Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№127 (4233) 13.10.2020

2618655_originalДувоздаҳуми октябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар он масъалаи якуми рӯзнома – «Дар хусуси Созишнома оид ба амалӣ намудани фаъолияти муштараки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустаќил дар соҳаи таҳќиќ ва истифодабарии фазои кайҳонӣ бо маќсадҳои осоишта»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад шарҳ дод ва он ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардид.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуќуќии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маќомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ќӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маќомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуќуќии вакили Маҷлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуќуќии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуќуќҳои кӯдак», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барќи атомии Чернобил зарар дидаанд», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуќуќвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуќуќвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуќуќвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуќуќвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуќуќи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Ќарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ќарор ќабул намуд.

«Садои мардум»