Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№11 (4117) 21.01.2020

DSC_3813Бистуми январи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов шарҳ дод.

Бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаҳои мазкур ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Б.Т.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Садриддинзода Б.Т.» қарор қабул намуд.

Бо қарорҳои навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ», «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуданд.

Аъзои Шӯро «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» низ қарорҳо қабул намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ