Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 қабул шуд

№141 (4247) 19.11.2020

DSC_1735Ҳаждаҳуми ноябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ва дигар даъватшудагон иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023

2. Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Исмоилзода Зуфар Муртазохон»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Исмоилзода Зуфар Муртазохон»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Исмоилзода Зуфар Муртазохон»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Баҳодур Исмоил»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баровардани Акрамзода Баҳодур Исмоил».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 дар асоси қонунгузории амалкунанда ва бо дарназардошти уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва берунаи давлатӣ, инчунин, дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, тавсия ва пешниҳодҳои Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он 28 октябри соли 2020 (№559) қабул гардид.

Дар раванди таҳияи лоиҳаи пешниҳодшуда аз рӯи бартарият иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа ва бахусус маблағгузории чорабиниҳое, ки дар стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои соҳавӣ пешбинӣ шуданд, аз рӯи имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ ба инобат гирифта шуданд.

Нақшаи қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 аз ҳисоби ҳама манбаи даромад 27,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020 -ум 1,6 млрд. сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Дурнамои нишондиҳандаи қисми даромади ҷории буҷети давлатӣ, бо дарназардошти грантҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ, 20,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 1,0 млрд. сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд мебошад.

Даромадҳо ба буҷет аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ 18,8 млрд. сомонӣ бо афзоиши 890,0 млн. сомонӣ ё 5,0 фоиз, аз ҳисоби даромади ғайриандозӣ 1,4 млрд. сомонӣ бо афзоиши 110,0 млн. сомонӣ ё 8,5 фоиз пешбинӣ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ, бо дарназардошти рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, коҳиш додани иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва таъсиси манбаъҳои нави даромад ба буҷет, бознигарӣ шудани меъёри боҷҳои гумрукӣ ва аксизҳо, сатҳи таваррум, инчунин, ба гардиши молиявӣ ворид намудани бақияпулиҳои андозӣ, пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар лоиҳа ҷалби 300,0 млн сомонӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ гардид. Бо ин мақсад айни ҳол ҳамкорӣ бо бархе аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ идома дорад.

Инчунин азхудкунии маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,8 млрд. сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои қарзӣ 2,3 млрд. сомонӣ ва 2,5 млрд. сомонӣ маблағҳои грантӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии соли 2021 воридоти маблағҳо аз ҳисоби хизматрасонии пулакии муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, яъне маблағҳои махсус, дар ҳаҷми 2,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 237,7 млн. сомонӣ ё 11,7 фоиз ба инобат гирифта шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва тадриҷан коҳиш додани вобастагии бозори дохила аз молҳои воридотӣ дар моддаи 15 лоиҳаи қонун имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудаанд.

Хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ бо барзиёдии 1,7 млрд. сомонӣ 28,1 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хароҷот аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 21,1 млрд. сомонӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ — 4,8 млрд. сомонӣ ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ — 2,1 млрд. сомонӣ тарҳрезӣ шудааст.

Дар лоиҳа барои пардохти музди меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 6,0 млрд. сомонӣ, баробар ба 6,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё 28,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маҷмӯан, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 13,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 1,5 млрд. сомонӣ ё 12,2 фоиз нисбат ба буҷети соли ҷорӣ дар назар аст, ки он ба 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет баробар мегардад.

Дар таркиби соҳаҳои иҷтимоӣ барои маблағгузории соҳаи маориф 5,6 млрд. сомонӣ бо афзоиши 11,8 фоиз, соҳаи тандурустӣ 2,3 млрд. сомонӣ бо барзиёдии 27,6 фоиз, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 6,7 фоиз, соҳаи фарҳанг 1,1 млрд. сомонӣ бо афзоиши 7,2 фоиз пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар лоиҳа ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ 8,4 млрд. сомонӣ бо афзоиши 2,0 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2021 барои пардохти фонди музди меҳнат аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) дар ҳаҷми 1,2 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои таъмини уҳдадориҳои берунаи давлат дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сиёсӣ, инчунин, пардохти аъзоҳаққиҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ, маб­лағҳои муайян пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, барои фаъолияти сиёсати беруна 294,8 млн. сомонӣ, бахусус нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа 194,8 млн. сомонӣ ва пардохти аъзоҳаққии кишвар дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ 100,0 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳа барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 млрд. сомонӣ пешбинӣ шуда, 1,0 млрд. сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 млн. сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад.

Ҳамчунин, дар лоиҳа барои хизматрасонии қарзи дохилии давлатӣ 498,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Касри буҷети давлатӣ барои соли 2021 463,2 млн. сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта шуда, манбаъҳои пӯшонидани он дар моддаи 3-юми лоиҳаи қонун мушаххас муайян гардидааст.

Дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои давраи миёнамуҳлат, даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 31,0 млрд. сомонӣ ва соли 2023-юм 32,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2022 31,5 млрд. сомонӣ ва соли 2023 32,8 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дурнамои даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 вобаста ба тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тибқи талаботи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар карда, ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» аз нав такмил ва бознигарӣ карда мешаванд.

Дар баробари пешниҳоди маълумот дар бораи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 бо мақсади иҷрои муқаррароти моддаи 25 лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки «Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» ва «Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» тасдиқ карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич дода мешавад.

Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст.

Ҳар сол Буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад. Нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок карда шудааст.

Дар раванди таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6 фоиз ба маблағи 92,6 млрд. сомонӣ, индекси дефилятори ММД – 3,1 фоиз ва меъёри таваррум – 6,9 фоиз муайян гардидааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 нисбат ба ҳаҷми даромади буҷети соли 2020 6,1 фоиз ё 1,6 млрд.сомонӣ зиёд буда, ин зиёдшавӣ аз ҳисоби:

- даромадҳои ҷорӣ -1 млрд. сомонӣ;

- маблағҳои махсус -237,7 млн. сомонӣ;

- лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ -354,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар соли 2021 даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 11,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 3,0 фоиз ё 343,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ 9 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, нисбат ба буҷети соли 2020 6,7 фоиз ё ба маблағи 560,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар қисми даромади буҷети давлатӣ, даромадҳои андозӣ барои соли 2021 нисбат ба соли 2020 аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда бо афзоиши 4,7 фоиз, аксизҳо бо афзоиши 10,6 фоиз, андоз аз фоида бо афзоиши 2,7 фоиз ва андоз аз даромад бо афзоиши 6,6 фоиз пешбинӣ шудаанд.

Даромадҳои ғайриандозӣ ба Буҷети давлатӣ барои соли 2021 нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 аз ҳисоби ҳама манбаи маблағгузорӣ нисбат ба қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2020 6,4 фоиз зиёд, аз ҷумла:

- ба соҳаҳои иҷтимоӣ -1,4 млрд. сомонӣ;

- ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт -166,3 млн. сомонӣ;

- ба дигар соҳаҳо -818,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2021 ба 12 млрд. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2020-ум 452,0 млн. сомонӣ ё 3,9 фоиз зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2021 8,3 млрд. сомонӣ муайян шуда, нисбат ба соли 2020-ум 920 млн. сомонӣ ё 12,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2021 барои маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро пешбинӣ менамояд.

Даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, дар доираи онҳо бояд мақомоти идоракунии давлатӣ барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ ва барномаҳои нави пешниҳодшударо тарҳрезӣ намоянд.

Таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи Буҷети давлатӣ собит намуд, ки дар баъзе аз моддаҳои лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба Буҷети давлатии соли 2020 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Ба қисми 2 моддаи 3 барои пӯшонидани касри Буҷети давлатӣ манбаи нав, аз ҷумла банди 2) «аз ҳисоби фоидаи соф ба ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва суди саҳмияҳои давлатӣ дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ба маблағи 31 млн. сомонӣ» илова шудааст, ки бори аввал дар лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст.

Ҳамин тавр, самтҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти мақомоти молияи ҷумҳурӣ, ки сиёсати буҷетию андозиро амалӣ менамояд, ин, пеш аз ҳама, шаффофияти ташаккули буҷети давлатӣ, назорати самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ, иҷрои босифати он ва инчунин, коҳиш додани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор мебошад, ки дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдор корҳои муайян иҷро шудааст.

Бо мақсади мушаххас намудани манбаи воридот ба буҷет аз ҳисоби андозҳои алоҳида, дар моддаи 5 лоиҳа, андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизҳо ба намуди дохилӣ ва беруна ҷудо карда шудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи тартиби муайяншуда, таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, дар мувофиқа бо буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муайян карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар рафти муҳокимаҳо вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволу дархостҳои худ ҷавоб гирифтанд.

Ҳамчунин, ҳангоми баррасии лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилон вобаста ба маблағгузории соҳаҳои гуногун таклифу пешниҳодҳо манзур гардид, ки ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор барои баррасӣ пешниҳод карда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», хулосаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» пешниҳод гардид, ки он бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи қонуни баррасишаванда муайян намуд, ки он дар маҷмӯъ, аз рӯи гурӯҳбандӣ ва талаботи муайяншуда дар асоси принсипи баробарӣ, бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраргардида, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун ба талаботи вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ ҷавобгӯ буда, дар маҷмӯъ, воқеъбинона, шаффоф ва аз рӯи мақсаду ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири зиндагии шоистаи мардум муайян кардааст, пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, 177 таклифу дархост пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти онҳо лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дар кумита, бо тартиби муқарраргардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он ба моддаҳои 1, 17 ва 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат!

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», таҳия шудааст. Ҳадаф аз он истифодаи босамари маблағҳои ҷалбшуда, мониторинги мунтазами раванди ҷалби маблағҳои қарзӣ ва пешгирии ҳолатҳои ҷамъшавии беназорати қарзи берунаи давлатӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 3,7 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 млн. доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин, дар доираи ташаббуси кишварҳои G-20 хизматрасонии 43,2 млн. доллари амрикоии қарзӣ, ки аз Бонки содиротию воридотии Хитой ва Фонди кувайтии рушд ҷалб гардид, то охири соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Чунин ҳамкорӣ бо Клуби Париж, Бонки KFW-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Бонки «Натикс»-и Ҷумҳурии Фаронса ва Департаменти кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад.

Дар лоиҳаи Барномаи нави қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 лоиҳаҳои амалкунандаи қарзӣ ва лоиҳаҳои дар марҳилаи баррасӣ қарордошта ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳаи барномаи нави пешниҳодшуда 59 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро аз рӯи маблағи қарз, созмони маб­лағгузор, бахшҳои иқтисодиёт, лоиҳаҳои нави қарзии банақшагирифташуда ва маълумоти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии амалкунанда ва нақшавиро барои давраи миёнамуҳлат дар бар мегирад.

Созишномаҳои қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордошта аз лоиҳаҳои зерин иборатанд:

- лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» — 20,0 млн. евро;

- лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» — 25,0 млн. доллари амрикоӣ;

- лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб» — 8,9 млн. доллари амрикоӣ;

- лоиҳаи «Гармидиҳии шаҳри Душанбе» — 5,0 млн. доллари амрикоӣ, созмони маблағгузори 4 лоиҳаи мазкур Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад;

- лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод» — 50,0 млн. доллари амрикоӣ, созмони маблағгузор — Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ;

- лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» — 50,0 млн. доллари амрикоӣ, созмони маблағгузор — Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд;

- лоиҳаи «Сохтмони НБО Роғун» (Лоти 1) — 340,0 млн. евро (тибқи нақша – аз бонкҳои аврупоӣ — Credit Suisse ва Landesbank Baden — Wiirttember);

- лоиҳаи «Таҷдиди НБО Норак, марҳилаи 2» — 50,0 млн. доллари амрикоӣ.

Маҷмӯан, дар марҳилаи кунунӣ, ба истиснои созишномаҳои баимзорасида, ҷалби 562,0 млн. доллари амрикоии қарзии имтиёзнок дар назар аст. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои зикршуда ҳаммаблағгузории грантӣ дар ҳаҷми 289,4 млн. доллари амрикоӣ низ пешбинӣ шудааст.

Хизматрасонии қарзи беруна соли 2021 — 213,5 млн. доллар, соли 2022 -  238,2 млн. ва соли 2023 243,3 млн. доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарчашмаҳои ҷалби маблағҳои қарзӣ аз 16 манбаи маъмулӣ, яъне шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешбинӣ шудаанд.

Қарзҳо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Фонди ОПЕК, Фонди кувайтии рушд, Фонди саудии рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ аз 20 то 40 сол, бо меъёри фоизи солонаи аз 0,75 то 2,0 фоиз ва бо давраи имтиёзноки баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 4 то 10 сол ҷалб гардидаанд.

Қарзҳо аз «Эксимбонк»-и Хитой аз 20 то 25 сол, бо меъёри фоизи солонаи аз 1,5 фоиз то 2,5 фоиз ва бо давраи имтиёзноки баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 9 то 11 сол ҷудо гардидаанд.

Қарзҳои аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалбгардида низ имтиёз­нок буда, маблағҳо бо меъёри фоизи Libor+1 фоиз ҷудо гардида, дар баробари онҳо маблағҳои грантӣ низ ҷудо шудаанд.

Нишондиҳандаҳои Барномаи нави қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 ба талаботи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ҳар сол дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва хизматрасонӣ шудани маблағҳои қарзӣ такмил дода мешаванд.

Дар маҷмӯъ, татбиқи ин барнома имконият фароҳам меорад, ки ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ маблағҳои иловагӣ ҷалб гардида, ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат амалӣ карда шаванд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022 — 2023 — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШУРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022–2023 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Барномаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», таҳия гардида, ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосии он дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нишон дода шудааст, мутобиқат мекунад.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда бо ҷудо намудани маблағи қарз ба қарздиҳандаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт, инчунин, ахбори муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии ҷорӣ ва банақшагирифташударо дар бар мегирад.

Мақсади асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2023 таъмини самаранокӣ ва мониторинги мунтазами раванди ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии андӯхти назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ барномаи миёнамуҳлат буда, дар асоси тартибу меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайянгардида ва бо дарназардошти коҳиш додани хавфи фискалӣ ва таъмини муносиб дар доираи идоракунии қарзгириҳои берунӣ амалӣ карда мешавад. Дар маҷмӯъ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикргардида, рушди муътадили иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Тайи солҳои охир бо саъю кӯшиши пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди сохтори қарз, инчунин рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, вазъи қарзи беруна беҳтар гардида, панҷ созишномаи нави қарзӣ ба имзо расонида шуд.

Барнома аз рӯи намуди истифодабарии маблағҳои қарзӣ дар соҳаҳои зерини иқтисодиёт таҳия шудааст, ки аз ҷумла, чунинанд:

- соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ — 11 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 46,3 млн. доллари америкоӣ;

- соҳаи тандурустӣ — як лоиҳаи қарзӣ;

- соҳаи маориф — чор лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 17,2 млн. доллари америкоӣ;

- соҳаи энергетика ва саноат — 15 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 245,6 млн. доллари америкоӣ;

- соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия — 16 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 298,9 млн. доллари америкоӣ;

- соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ — 15 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 34,1 млн. доллари америкоӣ;

- соҳаи идоракунии давлатӣ – чор лоиҳаи қарзӣ;

- соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ як лоиҳаи қарзиро дар бар мегиранд.

Қарзгиранда аз рӯи қарзҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ ва баргардонидани маблағи асосии қарзҳо амалӣ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи барномаи мазкурро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Барномаи пешниҳодгардида бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи барномаи мазкур ба муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва моддаҳои 22 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон» шурӯъ мекунем.

Вобаста ба масъала ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Исмоилзода Зуфар Муртазохон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Исмоилзода Зуфар Муртазохон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Исмоилзода Зуфар Муртазохон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Баҳодур Исмоил» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баровардани Акрамзода Баҳодур Исмоил» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ҳозирини арҷманд!

Тавре огаҳед, Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Акрамзода Баҳодур Исмоил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардиданд.

Албатта, интихоби ин ду шахсияти кордону ботаҷриба дар вазифаҳои пурмасъули хизматӣ беасос набуда, аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд шаҳодат медиҳад.

Ҳоло аз фурсати муносиб истифода намуда, мехоҳам дар ҳузури шумо ба Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Акрамзода БаҳодурИсмоил Сипосномаи Маҷлиси намояндагонро барои хизматҳои шоиста, дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ва фаъолияти пурсамари ҳизбию ҷамъиятиашон супорам.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд. Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам. Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ