Муҳокимаи парламентӣ

Чаро истеҳсоли тухм зиёд, аммо нархаш гарон?

№64 (4014) 04.06.2019

DSC_440628 майи соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар мавзӯи «Рушди парандапарварӣ ва мушкилоти соҳа» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ниҳодҳои вобаста ба соҳаи парандапарварӣ ва гумрук ширкат варзиданд.

Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ­декабри соли 2017 ба рушди соҳаи парандапарварӣ таваҷҷуҳи хос намуданд. Дар робита ба ин, корхонаҳои соҳаи парандапарварӣ 6 сол аз пардохти андози боҷи гумрукию андоз озод карда шуда, дар кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 тағйирот ворид гардид. Ин имкон дод, ки истеҳсоли тухм нисбат ба соли 2017 қариб 110 миллион дона зиёд гардида, ба 450,3 миллион дона расад. Корхонаҳои нави парандапарварӣ ба фаъолият шурӯъ карда, имкониятҳо барои афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда васеъ истифода шавад.

- Тавре аз муроҷиати роҳбарони корхонаҳои парандапарварӣ бармеояд, то ҳол дар соҳа мушкилот ҷой дошта, зарурият барои омӯзиш ва дар ҳолатҳои зарурӣ такмили заминаи ҳуқуқии ҳалли онҳо ба миён омадаанд, — гуфт А. Фелалиев. — Барои мавриди баррасӣ қарор додани масъала якчанд дархосту пешниҳод низ гирифтем. Аз ҷумла, роҳбарияти ҶДММ «Тарз»- и шаҳри Ваҳдат ду маротиба ба Маҷлиси намояндагон муроҷиат намуд.

Муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нусратулло Мӯсоев таъкид намуд, ки баъд аз додани имтиёз ба соҳа ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, тухм ва саршумори паранда афзуд. Аммо воридоти маҳсулоти соҳа кам шуд. Чунончӣ, соли 2018 нисбат ба соли 2017 тухм 19 миллион дона ва гӯшти паранда 33919 тонна кам ворид ва дар чор моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 воридоти тухм 14 миллион дона, чӯҷа 48519 сар ва гӯшти паранда 255 тонна кам гардид. Инчунин, соли ҷорӣ саршумори паранда нисбат ба чор моҳи соли 2018- ум 1,9 миллион сар ва тухм миллион дона зиёд шуда, истеҳсоли чӯҷаи якрӯза ба 780 000 сар расид.

- Соли равон тибқи нақша 9000 сар «чӯҷаи модарӣ» барои дар оянда истеҳсол кардани тухми инкубатсионӣ бояд ворид гардад, ки дар якчанд марҳила сурат мегирад. Баъди амалӣ кардани он минбаъд ба воридоти тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯза хотима мебахшем, — гуфт Н. Мӯсоев.

Сардори КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров зикр намуд, ки иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳаи парандапарварӣ самар дода истодааст. Масалан, дар 4 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ҳам саршумори паранда ва ҳам истеҳсоли тухму гӯшти мурғ зиёд шуд. Теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ 47 адад афзуда, аз Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия 2,5 миллион адад тухми инкубатсионӣ барои истеҳсоли гӯшти паранда ворид гардид.

Номбурда аз он изҳори ташвиш кард, ки бо вуҷуди зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парандапарварӣ, корхонаҳои ватанӣ дар бозор пурра рақобат карда наметавонанд. Зеро баъзе тоҷирон аз хориҷи мамлакат тухму гӯшти арзону пастсифат ворид менамоянд. Хуб мешуд, ки воридоти маҳсулоти парандапарварӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, аниқ мушаххас шавад, ки тухми воридшуда истеъмолист ё инкубатсионӣ. Зеро саршумори чӯҷа ба миқдори воридоти тухми инкубатсионӣ мувофиқат намекунад.

Муовини сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Назаров ёдовар шуд, ки зимни воридкунии хӯроки паранда баъзан мушкилиҳо пеш меоянд. Хадамоти гумрук ба танҳоӣ, бе кумаки мақомоти марбута ширкатҳои воқеан ба парандапарварӣ машғулро муайян карда наметавонад. Барои татбиқи имтиёзҳои гумрукӣ – андозӣ Хадамоти гумрук аз ширкатҳо ратсиони хӯроки парандаро талаб мекунад. Дар санад бояд саршумори парандаи корхона ва миқдори хӯроке, ки ворид мекунад, нишон дода шавад. Агар дар 4 моҳи соли 2018 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиону 712 ҳазор доллари амрикоӣ хӯроки паранда ворид шуда бошад, ин рақам дар 4 моҳи соли равон тибқи маълумоти фаврӣ 10 миллиону 55 ҳазор долларро ташкил дод.

Номбурда аз он изҳори ташвиш намуд, ки баъзе тоҷирон то 1000 тонна хӯроки паранда ворид мекунанд, вале касе сифати онро кафолат намедиҳад. Ҳол он ки дар натиҷаи саҳлангорӣ эҳтимоли ворид намудани вирусҳо вуҷуд дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки зимни воридоти тухми икунбатсионӣ, хӯроки паранда, витамину доруҳои байторӣ, чӯҷа ва дигар намуди молҳо хулосаи тасдиқшудаи масъулони соҳаи парандапарварӣ гирифта шавад. Дар он сурат мушаххас мешавад, ки корхона чӣ қадар паранда ва ба чӣ миқдор хӯрокворӣ ниёз дорад. Он гоҳ ҳар гуна ашхоси тасодуфию дур аз соҳа тухми инкубатсионию хӯроки паранда ворид намекунанд.

Директори ҶДММ «Тарз» Саъдӣ Бафоев аз он изҳори ташвиш кард, ки аксар тухми ба кишвар воридшаванда таърихи рӯз надоранд. Зеро тоҷирон дар аксар ҳолат тухми муҳлати истифодааш каммонда ва арзоншударо мехаранд, ки истеъмоли ин гуна маҳсулот ба саломатӣ зарар дошта, боиси кундзеҳнию камақлии кӯдакон ва стрессу асабонияти калонсолон мегардад.

- Ман хоҳиш дорам, ки таърихи истеҳсоли тухм ҳатман сабт гардида, ин раванд мавриди назорати қатъӣ қарор гирад, — гуфт Саъдӣ Бафоев.

Ба андешаи академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикис­тон Давлатҷон Комилзода, яке аз сабабҳои дар бозор рақобатпазир набудани маҳсулоти ватанӣ баланд будани арзиши аслии он аст. Зеро 70 фоизи арзиши аслии маҳсулоти парандапарвариро хӯрок ташкил медиҳад. Тухми инкубаторӣ ва маҳсулоти байторӣ низ аз хориҷа ворид мешавад.

- Бо мақсади пешбурди соҳа иқтидори корхонаҳои мавҷудаи истеҳсоли хӯроки парандаро баланд намуда, корхонаи замонавии пуриқтидор сохтан лозим аст. Дигар ин ки бояд дар соҳаи парандапарварӣ корхонаҳои зотпарварӣ таъсис дода шавад. Ҳоло 90 фоизи тухми инкубатсионӣ аз хориҷа ворид мешавад. Агар корхонаҳои зотпарварии замонавӣ дошта бошем, муҳтоҷи аз хориҷа овардани тухми инкубатсионӣ намешавем, — гуфт Д. Комилзода.

Академик Давлатҷон Комилзода сабаби дигари баланд будани нархи тухму гӯшти парандаро дар худсарии миёнаравҳо мешуморад. Зеро корхонаҳои давлатии парандапарварӣ як дона тухмро 60- 65 дирам мефурӯшанду миёнаравҳо ба болои ҳар як дона тухм 30 — дирамӣ изофа мекунанд. Дар мағозаҳои фирмавӣ бошад, нархи як дона тухм то ба 1 сомонию 30 дирам мерасад. Барои аз байн бурдани миёнаравҳо зарур аст, ки дар шаҳру ноҳияҳо мағозаҳои фирмавии корхонаҳои парандапарварӣ сохта шавад.

Зимни баррасии масъала, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Мирзоанвар Ахмедов ва Ҷамшед Муртазозода фикру андеша баён карданд.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ