Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№50 (3687) 09.05.2017

DSC_0026Ҳаштуми майи соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Баъди тасдиқи рӯзнома ­масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи грантии (гранти №0510-TAJ(EF) ­(Маблағгузории беруна) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд» ва «Дар бораи Созишномаи маблағгузории (қарзи №3451-TAJ(SF) ва гранти №0509-TAJ(SF) (Амалиётҳои махсус) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд»-ро раисони кумитаҳо оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Нас­риддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, аъзои Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Асозода ва Баҳром Абдуалимов тавзеҳ доданд.

Сипас, бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зикршуда ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сафари Маҷидзода Ҷ. З. ба шаҳри Остона», ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» низ қарор қабул кард.

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ