Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№12 - 13 (3806 - 3807) 30.01.2018

DSC_3207Бисту нуҳуми январи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут», «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндус­тон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Ҳамрализода Ф. М. аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба Созишномаи беруна дар бораи кумак барои амалисозии лоиҳаи бообтаъмин­кунии мактаб дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон» низ қарор қабул кард.

ҳамчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул гардид.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ