Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№116 (4066) 28.09.2019

DSC_4074Бисту шашуми сентябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Мӯътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Корвони саломатӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд», «Дар бораи Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Мӯътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба «Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаргаштаи мониторинги натиҷабахшӣ» ва «Дар бораи Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикис­тон»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода ­Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабзода ва узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидҷаъфар Усмонзода шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳида ба Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Масъала «Дар бораи Мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма» барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

«Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ