Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№74 (4180) 23.06.2020

DSC_2674Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бисту дуюми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир  баргузор шуд, масъалаҳои зерин барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод шуданд:

«Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» — и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нуралиев Ҷ. К.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Салимова Л. Ҷ.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Нуралиев Ҷ. К.», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Азимӣ З. И. аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Салимзода С. Ғ. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба озод намудани Давроншоҳиён Р. Д. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба озод намудани Аҳмадзода Ф. З. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъин намудани Аҳмадзода Ф. З. ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Х. Т.», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳмонзода З. Б.», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода А. С.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Накҳатзода М.                                                                                                                                               К.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод намудани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло».

Қисме аз онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода ва муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзуллоев шарҳу тавзеҳ доданд.

Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супурда шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин бо пешниҳоди Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» қарор қабул намуд. Онро раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Исмоилзода Зуфар Муртазохон шарҳ дода, аз ҷумла, гуфт: «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» ба истиқболи ҷашнгирии сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз он  ҷалби олимону мутахассисон, коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташаккули ақидаи солим нисбат ба мавқеъ ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии насли наврас ва истифодабарии самараноку оқилонаи сарватҳои табиӣ мебошад.

Масъулони баргузории озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи  «Садои мардум» мебошанд ва он дар як давр аз 1-уми июли соли 2020 то 1-уми июни соли  2021 гузаронида мешавад.

Иштирокчиён (шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд) нигоштаҳоро оид ба масоили гуногуни ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, раванди татбиқи консепсияи энергияи сабз, истифодабарии оқилона ва самараноки сарватҳои табиӣ (захираҳои об, замин, олами набототу ҳайвонот) ва дигар масъалаҳои экологии аз нигоҳи ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма бояд интишор намоянд.

Ба озмун нигоштаҳо метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд ва шумораю ҳаҷми онҳо маҳдуд  карда  намешаванд.  Ҳангоми баррасӣ моҳият, мазмун, рӯзмарра будан ва мувофиқати он ба меъёрҳои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расидани он дар нашриёти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, инчунин вокуниши хонандагон ба он ба инобат гирифта мешаванд.

Озмун дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист (5 — уми июни соли 2021)  ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва туҳфаҳои пулию хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти ­Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» қарор қабул намуд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ