Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 қабул гардид

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

DSC_9903Бисту дуюми ноябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 53 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022

3. Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат

4. Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», инчунин, талаботи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» бо мақсади ҷалби маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои афзалият­дошта, таъмини самаранокии онҳо, мониторинги мунтазами ин раванд, таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи барномаи мазкур дар раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли ҷорӣ баррасӣ ва қарори дахлдор доир ба он 1 ноябри соли 2019 қабул гардидааст.

Барномаи пешниҳодшуда аз 91 лоиҳа, аз ҷумла, 60 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 лоиҳаи банақшагирифташуда, иборат мебошад. Маблағи умумии барнома 3,1 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 2067,1 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои ҷалбшуда ва 1074,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои ҷалбшаванда мебошанд.

Аз теъдоди умумии лоиҳаҳои дар барнома пешбинишуда ба соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ 13 лоиҳа, тандурустӣ — 2, маориф — 7, энергетика ва саноат — 21, нақлиёт ва коммуникатсия — 25, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 17, ҳокимият ва идоракунии давлатӣ — 5, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳа рост меояд.

Аз лоиҳаҳои банақшагирифташуда «Лоиҳаи роҳрави ҲИМОМ 2 ва 5, яъне Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод» ба маблағи 350 млн. доллари амрикоӣ (аз ҷумла, 110 млн. доллар грант), «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа — Данғара» ба маблағи 60,0 млн. доллари амрикоӣ, «Барқарорсозии НБО «Норак» марҳилаи 2» ба маблағи 50 млн. доллари амрикоӣ, «Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» марҳилаи 2» ба маблағи 38,0 млн. доллари амрикоӣ, «Лоиҳаи беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» ба маблағи 25,0 млн.доллари амрикоӣ, «Лоиҳаи сохтмон ва барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ» ба маблағи 35 млн. доллари амрикоӣ ва дигар лоиҳаҳоро метавон номбар намуд.

Бояд зикр намуд, ки ҷалби ­маблағҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигаронида шудаанд.

Маблағҳои қарзии ҷалбшуда имтиёзнок ва дарозмуддат буда, муҳлати онҳо аз 20 то 40 солро ташкил дода, меъёри фоизи хизмат­расонии онҳо аз 0,75 то 2,5 фоизи солонаро дар бар мегирад. Инчунин, давраҳои имтиёзнокӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳо вобаста ба баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро ташкил медиҳад.

То 1 январи соли 2019 азхудкунии маблағҳои қарзии ҷалбшуда аз аввали татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ба 1,018 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст. Мутобиқи таҳлили пешакӣ, азхудкунии маблағҳо то охири соли ҷорӣ 189,8 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, ин нишондиҳанда барои соли 2020 дар ҳаҷми 228,1 млн. доллари амрикоӣ, дар соли 2021-ум 336,5 млн. доллари амрикоӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 365,3 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ 21 созишномаи нави қарзию грантӣ барои амалӣ намудани 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бори нахуст дар соҳаи сайёҳӣ, ки маблағи умумии онҳо 355,4 млн. доллари амрикоиро ташкил менамояд, ба имзо расонида шуд. Аз ин маблағ 208,3 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ (58,6 фоиз) ва 147,1 млн. доллари амрикоӣ (41,4 фоиз) маблағҳои қарзии имтиёзнок мебошад.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат аз рӯи хизматрасонии қарзи беруна дар 10 моҳи соли равон 161,1 млн. доллари амрикоӣ пардохт шудааст, ки аз он 95,0 млн.доллар қарзи асосӣ ва 66,1 млн. доллар фоизи қарзҳо мебошад. Уҳдадориҳои иҷронашуда дар ­назди ташкилотҳои молиявӣ мавҷуд нестанд.

То 1 октябри соли 2019 ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба 3,6 млрд. доллари амрикоӣ ё 44,7 фоизи ММД баробар гардида, аз он қарзи беруна 2,9 млрд. доллари амрикоӣ (35,8 фоизи ММД) ва қарзи дохилӣ 6,9 млрд. сомониро (714,9 млн. доллари амрикоӣ ё 8,9 фоизи ММД) ташкил медиҳад.

Дурнамои ҳаҷми умумии қарзи беруна, бо дарназардошти хизматрасонии он дар соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 млрд. доллари амрикоӣ, соли 2021 дар ҳаҷми 3,3 млрд. доллари амрикоӣ ва барои соли 2022 дар ҳаҷми 3,5 млрд. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ММД мутаносибан 36,4 фоиз, 35,9 фоиз ва 33,4 фоизро ташкил менамояд.

Ин нишондиҳандаҳо ба муқаррароти стратегияи идораи қарзи берунаи давлатӣ мутобиқат намуда, тағйирёбандаанд ва ҳар сол вобаста ба вазъи иқтисодии кишвар ва амалӣ шудани барномаҳои ҳамкории ҷумҳурӣ бо созмонҳои молиявӣ, таҷдиди назар карда мешаванд.

Татбиқи барнома имкон медиҳад, ки барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт маблағгузорӣ гардида, рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт таъмин карда шаванд.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ барномаи миёнамуҳлат буда, дар асоси тартиб ва меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ ва ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои фискалӣ, инчунин, идораи босамари раванди қарзгириҳои беруна, амалӣ карда мешавад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

Ҷобирзода Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021-2022 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», таҳия гардида, ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосии дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола равонашударо инъикос менамояд, мутобиқат мекунад.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли ­навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда бо ҷудо намудани маблағи қарз ба қарздиҳандаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт, инчунин ахбороти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии ҷорӣ ва банақшагирифташударо дар бар мегирад.

Мақсади асосии «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2022» таъмини самаранокӣ ва мониторинги мунтазами раванди ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии андӯхти назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад. Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ миёнамуҳлат буда, дар асоси тартибу меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайянгардида ва бо дарназардошти коҳиш додани хавфи фискалӣ ва таъмини муносиб дар доираи идоракунии қарзгириҳои берунӣ амалӣ карда мешавад. Ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикргардида, ки афзалиятнокии баланд доранд, барои рушди муътадили иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Тайи солҳои охир бо саъю кӯшиши пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди сохтори қарз, инчунин, рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, вазъи қарзи беруна дар кишвар беҳтар гардид ва то 1 июли соли 2019 ҳаҷми қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 894,5 млн. доллари америкоиро ташкил дод, ки ин ба 35,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Барномаи мазкур 60 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордош­таро дар бар мегирад. Аз ҷумла, бо Бонки ҷаҳонӣ 11 созишномаи қарзӣ, Бонки Осиёии Рушд — 3, Бонки исломии рушд — 14, Фонди саудии рушд — 4, Фонди кувайтии рушд — 2, Фонди созмони давлатҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) — 4, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд — 27, «Эксимбонк»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой — 4, Бонки аврупоии сармоягузорӣ — 2, Хазинаи зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё — 1, Бонки авруосиёии рушд — 2, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ — 2, Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ — 4, Фонди иқлими сабз — 1 созишномаи қарзӣ ва 10 лоиҳае, ки тариқи ҳаммаблағгузорӣ ба барнома ҳамчун қарздиҳандаҳо дохил шудаанд, фаро мегирад.

Барнома аз рӯи намуди истифодабарии маблағҳои қарзӣ дар соҳаҳои зерини иқтисодиёт таҳия шудааст, аз ҷумла:

- бахши кишоварзӣ ва мелиоратсия — 13 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 28,46 млн. доллари америкоӣ;

- бахши тандурустӣ — 2 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 23,25 млн. доллари америкоӣ;

- бахши маориф — 7 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 47,26 млн. доллари америкоӣ;

- бахши энергетика ва саноат — 21 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 786,02 млн. доллари америкоӣ;

- бахши нақлиёт ва алоқа — 25 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 116,05 млн. доллари америкоӣ;

- бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ — 17 лоиҳаи қарзӣ ба маб­лағи 20,96 млн. доллари америкоӣ;

- бахши идоракунии давлатӣ — 5 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 20,0 млн. доллари америкоӣ ва бахши ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 0,90 млн. доллари америкоӣ.

Қарзгиранда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағи асосии қарзҳо амалӣ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи барномаро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки барномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Дар маърӯзаи вазири молия зикр гардид, ки маблағҳои буҷети давлатӣ барои рушди иқтисоди миллӣ нигаронида шудаанд. Дар робита ба ин, аз раиси Бонки миллӣ пурсиданиам, ки «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк», ки аз ҷумлаи бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ буда, барои рушди иқтисодиёт маблағи зиёд қарз пешниҳод мекарданд, имрӯз чӣ ҳол доранд? Оё масъалаи бозпас гирифтани литсензияи ин ду бонк ҳоло дар Бонки миллӣ мавриди баррасӣ ҳаст ё не?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Дар бонкҳое, ки мудирияти муваққатӣ ҷорӣ карда шудааст, вазъи фаъолияташон бад нест. Масалан, дар «Тоҷпромбонк» 315 нафар пасандозгузор боқӣ монда, бонк уҳдадориашро дар назди пасандозгузорон дар ҳаҷми 156 миллион сомонӣ кам кардааст. «Фононбонк» ҳоло аз 15 шахси воқеию ҳуқуқӣ қарздор буда, 64 пасандозгузор пасандозашонро нагирифтаанд. Амволи бонк ба фурӯш бароварда шудааст ва баъди ба савдо рафтани он бонк дар назди мизоҷон ва дигар ташкилотҳо уҳдадориашро ба иҷро расонида метавонад.

Дар бораи бонкҳои низомсоз. «Агроинвестбонк» уҳдадории худро дар ҳаҷми 1 миллиарду 142 миллион сомонӣ дар назди пасандозгузорон ва шахсони ҳуқуқӣ кам кард. Пасандозгузорони бонк 18 ҳазор кам шуда, 32 ҳазор боқӣ мондаанд. Қарзи бонк аз амонатгузорон ва дигар шахсони ҳуқуқӣ 667 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Тибқи уҳдадорӣ, бонк моҳи ноябри соли ҷорӣ боз 40 миллион сомонӣ қарзро аз амонатгузорон кам мекунад.

Дороии имрӯзаи «Тоҷиксодиротбонк» 3 миллиарду 157 миллион сомониро ташкил намуда, уҳдадориаш дар назди мизоҷон 1 миллиарду 321 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Дар ин давра бонк дар ҳаҷми 2 миллиарду 417 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар назди пасандозгузорон — ашхоси воқеӣ 759 миллион сомонӣ уҳдадориашро кам карда, ҳоло аз шахсони воқеӣ, ки шумораашон 13955 нафар мебошад, 441 миллион сомонӣ қарздор мондааст.

Роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки уҳдадориҳояшонро дар назди пасандоз­гузорон ва дигар ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ба иҷро расонанд.

РАИС: - Кӯшиш бояд намуд, ки ин масъалаҳо ҳар чӣ зудтар ҳалли худро ёбанд, зеро пешравии иқтисодиёт бе фаъолияти муназзами бонкҳо ғайриимкон аст. Боварии мардумро ба бонкҳо бояд баргардонид, то ин ки дубора ба онҳо рӯ оваранд.

Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади барои ноил омадан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола харҷи 118 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Аз он 54 миллиард доллар қарз бояд ҷалб карда шавад. Дар панҷсолаи миёнамуҳлат бояд 24 миллиард доллар ҷалб мегардид. Муҳтарам вазир, бигӯед, ки аз ин миқдор чӣ қадар қарз то ҳол ҷалб ва аз худ карда шудааст?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барномаи миёнамуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, татбиқи он ба амал бароварда мешавад. То ҳол қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,6 миллиард долларро ташкил менамояд. Бояд зикр намуд, ки қарзгирӣ вобастагӣ дорад ба вазъи иқтисоди кишвар. Сармоягузорӣ ба иқтисодиёт танҳо ба қарзгирии берунӣ вобаста набуда, балки сармоягузории дохилӣ низ васеъ истифода мешавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 — 2022» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар, бо ба инобат гирифтани «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022», тамоюли рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар нимсолаи аввали соли 2019, инчунин, тавсия ва таклифоти Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардида, дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он 1 ноябри соли 2019 қабул гардид.

Дар раванди таҳияи лоиҳаи пешниҳодшуда аз рӯи бартарият ­дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин ҳангоми вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа, таклифу пешниҳоди вакилони арҷманд ва бахусус ­маблағгузории чорабиниҳое, ки дар стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои соҳавӣ пешбинӣ шудаанд, аз рӯи имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Даромади умумии Буҷети давлатӣ барои соли 2020 аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 26,1 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар қиёс ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 9,6 фоиз ё ба маблағи 2,3 млрд. сомонӣ зиёд буда, он ба 29,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Ҳаҷми даромади ҷории Буҷети давлатӣ, бо дарназардошти пешбинии ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷет ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат, дар ҳаҷми 19,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шуд. Барзиёдии ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети амалкунандаи соли ҷорӣ 9,6 фоиз ё 1,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Иҷрои нақшаи даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин, аз ҷумла аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 17,9 млрд. сомонӣ (бо афзоиши 1,6 млрд. сомонӣ), воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,3 млрд. сомонӣ (бо афзоиши 105,6 млн. сомонӣ) ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2020 воридоти ­маблағҳои грантию қарзӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 4,5 млрд. сомонӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,0 млрд. сомонӣ низ ба инобат гирифта шудааст. Воридоти маблағҳо аз манбаъҳои зикршуда нисбат ба ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ мутаносибан 17,2 фоиз ва 7,7 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми маблағҳои қарзию грантии зикршуда тағйирпазир буда, вобаста ба амалӣ шудани барномаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, фаъол гардидани созишномаҳои соли 2019 ба имзорасида, инчунин созишномаҳои нав ташаккул ёфта, вобаста ба зарурат давоми соли молиявӣ ба қисми дахлдори буҷети давлатӣ тағйироти зарурӣ ворид карда мешавад.

Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Хароҷоти умумии Буҷети давлатӣ барои соли 2020 бо мақсади марҳила ба марҳила амалӣ намудани ҳадафҳои афзалиятдоштаи кишвар ва нақшаю чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар ҳаҷми 26,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар муқоиса ба буҷети тасдиқгардидаи соли 2019 ҳаҷми умумии хароҷоти пешбинишуда 2,2 млрд. сомонӣ зиёд буда, он ба 30,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар мебошад.

Бо дарназардошти ниёзмандии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба ­маблағгузорӣ ва афзалият, дар лоиҳа барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 11,7 млрд. сомонӣ бо афзоиши 10,8 фоиз, соҳаи маориф 5,0 млрд. сомонӣ бо барзиёдии 13,6 фоиз, соҳаи тандурустӣ 1,8 млрд. сомонӣ бо афзоиши 5,8 фоиз, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 3,9 млрд. сомонӣ бо афзоиши 6,4 фоиз, соҳаи фарҳанг 972,6 млн. сомонӣ бо афзоиши 27,9 фоиз пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳа, инчунин, ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ 8,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 3,4 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия зиёда аз 2,0 млрд. сомонӣ бо афзоиши 12,4 фоиз, соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал 1,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 27,1 фоиз ва хароҷоти дигар дар ҳаҷми 3,1 млрд. сомонӣ бо афзоиши 23,6 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Аз маблағи барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёт пешбинишуда 3,9 млрд. сомонӣ ба соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ, 785,5 млн. сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва 232,4 млн. сомонӣ ба соҳаҳои саноату сохтмон равона мегардад.

Барои маблағгузории иншооти сохтмонӣ ва таъсиси фондҳои нав тавассути маблағгузориҳои мутамарказ ҷудо намудани 3,8 млрд. сомонӣ бо афзоиши 2,8 фоиз пешбинӣ шудааст, ки аз он 2,1 млрд. сомонӣ барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» равона мешавад.

Инчунин, дар лоиҳа 5,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 443,2 млн. сомонӣ барои таъмини фонди музди меҳнати соҳаҳои буҷетӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар қисми хароҷоти лоиҳа, инчунин, маблағҳо барои хизматрасонии қарзи давлатӣ (ҳаҷми он то 1 ноябри соли 2019 2,9 млрд. доллари амрикоӣ) дар ҳаҷми зиёда аз 1,6 млрд. сомонӣ ва барои қарзи дохилӣ (то 1 ноябри соли 2019) ҳаҷми 6, 8 млрд. сомонӣ) 247,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Касри Буҷети давлатӣ барои соли 2020 дар ҳаҷми 0,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё баробар ба 349,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва дар муқоиса бо буҷети соли ҷорӣ 41,6 млн. сомонӣ кам мебошад.

Манбаъҳои пӯшонидани ­касри буҷет аз ҳисоби даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ дар ҳаҷми 25,0 млн. сомонӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ 100,0 млн. сомонӣ, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар ҳаҷми 43,9 млн. сомонӣ, қарз ва грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ 150,0 млн. сомонӣ ва сарфаи маблағҳо аз баргузории озмунҳои харид 30,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дурнамои ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 млрд. сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31,0 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 ба маблағи 29,1 млрд. сомонӣ ва дар соли 2022 дар доираи 31,5 млрд. сомонӣ тарҳрезӣ шудааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур дар солҳои дахлдор, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ, аз нав такмил ва бознигарӣ карда мешаванд.

Дар баробари пешниҳоди маълумот дар бораи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 бо мақсади иҷрои муқаррароти моддаи 25 лоиҳаи пешниҳодшуда хоҳиш менамоям, ки Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 (аз рӯи даромад дар ҳаҷми 23,9 млрд. сомонӣ, аз рӯи хароҷот дар ҳаҷми 24,2 млрд. сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад дар ҳаҷми 261,9 млн. сомонӣ) ва хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба маблағи 1,7 млрд. сомонӣ) тасдиқ карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022» дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022» тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бо тартиби муқарраргардида аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2020 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳама маълум аст, ки ҳар сол буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёт амалӣ гардида, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешавад. Дар стратегияи мазкур биниш, яъне ояндаи дарозмуҳлати ҷумҳурӣ — самаранокии иқтисоди миллӣ ва беҳсозии некуаҳволии мардум, рисолат ё моҳияти пешрафти минбаъда — ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шукуфон, аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ босубот ва ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон — баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, дарҷ гардидааст.

Дар ин раванд амалишавии вазифаҳои муҳими дар стратегияи миллӣ ҷойдошта ҳар сол дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва инчунин, дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба назар мерасад, ки иҷрои он марҳила ба марҳила таъмин шуда истодааст.

Нишондиҳандаҳои лоиҳаи буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардош­тани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок шудааст.

Дар раванди таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,8 фоиз ба маблағи 87,4 млрд. сомонӣ, индекси дефилятори ММД 3,3 фоиз ва меъёри таваррум 6,8 фоиз муайян шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба маблағи 26 млрд. 054,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 29,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Даромади буҷет нисбат ба соли 2019 ба андозаи 9,6 фоиз ё 2 млрд. 279,9 млн.сомонӣ зиёд буда, ин зиёдшавӣ аз ҳисоби:

- даромадҳои ҷорӣ — 1 млрд.700,0 млн. сомонӣ;

- маблағҳои махсус — 298,1 млн. сомонӣ;

- лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ — 281,8 млн. сомонӣ иборат мебошад.

Дар соли 2020 даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 11 млрд.155,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 9,7 фоиз ё ба маблағи 982,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 8 млрд. 402,9 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2019 ба андозаи 10,8 фоиз ё ба маблағи 817,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар қисми даромади буҷети давлатӣ даромадҳои андозӣ барои соли 2020 асосан аз ҳисоби ин намуди андозҳо афзоиш дода шудааст:

- андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 7 млрд. 322,0 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 7,5 фоиз пешбинӣ шуда, нисбат ба соли 2019 ба маблағи 511,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад;

- андоз аз фоида ба маблағи 2 млрд.001,8 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 13,1 фоиз муайян карда, нисбат ба соли 2019 ба маблағи 231,9 млн. сомонӣ зиёд пешбинӣ шудааст;

- андоз аз даромад ба маблағи 2 млрд. 231,1 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 11,5 фоиз муайян гардида, нисбат ба соли 2019 ба маблағи 230,4 млн. сомонӣ афзоиш дода шудааст;

Даромадҳои ғайриандозӣ ба буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба маблағи 1 млрд.288,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2019 ба маблағи 105,7 млн. сомонӣ ё 8,9 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2020 аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ 26 млрд. 403,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва 30,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети давлатӣ барои соли 2019 ба маблағи 2 млрд. 238,3 млн. сомонӣ ё 9,3 фоиз зиёд мебошад. Ин зиёдшавӣ ба соҳаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- ба соҳаҳои иҷтимоӣ — 1 млрд.146,3 млн. сомонӣ;

- ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт — 273,3 млн. сомонӣ;

- ба дигар соҳаҳо — 818,7 млн. сомонӣ.

Ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2020 ба 11 млрд. 495,2 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2019-ум 943,0 млн. сомонӣ ё 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2020 ба маблағи 7 млрд. 307,1 млн.  сомонӣ муайян шуда, нисбат ба соли 2019-ум 7,8 фоиз ё ба маблағи 526,8 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2020 ба 11 млрд. 730,3 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба буҷети соли 2019-ум 1 млрд. 146,3 млн. сомонӣ ё ин ки 12,3 фоиз афзоиш ёфта, 44,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 оид ба пардохти музди меҳнат аз рӯи гурӯҳбандии вазифавии соҳаҳо маблағи 5 млрд. 333,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2019 443,2 млн. сомонӣ ё 9,1 фоиз зиёд мебошад.

Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2020 буда, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2021-ум 28 млрд. 635,6 млн. сомонӣ ва дар соли 2022-юм 30 млрд. 983,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки мутаносибан ба 29,2 ва 28,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2021 ба маблағи 29 млрд. 125,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2022-юм 31 млрд. 522,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки мутаносибан ба 29,7 ва 29,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, дар доираи онҳо бояд мақомоти идоракунии давлатӣ барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ ва барномаҳои нави пешниҳодшударо тарҳрезӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 27 модда иборат мебошад, ки дар раванди баррасии лоиҳаи қонун тартиби ташаккули буҷети давлатӣ ва моддаҳои пешбинишудаи лоиҳаи қонуни мазкур мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

Таҳлил ва омӯзишҳои лоиҳаи буҷети давлатӣ собит намуд, ки дар чанд моддаи лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба буҷети давлатии соли сипаригашта (соли 2019), ки хусусиятҳои хос дорад, тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар сархати панҷуми қисми 2 моддаи 3 барои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ як манбаи нав «аз ҳисоби сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба маблағи 30580 ҳазор сомонӣ» илова шуда, ки бори аввал дар лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар қисми 3 моддаи 3 лоиҳаи қонун уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маблағгузории қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2020 аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ мушаххас шудааст, ки ин тартиб, пеш аз ҳама, шаффофияти баргардонии қарзҳо ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳоро таъмин намуда, масъулияти ташкилоту корхонаҳои муқарраршударо баланд мебардорад.

Самтҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти мақомоти молияи ҷумҳурӣ, ки сиёсати буҷетию андозиро амалӣ менамоянд, ин, пеш аз ҳама, шаффофияти ташаккули буҷети давлатӣ, назорати самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ, иҷрои босифати он ва инчунин коҳиш додани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор мебошад ва дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдор корҳои муайян иҷро шудааст.

Таҳлилҳо муайян намуданд, ки агар ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ ҷудошаванда дар соли 2019 (947,2 млн. сомонӣ) нисбат ба соли 2018 (820,7 млн. сомонӣ) ба маблағи 126,4 млн. сомонӣ зиёд пешбинӣ шуда бошад, пас дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2020 (900 568 ҳазор сомонӣ) мусоидати молиявӣ (субвенсия) нисбат ба Буҷети давлатии соли 2019 ба маблағи 46,6 млн. сомонӣ кам пешбинӣ гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи тартиби муайяншуда, таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар мувофиқа бо буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад. Дар қисми 2-юми моддаи 13-уми лоиҳаи қонун «Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ» низ тағйиру илова ворид карда шудааст, аз ҷумла:

Ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда дар соли 2020 ноҳияи Рӯдакӣ илова карда шудааст, ки аз ҳисоби ноҳия 96 фоиз ба буҷети ноҳия ва 4 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст. Дар Буҷети давлатии соли 2019 ин намуди андоз пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешуд.

Дар Буҷети давлатии соли 2019 ҳиссаҷудокунии андоз аз арзиши иловашуда дар шаҳри Ваҳдат 69 фоиз ба буҷети маҳаллӣ ва 31 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Турсунзода 81 фоиз ба буҷети маҳаллӣ ва 19 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ муайян шуда буд. Дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2020 ҳиссаи ин намуди андоз 100 фоиз ба буҷети ин шаҳрҳо пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар Буҷети давлатии соли 2019 андоз аз даромад дар шаҳри Ҳисор 94 фоиз ба буҷети шаҳр ва 6 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешуд. Ин таносуб дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2020 100 фоиз ба буҷети шаҳри Ҳисор пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 16 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020» ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, ки баъд аз пӯшонидани касри буҷет 30 фоиз ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад, ки ин ҳиссагузорӣ дар Буҷети давлатии соли 2019 ба андозаи 20 фоиз пешбинӣ гардида буд.

Инчунин, дар банди 2) ва 3) қисми 1 моддаи 19 «Пардохти ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус» 55 фоизи маблағҳои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2019 дар ихтиёри Хадамот мемонд, дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2020 бошад, ин меъёр 40 фоиз пешбинӣ гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз ҷониби вакилон вобаста ба маблағгузории соҳаҳои гуногун таклифу пешниҳодҳо манзур гардид, ки қисме аз онҳо дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ба инобат гирифта шудаанд. Аз ҷумла, таҷдиди назар намудани маблағгузории соҳаи илм, меъёри хӯрока дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маблағгузории самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, таъминоти иҷтимоии кормандони мақомоти сохторҳои қудратӣ ва дигар пешниҳодот. Дар ин робита, бо дарназардошти имкониятҳои молиявии Буҷети давлатӣ, аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Аз ҷумла, дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2020 маблағгузории соҳаи илм 106,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба соли 2019 5,5 млн. сомонӣ ё 5 фоиз афзоиш ёфтааст. Инчунин, барои харидории доруворӣ барои бемории сил 3,6 млн. сомонӣ, диабети қанд 4,1 млн. сомонӣ, табобат ва ҷарроҳии кӯдакони гирифтори бемории нуқсонҳои модарзодии дил 400,0 ҳазор сомонӣ ва барои харидории ваксина 17,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Барои таъминоти иҷтимоии кӯдакони маъюб, бахусус ҳаҷми маблағҳои хӯрока дар хона-интернатҳо, барои кӯдакони имконияташон маҳдуд низ зиёд карда, меъёри хароҷоти маҳсулоти ғизоӣ дар як рӯз ба маблағи 17,45 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, дар асоси вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дархости вакилон вобаста ба сохтмон ва таъмири иншооти иҷтимоӣ, таъмири роҳ, таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин намудан, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, ки онҳо барои чораҷӯӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод ва дар доираи имкониятҳо, аз ҷониби вазорату идораҳо дар хароҷоти соҳа ва буҷетҳои маҳаллӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Ҷиҳати таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 гурӯҳи корӣ, аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, лоиҳаи қонуни мазкурро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон) дар алоҳидагӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дод ва дар рафти баррасӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволу дархостҳо ҷавоб гирифтанд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, 26 таклифу дархост пешниҳод карданд, ки 19 — тоаш қабул шуд.

Якчанд таклифу пешниҳоди вакилон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дахлдор барои баррасӣ пешниҳод мешавад.

Инчунин, хулосаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаи масъул мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022» муайян намуд, ки лоиҳаи қонун аз рӯи гурӯҳбандӣ ва талаботи муайяншуда дар асоси принсипи баробарӣ бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шудааст. Он ба талаботи иқтисодию иҷтимоӣ ҷавобгӯ буда, воқеъбинона, шаффоф ва аз рӯи мақсаду ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири зиндагии шоистаи мардум муайян кардааст, пешбинӣ гардидааст. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ! Мехоҳам чанд мулоҳизаамро оид ба лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ изҳор намоям.

Қабл аз ҳама, таваҷҷуҳи маро маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуд. Маблағгузории соҳа нисбат ба соли 2019 кам пешбинӣ шудааст. Чуноне маълум шуд, кам шудани маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳа вобастагӣ дорад. Шояд татбиқи лоиҳаҳо ба охир расида, амалӣ намудани лоиҳаҳои дигар ба нақша надаромадааст.

Барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва таъмири насосҳои обкашӣ низ маблағ ҷудо нашудааст, ки инро зимни суҳбат директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ тасдиқ намуд. Ҳоло вазири кишоварзӣ ё директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ гуфта метавонад, ки соли гузашта чӣ қадар замини корам кам шуд, зеро бе ҳамин ҳам замини мо кам аст. Бояд аз заминҳои мавҷуда ҳосиле ба даст ояд, ки эҳтиёҷоти моро бароварда созад ва ё даромади кофӣ оварда тавонад.

Муҳтарам Сатторӣ, имсол чӣ қадар пахта ҷамъоварӣ шуд?

Иззатулло САТТОРӢ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: - Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд! Соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта барои деҳқонон мусоид омад. То ҳол 398 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки назар ба соли 2018- ум 98 ҳазор тонна зиёд аст. Дар 185 500 гектар чигит кишт шуда, ҳосилнокӣ қариб 22 сентнер ба ҳар як гектарро ташкил намуд.

РАИС: — Акнун коркарди пахта нишон медиҳад, ки чӣ қадар нах истеҳсол мешавад. Ман чанде пеш дар як қатор ноҳияҳои пахтакор будам. Роҳбарон изҳор доштанд, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд, вале дар корхонаҳои коркарди пахта, пунктҳои қабули ҳосил ин миқдор пахтаи дар нақша нишондодаро мушоҳида накардам. Аз суҳбат маълум гардид, ки корхонаҳои коркарди пахта бо баҳонаи пул надоштан пахтаро нахаридаанд ва деҳқонон онро ба дигар ноҳия супурда, бар ивази он ҳуҷҷат оварда, ба шуъбаи омор маълумот пешниҳод намудаанд.

Агар барои хариди пахта маблағ мавҷуд набошад, тамоми сохтори мавҷуда таҷдиди назар гардад. Муайян шавад, ки пахтаро кӣ бояд харад? Кӣ дар ин хусус бо деҳқонон шартнома баста, бо онҳо ҳамкорӣ дошта бошад?

Ман чанде пеш бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон будам. Дар суҳбат бо ман Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар шахсони расмии кишвар изҳор доштанд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар сол беш аз 3 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад. Соли 2018 қарор ба тасвиб расид, ки минбаъд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон тонна пахта берун бароварда намешавад. Тамоми ҳосил дар дохили ҷумҳурӣ коркард, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил ва ба фурӯш бароварда мешавад. Чуноне Президенти кишвари ҳамсоя гуфтанд, соли 2018 ҷумҳурӣ аз фурӯши маҳсулоти ниҳоии аз пахта истеҳсолшуда 5 миллиард доллар даромад ба даст овард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, каме бештар аз 25 фоизи пахтаи истеҳсолшуда коркард мешаваду халос. Ин моро ба андеша водор менамояд. Ҳатто шубҳае низ ба миён меояд, ки ҳамон 400 ҳазор тонна пахтаи дар маълумоти оморӣ нишондода воқеан ҳам мавҷуд аст ё не? Он шояд танҳо дар рӯи коғаз бошаду халос. Ин ҷо муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дорад. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ин масъаларо як бор мавриди санҷиш қарор диҳед, то ин ки маълум шавад, воқеан ҳам ин миқдор пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ вуҷуд дорад ё не?

Масъалаи дигар ин ки чаро корхонаҳои коркарди пахта аз қабули пахта ё хариди он худдорӣ менамоянд? Кадом сабабҳо ба ин боис шудаанд? Ман ҷавоби ин саволро аз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода шуниданиям.

Заробиддин ФАЙЗУЛЛОЗОДА, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Дар қисмати бештари корхонаҳои коркарди пахта технологияи куҳна мавриди истифода буда, он барои то даври ниҳоӣ коркард шудани нах имкон намедиҳад. Ҳоло дар ноҳияи Данғара бунёди маҷмааи бузурги корхонаи коркарди пахта идома дорад. Баъди ба истифода додан дар он ҷо коркарди пахта дар чор давра сурат гирифта, аз истеҳсоли нах шурӯъ шуда, то бофандагӣ, ресандагӣ ва дӯхти либоси тайёрро фаро мегирад. Иқтидори солонаи он 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол хоҳад буд ва он дар як сол то 1 миллион адад либос мебарорад.

Корхонаҳои пахтатозакунӣ, ки соҳибкорони ватанӣ харидаанд, бинобар надоштани маблағҳои гардон, имкони харидории пахтаи ҷамъовардаи деҳқононро надоранд.

РАИС: - Дар ин сурат деҳқон бояд чӣ кор кунад? Парвариши пахта барояш зараровар шудааст. Барои парваришу расонидани ҳосил, ба ғайр аз коркарди ниҳолҳо, инчунин, ба ҳар гектар 700- 800 кило нурии минералӣ меандозад, то ин ки ҳосилнокӣ афзун шавад.

Дар ҷаласа директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иштирок дорад. Оид ба ин масъала сухан гуфтан мехоҳанд.

ҲАСАНЗОДА Гулнора Кенҷа:

- Муҳтарам Раис!

Вобаста ба маълумоти воқеии дар корхонаҳои пахтатозакунӣ ва пунктҳои пахтақабулкунӣ мавҷуд будани ҳамон миқдор пахтае, ки вазири кишоварзӣ гуфтанд, мехоҳам равшанӣ андозам. Се сол боз маълумотномаи шакли муайян ҷорӣ шудааст ва ба он масъулони чор ташкилоту идораи мутасаддӣ, ки ҳисобу китоби дохилшавии пахтаро ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва пунктҳои қабули пахта пеш мебаранд, имзо мегузоранд. Ин маълумотҳо ҳар рӯз нав карда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод мешаванд. Тибқи маълумоти то 1 ноябр дохилшуда, дар ҷумҳурӣ 300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба пункт­ҳои қабул супорида шудааст. Дар маълумоти пешниҳодкардаи вазири кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои қабули пахта ягон хел изофанависӣ ҷой надорад. Ҳамин гуна маълумот ба Агентии омор расмӣ аз ҳар як корхона тариқи электронӣ ворид карда мешавад. Ҳисоботи воридшударо мо ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ирсол менамоем.

Ягона муаммое, ки дар назди кормандони мо ҷой дорад, барориши воқеии нахи тайёр дар корхонаҳои коркард аст, зеро дар баъзе корхонаҳо он то 40 — 45 фоиз дар як қатори дигар 30- 33 фоиз нишон дода мешавад. Мо чунин мутахассис надорем, ки вазъи воқеиро дар ҳар як корхона маълум намояд.

РАИС: — Дер ё зуд тартибот дар ин соҳа ҷорӣ мешавад. ҳоло бояд корро дуруст ба роҳ монд, то ин ки саргардонии марди деҳқон аз байн бурда шавад. Деҳқон бояд маҳсулоти омодаю ҷамъовардашудаашро ба наздиктарин корхонаи коркард супорад. Овора шуда, молашро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар набарад.

Вазорати кишоварзӣ, ҳамчун пешбарандаи соҳа, бояд роҳбарони корхонаҳои коркарди пахтаро ҷамъ оварда, назди онҳо вазифа гузорад. Даъват намояд, ки онҳо бо пахтакорон шартнома баста, ҳамкорӣ кунанд, аз ҷиҳати моддию молиявӣ дастгирӣ намоянд, то ин ки деҳқон заминро шудгор кунад, тухмӣ харида кишт намояд, нурӣ харида ба замин пошад, коркарди ниҳолҳоро гузаронад ва ғайра. Ин гуна дастгирӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, деҳқон танҳо чигит кишт мекунаду аз рӯи имкон барои расонидани ҳосил кӯшиш мекунад. Дар натиҷа 10 — 15 сентнер ҳосил ҷамъ меорад, ки ҳатто хароҷоташро намепӯшонад ва бо ҳамон ғӯзапояи ҷамъовардааш қаноат мекунаду халос, зеро шароити дигар надорад.

Муҳтарам вазири кишоварзӣ, шумо чизе гуфтаниед? Марҳамат.

Иззатулло САТТОРӢ: — Дар ҷумҳурӣ 136 корхонаи пахтатозакунӣ мавҷуд буда, онҳо ба ягон вазорат итоат намекунанд. Худашон шоҳу табъашон вазир аст. Масалан, соли ҷорӣ арзиши аслии истеҳсоли як кило пахта беш аз 6,5 сомониро ташкил дод, вале корхонаҳои пахтақабулкунӣ онро аз деҳқон аз 3,5 сомонӣ боло қабул накарданд. Агар ҳар кило пахтаро ақаллан 6 сомонӣ қабул мекарданд, ҳоло ҳосили ҷамъоварда аз 450 ҳазор тонна ҳам мегузашт.

РАИС: — Ин маънои онро дорад, ки замину деҳқон бесоҳиб мондаанд. Ҳадафи чоруми миллии мо саноатикунонӣ аст, яъне пахта бояд пурра коркард шуда, ба маҳсулоти ниҳоӣ мубаддал ёбад. Он вақт фоидаи бадастомада беш аз 10 маротиба хоҳад буд. Ҷойҳои кории зиёд таъсис меёбад.

Баргардем ба масъалаи беҳ­дошти замин. Ҳоло оби зеризаминии заминҳо баланд шуда, масоҳати он ҳар сол зиёд мешавад. Дар масъалаи азхудкунии заминҳои нав бошад, ҳоҷати гап задан ҳам нест. Ҷӯйбору каналҳоро кофта, оби зери замин ҷамъшударо баровардан зарур, вале кӣ анҷом медиҳад ин корҳоро? Каналу ҷӯйборҳо ҳоло ниҳоят хурд шуда мондаанд. Зимни суҳбат директори Агентии ­беҳдошти замин ва обёрӣ изҳор дошт, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва чорабиниҳои дигари беҳдошти замин маблағ нест ва ҷудо ҳам карда нашудааст.

Муҳтарам вазири молия! Ин тадбирҳою чорабиниҳоро чӣ гуна, бо кадом маблағ анҷом додан мумкин аст?

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис! Эродҳои шумо воқеан ҷой доранд. Мо дар Буҷети давлатӣ барои соли 2019 192,3 миллион сомонӣ барои соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор пешбинӣ карда будем. Дар буҷети соли 2020 бошад, ба ин мақсад 213,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Коҳишёбии воқеии маблағгузории соҳаи кишоварзӣ асосан аз ҳисоби ба охир расидани татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ ба амал омадааст.

Ҳоло мо мекӯшем ба воситаи оғози татбиқи як қатор лоиҳаи дигар соҳаи кишоварзиро дастгирӣ намоем.

РАИС: — Ба мо маълум аст, ки дар тамоми дунё ба соҳаи кишоварзӣ дотатсия ҷудо карда мешавад. Бо буҷети имсолу солҳои минбаъда мо ба мақсадҳои дар ин самт пешгузошта ноил шуда наметавонем, аммо, сарфи назар аз ин, бояд ба соҳаи кишоварзӣ хеле ҷиддӣ муносибат намоем, нисбати он назари нек дошта бошем. Кишвари мо аграрист, аксари аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ карда, бо замин сарукор доранд. Боғдорӣ мекунанд, ғалла мерӯёнанд, чорво нигоҳубин мекунанд, занбӯри асал парвариш намуда, эҳтиёҷи рӯзгорашонро бароварда месозанд.

Дар соҳаи саноат бошад, корхонаҳои зиёд бояд таъсис намуд, то ин ки ҷои кор пайдо шуда, шахс соҳиби маоши шоиста шавад. Стратегияи миллии рушд низ ҳаминро тақозо мекунад. Вазири молия шумо масъалаеро матраҳ намудан мехоҳед? Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: - Муҳтарам Раис! Ба суханони шумо ман илова карданиам, ки дар давоми ду — се соли охир барои рушди соҳаи кишоварзӣ Ҳукумат тадбирҳо меандешад. Аз ҷумла, барои ворид намудани техникаю технологияи навтарин ҷиҳати рушди соҳа, харидории тухмӣ, чорвои зотӣ ҳам барои истеҳсоли гӯшт ва ҳам насл гирифтан, имтиёзу сабукӣ дода шудаанд. Кишоварзон танҳо андози замин пардохт мекунанд, Андози иҷтимоӣ бошад, ночиз буда, аз пардохти дигар намуди андоз онҳо озоданд, ки ин ҳама барои пешрафти соҳа аст. Фикру мулоҳизаҳои шуморо мо ба инобат хоҳем гирифт.

Оид ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам алоҳида зикр намоям. Соли гузашта дар яке аз ҷаласаҳои Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон роҳбари соҳа маълумот дода, дар мавриди дарёфти имкони пардохти музди маоши мансубини соҳа мулоҳизаҳояшонро иброз дошта буданд. Бо розигии Президенти ҷумҳурӣ мо барои соли ҷорӣ 28,7 миллион сомониро ба мақсади пардохти маоши кормандони соҳа мадди назар гирифтем ва он ҳоло иҷро шуда истодааст. Дар буҷети соли оянда низ ҳамин миқдор маблағ бо ҳамин мақсад ва 2,6 миллион сомонӣ барои дастгоҳи Агентӣ тахсис дода мешавад. Ҳоло дар соҳа панҷ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

РАИС: — Акнун нигарем ба ­масъалаи содироту воридот. Дар соли 2020 содирот 1,3 миллиард, воридот 3,5 миллиард доллар пешбинӣ шудааст, яъне, таносуб 2,7 маротиба зиёд. Ба ҳама маълум аст, ки воридот бо сомонӣ сурат намегирад, бо асъори хориҷӣ аст. Ба маънии дигар, арзи хориҷӣ аз ҷумҳурӣ берун рафта, бозорҳоямон пур аз моли хориҷӣ мешаванд. Ҳоло тасаввур кунед, бо чунин вазъ қурби асъорро чӣ гуна нигоҳ медорем? Бо ҳисобу китобе, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо анҷом додааст, қурби асъор магар бетағйир мемонад? Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа ширкат дорад. Нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ иҷро нашуд. Ҳоло ваъда ҳаст, ки то охири сол нақша иҷро мешавад, аммо бо дилпурӣ не. Соли оянда бошад, назар ба соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ бештар маблағ ҷамъ овардан зарур аст. Оё манбаъҳо аниқ шудаанд, ки ин маблағи зиёдӣ аз кадом ҳисоб ҷамъ оварда мешавад? Ин ҷо вазири саноат ва технологияҳои нав ба мо нагуфтанд, ки соли оянда чӣ миқдор корхонаҳои калон ба фаъолият мепардозанд, чанд ҳазор нафар соҳиби ҷои кор мешаванд, чӣ қадар иловатан маҳсулот истеҳсол мешавад ва монанди ин иқтисодиёти моро оянда чӣ интизор аст?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Муҳтарам Раис! Қабл аз таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ дурнамои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардида буд. Вазорати молия дар асоси нишондиҳандаҳои дурнамои зикршуда бо истифода аз он буҷети давлатиро таҳия намуд. Мо ҳангоми таҳияи дурнамо тамоми имкониятҳои мавҷуда ва истифоданашударо мадди назар гирифтем.

Дар мавриди эроду ташвишҳоятон дар бобати қурби асъор мехоҳам хотиррасон кунам, ки дурнамои он барои соли 2019 баробар ба 9,7 сомонӣ буд. Имрӯз қурб аз ин нишондиҳанда каме боло ҳам бошад, вале қурби миёнасолона баробар ба 9,49 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад. Яъне, мо тавонистем қурбро устувортар нигоҳ дорем. Ин як андоза захира барои пардохтҳо низ ҳаст.

Аз тарафи дигар, иқтисодиёти мо иқтисодиёти бузург нест ва осебпазир аз омилҳои беруна мебошад. Аз ин рӯ, дар доираи татбиқи сиёсати монетарӣ, агар чораҳои зарурӣ андешида шаванд, мо метавонем қурбро устувор нигоҳ дорем.

Дар мавриди фарқияти чашм­раси байни содироту воридот мулоҳизаҳои шуморо ҷонибдорӣ менамоем. Як андешаамро мехоҳам дар ин бобат баён созам. Ҷараёни рушд воридоти бештари технологияҳои нав ва навтаринро тақозо менамояд. Бе он ба пешравӣ муяссар шудан ғайриимкон аст. Бинобар ин, дар як давраи муайян, албатта, тавозуни манфии содирот бар воридот боқӣ мемонад, зеро бо арзиши зиёд технологияи нав барои ҷорӣ намудани истеҳсолот дар дохили кишвар ворид карда мешавад.

РАИС: — Ин корҳоро кӣ ва кай анҷом медиҳад? Андозсупорӣ кай тариқи электронӣ сурат мегирад ва чарою чароҳои дигар хеле зиёданд, ки ин ҳама посух мехоҳад. Аз ин ҳама чунин хулоса кардан мумкин аст, ки мо чизеро ба ҳисоб нагирифта истодаем. Манбаъҳои нави андоз­бандишавандаро намебинем, онҳо хеле каманд. Ин ҳамаро ба он хотир мегӯям, ки мо бояд ба мақсадҳои Стратегияи миллии рушд расида тавонем. Бо ин вазъ чӣ тавр музди маош ва нафақаю ёрдампулиҳоро, ки имрӯз хеле каманд, зиёд карда метавонем? Ҳоло барои афзоиш додани онҳо имкон нест.

Соҳибкориро мо ҷузъи муҳими пешрафти иқтисодиёти воқеӣ мешуморем ва бояд онро рушд бахшид. Соҳибкорон бояд корхона таъсис дода, истеҳсолотро равнақ диҳанд. Барои ин шароит фароҳам оварем. Сарвари давлат бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна чанд бор аст, ки ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ моратория эълон мекунанд. Ин иқдомҳо бояд натиҷа диҳанд.

Ҳоло бошад, мо чӣ вазъро мушоҳида мекунем? Соҳибкорӣ кам шуда истодааст. Соҳибкорон тарки ҷумҳурӣ карда истодаанд, зеро муносибат бо онҳо хуб нест. Барои шумо, муҳтарам вазир, маълум аст, ки дар дигар кишварҳо қисми зиёди маҳсулот аз ҳисоби соҳибкории хурду миёна истеҳсол мешавад.

Вазъи имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ водор мекунад, ки як қисми аҳолии кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Мувофиқи маълумоти мақомоти Федератсияи Россия беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандони мо дар он кишвар ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Мақомоти марбутаи кишварамон шумораи муҳоҷиронро аз 500 то 600 ҳазор нафар меҳисобад. Оё мо маълумоте дар даст дорем, ки соли гузашта онҳо чӣ қадар маблағ ба кишвар фиристоданд?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА, раиси Бонки миллии Тоҷикистон: — Соли гузашта онҳо беш аз 2 миллиарду 490 миллион доллар маблағ ирсол намуданд, ки назар ба соли 2017 — ум 7 фоиз зиёд мебошад.

РАИС: — Солҳои пеш ин рақам чӣ гуна буд?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Соли 2013 муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 4 миллиард доллар маблағ фиристоданду бо худ ворид намуданд.

РАИС: — Бубинед тафовутро. Ман фикр мекунам, ки бо муҳоҷирон низ кор бурдан лозим, онҳоро ба ҳоли худашон нагузорем, тақдири онҳо бароямон бетафовут набошад. Имрӯз аз ин 500 — 600 ҳазор нафар шояд тақрибан 50 ҳазорашон, ки шаҳрвандии Россияро соҳиб шудаанд ва ё мутахассисони хубанд, шароити беҳтар доранд, маоши сазовор мегиранд. Боқӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд, ҳатто пули патентро пардохта наметавонанд. Беш аз 10 сол аст мо дар кӯшиши онем, ки бо Федератсияи Россия якчанд шартномаро дар ин бобат ба имзо расонем, вале онҳо танҳо ваъда медиҳанду халос. Роҳбарони ҳар ду давлат мулоқот карданд, парламентҳо ба онҳо шарик шуданд, чандин масъалагузориҳо шуд, вале то ҳол бенатиҷа. Муҳоҷирони меҳнатии мо ҳоло ҳамчун фишанг дар дасти онҳо истифода шуда истодаанд.

Аммо, сарфи назар аз ин, ҳар яке аз мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравем, бояд касбу ихтисос ­дошта бошем. Хоҳ хиштчин бошему рангмол, хоҳ устои наҷҷору таъмиргар ё васлгар. Ҳар касе ба кишваре барои кор меравад, қонунҳои онро донад. Бар асари надоштани касбу надонистани забон ва қонунҳои он давлат муҳоҷирони мо маоши кам мегиранд, ки базӯр ба хӯрокворию ҷои хобашон мерасад. Ба хонаҳояшон бошад, пуле равон карда наметавонанд. Ана аз ҳамин сабабҳо фиристонидани маблағ ду баробар кам шудааст. Ин маблағҳо кумаки чашмрасе буданд барои ­оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ.

Оё дар буҷети давлатии соли 2020 барои курсҳои омӯзиши касбу кор маблағҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд, чӣ қадар курсҳои забони русӣ фаъолият мекунанд, Вазорати маориф ва илм дар ин самт чӣ кор анҷом медиҳад? Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин самт чӣ нақшаҳо дорад, то ин ки ҷавонони мо дар муҳоҷират саломатии худро аз даст надиҳанд. Яъне, системаи мукаммали ба якдигар алоқаманд зарур аст. Масалан, ҷониби Тоҷикистон чандин бор аст дар масъалаи муташаккилона ба кор фиристонидан кӯшиш менамояд шартнома ба имзо расонад. Вале ҷониби дигар шартҳои хешро дорад, ки он дар навбати аввал донистани забони русию соҳиби ихтисосе будан аз ҷониби мо, тоҷикон аст. Аммо ҳоло аксарияти мутлақи муҳоҷирони меҳнатии мо дар муҳоҷират дучори мушкилот мешаванд, агар ба беморӣ дучор шаванд, бинобар надоштани полиси суғуртавӣ, онҳоро касе табобат намекунад ва монанди ин.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ тафтишу санҷиш гузаронида, ҳар ду ин ниҳод якҷо қариб 500 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Тасарруфу азонихудкунии маблағҳои буҷетии ҷудошуда, изофанависӣ, тақаллубкорӣ ва дигар корҳои хилофи қонун ошкоршуда шаҳодат аз он медиҳанд, ки мо аз фасод озод нашудаем. Оё шахси ба фасод олуда осуда зиндагӣ мекунад? Не, зеро вай ба ғам ғӯтавар шуда, доимо дар андеша аст.

Бо инобати талошу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ташкилотҳои молиявию сармоягузорӣ барои мо грант пешниҳод мекунанд, мо бошем ба он чашм ало карда, қисмашро азони худ мекунем, медуздем. Аз ҷумла, дар сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар, марказҳои идораи лоиҳаҳои марбут ба «Барқи Тоҷик», қитъаи роҳи Душанбе — Ҷумҳурии Ӯзбекистон, гранти «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» ва ғайра ин амалҳо ба мушоҳида расиданд.

Ман ба шумо муроҷиат менамоям: биёед, аз ҳамин фасод озод шавем. Ба ин кор хотима бахшем. Аз соли 1990 дар вазифаҳои гуногуни Ҳукумат кор кардам. Тамоми нозукиҳои вазорату идораҳоро медонам. Онро низ медонам, ки дар куҷо, кӣ, чӣ гуна нафас мекашад? Ба ҳамин буҷете, ки бо чӣ қадар заҳмат шакл мегирад, ҳарисона нигоҳ накунем. Ба кадом маълумоти пешниҳодшуда нигарам, он ҷо камбудию дуздии маблағу воситаҳоро мебинам. Ҳамаи мову шумо, хоҳ вазиру хоҳ вакил, барои халқ кор мекунем, зеро онҳо моро интихоб кардаанд. Агар корро ташкил карда натавонем, буҷетро чӣ гуна ҷамъ меорем, маблағгузориро чӣ гуна таъмин мекунем? Аз ин рӯ, корро бояд чунон ташкил намоем, ки мақсадҳои пешгузошта амалӣ шаванд.

Муҳтарам раиси Бонки миллӣ! Вазъи додани қарз аз ҷониби бонкҳо чӣ гуна аст?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Муҳтарам Раис! Додани қарз назар ба соли гузашта афзоиш ёфта, бонкҳо 7 миллиарду 600 миллион сомонӣ қарз додаанд. Аз ҳама бештар Бонки «Эсхата» 2 миллиону 246 ҳазор сомонӣ қарз додааст. «Имон интернешнл» беш аз 1 миллиард сомонӣ, «Ориёнбонк» зиёда аз 500 миллион сомонӣ давоми 10 моҳи соли ҷорӣ қарз додаанд. Ба ибораи дигар, дар ин давра нисбат ба як соли пеш 24 фоиз зиёд қарз дода шудааст. Шумораи қарзгирандагон 167 ҳазор нафар зиёд гардид, баргардонидани қарз бошад, 95 фоизро ташкил медиҳад.

РАИС: - Беш аз 19 фоизи ­маблағҳои буҷетӣ барои соҳаи маориф пешбинӣ шуда, истифодаи шаффофу самараноки онҳо вазифаи имониву виҷдонии роҳбарияти вазорат маҳсуб меёбад. Бояд ба он диққати ҷиддӣ дод.

Акнун ба баррасии масъала шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар Ахмедов:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Агар як нафар шаҳрванд дар як шабонарӯз ба маблағи 5 сомонӣ маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ истеъмол намояд, дар як сол ба 15 миллиард сомонӣ, агар ба маблағи 10 сомонӣ истеъмол намояд, ба 30 миллиард сомонӣ баробар хоҳад буд. Мо ҳадафҳои стратегии худро дорем ва онро ҷонибдорем. Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа ва захираҳои замин лоиҳаи қонунро дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ҷонибдорӣ менамояд.

Ман танҳо ба якчанд масъала равшанӣ андохтаниям. Мо санҷиши нархҳои воридотии тухмии «Суперэлита» ва «Элита»-и зироатҳои кишоварзиро гузаронидем. Вобаста ба ин якчанд рақамро ба самъи шумо мерасонам. Нархи хариди тухмии «Суперэлита»-и картошка 40 — 45 сомонӣ барои 1 килограмм, яъне, барои як гектар 100 — 130 ҳазор сомонӣ, 1 килограмм тухмии гандуми «Суперэлита» 15 — 18 сомонӣ, тухмии «Элита» бошад, 5 — 8 сомониро ташкил менамояд. Хоҷагиҳо имконияти хариди тухмии «Суперэлита» ва «Элита» — ро доранд. Биноан, кумита хоҳишманд аст, ки хоҳишу дархостҳои хоҷагиҳо дар ин бобат ба эътибор гирифта шавад.

Дар доираи маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ шудани 3 — 4 миллион сомонӣ барои хоҷагиҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ ва ё як хоҷагии калони тухмипарварӣ мадди назар гирифта шавад. Ин имкон медиҳад, ки онҳо дар давраи имтиёзҳои пешбинишуда тухмии «Суперэлита» ё «Элита» ворид намуда, баъди як сол тухмии истеҳсолкардаро ба хоҷагиҳо пешниҳод намоянд.

Масъалаи дигар вобаста аст ба нафақаи кишоварзон. Пешниҳоди мо дар ин бобат омода шуда истодааст ва то охири сол ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода мешавад.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

ҒАФФОРОВ Абдуҳалим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021 — 2022» моро водор месозад, ки роҳҳои бартараф кардани мушкилиҳо, ҷустуҷӯи комёбиҳо ва механизми дурусти дар амал татбиқ намудани ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсозро дарёфта, барои беҳтару хубтар кардани зиндагии аҳолии кишвар талош намоем. Мақсади асосӣ дар амал татбиқ намудани чаҳор ҳадафе мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Чунки зиндагии мардум, пеш аз ҳама, дар натиҷаи иҷро гардидани амали ин қонун хубу беҳтар гардида, аз мо кори бовиҷдона ва бо дили софу беолоиш фаъолият кардани сохторҳоро тақозо мекунад.

Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлатро, ки дар Конститутсия ифода ёфтааст, ба эътибор гирифта, қариб 50 фоизи Буҷети давлатии соли 2020 барои беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум равона карда шудааст.

Ҳавасмандкунӣ яке аз омилҳои муҳими ошкор кардани маблағҳои пинҳонкарда ба шумор меравад. Аз 1 январи соли 2020 — ум 30 фоизи чунин маблағҳо ба ихтиёри Кумитаи андоз ва 30 фоиз ба ихтиёри Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда шуда, барои гирифтани пеши роҳи коррупсия фишанги басо тавоно ба шумор хоҳад рафт.

Дар банди 2 -юми моддаи ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ (моддаи 18) омадааст: Ҳангоми зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Давлати мо давлати иҷтимоӣ буда, пеш аз ҳама, мақсад ва маромаш баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Муҳаббату самимияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми кишвар ба ҳама маълум буда, он дар умқи дилу дидаи сокинон ҷой гирифтааст.

Бовар дорем, ки соли 2020 ва солҳои минбаъда дар натиҷаи истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда, нафақа ва музди маош зиёд мешавад ва боиси ихлосмандӣ ва фахри мардуми шарафманди ҷумҳурӣ мегардад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки баррасии пешакии лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар сатҳи баланди ташкилӣ, пурмазмун ва самаранок ташкил карда шуда, дар он саҳми кумитаи масъул, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар хеле назаррас мебошад. Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2020 хусусияти иҷтимоӣ дошта, 44,4 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.

Диққати шуморо ба якчанд паҳлуи дигари масъала ҷалб менамоям. Иҷрои нақшаи пешбинишуда оид ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад, алалхусус афзоиши андоз аз арзиши иловашуда, нисбат ба соли ҷорӣ 7,4 фоиз (ё 20,2 фоизи ҳаҷми умумии зиёдатии буҷети соли 2020 — ро нисбат ба соли 2019 ташкил медиҳад) ва аксизҳо, ки 20,9 фоиз зиёд пешбинӣ шудаанд, таъмини иҷрои он қувваю воситаи зиёдро талаб мекунад. Шояд мутахассисон асос дошта бошанд. Мо инкор намекунем, вале тавре баррасии парлумонии ба наздикӣ баргузоршуда нишон дод, сабабҳои таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, пеш аз ҳама, ба дуруст ба инобат гирифта нашудани манбаъҳои андозбандӣ ҳангоми банақшагирии қисми даромади буҷет, нокифоя ва ё афзоиш наёфтани манбаҳои андозбандӣ дар як қатор корхонаҳо, ба инобат нагирифтани омилҳои ба воридоти андозҳо таъсиррасонанда вобаста мебошад. Дар ин давра нақшаи андоз аз арзиши иловашуда 91,8 фоиз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашудаи дохила 77 фоиз ва аксизҳои дохила 90,5 фоиз иҷро гардиданду халос. Онро низ фаромӯш накунем, ки соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда низ иҷро нагардида буд.

Агар онро ба инобат гирем, ки корхонаҳои азими давлатӣ, андозсупорандагони асосии андоз аз арзиши иловашуда, ба мисли «Ширкати алюминийи тоҷик», «Барқи Тоҷик» ва ғайра аз рӯи маълумоти пешакӣ, натиҷаи умумии молиявиро дар нуҳ моҳ бо зарар ҷамъбаст намудаанду ҳаҷми умумии корхонаю ташкилотҳое, ки бо зарар фаъолият доранд, 30,8 фоизро ташкил менамояд, пас эҳтимолияти иҷро нагардидани он ба вуҷуд меояд.

Моро зарур аст, ки барои дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ кӯшиш намоем. Амалиёти назоратии аз ҷониби мақомоти андоз дар моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ дар якчанд корхонаи коркард ва воридоти гандум гузаронидашуда эҳтимолияти дар ҳаҷми зиёда аз 50 млн. сомонӣ кам ҳисоб намудани маблағи андозҳоро ошкор намуд. То 10 октябр 17 млн. сомонии он ба буҷет пардохт карда шуд. Магар чунин корхонаҳо дар дигар соҳаҳо каманд? Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, ҳиссаи корхонаю соҳибкороне, ки дар ҳисоботашон ҳаҷми воқеии маҳсулоти истеҳсолкардашуда ва хизматрасониҳои амаликардашударо дарҷ намекунанд, аз 20 то 30 фоизро ташкил медиҳанд. Магар мавҷудияти шакли духелаи музди маоши кормандон дар баъзе аз корхонаҳо аз мо пинҳон аст? Яке аз сабабҳои чунин ҳолат ин сарбории андозҳо, ниҳоят гарон, миёншикан ва истеҳсолкунандагону тоҷиронро ба худ ҷалбнакунанда будани андозҳо мебошад. Чунончӣ, ҳаҷми андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз фоидаи ширкатҳо 67 дарсадро ташкил медиҳад, яъне аз 100 сомонии бадастомада 67 сомониро ҳамчун андоз бояд пардохт кард. Бо 33 сомонии боқимонда соҳибкор чӣ хел тиҷоратро рушд медиҳад?

Ҳоло саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудааст. Хуб мешуд, минбаъд бо пайдо шудани имконият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» таъсиси фонди рушди саноат дар соли 2020 пешбинӣ карда шавад, зеро мо бояд шароити мусоиди инфрасохториро барои корхонаҳои навташкили саноатӣ, ба мисли гузаронидани хатҳои барқӣ, иншооти обу корезӣ, роҳҳои ҳамшафат ва ғайра муҳайе созем ва бо ин роҳ сармоягузоронро ҳавасманд намоем.

Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир пешниҳод гардидани имтиёзҳои зиёди андозӣ, аз ҷумла имтиёзҳои дорои хусусияти инфиродӣ, на фақат ҷиҳатҳои мусбатро аён гардонид, балки аз тарафи дигар, боиси коҳиш ёфтани воридоти андозҳо ба буҷет, ба миён омадани рақобати носолим байни субъектҳои соҳибкорӣ ва ноадолатӣ гардид. Дар ин бора се сол пеш изҳори назар карда будем. Мо ҳамон вақт бояд нисбат ба тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокии имтиёзҳои андозбандӣ чораҳо меандешидем. Афсӯс, ки дер мондем ва имрӯз баъди супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон акнун чора меҷӯем. Ҳоло барои соҳибкорону сармоягузорон 97 имтиёзу сабукӣ муқаррар шуда, эҳтимол аст, ки соли ҷорӣ андозаи имтиёзҳои истифоданамудаи андозсупорандагон аз 4 миллиард сомонӣ гузарад. Дар солҳои 2013 – 2018 имтиёзҳои татбиқгардида 30,3 фоизи маблағи андозҳои дохилаи дар ин давра ба буҷет воридгардида ё 13,2 миллиард сомониро ташкил дода, ҳиссаи имтиёзҳои андозҳои дохила ба соҳаи бонкӣ 34,5 фоиз, корхонаҳои саноатӣ 31,8 фоиз бошад, он ба хизматрасониҳои таълимӣ 0,7 фоиз рост меояд.

Чунин ҳолат ба вазъи молиявии соҳибкороне, ки имтиёзҳоро истифода намебаранд, таъсири манфӣ расонида, онҳоро ҳавасманд намегардонад. Зарурияти вуҷуд доштани имтиёзҳои андозбандиро мо ҳеҷ гоҳ инкор намекунем, онҳо бояд ҷой дошта бошанд, вале самаранокии имтиёзоти андозии пешниҳодшаванда ва мавриди амал қарордошта бояд воқеъбинона муайян карда шавад. Мо огоҳ ҳастем, ки вобаста ба ин масъала дар назди Вазорати молия Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис шудааст. Хуб мешуд, он ҳамкориро бо кумитаҳои Маҷлиси намояндагон низ ба роҳ монад.

Сарчашмаи дигари ғанигардонии буҷети давлатӣ дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ тариқи ҷойгир кардани фармоиши давлатӣ, расмиёти хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муқаррар намудани низоми адолатноки андозбандӣ ва пардохтҳои гумрукӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус иқдоми Хадамоти гумрукро хеле бамаврид мешуморам, ки бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва коҳиш додани воридоти баъзе намуди молҳое, ки истеҳсолашон дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст, аз қабили семент, тамоми намуди нӯшокиҳо, равғани растанӣ,тухм, гӯшти мурғ, моҳӣ, ҳасибҳо ва ғайра, арзиши тавсиявии барасмиятдарории гумрукии онҳоро давра ба давра бардошта истодааст. Ба фикрам, фурсати он расидааст, ки минбаъд мо бояд аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ хариди маҳсулотро аз хориҷа, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, манъ намоем. Иқдоми Сарвари давлатро дар ин ҷода дар бораи манъ намудани хариди мебелҳои хориҷӣ барои муассисаҳои давлатӣ аз ҳисоби маб­лағҳои буҷети давлатӣ саривақтӣ ҳисоб намуда, онро пурра ҷонибдорӣ менамоям. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намоем, қисми даромади буҷетро ғанӣ гардонем ва аз ҳама муҳимаш, кирдорҳои коррупсиониро дар ин ҷода коҳиш диҳем. Ақидаҳое, ки ин амал хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошанд, беасосанд, зеро мо воридоти маҳсулотро аз хориҷи кишвар манъ накардаем. Танҳо хариди онро аз ҳисоби буҷети давлатӣ манъ менамоем. Бозори иқтисодии мамлакат бошад, боз аст.

Иҷрои Буҷети давлатии соли 2020 вазифаи на танҳо Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва зерсохторҳои онҳост. Он бояд вазифаи аввалиндараҷаи вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гардад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем онро иҷро намуда, ба мақсадҳои худ ноил гардем.

Хоҳишмандам, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021 — 2022» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021 — 2022» дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳо ва имконоти иҷтимою иқтисодии давлат пешниҳод шудааст.

Дар ҷаласаи кумитаи масъул бо иштироки мутасаддиён лоиҳаи буҷет банд ба банд мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодҳои кумита низ ба назар гирифта шуд.

Барои ҳар гуна давлати дар ҳоли рушд ҳар қадар буҷет зиёд бошад ҳам, он камӣ мекунад. Аз таҷриба дидем, ки давлатҳо зина ба зина дар давраҳои гуногуни тараққиёт ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Имрӯз буҳрони иқтисодӣ тамоми дунёро фаро гирифтааст ва чун Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ба он низ таъсир расонидааст.

Новобаста аз ин, бояд сохторҳои марбутаи Ҳукумат, алалхусус Вазорати молия, бояд манбаъҳои нави қисми даромади буҷетро пайдо намоянд, ки ҳам ба фоидаи истеҳсолкунанда бошаду ҳам ба фоидаи давлат.

Ташаккул ва ғанӣ гардонидани буҷет танҳо вазифаи Вазорати молия нест, дигар сохторҳои Ҳукумат низ бояд дар рушди истеҳсолот ва имкониятҳои нави иқтисодиёти кишвар ҳиссагузор бошанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Вазорати молия пешниҳод менамоям, ки дар доираи иҷрои барзиёди буҷети давлатӣ барои хӯрокпулии прапоршикҳо ва афсарони Вазорати мудофиа маблағҳои иловагии мақсаднок ҷудо карда шавад, зеро маоши хизматчиёни ҳарбӣ дар шароити имрӯза барои зиндагии онҳо кифоя нест.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мавриди баррасиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

РАҶАБОВА Лутфия Нусратовна:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз маблағгузории густурдаю мақсаднок ва танзими он вобастагии калон дорад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021 — 2022» бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, таъмини саноатикунонии кишвар, бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт равона гардидааст.

Дар лоиҳаи қонун ба рушди соҳаи иҷтимоӣ афзалият дода шуда, маблағгузории он дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ба андозаи 10,8 фоиз зиёд пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2020 барои соҳаи маориф 5004,7 млн. сомонӣ равона мегардад, ки зиёда аз 42,6 фоизи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоиро ташкил медиҳад.

Буҷети соҳаи маориф дар соли 2020, аз рӯи афзалиятҳои соҳа, яъне, рушди таҳсилоти томактабӣ ва рафти ислоҳоти маблағгузории он, рушди низоми такмили ихтисос, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоту лавозимоти таълимӣ таҳия гардида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаи таҳсилот ва омода намудани шароити мусоид барои таҳсил мусоидат хоҳад намуд.

Бояд тазаккур дод, ки маблағгузории соҳаи маориф сол аз сол вобаста ба татбиқшавии афзалиятҳои буҷетии соҳа афзоиш меёбад, аммо баъзе мушкилиҳо дар соҳа вобаста ба маблағгузории сарикасӣ ва дигар масъалаҳо ҳоло ҳам ба назар мерасанд. Барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолият ва рушди соҳаи маорифи кишвар пешниҳод менамоем, ки механизми маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёна боз ҳам мукаммал ва меъёрҳои маблағгузорӣ дар сатҳи зарурӣ афзоиш дода шавад.

Тайёр намудани мутахассисон, тибқи талаботи бозори меҳнат, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро барои тайёр намудани мутахассисон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ харҷ карда мешавад. Агар барои тайёр кардани як мутахассиси дорои маълумоти олӣ дар як сол дар ҷумҳурӣ наздик ба 13000 сомонӣ сарф шавад, мо метавонем онро самаранок барои тайёр кардани табибон, ҳамшираҳо, муаллимони соҳиби маълумоти олии касбӣ ва дигар касбҳои барои ҷумҳурӣ зарурӣ равона намоем.

Рушду инкишоф ва тараққиёти минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз дастовардҳои соҳаи илм вобастагии зиёд дорад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоем, ки маблағгузории соҳаи илм таҷдиди назар карда шавад, зеро бе маблағгузории густурда дар ин соҳа ба натиҷаҳои назаррас расидан ғайриимкон аст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи буҷети давлатӣ саҳм гирифтанд ва ба маблағгузории соҳаи маориф афзалият муқаррар намуданд, изҳори миннатдорӣ баён менамояд ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021 — 2022»- ро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад.

Раҷабзода Равшан Муҳитдин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қайд кардан зарур аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, буҷети давлатиро бо дарназардошти афзалиятҳо ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар таҳия намудааст. Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумкунандаи амалишавии мазмуни меъёри қисми 3 моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он «Тоҷикистон барпо намудани давлати иҷтимоӣ ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда фароҳам оварданро мақсад гузошта­аст», ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, сиёсати иҷтимоии буҷети давлатӣ дар соли 2020 асосан барои таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа, пардохти ҷубронпулӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва идома додани ислоҳот дар ин соҳаҳо равона шудааст.

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, хароҷоти соҳа барои соли 2020 аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ 1841,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба буҷети соли 2019 – ум 100,8 млн. сомонӣ ё 5,8 фоиз зиёд буда, 7,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 2,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Инчунин, дар соҳаи тандурустӣ амалӣ намудани 7 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ва грантӣ ба маблағи умумии 28,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2020 ба маб­лағи 3911,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба буҷети соли 2019 ба маблағи 233,7 млн. сомонӣ ё 6,4 фоиз афзоиш ёфта, 14,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 4,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дар ин робита, аз ҳисоби маб­лағҳои буҷетӣ ҷиҳати нигаҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои кӯдакон, калонсолон, пиронсолон, маъюбон, санаторияю профилакторияҳо ва дигар муассисаҳои ёрирасон — 88,9 млн. сомонӣ, татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ» барои расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат – 86,3 млн. сомонӣ ва иловапулӣ ба нафақаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 0,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3218,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он барои пардохти нафақа 2955,4 млн. сомонӣ, барои иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 15,4 млн. сомонӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон, ки ба ҳиссаҷудокунии 1,4 фоиз дастрасӣ надоранд, 3,5 млн. сомонӣ ва дигар намуди кумакпулиҳо ва нигоҳдории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 244,4 млн. сомонӣ равона мегардад.

Дар охир мехоҳам ҳаминро зикр намоям, ки тибқи нишондиҳандаҳо, мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки хавфи иҷро нагардидани қисми даромади буҷетӣ давлатӣ дар соли ҷорӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, аз вазорату идораҳои дахлдор хоҳиш менамоем барои сари вақт маблағгузорӣ намудани пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешида, баҳри сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат захира ва имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд. Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни баррасишавандаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021- 2022 дар асоси афзалиятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва он вазифаҳое, ки аз «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» гузошта шудаанд, таҳия гардидааст.

Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,8 фоиз, индекси дефилятори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ- 3,3 фоиз, меъёри таваррум- 6,8 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари ИМА- 10, 20 сомонӣ дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соҳаи иҷтимоӣ назаррас буда, 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт равона гардида, тавозуни муайянеро оид ба рушди маҳалҳои ҷумҳурӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт таъмин менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ сухан гуфтан мехоҳад? Пешниҳод аст, ки лоиҳаи қонун ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021 — 2022», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода:

- Муҳтарам, Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия шуда, ба баррасии шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, пешниҳод гардидааст.

Оид ба вазъи ҷории нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ дар 10 моҳи соли 2019 ва самтҳои асосии он барои соли 2020 ва дар давраи миёнамуҳлат мухтасар маълумот пешниҳод менамоям.

Дар соли равон сиёсати монетарӣ бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири манфии омилҳои молиявию иқтисодии дохилӣ ва берунӣ, дар сатҳи устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишвар равона гардидааст.

Низоми бонкии кишвар дар самти беҳтар намудани миёнаравии молиявӣ, таъмини рушд ва сифатнокии бозори хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ, зиёд намудани маблағгузории иқтисодиёт, аз ҷумла дастгирии соҳибкории хурду миёна ва истеҳсолӣ, корҳои муайянро амалӣ намуд. Дар даҳ моҳи соли равон рушди воқеии иқтисодиёт 7,2 фоизро ташкил дода, асосан аз ҳисоби рушди бахшҳои афзалиятноки он — саноат 12,0 фоиз, кишоварзӣ — 8,5 ва гардиши чакана – 11,2 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар ин давра ба 6,6 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳанда дар ҳудуди эътимоднок (7,0+/-2 банди фоизӣ) қарор дорад. Таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ – 9,2 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ – 3,1 ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ  4,4 фоиз ба амал омад. Бояд қайд намуд, ки раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои дорои хусусияти мавсимӣ, маъмурӣ ва фишорҳои берунӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 3663,7 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки аз он содироти молу маҳсулот 961,3 млн. доллари ИМА ва воридот 2702,4 млн. доллари ИМА- ро ташкил намуд. Дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот 6,4 фоиз ва воридот 4,4 фоиз зиёд мебошад. Тавозуни манфии савдо ба 1741,1 млн. доллари ИМА баробар буда, касри он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз зиёд гардидааст.

Қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА муътадил арзёбӣ гардида, соли ҷорӣ қурби расмӣ 2,8 фоиз коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз кам мебошад. Ин коҳишёбӣ асосан дар натиҷаи гузаронидани тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмӣ 20 августи соли ҷорӣ ба андозаи 2,76 фоиз ба амал омад. Фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА 31 октябри соли ҷорӣ ба 0,4 фоиз баробар шуд.

Қобили қайд аст, ки дар ин давра фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории ташкилотҳои қарзӣ ҳам хеле беҳтар гардида, онҳо дар даҳ моҳи соли 2019 фаъолияти молиявиашонро бо фоида ба маблағи 295,6 млн. сомонӣ ҷамъбаст намуданд. Аз ҷониби низоми бонкӣ моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ 467,4 млн. сомонӣ ба буҷет андоз пардохт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7 фоиз ва ё 92,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Сатҳи даромаднокии дороиҳо ва сармояи низоми бонкӣ низ мусбат ҷамъбаст гардида, мувофиқан ба 2,3 фоиз ва 8,2 фоиз баробар шуд, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар интиҳои моҳи октябри соли 2018 мутаносибан 2,1 фоиз ва 7,3 фоизро ташкил дод.

Ташкилотҳои қарзӣ дар самти ҷалби пасандозҳо ва қарздиҳӣ низ фаъолияташонро ҷоннок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. То 31 октябри соли ҷорӣ бақияи пасандозҳо дар низоми бонкӣ 9,3 млрд. сомониро ташкил намуд. Теъдоди пасандозҳои ҷалбшуда 4415 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,5 фоиз ё 689,1 ҳазор адад зиёд аст. Ҳолати мазкур аз зиёд гардидани эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин, ҷудо намудани қарз ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ низ афзоиш ёфта, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 7,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1 фоиз ё 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

То 31 октябри соли 2019 ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 9,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, ба маблағи 507,5 млн. сомонӣ ё 7,0 фоиз афзоиш ёфт.

Меъёри фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ (аз 17,4 фоиз то 15,4 фоиз) ва бо пули миллӣ бошад, 5,7 банди фоизӣ паст шудааст (аз 28,5 фоиз то 22,4 фоиз).

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 71,1 фоиз (5309 млн. сомонӣ) ба соҳибкорон рост меояд, ки 14,7 фоиз ё 680,7 млн. сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Теъдоди қарзҳои умумии додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 36,1 фоиз ё 167,6 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 632,5 ҳазор адад баробар шуд.

Дар ин давра ташкилотҳои қарзӣ аз 100 фоизи дархостҳо барои гирифтани қарз 77,7 фоизи онро қонеъ гардонида, 17,3 фоизашон ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд ва танҳо 5 фоизи дархостҳо бо сабаби мутобиқ набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо меъёрҳои амалкунанда қонеъ карда нашуд. Инчунин, дар натиҷаи татбиқи чораҳои солимгардонии ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла нисбат ба бонкҳои муаммодор, ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (қарзҳое, ки зиёда аз 30 рӯз ба таъхир афтодаанд) тамоюли камшавӣ дошта, то 31 октябри соли 2019 ҳиссаи онҳо 30,7 фоизро ташкил намуд.

Дар ҳошияи Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои 2019 Бонки миллии Тоҷикистон як қатор ислоҳоти самарабахшро роҳандозӣ намуд, ки онҳо дар нигоҳдории вазъи муътадили низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумла, ислоҳоти гузариш аз нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба сифатӣ, таҳияи стратегияи марбута ва таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини шаффофият ва таҳкими фишангу воситаҳои нави танзими ҳаҷми пул, идоракунии пардохтпазирӣ, мутамарказ гардонидани инфрасохтори амалиётҳои монетарӣ ва ғайра дар амал татбиқ гардиданд. Бинобар ин, «Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2020 ва дар давраи миёнамуҳлат» идомаи мантиқии ислоҳоти гузаронидашуда буда, пеш аз ҳама, ба мақсади ноил гардидан ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ тавассути истифодаи механизми воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ равона гардидааст. Дар ин раванд, дар он ҷанбаҳои муҳими ислоҳот барои татбиқи босамари рукнҳои асосии реҷаи ҳадафгирии таваррум, аз қабили:

- пурзӯр намудани фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва таҳкими мустақилияти амалиётӣ;

- идоракунии самараноки пардохтпазирӣ;

- таъмини шаффофият ва даст­расии маълумот ифода ёфтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ислоҳоти институтсионалӣ, таҳкими фишанг­ҳо ва вусъатдиҳии дараҷаи таъсирбахшии онҳо минбаъд низ идома ёфта, барои амалӣ намудани чорабиниҳои зерин равона мегарданд:

1. Нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок (6,0 фоиз +/-2 ф).

2. Таъмини сиёсати самаранок ва шаффофи пулию қарзӣ.

3. Пурзӯр намудани заминаи сиёсати пулию қарзӣ баҳри ташкили фазои мусоиди рушди иқтисодиёт.

4. Гузариш аз реҷаи «пойгоҳи монетарӣ» ба «ҳадафгирии таваррум».

5. Боз ҳам ҷоннок намудани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ.

Инчунин, дар давраи миёнамуҳлат сиёсати қурбӣ бо реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» идома ёфта, татбиқи сиёсати асъорӣ тибқи таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба роҳ монда мешавад. Дар робита ба ин, ҷиҳати нигоҳдорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми захираҳои тиллоиву асъории давлат чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Таъминнокии имрӯзаи захираҳои умумии байналмилалӣ ба 5,5 моҳи воридотӣ расонида шудааст ва тасмим гирифтем, ки солҳои оянда, бо дарназардошти пардохти уҳдадориҳои давлатӣ, нишондиҳандаи мазкурро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорем.

Ҷиҳати дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархҳои истеъмолӣ ва танзими ҳаҷми пул дар муомилот ва рушди бозори молиявӣ, новобаста аз хароҷоти иловагии Бонки миллии Тоҷикистон, амалиёти монетарӣ вусъат дода мешавад. Айни ҳол меъёри бозтамвил дар сатҳи 13,25 фоизи солона нигоҳ дошта шудааст. Дар ин робита, соли ҷорӣ тавассути фишангҳои монетарии ғайримустақим фурӯши коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 12,7 млрд. сомонӣ бо даромаднокии ба меъёри бозтамвил алоқаманд (13,9 фоизи солона) анҷом дода шуд. Бо ин ҳадаф амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 68,5 млрд. сомонӣ ҷалб гардид (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 маротиба зиёд мебошад), ки ин таъсири мусбати худро ба кам намудани омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳои истеъмолӣ расонид.

Татбиқи чунин фишангҳои монетарӣ дар давраи миёнамуҳлат низ бо мақсадҳои дар боло зикршуда идома дода, идоракунии самаранокии пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ боз ҳам вусъат дода мешавад. Дар ин замина ҷорӣ намудани фишанги монетарӣ барои бонкҳои исломӣ, таҳкими амалиётҳои монетарӣ ва ба ин васила, пеш аз ҳама, вусъат додани таъсирбахшии онҳо пешбинӣ шудааст.

Ҷиҳати таъмини шаффофият ва такмили раванди ахборотдиҳӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ, механизму фишангҳои коммуникатсионӣ барои таъсиррасонӣ ба интизориҳои таваррумӣ, ба рафтори агентҳои иқтисодӣ дар амал татбиқ карда мешавад, ки ин бевосита ба зиёд шудани эътимод ба сиёсати иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад.

Қобили қайд аст, ки яке аз воситаҳои такондиҳандаи рушди иқтисодиёт ҳамоҳангии сиёсати монетарию фискалӣ маҳсуб ёфта, истифодаи самараноки механизму фишангҳои он ба беҳгардонии вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи арзони дохилӣ барои пӯшонидани касри буҷет ва самаранокии сиёсати фискалию монетарӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар се соли оянда ҳалли масъа­лаҳои зикргардида вазифаи аввалиндараҷаи низоми бонкӣ боқӣ хоҳад монд ва ҷиҳати иҷрои онҳо тадбирҳои зерин андешида мешаванд:

1. Татбиқи механизмҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ баҳри коҳиш додани фишорҳои таваррумию қурбӣ ва паст намудани сатҳи таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ;

2. Андешидани тадбирҳои зарурӣ барои инкишоф ва таҳкими фишанг­ҳои амалиёт дар бозори озод, сифатан беҳтар намудани идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, тадриҷан диверсификатсия ва афзун намудани сатҳи захираҳои байналмилалии тиллоию асъорӣ, пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои имконпазир ва нигоҳ доштани фаъолияти солими низоми бонкии кишвар;

3. Беҳтар намудани сифатнокии бозори хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи миёнаравии молиявӣ, коҳиш додани сатҳи хавфҳо ва қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ ва сармоягузории хориҷӣ.

4. Баланд бардоштани сатҳи маданияти қарздиҳӣ, беҳтар намудани сифати фаъолияти бюроҳои қарзӣ ҷиҳати вусъатёбии ҷараёни қарздиҳӣ ва паст намудани хавфҳои қарзӣ, ҷудо намудани қарзҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ба соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла маблағгузорӣ дар самти рушди саноат ва фаъолияти сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ.

5. Баланд бардоштани идоракунии корпоративӣ ва назорат дар ташкилотҳои қарзӣ, пурзӯр намудани талабот нисбат ба ҷобаҷогузории кормандон, бахусус кормандони роҳбарикунанда аз рӯи малакаи корӣ ва тахассус.

6. Таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ баҳри баланд бардоштани боварии аҳолӣ, васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири хизматрасониҳои ғайринақдӣ.

7. Идома додани такмили заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии низоми бонкӣ ва ба талабот ҷавобгӯй намудани онҳо ва ба ин васила аз байн бурдани маҳдудиятҳои бюрократӣ ҷиҳати ҳалли муаммо дар низом ва ба роҳ мондани истифодабарии меъёрҳои мақбули самаранок ҷиҳати вусъат бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат» дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар натиҷаи пешниҳодҳо ва тағйиру иловаҳои аз ҷониби вакилони муҳтарам, воридшуда, ҳуҷҷати мазкур саҳеҳтар ва мукаммал гардид.

Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи ҳуҷҷати мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлатро барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат муайян менамояд. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи зикргардида нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар доираи ваколат мебошад, ки он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад.

Идома додани ислоҳот дар самти тақвият додани сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳдории сатҳи таваррум, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад, пешбинӣ шуда, вобаста ба ин, ҳадафи таваррум барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2021 ва 2022) дар доираи 6,0 фоиз ҷамъу тарҳ ду банди фоизӣ (+/- 2 б.ф.) пешбинӣ карда мешавад.

Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бахусус барои солҳои 2020 — 2022, дар асоси таҳлили сенарияҳои эҳтимолии тағйирёбии вазъи иқтисодию берунӣ, омилҳои мавсимӣ ва интизорӣ баҳогузорӣ гардида, дар нашрияҳои сиёсати монетарӣ инъикос мегардад.

Санади мазкур аз се банди асосӣ ва ҳафт зербанд иборат буда, самтҳои асосии ташкили механизми самараноки таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини шаффофиятро дар бар гирифта, аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

- шарҳи мухтасари вазъи молиявию иқтисодӣ дар соли 2019;

- пешбурди сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2019;

- нишондиҳандаи мақсаднок ва татбиқи механизму воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия 14 ноябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони мақомоти дахлдор санади мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро мувофиқи мақсад донист. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи дурнаморо ҷонибдорӣ намуданд.

Бо дарназардошти хулосаҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат­ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС : — Ба баррасии масъала «Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар дода мешавад.

ТУРСУНЗОДА Азим Ҳайдар:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ 13 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, № 563 барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз он дастрас гардидани таҷҳизот барои гузаронидани муоинаи гумрукии воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ва контейнерҳо, мусофирон ва бағоҷи онҳо, муайянсозии маводи нашъаовар ва тарканда, бо мақсади мутобиқсозии пурраи фаъолияти Хадамоти гумрук бо талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, аз қабили содагардонии расмиёти гумрукӣ, кӯтоҳ намудани вақти назорати гумрукӣ, самаранокӣ ва муносиб гардонидани он, пешгирӣ ва дарёфти интиқоли ғайриқонунии маводи радиоактивию тарканда, яроқу аслиҳа, моддаҳои нашъаовар ва тиллову нуқра иборат мебошад.

Айни замон воҳидҳои сохтории тобеи Хадамоти гумрук пурра бо воситаҳои техникии назорати гумрукии замонавӣ муҷаҳҳаз набуда, таҷҳизоти мавҷуда, бинобар сабаби истифодаи тӯлонӣ, корношоям гардидаанд, ки ин мушкили зиёдро дар рафти назорати гумрукӣ ва суръатнокии барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда ба миён овардааст.

Дастрас гардидани ин таҷҳизот шароити мусоидро дар самти сари вақт ва босифат гузаронидани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии молҳо ва дарёфти манбаъҳои иловагии ситонидани пардохтҳои гумрукӣ фароҳам меорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ёддоштҳои табодули мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

 АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ман ҳаминро гуфтаниам, ки воситаҳои техникии назорати гумрукӣ маҷмӯи воситаҳои махсуси техникие мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти гумрук дар раванди назорати гумрукии шахсони воқеӣ, мол ва воситаҳои нақлиёт бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ истифода бурда мешаванд.

Таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ аз 8 (ҳашт) номгӯй иборат буда, теъдоди умумии онҳо 146 ададро ташкил менамояд. Маблағи он тақрибан 30 млн. долларро ташкил медиҳад.

Мақсади асосии тасдиқи ёддошт­ҳои табодулии пешниҳодгардида озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда буда, маблағҳои имтиёзии он 7,2 млн. сомониро ташкил менамояд.

Ёддоштҳои табодули зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ёддоштҳои табодулии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёддошт­ҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 апрели соли 2011, № 385» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дода мешавад.

ИДРИСЗОДА Илёс Мумин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, № 385», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, № 1043 «Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шумораи воҳидҳои кории таъмини ташкили фаъолияти иҷрочиёни суди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 24 воҳид ва иҷрочиёни судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, суд­ҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва судҳои ҳарбӣ ба миқдори 253 воҳид, ҳамагӣ 277 воҳид ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи воҳидҳои кории кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 305 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 28 воҳид, муқаррар карда шуд.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 апрели соли 2011, № 385 рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд, муайян шудааст. Зимнан бояд зикр намуд, ки иҷрочиён то ба тобеияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан дорои рутбаҳои дараҷавӣ буданд. Айни ҳол зарурати муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, ки сабаби ворид намудани тағйирот ба қарори зикргардида мебошад.

Лоиҳаи қарори мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тағйироту илова ба қарори мазкур бо мақсади муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро амалӣ мегардонанд, таҳия ва пешниҳод шудааст. Тағйироту иловаи воридшаванда имкон медиҳад, ки ба кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки яке аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошанд, дар баробари кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат. рутбаҳои дараҷавӣ дода шавад.

Ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба қарори зикргардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи баррасишаванда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016, №19 маъқул дониста шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон низ онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамчунин, бо мақсади мутобиқ намудани Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 апрели соли 2011, №385 ба муқаррароти қисми 5 моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба лоиҳа сархати нав ҷиҳати дар матни қарори баррасишаванда иваз намудани рақамҳо ва аломати «1)», «2)», «3)» ва «4)» мувофиқан бо рақамҳо ва аломати «1.», «2.», «3.» ва «4.» илова ворид карда шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Раҳмонова, Саёҳат Дадаҷонова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқова таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятӣ ва бартараф намудани камбудӣ ва мухолифатҳои ҷойдошта, инчунин, мутобиқ намудани меъёрҳои алоҳида ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Тибқи лоиҳа, тағйирот ба қисми 2) моддаи 1421, алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ, ки боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст, такмил ва ба моддаи мазкур қисми 3, ки оқибатҳои кирдорро ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида алоқаманд намудааст, илова шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2019, № 2218 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷониби кумитаи масъул, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 14 таклиф пешниҳод шуда, аз онҳо 10-тояш пурра қабул гардид.

Кумитаи масъул 7 ноябри соли равон бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид. Пас аз баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ