Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№133 (3927) 06.11.2018

DSC_8965Панҷуми ноябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъди тасдиқи рӯзнома масъала «Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва буҷет Шариф Раҳимзода шарҳ дод ва он барои баррасӣ ба Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуд.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2021» ва «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020-2021» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Дар бораи сафари хизматии ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Брюссел» қарор қабул намуд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ