гардидаанд.

3. Бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи мақбули захираҳои умумии байналмилалӣ ҷиҳати нигоҳдории сатҳи муътадили қурби асъор, татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва хизматрасонии саривақтии уҳдадориҳои берунаи давлат, тасмим гирифтем, ки ҳаҷми захираҳои умумии байналмилалиро зиёд намоем. Таъминнокии имрӯзаи онҳо ба 4,7 моҳи воридотӣ расонида шуд. Дар оянда низ амалиёти хариди филизоти қиматбаҳо ва асъори хориҷиро дар бозори дохилию хориҷӣ тақвият дода, нишондиҳандаи мазкур то 5-5,5 моҳи воридотӣ расонида хоҳад шуд.

4. Ҷиҳати дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, алалхусус, нархҳои истеъмолӣ ва танзими ҳаҷми пул дар муомилот ва рушди бозори молиявӣ, новобаста аз хароҷоти иловагии Бонки миллии Тоҷикис­тон, амалиёти монетарӣ вусъат дода шудаанд. Айни ҳол меъёри бозтамвил дар сатҳи 14,0 фоизи солона нигоҳ дошта шудааст. Дар ин робита, тавассути фишангҳои монетарии ғайримустақим фурӯши коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 15,6 млрд. сомонӣ бо даромаднокии ба меъёри бозтамвил алоқаманд (даромаднокии миёнавазн — 14,5 фоизи солона) анҷом дода шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,3 маротиба зиёд мебошад. Бо ин ҳадаф, амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 26,5 млрд.сомонӣ ҷалб гардид, ки ин таъсири мусбати худро ба кам намудани омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳои истеъмолӣ расонид. Татбиқи чунин фишангҳои монетарӣ дар давраи миёнамуҳлат низ бо мақсадҳои дар боло зикршуда идома дода мешавад. Ҳамчунин, дар раванди такмили механизми ҳамоҳангсозии сиёсати фискалӣ ва монетарӣ, рушди инфрасохтори молиявӣ ва бозори коғазҳои қиматнок мувофиқи таҷрибаи пешрафта бо мақомоти фискалӣ ҳамкориҳои зичи судманд ба роҳ монда мешавад.

5. Бо мақсади зиёд намудани пешниҳоди қарз ба иқтисодиёт, ҷиҳати ҷалби сарчашмаҳои арзони дохилию берунӣ ва пешбурди сиёсати мутавозуни қарзӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, инчунин баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода, паст намудани хавфҳои қарзӣ, мусоидат ба самаранокии фаъолияти бюроҳои қарзӣ ва зиёд намудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҳамзамон, усулҳои идоракунии корпоративӣ, тақвият додани талабот нисбат ба роҳбарияти ташкилотҳои қарзӣ, аз байн бурдани пешниҳоди қарз ба шахсони вобаста ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо дар сиёсати кадрии ташкилотҳои қарзӣ боз ҳам пурзӯр карда мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, аз ҷумла, рукнҳои бонкдории исломӣ, санадҳои меъёрии марбута такмил дода, фаъолияти як қатор ташкилоти қарзӣ дар самти мазкур тақвият дода мешавад.

6. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо, дар Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронида шуда, ҷиҳати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармояи арзон, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуд.

Дар натиҷа, меъёри фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ аз 20,0 фоиз дар 10 моҳи соли 2017 то 17,4 фоиз дар даҳмоҳаи соли ҷорӣ кам гардид ва меъёри фоизи қарзҳо бо пули миллӣ бошад, дар моҳи октябри соли 2018 тамоюли пастравӣ дошта, нисбат ба моҳи октябри соли 2017-ум 5 банди фоизӣ (аз 31,7 фоиз то 26,7 фоиз) коҳиш ёфт. Вале ҳолати мазкур, ҳоло ҳам моро қаноатманд карда наметавонад ва Бонки миллӣ дар самти мазкур якҷоя бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома дода истодааст.

7. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ Бонки миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Аз ҷумла, бо иштироки вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар Бонки миллӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, дар доираи фаъолияти он лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия карда шуд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Инчунин, Бонки миллӣ ташкилотҳои қарзиро вазифадор намудааст, ки соҳибкоронро сари вақт бо терминалҳои электронӣ таъмин намоянд ва фаъолияти мунтазами терминалҳоро ба роҳ монанд. Дар ин раванд ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ фаъолона насб намуда истодаанд. Аз ҷумла, ташкилотҳои қарзӣ аз аввали сол дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 856 адад терминали электрониро насб намуданд, ки дар маҷмӯъ шумораи онҳо ба 2801 адад расонида шуд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи мазкур 65 фоиз афзоиш ёфт. Ба санаи 1 ноябри соли равон ҳаҷми умумии амалиёт бо кортҳои пардохтӣ 8,4 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 24,9 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳаҷми амалиёт бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 412 млн.сомонӣ ба амалиёти ғайринақдӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 28,4 фоиз афзун аст. Шумораи амалиёти ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 936 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,8 фоиз зиёд мебошад. Миқдори кортҳои пардохтӣ дар муомилот ба 1 791 255 адад расид ва нисбат ба соли гузашта 5,3 фоиз афзоиш ёфт.

8. Яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар низоми бонкӣ ин беҳтар намудани усулҳои идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва такмили донишу малакаи кормандон мебошад. Вобаста ба ин, дар самти мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти кормандон ба талаботи имрӯза, ташкили бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, пурзӯр намудани талабот нисбат ба ҷобаҷогузории кормандон ва роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Инчунин, зимни пешбурди сиёсати кадрӣ дар низоми бонкӣ ба масъалаи ба кор қабул намудан ва донишандӯзию касбомӯзии занону ҷавондухтарон, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳамзамон, дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкию молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ фаъолона кор бурда шуда, дар ин бобат ба ташкилотҳои қарзӣ низ тавсияву дас­турҳои зарурӣ дода мешавад, зеро маърифатнокии молиявии аҳолӣ боиси рушди рақобат дар бозори хизматрасониҳои молиявӣ ва суботу устувории молиявӣ мегардад.

9. Баҳри пурзӯр намудани иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд, ширкатҳои суғуртавӣ, лизингӣ, ломбард), ташкили воқеии бозори молиявӣ ва бозори дуюмдараҷаи он, тибқи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия ва дигар мақомоти дахлдор чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

10. Ҷиҳати таъмини шаффофият ва такмили раванди ахборотдиҳӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ, механизму фишангҳои коммуникатсионӣ барои таъсиррасонӣ ба интизориҳои таваррумӣ, дар ҳамоҳангӣ бо агентҳои иқтисодии кишвар дар амал татбиқ карда мешавад.

Умуман, лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди таҳлил қарор дода шуд ва бо пешниҳод ва тағйиру иловаҳои воридшуда он саҳеҳтару мукаммал гардид. Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»  таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлатро барои соли 2019 муайян менамояд.Инчунин, барои  соли 2019 бо дарназардошти таҳлилу мушоҳидаҳо ва баҳогузории вазъи кунунии иқтисодиёти дохилӣ ва таъсири омилҳои берунӣ, бо мақсади таҳия ва татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ тарҳрезӣ шуда, барои таъмини муътадилии сатҳи нархҳо дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок, ки омили муҳими пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, инчунин ба таъмини суботи низоми молиявӣ равона мегардад.

Таркиби ҳуҷҷати мазкур бахшҳои зеринро дар бар мегирад: шарҳи вазъи макроиқтисодӣ ва молиявии кишвар дар соли 2018, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2018, дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ дар соли 2019.

Дар соли 2019 ҳадафи ниҳоӣ ба нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи 7,0 фоиз равона мегардад. Баҳри ноил шудан ба ин ҳадаф ва пешгирии таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо, истифодаи самараноки фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, ба монанди амалиёт дар бозори озод, амалиёти бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёти асъорӣ дар бозори байнибонкӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Истифодаи реҷаи ҳадафгирии пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи амалиётӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ идома дода мешавад. Нигоҳдории афзоиши ҳаҷми пул вобаста ба талаботи иқтисодиёт, пеш аз ҳама, тавассути танзими ҳаҷми пулҳои захиравӣ, захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои софи дохилӣ пешбинӣ мегардад.

Ҳадафи асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи нишондиҳандаи муътадили якрақама нигоҳ доштани меъёри таваррум ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли ҳисоботӣ дар тағйирёбии сатҳи нархҳо таъсири омилҳои ғайримонетарӣ асосӣ буда, ба он бештар омили пешниҳодот, коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрок­ворӣ ва омилҳои мавсимӣ таъсир расонид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи дурнаморо ҷонибдорӣ ва барои такмили он шаш таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 4 –тоаш қабул гардид. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Оид ба масъалаи мавриди баррасӣ кӣ савол дорад?

Сухан ба вакил Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Мо — аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ду таклиф  пешниҳод карда будем, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд. Дар Паём, аз ҷумла, омадааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, нақшаи таҷдиду  солимгардонии ҷамъиятҳои саҳомии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро дар муҳлатҳои  кӯтоҳтарин  таҳия ва амалӣ намояд. Дар лоиҳаи дурнамо бошад, ягон ишора  аз ин хусус нест, дар ҳоле ки ҳар рӯз ба мо шаҳрвандони зиёд муроҷиат мекунанд.

Саволи дигар. Дар лоиҳаи дурнамо  омадааст, ки меъёри қарзҳои пешниҳодшуда дар соли 2019-ум 28,5 фоизро ташкил менамояд. Магар соҳибкоре, ки бо 28,5 фоиз қарз мегирад, онро баргардонида метавонад?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Нақшаи солимгардонии ҳар ду бонк таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Мутаассифона, аз ҷониби онҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро карда нашуд. Қайд кардам, ки маблағҳои муайян аз ҷониби онҳо баргардонида шуд. Ин ҷо чизи дигарро низ зикр кардан мехоҳам: Амволи багаравгирифтаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» беш аз 2400 миллион сомониро ташкил менамояд. Қарзҳои барнагардонидааш  бошад, ба 492 миллион сомонӣ баробар аст. Дороии бонк  3,9 миллиард сомонӣ мебошад, агар амволи багаравгирифтаро фурӯшад, бе ягон мушкилӣ аз  қарзҳояш  халос мешавад.

Вазъи ҶСК «Агроинвестбонк» ҳам тақрибан ҳамин гуна аст. Ҳар ду бонк беш аз 200 миллион сомонӣ қарзро солҳои охир баргардониданд. Ин кор асосан аз ҳисоби пардохти  қарзҳо аз ҷониби мизоҷон ва фурӯши амвол амалӣ гардид.

Дар мавриди ҷалби сармоя бошад, ҳанӯз ин ду  бонк муваффақ нашудаанд. То охири сол бонкҳо  фурсат гирифтаанд, то сармоя ҷалб намуда, вазъи молиявиро солим гардонанд.

Дар масъалаи фоизи  қарзҳои пешниҳодшаванда. Тақрибан 10 сол пеш,  фоизи қарзҳо аз ин ҳам баланд буд.  Ҳоло дар сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ депозитҳое мавҷуданд, ки солҳои  пеш, бо фоизи баланд ҷалб карда шудаанд ва ҳиссаашон бештар аст. Тадриҷан фоизҳо паст шуда истодаанд, якбора онро 18 фоиз муқаррар карда намешавад.

РАИС: — Сухан ба вакил Усмонзода Саид­ҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Мардум низ аз бонкҳо қарздоранд, вале сарфи назар аз вазъи баамаломада, ба аксари қарзҳо ҷаримаю пенаҳо илова шудааст. Роҳбарияти Бонки миллӣ оид ба  масъалаи зикршуда чӣ андеша дорад?

Ҷамшед Нурмаҳмадзода:

- Оид ба ин масъала шаҳрвандон ба мо муроҷиат мекунанд. Бо ҳисобҳои тахминӣ ҷаримаю пенаҳо  қариб як миллиард сомониро ташкил намудаанд. Мо ҳоло тадбир андешида, ҷаримаю пенаҳоро аз ҳисоб бароварда истодаем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ва тағйирёбии иқлим»  шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур 13 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 65 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст, ки 27 млн. доллари амрикоии онро маблағҳои Фонди иқлими сабз ташкил медиҳад.

Созишномаи грантии лоиҳаи номбурда низ 13 апрели соли 2018 дар ҳаҷми 23 млн. доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шудааст, ки пурра аз маблағҳои Фонди иқлими сабз мебошад.

Маблағи қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла 3,5 соли давраи имтиёзӣ, ҷалб карда шуда, хизматрасонии он бо меъёри LIBOR+1 фоизи солона (ба ҳолати моҳи апрели соли ҷорӣ 2,46 фоиз ва ба ҳолати 21 ноябри соли равон 2,85 фоиз)  амалӣ карда мешавад.

Маблағҳои қарзии Фонди иқлими сабз ба муҳлати 40 сол, аз ҷумла, 10 соли давраи имтиёзӣ, ҷалб гардида, хизматрасонии он бо меъёри 0,25 фоизи солона ва 0,5 фоиз барои захиракунии маблағ анҷом дода мешавад.

Ҳадафи лоиҳа таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» буда, тавассути истифодаи маб­лағҳои ҷалбшуда, аз ҷумла ивази агрегатҳо ва таҷҳизоти механикӣ, барқарорсозии сарбанд ва таҷдиди чор таҷҳизоти гид­ромеханикӣ ва электромеханикии марҳилаи дуюми неругоҳи мазкур анҷом дода мешавад. Бо анҷоми корҳои зикршуда бехатарии сарбанди неругоҳ таъмин ва иқтидорҳои мавҷудаи он аз 126 МВт то 174 МВт ё 48 МВт зиёд хоҳад шуд. Зиёд гардидани иқтидорҳои неругоҳ дар навбати худ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии кишвар бо неруи барқ мусоидат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи лоиҳа, инчунин барои хизматрасонии муҳандисӣ ва таҳкими иқтидори кормандони агентии татбиқкунанда аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 2,7 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки техникӣ ҷудо карда мешавад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз мегардад ва анҷоми он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Ҷалби маблағҳои мазкур ба талаботи меъёрҳои «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъалаҳо ба муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Асозода Маҳмадумар дода мешавад.

Маҳмадумар АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки соли 1956 сохта, ба истифода дода шудааст, зиёда аз 60 сол аст барқ истеҳсол менамояд. Айни замон таҷҳизоти он куҳнаву фарсуда гардидаанд ва масъалаи таҷдиду азнавбарқарорсозии он ба миён омадааст.

Вобаста ба ин, бо ҷалби маблағгузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд соли 2014 аз ҷониби Ширкати австриягии «IC Consalenten» «Асосноккунии техникӣ — иқтисодии таҷдиди НБО-и «Қайроққум» гузаронида шуд. Маб­лағи умумии таҷдиди неругоҳ, дар асоси тадқиқоти гузаронида, тақрибан аз 180 то 200 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Вазифаи асосии лоиҳа таҷдиди НБО-и «Қайроққум» ба воситаи ивази агрегатҳо, таҷҳизоти механикӣ ва барқарорсозии сарбанд мебошад.

Марҳилаи 1-уми лоиҳаи мазкур асосан аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ гардида истодааст. Вобаста ба ин, 25 июли соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои қарзӣ ва грантиро ба маблағи 71 миллион доллари ИМА ба имзо расонида буданд. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҳамкории Австрия ва маблағҳои грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд зиёда аз 3,32 миллион доллар ҷудо шудааст. Маблағҳои мазкур барои пардохти хизматрасониҳои мушовирон оид ба дастгирии гурӯҳ дар татбиқи лоиҳа ва мушовирон оид ба лоиҳакашии техникӣ пешбинӣ гардидааст.

Иҷрои корҳо дар доираи Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» дар ду марҳила пешбинӣ мешавад.

Марҳилаи 1: ивази ду адад агрегат (генератор ва турбина) ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо ва корҳо вобаста ба барқарорсозии садд:

Марҳилаи 2: Ивази чор агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо. Пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозӣ иқтидори неругоҳ аз 126 МВт ба 174 МВт расонида мешавад. Истеҳсоли миёнаи неруи барқ то 38 фоиз афзоиш ёфта, муҳлати истифодабарии таҷҳизот зиёд мегардад.

Бояд қайд намуд, ки бинобар сабаби зиёд будани ҳаҷми кор ва аз ҷиҳати техникӣ мушкил будан, оид ба интихоби ширкати пудратӣ барои таҳвил ва насби таҷҳизоти гирдавликӣ, турбинаҳо, таҷҳизоти электромеханикӣ ва садди бетонӣ дар марҳилаҳои зерин озмун гузаронида шуд:

Марҳилаи 1 — Пешазтахассусӣ

Марҳилаи 2 — Пешниҳодҳои техникӣ

Марҳилаи 3 — Пешниҳодҳои техникии азнавтаҳриршуда ва молиявӣ.

Айни замон арзёбии пешниҳодҳо ба анҷом расидааст ва аз 26 ноябри соли 2018 гуфтушунид бо ширкати ғолиб оғоз ёфт. Баимзорасонии қарордод декабри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки барои таҷдиди неругоҳ пешсафтарин ширкатҳои дунё, ки дар таҷдид ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ таҷрибаи бузург доранд (Ширкати муштараки «General Electric Hydro (Фаронса), General Electric Renewable Switzerland (Швейтсария) and Cobra Instalaciones Servicios SA» (Испания)) ҷалб гардидаанд.

Хоҳиш менамоям, созишномаҳои мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи масъалаҳои мазкур ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо дода мешавад.

Дилрабо МАНСУРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқии обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа таҷдиди НБО-и «Қайроққум» ба воситаи ивази агрегатҳо, таҷҳизоти механикӣ ва барқарорсозии сарбанд, инчунин, мусоидат ба қарзгиранда дар таҷдиди чор таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикии марҳилаи дуюми НБО-и «Қайроққум» мебошад.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур 126,0 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардида, аз он 38 млн. доллари амрикоӣ қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 50,0 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 23,0 млн. доллари амрикоӣ грант ва 27,0 млн. доллари амрикоӣ қарзи Фонди иқлими сабз ва 38,0 млн. доллари амрикоиро қарзи Бонки сармоягузории Аврупо ташкил менамояд. Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур кумаки техникӣ дар ҳаҷми 2,7 млн. доллари амрикоӣ пешниҳод гардидааст.

Тибқи созишномаҳои баимзорасида, ҷиҳати барқарорсозии НБО-и «Қайроққум» Бонки аврупоии таҷдид ва рушд якҷо бо Фонди иқлими сабз дар ҳаҷми 88,0 млн. доллари амрикоӣ маблағ пешниҳод намуданд, ки аз он 65,0 млн. доллари амрикоиро қарз ва 23,0 млн. доллари амрикоиро грант ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2023 пешбинӣ шудааст. Он яке аз лоиҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 3 феврали соли 2016, № 347 тасдиқ ва ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои  солҳои 2016-2020» ворид карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 7 ноябр дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва роҳбарияти Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои ШСХК «Барқи Тоҷик», Созишномаи қарзӣ ва грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи лоиҳавӣ (47253) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар хусуси Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидзода Зоҳир Озод дода мешавад.

САИДЗОДА Зоҳир Озод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ҳама шоҳид ҳастем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, новобаста аз таърихи муштарак аз даврони асрҳои миёна, қаробати диниву фарҳангӣ ва анъанаҳои дӯстӣ, урфу одатҳои ҳамсон ва дигар омилҳое, ки ду миллатро ба ҳам наздик месозанд, марҳилаҳои пуртазоди муносибатҳоро паси сар намуданд. Дар солҳои охир ба шарофати иродаи қавии сиёсии роҳбарони ҳар ду кишвар ва дурандешии азалии мардуми тоҷик ва ӯзбек барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муяссар гардид.

Қобили зикр аст, ки роҳандозии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фазои мутақобилан судманд дар ҳама самт ҷараён гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар мебошад. Самараи ин сиёсати созандаро айни замон дар гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавон мушоҳида намуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ қариб 220 млн.доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2,5 маротиба зиёд гардидааст.

Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла масоили амниятӣ ва сулҳу субот дар минтақа, мавқеи яксон ё ба ҳам наздик доранд ва ҷонибдори ҳамгироии бештару фарогир мебошанд. Дар ин робита бояд таъкид намуд, ки нақши парламентҳои ҳар ду кишвар дар пешбурди муносибатҳо, аз ҷумла устувор гардонидани пояи қарордодиву ҳуқуқӣ, инчунин тавассути тақвияти ҳамкориҳо дар доираи гурӯҳҳои дӯстиву ҳамкории байнипарламентӣ, басо муҳим мебошад.

Дар ин росто Шартномаи шарикии стратегӣ, ки зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 августи соли 2018 ба имзо расидааст, санади бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи он эътироф ва устувор намудани сатҳи муносибатҳо байни ду кишвари ҳамҷавори ба ҳам дӯст мебошад, ки дорои таъриху тақдири муштарак ва фарҳангу анъанаҳои шабеҳанд.

Шартнома, инчунин, уфуқҳои нави ҳамкориро дар марҳилаи дарозмуддат фатҳ менамояд ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав, ки ба иқтидор ва имконоти ҳар ду кишвар мутобиқ аст, мебарорад.

Шартномаи мазкур аз 16 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои он ба тақвияти ҳамкориҳо ба самтҳои зерини калидӣ нигаронида шудаанд:

- таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, сулҳу субот;

- мубориза бо чолишҳо ва таҳдид­ҳои нави амниятӣ;

- пешгирии ҳолатҳои фавқулода;

- рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ;

- рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт;

- тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ- техникӣ;

- ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ;

- ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон;

- рушду ҳифзи забони модарӣ ва фарҳангу анъанаҳои миллӣ.

Қисми хотимавии шартномаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо, тартиби эътибор пайдо намудан ва қатъ гардидани шартномаро ба танзим медарорад.

Ба имзо расидани Шартнома оид ба шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон созгор ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо барои идомаи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд омодаанд.

Шартнома, инчунин, ба ривоҷу равнақи бештари муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такони ҷиддӣ мебахшад ва барои истифодаи имконоти мавҷуда шароити мусоид фароҳам меорад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло хоҳиш менамоям, ки Қарор дар хусуси тасдиқи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Шартномаи мазкурро аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мутахассисони шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита шартнома бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Шарномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод дода мешавад.

САИДЗОДА Зоҳир Озод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.

Он зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 августи соли 2018 ба имзо расида, муқаррароти он ба шароити будубош ва фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон беҳбуд мебахшад.

Созишномаи мазкур аз 15 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои он заминаи ҳуқуқии бунёди иншооти намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишварро дар пойтахтҳои ҳамдигар, инчунин шароити мусоидро барои фаъолияти пурсамари онҳо, фароҳам меорад.

Мутобиқи моддаи 1 созишнома, ҷониби Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон қитъаи заминро бо масоҳати 1,2 га воқеъ дар шаҳри Тошканд дар буриши кӯчаҳои Себзор ва Зулфияхоним, ба муҳлати 49 сол барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод менамояд.

Тибқи моддаи 2 созишнома, ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Ӯзбекис­тон қитъаи заминро бо масоҳати 1,2 га воқеъ дар шаҳри Душанбе, дар қисмати ҷанубии хиёбони Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳраки дипломатии № 1, паҳлуи Сафорати Федератсияи Россия, ба муҳлати 49 сол пешниҳод менамояд.

Қисми хотимавии созишнома масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо, тартиби эътибор пайдо намудан ва қатъ гардидани онро ба танзим медарорад.

Дар асоси созишномаи мазкур Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 672 аз 12 октябри соли 2018 оид ба додани қитъаи замин ба Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Бояд қайд намуд, ки ҷудо намудани қитъаи замин ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо риояи услуби баробарӣ амалӣ гардида, ҷониби Ӯзбекистон дар яке аз мавзеъҳои бонуфузи шаҳри Тошканд барои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қитъаи замин ҷудо кардааст. Муомилоти мазкур одилона буда, усули баробарӣ комилан риоя гардидааст.

Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда ва таҷрибаи қаблии сохтмони чунин иншоот, дар қитъаи замини мазкур дар шаҳри Тошканд маҷмааи биноҳои намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ ва бо дарназардошти унсурҳои миллӣ бунёд мегардад. Сохторҳои дахлдори кишвар дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ корҳои тахассусиро дар ин робита пайгирӣ менамоянд.

Ба имзо расидани созишнома дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон созгор мебошад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки тасмими ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ҷиддӣ мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки Қарор дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода  Олим дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августаи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2018, № 1949 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Ҳадафи созишномаи мазкур таъмини шароити муносиби истиқомат ва фаъолият барои кормандони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси муносибатҳои хуби накуҳамсоягӣ ва бо дарназардошти меъёрҳои Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 омода гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Бa тасвиб расидани созишномаи мазкур қадами наве дар роҳи таҳкими муносибатҳои дипломатӣ бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аст, ки натиҷаи  азму иродаи роҳбарияти олии ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар ва мардуми онҳо мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории созишнома овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,  Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ