Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№13 (4119) 28.01.2020

коллажБисту чоруми январи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки рӯзномаи он аз ­масъалаҳои зерин иборат буд:

1. Дар бораи додани ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озод ва таъин намудани прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ».

Онҳоро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Амирзода Раҳмоналӣ Амир шарҳу тавзеҳ доданд ва бо қарорҳои  алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ барои баррасӣ ба Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуд.

Дар ҷаласа раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз Абду, раиси Суди Олӣ Шоҳиён Шермуҳаммад, раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод низ иштирок доштанд.

Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ