Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№53 (4159) 30.04.2020

DSC_1634Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бисту ҳафтуми апрели соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Зокирзода Маҳмадтоир Зоир баргузор шуд, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд: «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

DSC_1630Онҳоро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холмаҳмадзода Солеҳа шарҳу тавзеҳ доданд.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин, масъала «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ ба манфиати ҷузъу томҳо ва қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия ҳангоми амалҳои муштараки онҳо» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол шуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул намуд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ