Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№150 - 151 (4412-4413) 20.12.2021

DSC_8143Бистуми декабри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Зимни он масъалаҳои дар Ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасишаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи қарорҳои Шӯро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро, лоиҳаи қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.» ва «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» қабул гардида, ба баррасии Ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ