Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№78 - 79 (4184 - 4185) 30.06.2020

DSC_2290Ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷараён гирифт, масъалаҳои зерин ворид карда шуданд:

«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи кумаки техникии грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи муштараки «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф», «Дар бораи Созишнома оид ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳо вобаста ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои мубориза бо вируси COVID-19», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки осиёии рушд оид ба Барномаи вокуниши фаъол ба COVID-19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ», «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ» ва «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Инкишофи барвақти кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон».

Онҳоро муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзуллоев шарҳу тавзеҳ дода, пешниҳод намуд, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ирсол карда шаванд. Таклиф қабул ва доир ба ҳар як масъала дар алоҳидагӣ қарор қабул гардид.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ