Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№53 (3847) 01.05.2018

DSC_067430 апрели соли 2018 таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор шуд.

Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  Садриддин Шарифов шарҳу тавзеҳ доданд ва онҳо бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­даъвати панҷум  пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон оид ба ҳавасманд­гардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» ва «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» низ қарор қабул намуд ва онҳо барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  ва шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.

ҳамчунин «Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» қарор қабул гардид.

«Садои мардум».

Суратгир  Неъматулло АЛИЕВ