Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№21 (3815) 17.02.2018

DSC_498715 феврали соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимзода Д. Р.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ализода Н. И.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исматзода Раҳмат», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Д. Р.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ализода Н. И.» ва «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикис­тон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017».

Баъд аз шарҳу тавзеҳи ­мас­ъалаҳои зикршуда аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ­Раҳмон Озода Эмомалӣ, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мас­ъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода оид ба ҳар яки он қарор қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид.

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ, инчунин муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода ва прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон иштирок доштанд.

 Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев