Дар раванди давлатсозӣ нақши парлумон ҳалкунанда аст

№43 (3837) 07.04.2018

DSC_85345 апрели соли равон дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони ­Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши парламенти касбӣ дар инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳои олӣ, ҳуқуқшиносон иштирок намуданд.

 Конференсияро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода ифтитоҳ намуда, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи нахустини даъвати панҷуми парлумони кишвар (17 марти соли 2015) ёдовар шуд: «Вазифаи имрӯзаи мо таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки дар марҳилаи муосири рушди кишварамон зарурӣ буда, ҷавобгӯйи манфиатҳои милливу фарҳангии халқи Тоҷикистон бошанд. Барои ноил шудан ба чунин ҳадафҳои ҳуқуқӣ ва такмили сифати қонунҳо ҳокимияти қонунгузори кишварро зарур аст, ки дар баробари қабули қонунҳо ба вазъи иҷрои он, сифати амалишавии меъёрҳо, муносибати мардум бо мазмун ва талаботи онҳо бештар таваҷҷуҳ намуда, бо назардошти расму оинҳои муосири давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ табиати иҷроиш ва татбиқи онҳоро баҳогузорӣ намоянд».

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки қонунгузории давлатӣ рукни муҳим ва зинаи олии таъмини истиқлолияти фикрӣ, таҳкурсии ҳуқуқии озодии иродаи ҳар инсон ва халқ аст, ки ­давлатро ҳамчун навъи хосаи иттиҳоди сиёсии мардум муаррифӣ менамояд. Қонунгузории давлатӣ ва мустақилияти фаъолияти он ҷавҳари ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқӣ, миллӣ ва давлатист.

- Дар раванди давлатсозӣ ва қонунэҷодкунии кишвар нақши парлумон ҳамеша ҳалкунанда ва тақдирсоз буд, — гуфт А. Азизӣ. — Қонунгузории давлати Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳим ва мустақили ҳокимияти давлатӣ тайи солҳои истиқлолият роҳи бесобиқа, пурғановати эҷодӣ ва созандагиро паси сар намуда, зина ба зина Тоҷикис­тонро ба сӯйи ормонҳои азалии халқ – бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар наздик намуда истодааст.

- Бо боварии том метавон гуфт, ки мақоми қонунгузори кишвар тайи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад. Имрӯз ин низоми мустақили ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи кишвар 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс, 14 қонуни авф, 1 қонуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда, 26 қонуни буҷет,  17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 4 санади ҳамкории иқтисодӣ бо АвруОсиё, 422 шартнома, конвенсия ва созишномаи байналмилалӣ, 359 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарорҳои Ҳукумат қомат афрохтааст. Дар ин миён 3 кодекс ва зиёда аз 110 санади меъёрии ҳуқуқӣ вазифаҳои даврии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шуданд, — афзуд ӯ.

Қайд гардид, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари истифодаи таҷрибаи неки ҷаҳонӣ ва кишварҳои пешрафта, мутобиқ ба талаботи муносибатҳои воқеии рушди олами муосир роҳи таърихии ҳуқуқэҷодкунии мамлакатро дар пайвастагӣ бо манфиатҳои миллӣ мушаххас намуд.

Роҳи таърихии рушди парламентаризм дар кишвар ва мазмуни фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии он гувоҳ аст, ки давлати тозаистиқлоли мо тавассути парлумони касбӣ дар асоси дастовардҳои навини арзишҳои башарӣ, ба сӯйи давлати табиатан миллӣ, шаклан ҷумҳуриявӣ ва усулан демократӣ рӯ овардааст, ки дар паҳнои он арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо ҳадафҳои неки халқи тоҷик ба ҳам омадаанд.

Дар конференсия, ҳамчунин Абдураҳим Холиқзода — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилиҳои раванди қонунгузорӣ дар Тоҷикистони муосир», Равшан Раҷабов – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар инкишофи қонунгузории мамлакат», Бахтовар Сафарзода – узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Таъсири стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Толибхон Азимзода – узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар мавзӯи «Ифодаёбии нақши ҳокимияти қонунгузор дар Конститутсия, ташкил ва рушди он»,  Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Н. НИЗОМӢ,  

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, 

«Садои мардум»