Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№154 (4104) 24.12.2019

DSC_2038Бисту сеюми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2019», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи қолабӣ оид ба кумаки грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» ва «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насиба Содиқова шарҳу тавзеҳ доданд ва онҳо бо қарорҳои алоҳида ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

DSC_2044Масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» ва «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» баъди баррасӣ, барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Аъзои Шӯро, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул карданд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ