Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

DSC_544914 майи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор шуд.

Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№46794) байни муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ (№46794) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ (№46794) байни шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайтии рушди иқтисоди Араб», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва муовини раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, ­масъалаҳои зикргардида ба баррасии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Аъзои Шӯро масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» — (ЛДКҶ), «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода», «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар хусуси Протокол дар бораи боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳуриии Ӯзбекис­тон оид ба савдои озод аз 10 январи соли 1996»-ро барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол намуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи вакилони Руминия», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуд.

«Садои мардум».

Суратгир

Неъматулло АЛИЕВ