Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№136 (4086) 12.11.2019

DSC_9467Ёздаҳуми ноябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он масъалаҳо «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi» — и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов ва оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи пас гардондани лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қарор қабул намуд.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ», «Оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011, №385» ва «Оид ба Созишномаи байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар робита ба масъалаҳо «Оид ба додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи сафари Азизӣ А. А. ба шаҳри Санкт-Петербург», «Дар бораи сафари ҳайати парламтентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии ­Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» низ қарор қабул намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ