Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№10-11(4272-4273) 26.01.2021

ШУРО ММБисту панҷуми январи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор шуд.

Ба рӯзномаи он масъалаҳои зерин ворид карда шуданд: «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Самадзода Т. Д.» ва «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020». Онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф ва прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод шарҳу тавзеҳ доданд.

Сипас, бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои зикршуда ба баррасии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул намуд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлуба Амонзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз Абду, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ низ иштирок доштанд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ