Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№114 (3594) 03.09.2016

DSC_038031 августи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Доир ба рӯзномаи ҷаласа Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд. Масъалаҳои аввали рӯзномаро – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Халқии Демок­ратии Алҷазоир дар бораи  ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузорӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ  аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», «Дар бораи Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният», «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ  дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ  аз 18 июни соли 2004», «Оид ба Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот», «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизонидани  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти  махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният  Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир тавзеҳ доданд.

Тибқи қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон масъалаҳои номбурда барои баррасӣ ба ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» мавриди баррасӣ қарор гирифта, мувофиқи қарорҳои қабулшуда барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ  ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Самариддин  АСОЕВ, «Садои мардум».  Суратгир А. ИСОЕВ