Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№64 (4014) 04.06.2019

IMG_00603 июни соли 2019  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир шуд.

Баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрок­вории ғанигардонидашуда», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар шаҳри Душанбе» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ва оид ба  энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов  шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин, масъалаҳо  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (қисми якум)»-ро барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол намуд.

Аъзои Шӯро, ҳамчунин, «Дар бораи сафари Холиқзода А. Ғ. ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ