Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№131 (3925) 30.10.2018

DSC_806329 октябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов ва оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода шарҳ доданд ва онҳо ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Инчунин, масъалаҳо «Дар хусуси тасдиқи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (47253) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд «Оид ба лоиҳаи «Азнавсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»» ва «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ (47253) байни ширкати саҳомии холдингии кушодаи Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардош­тани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон баъди баррасии гузориши Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 10 то 18 сентябри соли 2018», инчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ