Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№103 (3740) 28.08.2017

КОЛЛАЖЖЖ копия28 августи соли 2017  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъд аз тасдиқи рӯзнома  масъалаҳоро  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарзи №10/695)», «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ» ва «Дар хусуси Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба он» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова шарҳ доданд.

Бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мазкур ба баррасии Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум  пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома — «Дар бораи ҳуҷҷати сеҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Citigroup Global Markets Limited»  ва «Raiffeisen Bank International AG» дар бораи параметрҳои қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барориши коғазҳои  қиматноки давлатӣ дар шакли вомбаргҳои давлатӣ (евробонд)» ва  «Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 «Садои мардум».