Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Чаро қарзҳо ба бонкҳо баргардонида намешаванд?

№125 (3762) 21.10.2017

DSC_5628Ё қарзҳои беэътимод, ки 54 фоизи сандуқи умумии қарзиро ташкил намудаанд, боиси ба мушкил мувоҷеҳ шудани ташкилоти қарзӣ ва мизоҷон гаштааст

 

Ҳаждаҳуми октябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам! Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

 ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Суди Олии иқтисодӣ бо арзи қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шумо, вакилони гиромӣ, бобати такмили қонунгузории кишвар дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ изҳори сипос менамояд. Муҳтавои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани меъёрҳои кодекси мазкурро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин мушаххасгардонии меъёрҳои алоҳидаро дар бар мегирад.

Лоиҳаи қонун аз 4 қисм иборат буда, дар матни қисми 2 моддаи 35 иваз намудани калимаҳои «марзию маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии», дар моддаҳои 54 (қисми 5) ва 64 (қисми 4) иваз намудани калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ», дар қисми 4 моддаи 162 иваз намудани калимаҳои «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар назар дошта шудааст.

Инчунин, аз қисми 1 моддаи 187 хориҷ намудани калимаҳои «аз ҷумла, иҷрочии суд» ва илова намудани калимаҳои «нисбати иҷрочиёни суд бо талаботи пешбининамудаи моддаҳои 303 ва 304 ҳамин кодекс» дар назар дошта мешавад. Зарурати ворид намудани чунин тағйирот дар он зоҳир мегардад, ки дар боби 22 кодекс (моддаи 187) мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор, тартибу муҳлати муроҷиат ба суд, тартиби баррасӣ, доираи субъектони шахсони муроҷиаткунанда пешбинӣ шуда, институти мазкур аз институти шикоят нисбати амал ва беамалии иҷрочии суд куллан фарқ мекунад. Масъалаҳои баррасии иҷрои санадҳои судӣ, аз ҷумла, шикоят нисбати амал (беамалии) иҷрочии суд, дар фасли 7 кодекси мазкур пешбинӣ гардида, тартибу муҳлати муроҷиат ба суд нисбатан кӯтоҳ — 10 рӯз ва доираи субъектони муроҷиат танҳо қарздор ва ситонанда мебошанд.

Аз ин лиҳоз, хориҷ кардани калимаҳо «аз ҷумла иҷрочии суд» аз моддаи 187, қисми 1 пешбинӣ карда мешавад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади аз байн бурдани мухолифат, инчунин муайян намудани тартиби пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ вобаста ба баррасии шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд таҳия шудааст. Ҳамчунин, тағйирот вобаста ба қисмҳои 1, 2 ва 3-юми лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои кодекси мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, тағйиру иловаи ба моддаи 187 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии дохилии кодекс равона гардидааст, ки он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон №1319 аз 16 августи соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур се пешниҳод манзур карданд, ки онҳо пурра ва қисман қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул 27 сентябри соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 13 декабри соли 1996 қабул гардида, то имрӯз амал мекунад.

Қобили қайд аст, ки қонуни мазкур дар даврони вазъи номӯътадили сиёсии мамлакат қабул гардида, на ҳама паҳлуи ба вазъи ҳуқуқии пойтахт мансуббударо ба танзим даровардааст. Дар ин муддат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, техникаи қонунгузорӣ бо дарназардошти талаботи замони муосир такмил дода шуд, муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рушд ёфтанд, ки дар онҳо нақши шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассир мебошад. Ҳамаи ин боиси дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 баён доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 сол қабл, яъне соли 1996, қабул гардида, то ба имрӯз мавриди такмили ҷиддӣ қарор дода нашудааст ва муқаррароти он ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯй набуда, ниёз ба мукаммалгардонӣ дорад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия карда шуд, ки аз 4 боб ва 18 модда иборат мебошад ва вазъи ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад.

Боби 1 «Муқаррароти умумӣ» номгузорӣ шуда, дар он мафҳуми мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахтро амалӣ намудани шаҳри Душанбе, мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудуди шаҳри Душанбе ва маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд.

Боби 2 ба масъалаҳои хусусиятҳои идоракунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт бахшида шудааст. Дар ин боб дар ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бар иловаи он ваколатҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешбинӣ намудааст, вобаста ба хусусиятҳои хоси пойтахт ваколатҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд.

Боби 3 ба хусусиятҳои таъминоти моддӣ ва молиявии пойтахт бахшида шудааст.

Боби 4 муқаррароти хотимавӣ буда, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро танзим менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ, дар робита ба пардохти хароҷоти шаҳри Душанбе, бинобар ба ҷо овардани вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қонуни амалкунанда ва дигар санадҳои қонунгузории марбута пешбинӣ гардида, амалӣ шуда истодаанд, маблағи иловагӣ талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор дода мешавад.

 ХОЛИҚЗОДА Абдураҳим Ғафор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мувофиқ намудани мақоми ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва мутобиқ гардонидани функсия ва вазифаҳои Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба талаботи рӯзафзуни иқтисодию ­иҷтимоии пойтахти кишвар бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Қабули қонуни мазкурро ду омили ба ҳам алоқаманд ба миён мегузорад. Якум — омили ҳуқуқӣ ва дуюм — омили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

Омили ҳуқуқии таҳияи лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ба чунин асосҳо вобастагӣ дорад: Аз қабули Қонуни амалкунанда «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки соли 1996 қабул шудааст, 21 сол сипарӣ шуд. Тайи ин муддат низоми ҳуқуқии кишвар таҳти таъсири се ислоҳоти конститутсионӣ (солҳои 1999, 2003, 2016) ба таври назаррас тағйир ёфта, табиати ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (солҳои 1998, 2003, 2009 ва 2017) ба таври ҷиддӣ такмил ёфт, тарзи навишти меъёрҳо, сохтори таркибии онҳо комилан дигаргун шуд. Дар ин миён қабули садҳо қонуни соҳавӣ, аз ҷумла, қонуни табиатан пайванд бо мақоми ҳуқуқии пойтахт дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ду маротиба дар таҳрири нав қабул шуда (солҳои 1994 ва 2004), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» (соли 2004) ҷиҳати такмили функсияҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо панҷ маротиба ба тағйирот мувоҷеҳ шуд, ҳуқуқу вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо куллан таҷдиди назар гардид. Чунин тағйирёбии шаклӣ ва мазмунии материяи ҳуқуқии кишвар қабули қонуни нави пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯзномаи рушди низоми қонунгузории кишвар ворид намуд.

Омили дуюм моҳияти иқтисодӣ — иҷтимоӣ дорад. Дар муддати 21 сол пас аз қабули қонуни амалкунанда пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳудудан, шаклан ва мазмунан тағйир ёфта, ба маркази азими иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ табдил ёфт. Низоми идора бамаротиб мураккаб гардида, талабу дархости сокинон ба мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрдорӣ аз як ҷониб, ҳуқуқу ваколатҳои тарафайни Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектони ҳуқуқии ҳудуди шаҳр аз ҷониби дигар бамаротиб такмил ёфта, ногузир масъалаи такмил додани мақоми ҳуқуқии пойтахтро ба миён овард. Қонеъ гардонидани ин талаботи тағйирёбандаи шаҳр эҳтиёҷ ба таҳияи қонуни нав дошт.

Бо мақсади рафъи мушкилиҳои дар боло номбаршуда ва фароҳам овардани шароити муосири корӣ ба Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави қонунро пешниҳод кард. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаддима, 4 боб, 18 модда, 28 қисм ва 39 сархат иборат аст. Қонуни пешин аз муқаддима ва 13 модда иборат буда, ба қисмҳо ва сархатҳо тақсим нашуда буд.

Шаш моддаи қонун (моддаҳои 1, 2, 3, 7, 8 ва 13) ба мазмуни моддаҳои қонуни амалкунанда наздикӣ дошта, аз назари ислоҳоти забонӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ комилан фарқ карда, аз лиҳози мазмун низ тағйир ёфтаанд.

Лоиҳаи қонун тағйироти ҷиддиро дар муайян намудани мақоми ҳуқуқии пойтахт дар чунин самтҳо пешбинӣ кардааст:

Дар боби 1 — «Муқаррароти умумӣ» моддаҳои 1 — 7 — мафҳуми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ дар бораи пойтахт, кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахт аз ҷониби Ҳукумат (моддаи 4), мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои функсияҳои пойтахт (моддаи 5), ҳудуди шаҳри Душанбе (моддаи 6) ва маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди пойтахт (моддаи 7)-ро муқаррар кардааст.

Тибқи қонуни нав, пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин маркази иҷтимоӣ, таълимию тарбиявӣ, таърихию фарҳангӣ эътироф шуда, ҷойгиршавии қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва дигар намояндагиҳои дипломатӣ дар он расман эълон шудааст. Аз ҳама муҳим, пойтахт ҳамчун маркази ҷумҳурӣ маҳалли нигоҳдошти нусхаи аслии Конститутсия ва макони тайёр кардани шаклҳои аслии рамзҳои давлатии Тоҷикистон муайян шудааст.

Тағйироти ҷиддӣ дар боби 2 оид ба хусусиятҳои идоракунии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт пешбинӣ шудааст. Ҷиҳати ҳалли муфиди масъалаҳои муҳими идораи шаҳр дар қонун (моддаҳои 9 ва 10) ваколати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт ҷудо карда шудааст. Мутобиқи ин тақсимбандӣ, масъалаҳои муҳим, аз қабили нақшаҳои батанзимдарории сохтмон дар шаҳр, шаҳрсозӣ, ободонии пойтахт, банақшагирӣ ва таъмини стратегияи рушди маҷмӯавии иҷтимоию иқтисодии пойтахт, тартиби вуруди нақлиёти дигар шаҳру ноҳияҳо ба пойтахт, тартиби ҳаракати автомашинаҳои боркаш дар шаҳри Душанбе ба ваколати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дода шудааст.

Масъалаҳои хизматрасонӣ бо таъмини замин, бино, иншоот, хизмати манзилию коммуналӣ ва дигар масъалаҳои ташкилию будубоши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, нигаҳдорӣ ва рушди воситаҳои алоқа, қоидаҳои таъмири биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳама расмиёти ҳуқуқиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Таклифу пешниҳоди вакилон дар ҷаласаи васеи кумита баррасӣ шуда, мутобиқ ба талабот ва таъиноти ҳуқуқии қонун мавриди эътибор қарор гирифтанд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонун овоз диҳед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба рафъи мушкилот ва ҳалли масъалаҳои маркази кишвар эътибори хоса дода, мушкилиҳо зина ба зина бартараф гардонида шаванд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад».

Дар ин замина бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани пойтахти кишвар як силсила тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд. Рушди мунтазаму устувори ҳама соҳа, аз ҷумла даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷот, инчунин, нигоҳдории вазъи мутавозини буҷет дар пойтахт, таъмин мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкили марказҳои савдои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯро роҳандозӣ намуда, барои ба танзим даровардани бозорҳои навбунёд ва риояи меъёрҳои зарурӣ ҳангоми ташкили онҳо чораҷӯӣ менамояд. Ҳамчунин, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори соҳаи иҷтимоии пойтахт, ободонии роҳҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ, ободу зебо гардонидани майдончаҳои варзишии кӯдакона ва ҷойҳои истироҳат барои калонсолон кори зиёд анҷом меёбад.

Бояд қайд намуд, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур хусусиятҳои хоси идоракунии пойтахти мамлакат бо дарназардошти мувофиқати манфиатҳои сокинони пойтахт бо манфиатҳои умумидавлатӣ, ­асосҳои ҳуқуқии таъмини фаъолияти ташкилӣ, моддиву техникӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳои пойтахт ба инобат гирифта шудаанд. Қобили қайд аст, ки дар моддаи 2 мафҳуми мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаҳои 14 ва 15 хусусиятҳои маблағгузории хароҷоти марбут ва таъминоти моддӣ ва молиявии хароҷоти иловагии шаҳри Душанбе ҳангоми иҷро намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба миқдори зарурӣ захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии тамоюли болоравии нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:

«Дар соли 2017 фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад».

Мо вазифадорем, ки пойтахти кишварамонро ҳамчун маркази сиёсиву маъмурӣ ва илму фарҳанг ободу зебо гардонем, ба мардум фарҳанги шаҳрдориро тарғиб кунем, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоем ва қалби Тоҷикис­тон — Душанбеи азизро маҳбуби ҳар як соҳибватан ва соҳибдавлат гардонем.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович дода мешавад.

 Ҷамшед САИДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама, мехоҳам аз номи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки аз ҳавзаҳои якмандатии пойтахт интихоб гардидаанд ва аз номи интихобкунандагони шаҳри Душанбе ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастурашон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав изҳори сипос ва миннатдорӣ намоям. Маҳз бо дастуру ҳидоят ва пешниҳоди Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони пойтахт (15 феврали соли 2017) лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нав омода гашта, баъди гузаштани тамоми расмиёт, аз ҷумла дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, имрӯз барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардидааст.

Дастгирии лоиҳаи қонуни мазкур зарур мебошад, зеро он қонуни амалкунандаро мукаммал гардонида, ҳамчунин, ҷиҳати мушаххас намудани хусусиятҳои идоракунии Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, амалӣ намудани кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахт, мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқии нав ворид карда шудааст.

Бо дарназардошти он ки дар пойтахт рушди иқтисодӣ ва пешравию навгониҳои мусбат ҳар рӯз мушоҳида мегардад, инчунин масъалаҳои фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, додани симои ягонаи меъморӣ, алалхусус дар мавриди сохтмони хонаҳои истиқоматии бисёрошёна дар мадди назари роҳбарият ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор гирифтааст, дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳалли як қатор масъалаҳои ҳуқуқии меъёрӣ оид ба ҳаллу фасли онҳо пешбинӣ гардидааст.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур барои рушди минбаъдаи шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар ва фаъолияти босамари сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ дар чаҳорчӯбаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хизмати арзанда хоҳад кард. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

 Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Таъмини низоми самараноки таърихи қарз барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти қарздиҳӣ хеле муҳим буда, зиёдшавии теъдод ва ҳаҷми қарзҳои мушкилситонро дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешгирӣ менамояд. Инчунин, барои қарзгирандагони бовиҷдону бомасъулият, ки таърихи мусбати қарзӣ доранд, шартҳои гирифтани қарзро дар оянда хеле осон намуда, арзиши (фоизи) маблағҳои пулӣ барои онҳо намеафзояд.

Мутобиқи моддаҳои 18, 21, 22, 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», таъминкунандаи иттилоот, аз ҷумла ташкилоти қарзӣ, маълумотро ба Бюрои таърихи қарз бо розигии пешакии субъекти таърихи қарз (қарзгирандагон) пешниҳод менамояд. Бюрои таърихи қарз низ мутобиқи моддаҳои 16, 20 24 ва 28- уми ҳамин қонун, ҳисоботи таърихи қарзро ба истифодабарандагони ҳисобот дар асоси розигии субъекти таърихи қарз (қарзгирандагон) пешниҳод менамояд. Амали қонуни мазкур нишон дод, ки ба Бюрои таърихи қарз дар асоси розигии пешакии қарзгиранда пешниҳод намудани маълумот дар бораи ӯ монеаи ҷиддӣ буда, боиси амалӣ шудани мақсади қонун ва таъмин нагардидани шаффофияти бозори қарзҳои бонкӣ мебошад. Бинобар ҳатмӣ будани чунин розигии пешакӣ, маълумот нисбат ба ҳама қарзи бонкӣ ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намегардад. Дар натиҷа, низоми мукаммали ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз ташаккул ноёфта, бинобар набудани маълумот дар бораи қарздорон, теъдоди қарзҳои мушкилситон дар низоми бонкӣ зиёд гардидааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» пешниҳод мегарданд, ба ташаккулёбии манбаи маълумот дар бораи қарзгирандагон ва қарздорони низоми бонкӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи тағйироту иловаҳо, таъминкунандагони иттилоот, аз ҷумла ташкилоти қарзӣ, ба Бюрои таърихи қарз маълумотро дар бораи субъекти таърихи қарз бидуни розигии ӯ, тавассути огоҳкунии пешакӣ ирсол менамоянд. Ҳисоботи таърихи қарз бошад, аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба истифодабарандагони он чун пештара дар асоси розигии пешакии субъекти таърихи қарз пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои баёнгардида ва танзими ҳуқуқии онҳо, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 7, 16, 18, 21, 24, 22 25, 26-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» пешниҳод мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ин тағйиру иловаҳо манфиатҳои субъекти таърихи қарзро поймол намекунанд ва муқаррароти асосии қонунро оид ба махфӣ нигоҳ доштани иттилоот ва таъмини ҳифзи он тағйир намедиҳанд.

Инчунин, бо мақсади дақиқ намудани салоҳияти мақоми ваколатдор дар самти қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз, тағйироту иловаҳо ба моддаи 7 қонуни амалкунанда пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, барои мушаххас намудани доираи шахсоне, ки ҳуқуқи аз Бюрои таърихи қарз талаб намудани ҳисоботи қарзро доранд, ба моддаҳои 19 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шудаанд. Мутобиқи тағйиру иловаи мазкур, суд ва дигар мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз номгӯйи истифодабарандагони ҳисоботи қарзе, ки дар моддаи 19 қонуни мазкур муқаррар шудааст, хориҷ мешаванд, зеро мақомоти номбурда тибқи маъно ва мафҳуми истилоҳоти дар ҳамин қонун пешбинишуда истифодабарандагони ҳисоботи қарз намебошанд. Ҳамчунин, ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ пешниҳод намудани маълумот дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 192) муқаррар мегардад.

Иваз намудани калимаҳо дар моддаи 2 Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» бо мақсади таҳрир пешниҳод карда мешавад.

Ҳамин тариқ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарз имконият медиҳад ва метавонад хавфи қарздиҳиро кам карда, арзиши (фоизи) қарзро барои қарзгирандагон поён намояд. Дар натиҷа, пешниҳоди қарз ба доираи нисбатан зиёди аҳолӣ, хусусан қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкории хурду миёна бештар гардида, ба рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»- ро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарз, кам намудани арзиши қарз ва хавфи он, рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурд ва дар маҷмӯъ барои васеъ намудани имконияти қарздиҳии ташкилоти қарзӣ ба қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар қонуни амалкунанда уҳдадории ташкилоти қарзӣ доир ба пешниҳоди ҳатмии маълумот ба Бюрои таърихи қарз дар робита ба ҳама қарзи пешниҳодшуда пешбинӣ нагардида, ба таъсис ва амалӣ намудани низоми мукаммали ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз монеа эҷод менамояд. Вобаста ба ин, дар лоиҳаи қонуни зикргардида пешниҳоди ҳатмии маълумот аз ҷониби қарздеҳ – ташкилоти қарзӣ ба Бюрои таърихи қарз доир ба қарзгирандагон, новобаста аз мавҷуд будани розигии онҳо барои пешниҳоди чунин маълумот, пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин 11 таклиф пешниҳод карданд, ки 6 – тои онҳо қабул шуд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ савол дорад. Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдуҳалим Ғаффоров дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ман ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон се савол дорам:

1. Маблағҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз бонкҳо қарз гирифтаанд ва муҳлати баргардониданашон ба поён расидааст, чӣ қадар мебошанд?

2. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ таъкид карданд, ки гирифтани қарз аз бонкҳо ҳанӯз мушкилоти зиёд дорад…

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор бонк 3 миллиарду 250 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кард. Он маблағҳо куҷо шуданд ва чаро то ҳол шаҳрвандон аз он бонкҳо маблағҳояшонро гирифта наметавонанд?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: - Қарзҳои беэътимод то имрӯз 54 фоизи сандуқи қарзиро ташкил медиҳанд. Мизоҷон дар давоми 9 моҳ аз ин гуна қарзҳо беш аз 800 миллион сомониро баргардониданд. Дар ин самт кор бурда мешавад. Нақшаи солимгардонии бонкҳо аз ҷониби Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзӣ таҳия ва тасдиқ карда шудааст ва тибқи он чораҳо андешида мешаванд. Лоиҳаи қонуне, ки ҳоло мавриди баррасӣ аст, барои ҳалли ин масъала мусоидат менамояд. Дар ҷумҳурӣ қариб 50 нафаре ҳастанд, ки аз чанд бонк қарздоранд ва гирифтани маълумот оид ба таърихи қарзи онҳо аз Бюрои қарз ба мо кумак хоҳад расонд.

Ҳоло Бонки миллӣ санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба сода гардонидани додани қарз таҳия карда истодааст, ки монеаҳои сунъии гирифтани қарзро бартараф месозад.

Оид ба сармоякунонии бонкҳо изҳор медорам, ки мо бонкҳоро ба андозаи 3 миллиарду 250 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардем. Сарфи ин маблағҳо таҳти мониторинги Бонки миллӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маблағҳои ҷудошуда назар ба талаботи бонкҳо қариб як миллиард сомонӣ камтар буд. Агар мо талаботи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро пурра қонеъ мекардем, беш аз 2 миллиарду 100 миллион сомонии дигар зарур аст. Як қисми маблағҳо барои пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии бонкҳо сарф шуда, беш аз 800 миллион сомонӣ барои кам кардани уҳдадории қарзӣ дар назди мизоҷон равона шудааст.

Ҳоло бонкҳо барои ҷалби сармоя тадбирандешӣ доранд. «Тоҷиксодиротбонк» дар давоми ҳашт моҳ фаъолияташро бо 55 миллион сомонӣ фоида ҷамъбаст намуда, беш аз 900 миллион сомонӣ, яъне нисфи уҳдадориашро дар назди мизоҷон кам кард. Дар сурати ҷалби сармоя уҳдадориашро пурра иҷро хоҳад намуд. Ҳоло гуфтушунид байни ин бонк ва мизоҷонаш идома дорад. Шартномаҳо бо розигии тарафайн аз нав баста мешаванд.

РАИС: - Масъалаи мазкур боиси ташвишу изтироби сахт гардид. Мардум маблағҳояшонро ба бонкҳо бовар карда, амонат гузоштанд ва имрӯз саргардонанд. Ҳам Ҳукумат ва ҳам Бонки миллӣ чораи зиёд андешиданд, вале ин эътимоди аҳолиро беш накард. Муҳтарам Нурмаҳмадзода, шумо ҳоло иброз доштед, ки бонкҳо сармоя ҷалб хоҳанд кард. Онҳо аз куҷо сармоя ҷалб мекунанд бо ин вазъи доштаашон. Шумо гуфта будед, ки бо ин маблағи ҷудошуда бонкҳо наҷот меёбанд, аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ маблағҳояшонро мегиранд. Таҳлил кунед, ки ин маблағ куҷо шуд, ба кӣ расид ва чӣ қадар маблағи амонатгузорон надода мондааст? Бо ин ҳол ҷалби сармоя боз ҳам душвор мешавад, зеро дигар шаҳрвандон ба бонк маблағашонро ба амонат намедиҳанд. Пулҳое, ки мизоҷон ба бонкҳо мегузоштанд, даҳҳо миллиард сомониро ташкил мекард. Ҳоло масъалаи баргардонидани маблағҳои мизоҷон ва ҳам ҷалби сармоя дарди сар барои шумо ва умуман Бонки миллӣ аст. Дар оянда ин дарди сар барои парламент, Ҳукумат ва ниҳоят барои Пешвои миллат мешавад, зеро мардум тамоми арзу шикоятро ба Пешвои миллат мекунанд. Мо шаш моҳ пеш барои ҳалли ин муаммо иқдом карда, барои ҷудо намудани маблағ розигӣ дода будем ва умед бар он доштем, ки масъала ҳалли худро меёбад. Ҳоло мардум ҳатто розианд, ки аз баҳри фоида гузашта, маблағи худашонро пас гиранд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ назир надорад.

Давоми як сол роҳбарони ин бонкҳо ошкор ба шаҳрвандон нагуфтанд, ки онҳо ин маблағҳоро куҷо карданд, чаро онҳоро баргардонида наметавонанд? Оё Бонки миллӣ маълумот дар ихтиёр дорад, ки ҳоло чӣ қадар маблағҳо баргардонида шудаанд?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — Бонки миллӣ чунин маълумотро дорад ва ҳоло беш аз 90 фоизи пасандозҳои аҳолиро маблағҳои хурд аз 100 сомонӣ то 10 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар аз он ташкил медиҳанд.

РАИС: — Пас агар чунин бошад, кайҳо он маблағҳоро баргардонидан мумкин буд. Шояд ҳамин тавр шудааст, ки амонатгузорони калон бо ҳар роҳ маблағҳояшонро аз бонкҳо гирифтаанд ва шахсони одӣ бошанд, ҳар рӯз ба бонк рафта, 200 — сомонигӣ маблағ мегиранд. Ин ба ояндаи бонкҳо зарари ҷиддӣ мерасонад. Мардуми мо инсонҳои хубанд. Дар акси ҳол кайҳо ба суд муроҷиат карда, зудтар баргардонидани маблағҳояшонро талаб мекарданд. Ба ин масъала муносибат бояд ниҳоят ҷиддӣ бошад.

Сухан барои савол додан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.

Сафаров Зайнудин: - Саволи ман дар робита ба он аст, ки «Тоҷиксодиротбонк» аз 1 январи соли ҷорӣ ба ҳамаи депозитҳо ҳамагӣ 5  фоиз  муқаррар кардааст. «Агроинвестбонк» бошад, аз моҳи июли ҳамин сол пардохти фоизи депозитҳоро қатъ намудааст ва баргардонидани маблағҳоро низ қариб қатъ кардааст ва агар баргардонад ҳам, андозаи онҳо хеле ночиз аст. Оё ҳар дуи ин бонк чунин ҳуқуқ доранд ва он дар ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: - Ин мавзӯи баҳси судӣ аст, яъне ташкилоти қарзӣ ҳуқуқи яктарафа қатъ кардани шартнома надорад. «Агроинвестбонк» бошад, шартномаро якҷониба қатъ накардааст, танҳо додани фоизҳоро муваққатан боздоштааст ва дар сурати солим гардидани вазъ онҳоро пардохт мекунад.

Муҳтарам Раис! Шумо оид ба муҳим будани ҷалби сармоя ишора кардед. Ин ҳар ду бонк ҳоло барои ҷалби сармояи беруна ҷаҳд доранд. Дар мавриди харидории саҳмияҳои ин бонкҳо бошад, гуфтан зарур аст, ки агар аз ҷониби ашхоси алоҳида саҳмияҳои ин бонкҳо харидорӣ шаванд, вазъи молиявии бонкҳо низ муътадил хоҳад шуд.

РАИС: - Бисёр хуб мебуд, дар ифодаи суханатон калимаи «агар» истифода намешуд. Он вақт ба беҳбудӣ умедвор шудан мумкин мебуд. Ба шумо ду ҳафта муҳлат муқаррар карда мешавад ва тӯли ин вақт аз он бонкҳо ҳама маълумоти зарурӣ ҷамъ карда, муайян намоед, ки ин маблағҳоро онҳо чӣ кор карданд, минбаъд чӣ кор карданӣ ҳастанд ва кай масъалаи мавриди баррасии имрӯзаро ҳал хоҳанд кард.

Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

Мавлуда МИРЗОЗОДА:

- ­Масъалаи давра ба давра баргардонидани қарзҳо чӣ гуна роҳандозӣ шудааст, зеро вақте ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон мулоқот доштем, якчанд нафар бо ҳамин масъала муроҷиат карданд. Яке аз онҳо нафақахӯр Шарифов бо ариза ба ман муроҷиат карда, изҳор дошт, ки ба «Тоҷиксодиротбонк» 26 ҳазор доллари ИМА маблағ гузошта, аз соли 2015 онро гирифта наметавонад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: – Хоҳишмандам, аризаи мазкурро унвонии ман ирсол намоед. Чора андешида мешавад.

РАИС: - Сухан барои савол додан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Солҳои охир соҳибкорони зиёде муфлис шуданд ва яке аз сабабҳои асосии ба ин ҳол дучор шуданашон фоизҳои баланди бонкӣ аст. Бо ин гуна фоизҳои баланд танҳо дар Ситсилия тоб меоранд. Фикр мекунам, фаҳмидед, ки чаро ман он ҷойро ном бурдам. Ҳатто дар Қирғизистони ба мо ҳамсоя низ бонкҳо ин гуна фоизи баланди даромад муқаррар накардаанд. Оё Бонки миллӣ барои беҳ кардани вазъ ягон нақшаи мушаххас дорад?

Саволи дигар. Аз муҳлати барои бонкҳо муқарраршуда як сол сипарӣ гардид, вале масъалаҳо ҳал нашуда монданд. Дар ин ҳол магар роҳбарияти Бонки миллӣ ба истеъфо намеравад? Мардум наметавонад 10 сол мунтазир шавад, то ин ки маблағашро бозпас бигирад. Ба мо интихобкунандагон зимни вохӯриҳо аз ин хусус зиёд муроҷиат мекунанд. Аксарияти онҳо кӣ будани раиси Бонки миллиро намедонанд, вале Ҳукуматро медонанд. Пешвои миллатро хуб мешиносанд ва зимни вохӯриҳояшон мардум аз хусуси ин масъала шикоят мекунанд.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Сандуқи депозитие, ки солҳои пеш зиёда аз 10 миллиард сомониро ташкил медод, аксарашон фоизи даромаднокии баланд доштанд. Муҳлати додани ин гуна фоизҳои баланд ҳоло ба охир мерасад ва мувофиқи тартиби нав акнун фоизи депозитҳо 14 фоиз бо асъори миллӣ ва то 6,8 фоиз бо асъори хориҷӣ пешбинӣ мешавад. Бонкҳои мо аксаран тиҷоратиянд ва онҳо ҳама хавфу хатар, дигар омилҳо, минҷумла даромади худро ба ҳисоб мегиранд. Сарфи назар аз ин, мо ба бонкҳо супориш додаем, ки масъалаҳои марбут ба пешниҳоди қарзро бори дигар бо тамоми ­ҷузъиёт таҳлил карда, ба Бонки миллӣ пешниҳод намоянд.

РАИС: - Аз вазъи баамаломада метавон хулоса кард, ки аксарияти онҳое, ки аз бонк қарз гирифтаанд, бинобар баланд будани фоиз, онро сари вақт баргардонида наметавонанд. Яъне, қарз нодуруст дода шудааст ва ҳамон амволе, ки қарзгир ба бонк гарав гузоштааст, низ бинобар нархи гарон доштанаш, ба савдо намеравад, то ин ки ташкилоти қарзӣ маблағашро бозпас гирифта тавонад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Ҳоло дар ҷумҳурӣ асосан қарзҳои хурд дода мешаванд ва онҳо 93 фоизи қарзи умумии додашударо дар бар гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи қарзгирифтаҳо соли ҷорӣ афзуда, соҳаҳои гуногунро фарогир мебошанд.

Вобаста ба саволи дуюми вакил мегӯям, ки ба иззати нафси касе расидан хуб нест.

РАИС: - Муҳтарам Нурмаҳмадзода, чуноне пештар гуфтам, маълумоти талабкардаро дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намоед, зеро баъди таҳлили вазъи баамаломада оид ба ислоҳи онҳо иқдомҳои ҷиддиро амалӣ кардан зарур аст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, № 788 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, № 851 «Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ» лоиҳаи қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Қаблан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, № 408 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ» — Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ аз сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ ва ба сохтори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Талаботи банди 3 қарори мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Вобаста ба ин, дар моддаҳои 1, 7, 24, 27, 33, 35 ва 36-ум тағйироти зарурӣ пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои тақвият бахшидан ба мақоми танзимкунандаи назорати суғуртавӣ равона карда мешаванд.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич дода мешавад.

Ҳокимҷон ХОЛИҚОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, № 851 «Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ» бо тартиби ҳуқуқи истифодаи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз пешниҳоди тағйироти воридгардида мутобиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур ба вазъи ҳуқуқии мақоми нави назорати суғуртавӣ, афзудани самаранокии танзим, назорати бозори суғурта, инчунин таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасонии суғуртавӣ ва манфиатҳои давлат иборат мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2017, № 1366 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ 15 пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо чортояш пурра ва дутои дигараш қисман қабул шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки 3 ­октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклифҳо доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардид, ки тибқи онҳо лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд.

Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Садриддинзода Бадриддин Талбак дода мешавад.

 САДРИДДИНЗОДА Бадриддин Талбак:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Хайрулло Сафарзода, Ҷаббори Ғаффор ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Бадриддин Садриддинзода, Бибидавлат Авзалшоева ва ­Мирзодавлат Сабурзода таҳия гардидааст, пешниҳод карда мешавад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгашта хусусияти таҳрирӣ, муайянкунанда ва танзимкунанда дошта, бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи селексияи растаниҳо, танзими муносибатҳо оид ба гирифтани ҳуқуқи селексионер, муайян намудани вазъи ҳуқуқии вориси ӯ, тартиби додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ва интишори иттилооти расмӣ, мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гаштааст.

Чунончӣ, моддаи 6-уми қонуни амалкунанда мукаммал гардонида, дар он заминаи ҳуқуқии тасдиқи ҳуқуқи селексионер, тартиби гирифтани подош барои офаридан ё кашф намудан, такмил додани навъи нави растанӣ аз ҷониби селексионер, дар моддаи 121, асос­ҳои ҳуқуқии додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба селексионер (селексионерҳо), вориси ӯ (ворисони онҳо) ва корфармо, дар қисми 2 моддаи14 ҳангоми ташхис ба инобатгирии маълумоти расмӣ ва дар моддаи 29 интишори иттилооти расмӣ дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи растанӣ мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин, барои ҳаммаъно ифода намудани истилоҳот дар қонуни амалкунанда дар иртибот ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи растанӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мафҳумҳои «дархостдиҳанда», «вориси (ворисони) селексионер», «маводи тухмӣ», «қатъ гардидани ҳуқуқ», «гирифтани ҳуқуқи селексионер» дар лоиҳа истифода гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2017, таҳти №1080 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд. Дар ҷаласаи васеи кумита 4 октябри соли ҷорӣ лоиҳаи қонун бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба лоиҳаи қонуни мазкур 54 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 36-тоаш пурра ва 15-тои дигар қисман қабул шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Азизмамад дода мешавад.

 Азизмамад КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз 20 марти соли 2008 мавриди амал қарор дошта, мутобиқгардонии он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», инчунин барои бартараф намудани мухолифати меъёрҳои мушаххаси қонун, норасоиҳову камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи мафҳуму ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, мусоидат ба таъмини риоя ва иҷрои қонунгузорӣ рабт дорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида, барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ва хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро муайян менамояд. Бо мақсади ба низом даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, яъне ба ҷойи додани ду ҳуҷҷати тасдиқкунанда (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ) як ҳуҷҷат – Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур, ҳамчунин тартиби содагардонии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқулро низ ба танзим медарорад.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»-ро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 432  «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» таҳия шудааст. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур дар мавриди ба молу мулки ғайриманқул додани як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки  шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ молу мулки худро аз қайд гузаронида, соҳиби ҳуҷҷати расмии ҳуқуқмуайянкунанда ба моликият шаванд.

Қабули қонуни мазкур имкон медиҳад, ки ҳуҷҷатгузорӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи гражданӣ ба роҳ монда шавад, ки минбаъд баҳсҳоро аз байн мебарад. Дар сурати чунин барасмиятдарорӣ, воридоти хироҷ ба буҷет беҳтар гардида, дар оянда хароҷоти иловагии беасос аз байн бурда ва шароити иҷтимоии соҳибмулкон беҳтар карда мешавад.

Тағйиру иловаҳо асосан ба моддаи 22-юми  қонуни амалкунанда пешниҳод гардида, 6 моддаи нав, аз ҷумла, моддаҳои 391,441, 491, 601, 602 ва 681  илова карда шудааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, 31 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 18 — тоаш пурра ва яктоаш қисман қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон 3 октябр барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия пас гардонида шуд. Лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаи масъул, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи роҳбарияти Раиси Маҷлиси намояндагон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»  дар мувофиқа бо шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон такроран мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифу эродҳои дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баёнгардида ба инобат гирифта шуд. Ҳамчунин, матни лоиҳаи қонуни мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда, хатогиҳои имлоиву техникӣ ислоҳ шуд. Ҳамаи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар баррасии масъалаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон Ҷаббор Ахмедов ва Абдуҳалим Ғаффоров иштирок намуда, ба муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни масъала савол дода, посух гирифтанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

 ЛАТИФЗОДА Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нуралӣ Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ, Баҳром Абдуалимов ва Ҷамшед Саидов пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст. Тағйиру иловаҳои воридгардида хусусияти мутобиқкунанда ва таҳририву имлоӣ доранд.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2017, №1202 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин 45 таклиф пешниҳод карданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 4 октябри соли 2017 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагию манзилии коммуналӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодшуда 37 – тоаш пурра ва дутоаш қисман қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни  мазкур, ҳамчунин дар асоси таклиф ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, такмил дода шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандем лоиҳаи қонуни  мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

 Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Мирзозода ва Г. Ашурзода бо мақсади мутобиқ намудани баъзе мафҳумҳои кодекси мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз байн бардоштани мухолифат оид ба татбиқ намудани ҷазои маъмурӣ таҳия гардидааст.

Лоиҳаи ин қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1218 аз 15 майи соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаи масъул 2 октябри соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаро баррасӣ намуд. Бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 28-уми августи соли 2017, №1466) дар мувофиқа бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи  ваколатдори Президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадалӣ Ватанзода қарор  шуд, ки ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»  се қисми нав илова карда  шавад. Мувофиқи он ба моддаҳои 87, 93 ва 98 тағйирот ворид карда шуд. Ин тағйирот ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти суд ва корҳои дохилӣ равона шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт ва аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба такмили лоиҳа як қатор таклифу эродҳо пешниҳод ва бо дарназардошти онҳо  қисмҳои 3-юм ва 5-уми лоиҳа такмил ва меъёрҳо мушаххас карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳиш менамоем лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» шурӯъ мекунем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Бобоева Гулнора Исломовна дода мешавад.

 Гулнора БОБОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо қарори худ аз 25 сентябри   соли 2017, №1367 лоиҳаи қонуни мазкурро барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорид. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонун ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Ба қонуни мазкур тағйироти зерин пешниҳод гардидааст: Қисми чоруми моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Андозаи меъёри пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» муайян карда мешавад.».

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

28 сентябри соли 2017 дар ҷаласаи васеи Кумита оид ба  корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям,ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Ҳаёт Одинаев ва Баҳодур Акрамзода таҳия шудааст.

Мақсад аз таҳияи он мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва Қонуни моделӣ «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мебошад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз 2 модда ва 4 қисм иборат аст. Тибқи моддаи 1 ба моддаҳои 2,8,10 ва 24 — уми қонуни амалкунанда 7 тағйиру илова пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, дар асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда мешавад. Ба моддаи 8   қисми 5, ба қисми 1 моддаи 10 сархати чорум, ба қисми 2 моддаи мазкур сархатҳои сеюм ва чорум ва ба моддаи 24 қисми 7 илова карда шуданд.

Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 5 октябри соли 2017 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокчиён қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи  ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Достизода Миралӣ дода мешавад.

 Миралӣ ДОСТИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Шораҳматов ва вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Равшан  Раҷабов, Миралӣ Достизода ва Ҳокимҷон Холиқов пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2017, №1259 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати такмили лоиҳа дар маҷмӯъ 15 пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо ҳаштоаш пурра ва панҷтоаш қисман қабул шуд.

Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки 16 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклифҳо доир ба лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардид, ки онҳо пурра ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро ба баррасии шумо пешниҳод карда, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ