Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№151 (4101) 17.12.2019

DSC_1097Шонздаҳуми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он масъалаҳо «Оид ба Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал)», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабзода шарҳу тавзеҳ доданд ва онҳо бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Сипас, масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи лоиҳавии байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ва «Дар бораи Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея» бо иттифоқи оро барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­даъвати панҷум» қарор қабул кард.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ